Архив рубрики: Хабарҳо

Иттиҳодияи Урупо дубора хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шуд

[b]Ҳайъати суфарои кишварҳои Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон дар баёнияи муштарак дар рӯзи сешанбеи 5 июл, аз тасмими мақомоти Тоҷикистон мабнӣ бар лағви иттиҳомоти узвияти Ӯринбой Усмонов ба Ҳизби Таҳрир истиқбол кардаанд.[/b]

Ин баёния ҳамзамон аз боқӣ мондани иттиҳомот алайҳи оқои Усмонов, ки ба фаъолияти хабарнигории ӯ марбут буда ва аз чаҳорчӯби истондортҳои фаъолияти хабарнигорон берун намеравад, ибрози нигаронии амиқ кардаанд.

Суфарои кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ибрози умедворӣ карданд, ки мақомоти Тоҷикистон дар мавриди иттиҳомоти боқимонда таҷдиди назар карда ва сареъан Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сиро аз боздошт озод хоҳанд кард.

Иттиҳодияи Урупо аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои истиқрори субот ва амният дар кишвар пуштибонӣ карда, ҳамзамон ба муҳим будани озодии матбуъот дар ин кишвар ва зарурати мутафиқ будан бо истондоротҳои қазойии шаффофи байналмилалӣ таъкид кардаанд.

Ӯринбой Усмонов рӯзи 13 июн ҳангоме ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз пас маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Аз он замон то кунун чандин созмони байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон дар баёнияҳои мукаррар хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шуданд. Би-би-сӣ низ дар ду баёния боздошти ӯро маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудааст.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз низ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, то Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли ин кишварро, озод кунанд.

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International), аз созмонҳои мӯътабари дифоъи ҳуқуқи башар матлаберо таҳти унвони «Қазияи Усмонов марҳалаи ҳассосе барои Тоҷикистон аст», мунташир кардааст, ки аз паёмадҳои эҳтимолии боздошти хабарнигори Би-би-сӣ барои кишваре чун Тоҷикистон сӯҳбат мекунад.

Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон ҳушдор дод, ки боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон метавонад, паёми баде барои кишварҳои ёригар ба ин кишвар бошад.

Иттиҳодияи Урупо низ батозагӣ бори дигар эълом кардааст, ки аз қазияи боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон нигарон аст ва ин қазияро аз наздик дунбол мекунад.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) бо интишори баёнияе аз давлати Тоҷикистон хоста буд, ки иттиҳомоти ба гуфтаи ин созмон “сохтагӣ” алайҳи хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро лағв кунад.

Ҳамчунин, ин созмон хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шуда ва гуфта буд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмонов бо фаъолиятҳои хабарнигориаш пайванд дорад.

Бо ин ҳол, ҷониби бозрасӣ ҳоло мехоҳанд оқои Усмоновро ба «ҳамдастӣ» ё «хабар надодан ба мақомоти марбута» дар бораи мулоқоташ бо аъзои эҳтимолии Ҳизби Таҳрир муттаҳам кунад.

Вале ҳам Ӯрунбой Усмонов, ва ҳам вакили мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ мегӯянд, ки мулоқоти оқои Усмонов бо аъзои Ҳизби Таҳрир дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигории ӯ сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, баъд аз зӯҳри ҳар рӯзи чаҳоршанбе хабарнигорон ва мудирони бахшҳои мухталифи Би-би-сӣ дар ҳамоиши эътирозӣ дар назди сохтмони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Ландан, дар иртибот бо боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори ин шабака дар шимоли Тоҷикистон, барпо мекунанд.

Би-би-сӣ тасмим гирифтааст, ҳар рӯзи чаҳоршанбе, то замони озодии оқои Усмонов, чунин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор кунад.

Питер Ҳоррокс, раҳбари Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хостааст, ки ба озодии Ӯрунбой Усмонов мусоъидат кунад.

Вале раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч посухе ба ин нома ва муроҷиъатномаи аҳли хонаводаи Ӯринбой Усмонов, ки рӯзи 18 май ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ ирсол шуда буд, надодааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110705_mm_urinbay_usmon.shtml

Шикояти вакили Усмонов ба Шӯрои расонаҳо аз хабарнигоре маҳаллӣ

[b]Вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, дар номае ба раиси Шӯрои расонаҳои ин кишвар хостори арзёбии ахлоқии мақолаи як рӯзноманигор дар бораи муваккили зиндонии худ шудааст.[/b]

Файзинисо Воҳидова мегӯяд мақолае, ки дар сойти Pressa.tj дар бораи Урунбой Усмонов пештар чоп шуда буд, тавҳиномез аст ва дар он муаллиф бо баёни «дидгоҳҳои муғризона ва тӯҳматомези худ» ба обрӯву эътибор ва ҳуқуқ ва манофеъи қонунии оқои Усмонов, ки ҳоло дар боздошт ба сар мебарад, латма задааст.

Хонуми Воҳидова дар номае, ки рӯзи шанбеи 2 июл мунташир шуд, ин мақоларо «суфоришӣ» хонда ва аз Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон хостааст, ки «рафтори ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқии» муаллифи он дар Шӯрои расонаҳо аз назари ахлоқи рӯзноманигорӣ баррасӣ шавад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/news/?id=218]http://www.taj.nansmit.tj/news/?id=218[/url]

Источник:

Пирӯзии хабарнигор дар додгоҳ аз болои духтари президент

[b]Баррасии даъвои духтари Ислом Каримов, президенти Ӯзбакистон дар додгоҳи Париж ба нафъи хабаргузории Rue89.com ба анҷом расид.[/b]

Ин даъвои духтари президент, нисбати расонаи интернетӣ, ки падарашро диктатор хондааст, сурат пазируфта, тӯли бештар аз 20-рӯз идома дошт.Маврид ба тазаккур аст, ки Лола Каримова-Тиллоева аз ин расона ба андозаи 30 ҳазор евро зарари маънавӣ талаб карда буд.

Муаллифи мақола Оугустин Скалбер президенти Ӯзбакистон Каримовро «диктатор» хонда, ҳамчунин гуфта буд, ки духтарони ӯ бо додани пора ва сарпарастии чорабиниҳои хайриявӣ кӯшиши пӯшонидани ҳолатҳои қатли оми Ислом Каримовро мекунанд.Дар мақолаи Оугистин Скалбер ҳамчунин пардохти маблағи ҳангуфти 190- ҳазор евро ба ҳунарманди шинохтаи синамо Моника Белуччи низ хабар дода шуда буд.Дар ҳамин ҳол, хабарнигор бар ақидааш устувор буданашро борҳо иброз намуда гуфтааст, асноди зиёде дар даст дорад, ки барои «диктатор» хондани Ислом Каримов асоси ҷиддӣ мебошад.

Аммо додгоҳи Париж баъд аз таҳқиқи қазия гуфт, ибораи “духтари диктатор” дар нисбати Лола Каримова-Тиллоева ҳеҷ тӯҳмате надорад. Журналист Оугустин Скалбер пас аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ эълом дошт, ки ҳоло дигар бо иҷозаи суд вай Лоларо ҳамоно «духтари диктатор» хоҳад навишт.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/mintaqa/1150-2011-07-02-04-51-06.html

Гуруснашинии журналистони Узбакистон зидди сонсур

[b]Ба яке аз ду журналисти узбак, ки зидди сонсур дар Узбакистон гусруснашинӣ эълон кардаанд, кӯмаки тиббӣ расонда нашудааст. Саодат Амонова ба иллати дарди сахти меъда мошини “Ёрии фаврӣ”-ро даъват кард, вале бемористонми маҳаллӣ аз кӯмак ба ӯ бо баҳонаи номнавис набуданаш дар пойтахти Узбакистон сарпечӣ кард.[/b]

Пизишк Шукрулло Сироҷов, ки аз вазъи гуруснашиинҳо хабар мегирифт, мегӯяд, ҳардуи онҳо мебоист ба бемористон интиқол дода мешуданд.

Рӯзи 27-уми июн, ки дар Узбакистон Рӯзи кормандони матбуот аст, ҳамроҳ бо Саодат журналисти дигар Малоҳат Эшонқулова дар назди қасри президент Ислом Каримов зидди сонсур гуруснашинӣ эълон карданд. Полис онҳоро бозошт кард ва Додгоҳи Тошканд ҳукми ҷаримаи онҳро баровард, ки бо 1 500 доллари амрикоӣ баробар будааст. Онҳо аз фишор ва сонсур дар телевизиони давлатии “Ҷавонон” эътироз карданд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110701/538/538.html?id=24252338

Идомаи даъватҳо ба озодии Урунбой Усмонов

[b]Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF) бар ин аст, ки пас аз таҳқиқоти ибтидоӣ Усмонов мебоист озод мешуд.[/b]

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз», марказаш дар Порис дар як изҳороти нав аз ҳамаи ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар, расонаҳои ҳамагонӣ ва журналистон дар саросари ҷаҳон даъват кард, барои озодии фаврии хабарнигори Бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Урунбой Усмонов, ки дар маҳбаси Тоҷикистон ба сар мебарад, садо баланд кунанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=93]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=93[/url]

Источник:

Дархости тозаи Гузоришгарони Бидуни Марз барои озодии Усмонов

[b]Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз муҷаддадан аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли ин кишварро, озод кунанд.[/b]

Ин созмон рӯзи чаҳоршанбеи 29 июн дар вокуниш ба фарохони ҷаҳонии кормандони Би-би-сӣ барои озодии фаврӣ ва беқайду шарти оқои Усмонов баёнияе интишор дода ва бори дигар нигаронии худро дар бораи вазъияти ӯ дар боздошт матраҳ кардааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=92]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=92[/url]

Источник:

Посухҳои Асадуллоҳ Раҳмонов ба пурсишҳои хонандагон

[b]Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба пурсишҳои хонандагони торнамои Радиои Озодӣ посух гуфт.[/b]

Мизони суолҳои ироашуда тавассути хонандагон ба раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар қиёс ба меҳмонони қаблии «Гуфтугӯи мустақим» бесобиқа буд. Ҷаноби Раҳмонов низ ин амрро далели таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба фаъолияти ин кумита ва шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Асадуллоҳ Раҳмонов, аз рӯи имконот ва диди хеш ба аксари кулли суолҳо посух гуфт, ки бештари онҳо ба фаъолияти шабакаҳои давлатии радио ва телевизони Тоҷикистон, мӯҳтавои барномаҳо, ҳавзаи пахши барномаҳои радио ва телевизион рабт дошт.

Пахши филмҳои хориҷӣ ва таъсири фарҳанги бегона, набуди барномаҳои диниву маърифатӣ дар шабакаҳои давлатӣ, интихоби нодурусти кадрҳо дар Кумита ва шабакаҳои телевизионӣ ва вуҷуди маҳалгароӣ аз дигар масоиле буд, ки дар суоли хонандагону истифодабарандагони сомона матраҳ гардидааст.

Посухҳои Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба ин суолҳоро дар гӯшаи «Гуфтугӯи мустақим» метавонед дарёфт кунед.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24249997.html

Вазъи осебпазири фазои шӯравии пешин

[b]Созмони Хонаи Озодӣ ва ё Freedom House фазои ҳоким дар паҳнои шӯравии пешинро чун вазъи бӯҳронии ҷаҳони араб осебпазир медонад.[/b]

Раиси пажӯҳишгоҳи Freedom House Кристофер Волкар дар сӯҳбати вижа бо хабарнигори Радиои Озодӣ Никола Крастев гуфтааст, ки рушди ниҳодҳои демократӣ дар Молдова ва Гурҷистон ба чашм мехӯрад. Дар айни замон Волкар бар пояи як пажӯҳиши соли 20101-ум гуфтааст, агар ҷамоҳири назди баҳри Балтикро истисно намоем, 80 дар сади аҳолии кишварҳои собиқ Шӯравӣ зери ҳукми низомҳои худкома ба сар мебаранд.

Раиси пажӯҳишгоҳи Freedom House Кристофер Волкар мегӯяд, соли равон ин муассиса вазъи 29 кишвари собиқ Шӯравиро ба баррасӣ гирифта, ба хулосае омадааст, ки дар кишварҳои минтақа таназзули масъулияти ниҳодҳои демократӣ эҳсос мешавад ва раҳбарони худкома бидуни кадом тағйире дар сари қудрат боқӣ мемонанду ҳеҷ ислоҳоте низ мадди назар надоранд. Ба қавли Волкар ин ҳамон вазъест, ки дар як идда кишварҳои Африқои Шимоливу Ховари Миёна дар арафаи инқилоби кишварҳои арабӣ ва ё ба истилоҳ баҳори арабӣ ҷой дошт.

Волкар меафзояд: “Мо бар пояи индекс ё худ шохисҳои демократӣ вазъи кишварҳои худкомаи собиқ Шӯравиро таҳқиқ намуда, дарёфтем, ки дар ин кишварҳо ислоҳоте татбиқ намешавад ва нишондиҳандаҳои демократии онҳо ба кишварҳои арабии мувоҷеҳ ба инқилоб шабоҳат доранд. Наметавон гуфт, ки кишварҳову ҷомеаи онҳо комилан шабеҳи ҳамдигаранд, вале вақте шумо мебинед, ки дар ин кишвар тағйири осоиштаи қудрат дар байни нерӯҳои сиёсӣ имкон надорад, ҳамчунон садои нерӯҳои муътадили сиёсӣ шунида намешавад ва бар илова фасод рушд намудаву ҳокимияти қонун сарфи назар мешавад, шабоҳатҳои низомҳо возеҳ мегарданд”.

Волкар ибрози нигаронӣ мекунад, ки вақте нерӯҳои муътадили сиёсӣ аз саҳнаи сиёсӣ канор партофта мешаванд, ҷои онҳоро нерӯҳои экстремистӣ ишғол мекунанд.

Ба ақидаи раиси пажӯҳишгоҳи Freedom House кишварҳои собиқ Шӯравии дорои захираҳои бузурги маводи сӯхт, ба монанди Русия аз истихроҷи нафту гази табиӣ мафоди бузурге ба оварда, зиёд дар фикри рушди соҳаҳои дигари хоҷагиҳояшон нестанд.

Аммо дар кишварҳои арабӣ инқилобҳо аз он сабаб сар задаанд, ки мардум аз ҳукми тӯлонии раҳбарони солхӯрдаи муттаҳам бо фасод ба дод омада буд. Дар мамолики собиқ Шӯравӣ бошад, аксаран раҳбарон ҷавонанд.

Дар ин бора Волкар мегӯяд: “Вақте раҳбарони худкомаи кишварҳои собиқ Шӯравиро таҳқиқ мекунед, мебинед, ки аз миёни нӯҳ раҳбар синни фақат ду нафар аз 70-сола боло аст: Президенти Узбакистон Ислом Каримов ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Дигарон ҳама ҷавон ҳастанд: раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев 49-сола аст. Раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Русия Владимир Путин 58–сола мебошанд. Президенти Русия Дмитрий Медведев аслан 45 сола аст. Агар мо амалкардҳои гузаштаи ин раҳбаронро мадди назар гирем, мебинем, ки онҳо солҳои тӯлонӣ курсиҳояшонро ҳифз карданианду ҳеҷ ислоҳоти назаррасе ҳам то ин замон татбиқ накардаанд, пас метавон тахмин кард, ки дар дурнамои сиёсии ин кишварҳо тағйири чашмгире мушоҳида нахоҳад шуд”.

Волкар мегӯяд, татбиқи ислоҳот дар кишварҳое, ки ба рукуди давомдор одат кардаанд, кори осон нест. Ӯ Мисрро мисол меорад, ки дар рӯ ба рӯи мероси сисолаи ҳукми Ҳуснӣ Муборак, яъне маъмурияти саршор аз камбудиву фасод қарор дорад, ки ислоҳ намудани он вақту нерӯи зиёд талаб мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24249946.html

«Иттиҳодияи Урупо бар қазияи Урунбой Усмонов назорат мекунад»

[b]Иттиҳодияи Урупо бори дигар дар бораи қазияи боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон нигаронии худро иброз доштааст.[/b]

Дар баёнияи Катерин Эштон, намояндаи умури хориҷии Иттиҳодияи Урупо дар Ландан ва муъовини раиси Иттиҳодияи Урупо, омадааст, ки ин иттиҳодия бар нигаронии худ дар заминаи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, таъкид мекунад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардни суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=91]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=91[/url]

Источник:

Мулоқоти масъулини Би-Би-Си бо Урунбой Усмонов

[b]Хабарнигорон ва масъулони Би-Би-Си бо Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Си мулоқ намуданд.[/b]

Дар ин мулоқот, ки субҳи рӯзи 28 -уми июн доир шуд, Ҳамид Исмоил ва Исфандиёри Одина, раҳбарони бахшҳои осиёимиёнагӣ ва тоҷикистонии Би-Би-Си ва ду хабарнигори маҳаллӣ дар идораи раёсати амнияти Суғд мулоқот карданд. Ин дар ҳолест, ки рӯзе қабл Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Усмонов гуфт, ки таҳқиқоти аввалияи парванда узвияти хабарнигори Би-Би-Си дар Ҳизби таҳрирро собит накард.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=90]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=90[/url]

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: