Архив рубрики: Хабарҳо

Артикл 19: «Баъзе бандҳои қонуни матбуот бозбинӣ шаванд»

[b]Як созмони ҳомии озодии сухан гуфтааст, баъзе бандҳои пешнависӣ Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистон бояд бозбинӣ шаванд.[/b]

Артикл 19, як созмони ҳомии озодии сухан, қароргоҳаш дар шаҳри Ландан, таҳлили ҳуқуқии пешнависи Қонун дар бораи матбуоти Тоҷикистон ва мутобиқати он меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода ва гуфтааст баъзе бандҳои ин қонун ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=83]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=83[/url]

Тоҳири Сафар

Источник:

Ҳамоиши эътирозии Би-Би-Си алайҳи боздошти Урунбой Усмонов

[b]Кормандони сервиси ҷаҳонии Би-Би-Си дар Ландан бо баргузории ҳамоише эътирозӣ алайҳи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи ин расона дар шимоли Тоҷикистон хостори озодии фаврии ӯ шуданд.[/b]

Ширкаткунунадагони ин ҳамоиш акси Урунбой Усмоновро ҳамл мекарданд, ки дар ҳошияи он ба забони инглисӣ навишта шуда буд: «Урунбой Усмоновро озод кунед.»

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=82]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=82[/url]

Источник:

Интиқоли хабарнигори Би-Би-Сӣ ба боздоштгоҳ

[b]Урунбой Усмонов пас аз даҳ рӯзи боздошт дар идораи амният, ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст.[/b]

Малоҳат Абдураҳимова, хонуми Урунбой Усмонов, зимни таъиди ин хабар ба Озодӣ гуфт: «Шавҳарамро субҳи имрӯз 22 июн аз идораи амният ба Сизои шаҳри Хуҷанд кӯчонданд. Мо хоҳиш кардем, ки шавҳарамро бинам, аммо гуфтанд, ки коғаз (иҷозатнома) биоред. Гуфтем, ки ҳамин рӯз коғаз биорем, иҷоза медиҳед, ки бинем? Маъмурони боздоштгоҳ гуфтанд, ки мо то соати 16.00 кор мекунем, имрӯз намешавад. Ба ин далел гашта хона омадем.»

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи хабарнигори боздоштшудати Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов низ бар ин бовар аст, ки бо интиқоли зерҳимояаш ба СИЗО -и Хуҷанд имкони мулоқоти рӯ ба рӯ фароҳам хоҳад шуд. Зеро ба гуфтаи хонум Воҳидова, зерҳимояаш дар мулоқоти рӯзи душанбе, ки дар ҳузури мақомоти тафтишот сурат гирифт, имкони озодона ва ошкор сӯҳбат карданро надоштааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Малоҳат Абдураҳимова ҳамроҳ бо Ойбек, писараш ва духтараш ва инчунин яке аз хоҳарони Урунбой Усмонов дар бинои идораи раёсати амният бо шавҳараш дар ҳузури маъмурони амниятӣ мулоқот кардааст.

Ба таъкиди хонум Абдураҳимова, «вазъи саломатии шавҳарам, хуб нест, рангаш зард шудагӣ, хеле маъюс аст. Албатта акнун, ки ба СИЗО гузаронидаанд, умедворем, вазъаш беҳтар шавад, табибон кӯмак кунанд, мо ҳам аз ҳолаш хабардор шавем».

Ба таъкиди хонум Абдураҳимова, шавҳараш худро гунаҳкор намедонад ва дар пайи тӯҳмат ба чунин рӯзе гирифтор шудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи нигаронкунандаи шавҳараш, Малоҳат Абдураҳимова бори дигар аз раиси ҷумҳур хостааст, то дар озодии шавҳараш Урунбой Усмонов, кӯмаку мусоидати худро дареғ надорад.

Ин дар ҳолест, ки пайвандони Урунбой Усмонов дар ҳафтаи гузашта дар номаи саркушода аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки барои озодии вай мусоидат кунанд.

Урунбой Усмоновро маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ба таърихи 13 июн ба гумони узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир боздошт карданд. Аммо худи Урунбой Усмонов мегӯяд, боздошти вай ба фаъолияти журналистиаш вай рабт дорад.

Ҳамчунин вакили мудофеъ, идораи марказии Би-Би-Сӣ, созмонҳои байналмилали дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ низ ба ин нукта таъкид мекунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24242961.html

Ҳамид Исмоил: Баҳои хабарнигор будан дар Осиёи Миёна

[b]Ин ҳафта қарор буд матлабе сабук дар бораи Роял Аскот бинависам, аммо зиндагии хабарнигор ғайри қобили пешгӯӣ аст.[/b]

Субҳи рӯзи 14-уми июн ман аз ҳамкорам дар Душанбе, Тоҷикистон имейле дарёфт кардам, ки мегуфт гузоришгари мо дар Хучанд, шимоли Тоҷикистон — Ӯрунбой Усмонов пас аз соъоти кории рӯзи гузашта нопадид шудааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=81]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=81[/url]

Источник:

Дидори Урунбой Усмонов бо хонаводааш дар нӯҳумин рӯзи боздошт

[b]Пас аз ҳашт рӯзи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, маъмурони амниятӣ барои мулоқоти вай бо аъзои хонаводааш иҷоза додаанд.[/b]

Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари оқои Усмонов, мегӯяд, ки рӯзи сешанбеи 21 июн вай бо ҳамроҳии писару духтараш ва як хоҳари Ӯрунбой Усмонов дар бинои идораи маҳаллии амният дар шаҳри Хуҷанд бо шавҳараш дидор ва гуфтугӯ кардааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=80]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=80[/url]

Источник:

МАТ ба оилаи Исмоилов 1050 сомонӣ кӯмак кард

Ассоссиатсияи журналистии «Медиа-Алянси Тоҷикистон» ба даъвати НАНСМИТ (АМВАОМТ) барои кӯмаки моддӣ ба аъзои оилаи журналисти боздоштшуда дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд, хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ҳамраҳ гардида, ҷамъулҷамъ ба оилаи вай 1050 сомонӣ кӯмак намуд. Дар ин маврид, дабири кулли МАТ Хуршед Ниёзов иттилоъ дод:

«Субҳи имрӯз 600 сомонии дигар барои интиқол ба оилаи Исмоилов аз ҳисоби аъзои МАТ ҷамъоварӣ гардид. Пештар аз ин ҳафтаномаи «Фараж», ки аз аъзои фаъоли МАТ аст, 250 сомонӣ ба ҳамсари журналист расонид ва 200 сомонии дигар хабарнигори он Раҳима Аъзамзода дар ин маърака саҳмгузорӣ намуд. Маблағи умумии ҷамъовардашуда 1050 сомониро ташкил медиҳад», — зикр намуд Хуршед Ниёзов.

Бояд гуфт, ки МАТ аз созмонҳои фаъоли журналистии кишвар буда, воситахои ахбори оммаи маъруферо мисоли ТВ «Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ)», родиёи «Ватан», хабаргузории «Авасто», ТҶ «Даст ба даст», нашрияҳои «Фараж», «Бизнес и политика», «Факты и коментарии», «Вечёрка», «Курьер Таджикистана», «Ману ту» ва журналистони алоҳидаро дарбар мегирад.

Ёдрас менамоем, ки Маҳмадюсуф Исмоилов хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ» дар вилояти Суғд ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани адовати маҳаллӣ муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 баъди нашри маводи танқидидаш нисбати мансабдорони ноҳия боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд мебошад.

Источник: Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Ф.Воҳидова: «Усмонов ҳадафи тӯҳмат қарор ёфтааст»

[b]Урунбой Усмонов гуфтааст, рабти ӯ бо гурӯҳи мамнӯъ танҳо дар доираи фаъолияти ҳирфаияш ҷой доштааст.[/b]

Баъд аз як ҳафтаи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Марказии Би-Би-Сӣ дар Хуҷанд, билохира вакили дифоъ Файзиниссо Воҳидова бо ӯ мулоқот кард.

Аммо ба гуфтаи хонум Воҳидова, мулоқоти ӯ бо Усмонов на як ба як, балки таҳти назари муфаттиши парванда сурат гирифтааст. Баъд аз анҷоми мулоқот хонум Воҳидова ҳозир шуд ба саволҳои Радиои Озодӣ посух гӯяд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=79]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=79[/url]

М.Муҳаммадраҷаб, Х.Ҳамдам

Источник:

Кӯмаки «Фараж» ба оилаи журналисти зиндонӣ

[b]Нашрияи «Фараж» ба даъвати НАНСМИТ барои кӯмаки моддӣ ба аъзои оилаи журналисти боздоштшуда — хабарнигори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ҳамроҳ гардида, ба аҳли оилаи журналист ба маблағи 250 сомонӣ кӯмак расонид. Дар ин бора ба TojNews сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло иттилоъ дод.[/b]

Ба изҳори ӯ, маблағро намояндаи нашрия дар вилояти Суғд ба ҳамсари Маҳмадюсуф Исмоилов — Гулсуной Маҳкамова супорид. Ҳамчунин, хабарнигори нашрия Раҳима Аъзамзода (Бобоева) аз ҳисоби шахсиаш ба маблағи 200 сомонӣ ба ин маърака ҳиссагузорӣ кард, ки ин маблағ тавассути намояндаи НАНСМИТ ба аҳли хонаводаи журналист расонида мешавад.

Таври маълум, журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов барои маводи танқидиаш нисбат ба кормандони ҳукумати ноҳияи Ашт айни замон дар боздоштгоҳи муваққатии ин ноҳия аст ва мурофиаи судӣ тибқи даъвои мансабдорон алайҳи журналист идома дорад.

Ташкилотчии аксияи кӯмак ба хонаводаи рӯзноманигор — раиси НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки мақсад аз ин иқдом пеш аз ҳама ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот ва истифода аз ахбори омма буда, ҳамрайъӣ ба ҳамкасби худ аст, ки имрӯз дар маҳбас асту барои навиштаҳояш таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтааст.

— Мо муроҷиат кардем ба ҳамаи онҳое, ки барояшон ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши боло дорад. Гуфтем, барои касоне, ки озодии баёну журналистикаи шаҳрвандӣ як арзише дорад, метавонанд дар ин иқдом ишгтирок кунанд. Лек аксари маблағҳо аз номи рӯзноманигорон ва коллективҳои эҷодӣ ворид шудаанд,- мегӯяд ӯ.

Ба изҳори Нуриддин Қаршибоев, аз оғози эълони ин аксияи ҳамдастӣ барои кӯмаки хонаводаи журналист 2 ҳазору 757 сомониву 50 дирам пул ҷамъ шудааст.

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд: «Аз рӯзи 10-уми ҳамин моҳ аксия давом дорад. Азбаски намояндаи «Фараж» дар минтақа буд, мо маслиҳат кардему ӯ бевосита бурда, маблағи кӯмакро ба оилаи Исмоилов супурд. Мо ин ҳафта ҳам агар маблағ ҷамъ кунем, баъд ҳамашро якҷо карда, бо рӯйхати номи нафарони кӯмакрасон як ҳайат бурда ба оилаи Маҳмадюсуф месупорем».

Ногуфта намонад, ки ин иқдом аз ҷониби ҳамқаламони бурунмарзӣ низ ҷонибдорӣ пайдо кардааст. Аз ҷумла муассиси медиахолдинги «ТаджИНФО» дар шаҳри Маскав Муҳаммади Эгамзод аз аввалин нафароне будааст, ки ба оилаи Маҳмадюсуф Исмоилов дар ҳаҷми 100 доллар маблағ кӯмак ирсол кардааст.

Тавре Хуршеди Атовулло изҳор медорад, Ассотсиатсияи журналистии Медиа-Алянси Тоҷикистон ҳам барои саҳмгузорӣ дар ин кор айни замон дар садади ҷамъоварии маблағ аз аъзоёни созмон аст.

Мушкинисо АСОЗОД

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=15348&Itemid=30

450 сомонии «Фараж» ба хабарнигори зиндонӣ дар шимоли Тоҷикистон

[b]Нашрияи «Фараж» ба хонаводаи журналист Маҳмадюсуф Исмоилов 250 сомонӣ кӯмаки моддӣ ирсол кард.[/b]

Тавре ба «Озодагон» сардабири ин ҳафтанома Хуршеди Атовулло иттилоъ дод, «Фараж» ба даъвати НАНСМИТ барои кўмаки моддӣ ба аъзои оилаи журналисти боздоштшуда ҳамроҳ гардида, ба хонаводаи ӯ кӯмак расонид. Маблағро намояндаи нашрия дар вилояти Суғд ба ҳамсари Исмоилов- Гулсуной Маҳкамова супорид. Ҷаноби Атовулло афзуд, хабарнигори минтақавии «Фараж» Раҳима Аъзамзода (Бобоева) низ аз ҳисоби шахсиаш ба маблағи 200 сомонӣ ба ин маърака ҳиссагузорӣ кард, ки ин маблағ тавассути намояндаи НАНСМИТ ба оилаи журналист расонида мешавад.

Гуфта мешавад, Ассотсиатсияи журналистии Медиа-Алянси Тоҷикистон (МАТ) ҳам барои саҳмгузорӣ дар ин кор айни замон дар садади ҷамъоварии маблағ аз аъзоёни созмон аст.

Ёдрас менамоем, Муҳаммадюсуф Исмоилов хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ» дар вилояти Суғд ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебарад.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/967-450-lr-.html

Печидагиҳои боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ

Мақомот мегӯянд, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Суғд бар асоси далоили мӯътамад боздошт шудааст.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, хабарнигори Би-Би-Сӣ муддати тӯлонӣ бо аъзои ин ҳизб дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон робита доштааст ва дар таҳияву пахши маводи таблиғотии «Ҳизб-ут-таҳрир», ки бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳукумат ва тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистонро ташвиқ мекунанд, ширкат мекард.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=78]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=78[/url]

Фарҳоди Милод

Источник: