Архив рубрики: Хабарҳо

Сӯҳроб Шарипов: “Қазияи Ӯрунбой Усмонов сиёсӣ шуд”

[b]Раиси Маркази мутолеъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки мақомоти амниятӣ қабл аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ бояд пайёмадҳои ин амалро андеша мекарданд.[/b]

Сӯҳроб Шарипов, раиси ин марказ рӯзи панҷшанбеи 14 июл дар як нишасти матбуъотӣ фаъолияти мақомоти амниятӣ ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар қиболи қазияи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро шадидан интиқод кард.

Вай гуфт:“Ҳар як корманди амният бояд оқибати ҳар корро андеша кунад. Оё сатҳи хатари кори ин хабарнигор ба амнияти Тоҷикистон ва пайёмадҳои боздошти вай ба Тоҷикистон баробар ҳастанд? Аз ин кор мо чӣ ба даст овардем?”

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=102]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=102[/url]

Источник:

Интиқоди С.Шарипов аз рафтори маъмурони амниятӣ

[b]Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази таҳқиқоти стротегӣ, вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз гуфт, боздошти хабарнигори ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмонов ба эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ метавонад латмаи ҷиддӣ бизанад. Сӯҳроб Шарипов гуфт, ин қазия аз маҳдудаи ҳуқуқӣ берун рафта, оҳанги сиёсӣ гирифтааст ва бояд аъмоли он маъмурони амниятӣ, ки бидуни андешаи чунин пайомадҳо даст ба боздошти хабарнигор задаанд, мавриди таҳқиқ қарор бигирад.[/b]

Amnesty International ва САҲА низ имрӯз дигарбора ба раҳоии Урунбой Усмонов даъват карданд. Amnesty International гуфтааст, ки алайҳи Усмонов дар боздошт аз шиканҷа кор бурдаанд.

Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн ибтидо бо иттиҳоми ҳамкорӣ ба ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Баъдан ин иттиҳом собит нашуд ва ӯро ба он айбдор карданд, ки дар бораи фаъолиятҳои Ҳизб-ут-Таҳрир гузориш медод, вале ба мақомот хабар надодааст.

Ҳамид Исмоил, раҳбари бахши Осиёи Миёнаи ББС, ки ахиран аз Усмонов дар маҳбас аёдат карда буд, аз вазъи ҷисмониву равонии ин хабарнигор дар боздоштгоҳ изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110714/538/538.html?id=24265280

Журналистон назорати ҷамъиятии омодагиҳоро ба ҷашни истиқлол ба зимма мегиранд

[b]Ҳукумати шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати шаффофи омодагиҳои пойтахт ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатӣ намояндагони мухталифи ВАО-ро вобаста кард.[/b]

Шавкат Сайидов, сухангӯи райиси шаҳри Душанбе ба «Озодагон» гуфт, ин тасмим дар асоси супориши Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт, аз 30-уми июни соли равон аз сар гирифта шуда, масъулини нашрия ва хабаргузориҳои ватанӣ рафти иҷрои корҳои амалишавандаро дар чор ноҳияи Душанбе дар асоси ҷамъиятӣ назорат хоҳанд кард. Ҳамин тавр, шахсони зерин вобаста ба навоҳии пойтахт, ба ин рӯйхат шомил гаштаанд:

[b]ноҳияи Сино:[/b]

1. Амиршоева Гулнора — сармуҳаррири нашрияи «Вечёрка»
2. Махсумов Равшан — сардабири ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе»
3. Кулакова Вера – директори радиои «Ватан»
4. Аҳрорӣ Парвона — сарвари радиои «Азия — Плюс»

[b]ноҳияи И. Сомонӣ:[/b]

5. Дўстов Саймуддин — сармуҳаррири сомонаи интернетии «Toҷнюс»
6. Хоҷаев Хилватшо — сармуҳаррири хабаргузории «Озодагон»

[b]ноҳияи Шоҳмансур:[/b]

7. Щербакова Елена — сардабири сомонаи интернетии «Pressa tj»
8. Ниёзов Хуршед — сармуҳаррири нашрияи «Фараж»

[b]ноҳияи Фирдавсӣ:[/b]

9. Ҷониев Рустам — сарвари радиои «Имрўз»
10.Исмоилов Зиннатулло – директори ТВ «СМТ».

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1321-2011-07-14-06-40-37.html

ТВ «Сафина» теъдоди тамошобинашро муайян мекунад

[b]Ояндаи наздик таҳияи як қатор барномањои ҷолибу рангоранг ба нақша аст, иброз дошт Лутфулло Давлатов, директори муассисаи давлатии телевизиони «Сафина». Номбурда, ки аз фаъолияти шаш моҳаи телевизион дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, афзуд «Ҳукм», Фуруғ ва «Нигоҳи роз» аз барномаҳои ҷадиди телевизони мазкур буда, бештар ба масоили ҳуқуқиву ахлоқӣ ва таълиму тарбияи фарзанд бахшида хоҳанд шуд.[/b]

Ба иттиллои Лутфулло Давлатов ТВ «Сафина» тасмим дорад, намояндагиҳои худро дар минтақаҳои Тоҷикистон боз намояд. Ҳамчунин номбурда гуфт, ки рӯзҳои наздик дар мувофиқа бо ниҳодҳои марбута тасмим доранд, теъдоди тамошобинони худро дақиқ намоянд. Ба гуфтаи Давлатов чунин иқдом дар телевизионҳои кишварҳои хориҷ пайваста анҷом мешавад. Вай афзуд: «Дар Тоҷикистон ин таҷрибаи аввалин буда, зимнан теъдоди тамошобинони телевизионҳои дигари ҷумҳурӣ низ муайян хоҳанд шуд».

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1306—lr—-.html

Анҷоми таҳқиқи парвандаи Ӯрунбой Усмонов

[b]Додситони кул аз анҷоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ иттилоъ дод.[/b]

Шерхон Салимзода гуфт, имрӯз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон онро Иддае бар инанд, ки парвандаи Усмоновро мақомот шояд қатъ кунанд ва ё бар асоси Қонуни авф, ки қарор аст ба муносибати 20- солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба тасвиб расад, ӯро озод намоянд…

барои ирсол ба додгоҳ ба додситонии вилояти Суғд супорид.

«Мо ин парвандаро талаб кардем, чунки омӯхта ҳолатҳои корро бояд ба раисҷумҳури Тоҷикистон ахборот диҳем, зеро ӯ ҳам мисли шумо намояндаи васоити ахбори умум аст»,-гуфт ӯ.

Чунин изҳороти мақоми баланд дар Тоҷикистон ба дунболи фишорҳои густардаи созмонҳои байнулмилаливу хориҷӣ ва дохилӣ сурат мегирад. Аз ибтидои боздошти Ӯрунбой Усмонов дар санаи 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизбуттаҳрир” даҳҳо созмону ниҳод бо тақозои раҳо кардани ӯ аз зиндон ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Созмонҳои дифоъ аз озодии баён ва намояндагиҳои дипломатии Ғарб бар инанд, ки боздошти Урунбой Усмонов кӯшише барои “сонсур кардани матбуот” аст.

Исфандиёри Одина, сарвари намояндагии ВВСдар Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи раисҷумҳури кишвар ба қазияи Урунбой Усмонов истиқбол карда, гуфт: «Мо умедворем, ки ин масъала ҳалли мусбати худро меёбад ва хабарнигори мо озод мешавад. Албатта, ҳама дар чаҳорчӯби қонун баррасӣ мешавад. Фикр мекунам, ин ҳам барои Тоҷикистон хуб аст ва ҳам барои ҷомиаи байнулмилалӣ, чун ин қазияест, ки ҳама чашм ба он дӯхтаанд ва ҳама назорат мекунанд, ки ба куҷо мерасад.»

Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи оқои Усмонов низ анҷоми парвандаро таъйид карда, афзуд, дар ниҳоят иттиҳомоти қаблӣ — узвият дар «Ҳизб-ут-таҳрир» ва хабардор накардани мақомот аз аъзои ин ҳизб комилан лағв шуда, айби нав эълон шуд.

Хонум Воҳидова афзуд, Усмонов акнун аз рӯи моддаи 26 ва қисми дуюми моддаи 307 айбдор мешавад: «Яъне гарчанде узви ин ҳизб нест, аммо дар вазифаи хабарнигори хадамоти ҷаҳонии ВВС дар шимоли Тоҷикистон фаъолият намуда, бар хилофи талаботи моддаҳои 6, 22 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма амал карда, аз аъзоёни ин ҳизб маълумот оида ба рафти мурофиаҳои судии аъзои созмони экстремистӣ ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди латукӯб қарор дода шудани аъзои ҳизби номбурда, инчунин аз мактаби ин ҳизб, ки бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барпо намудани сохти давлатии хилофат ахборот гирифта, барои минбаъд тавассути радиои ВВС паҳн кардани онҳо бо истифода аз манфиатҳои хизматиаш пахш карданӣ буд.»

Хонум Воҳидова чунин ҷурм аз 40 то 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то панҷ соли зиндон муҷозот дорад.

Дар робита ба қазияи Ӯрунбой Усмонов иддае ҳам бар инанд, ки парвандаи ӯро мақомот шояд қатъ кунанд ва ё бар асоси Қонуни авф, ки қарор аст ба муносибати 20 — солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба тасвиб расад, озод шавад.

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд: «Азбаски қаблан мақомоти тафтишотӣ эълом дошта буданд, ки алайҳи Ӯрунбой Усмонов далоили мӯътамад доранд, онҳо ҳаддалимкон кӯшиш мекунанд ба хотири ҳифзи обрӯи кории худашон бо як ҷазои хурде Усмоновро раҳо кунанд.»

Коршиносон мегӯянд, бо ин вуҷуд таваҷҷӯҳи раисҷумҳури Тоҷикистон марҳалаи наве дар ҳалли мусбати қазияи Урунбой Усмонов хоҳад шуд. Аммо оё иродаи сиёсии мақомоти тоҷик ба раҳоии хабарнигори ББС то куҷо кифоят хоҳад кард, фақат вақт нишон хоҳад дод.

Фарҳоди Милод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24263585.html

Таҳқиқи парвандаи Ӯрунбой Усмонов ба анҷом расид

[b]Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки таҳқиқи парвандаи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ ба анҷом расида ва натоиҷи он ба раиси ҷумҳурии ин кишвар гузориш хоҳад шуд.[/b]

Дар ин бора Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл дар нишасти хабарии худ дар хабар дод.

Оқои Салимзода гуфт, ки дар садад аст, ба раиси ҷумҳурии ин кишвар дар мавриди “ҳолатҳои кори парвандаи ҷинойии Ӯрунбой Усмонов” гузориш бидиҳад. Ӯ гуфт, ки «сардори давлат ба ин қазия таваҷҷӯҳ дорад.»

Ин дар ҳолест, ки Питер Ҳоррокс, раҳбари Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ 24-уми июн, бо ирсоли номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ӯ хоста буд, ки ба озодии Ӯринбой Усмонов мусоъидат кунад. Ҳаждаҳуми июн аъзои хонаводаи оқои Усмонов низ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон нома ирсол дошта ва аз ӯ дархости мушобеҳ карда буданд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов низ хабари анҷоми таҳқиқи ин парвандаро таъйид кард. Вай гуфт, ки қабл аз ирсоли парванда аз идораи кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба Додситонии вилояти Суғд, рӯзи сешанбеи 12-уми июл парвандаро бо муваккилаш бори дигар баррасӣ ва таъйид кунад.

Аммо ба гуфтаи оқои Салимзода, бозрасии парвандаи ҷинойии Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ аз ҷониби бозрасони Кумитаи амнияти миллӣ ба анҷом расида ва барои тафҳими иттиҳом ва ирсоли он ба додгоҳ, ба додситонии вилояти Суғд таҳвил дода шуд.

Аз замони боздошти оқои Усмонов дар 13-уми июни соли ҷорӣ то кунун чандин созмони байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар баёнияҳое хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шудаанд. Би-би-сӣ низ дар ду баёния боздошти ӯро маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудааст.

Бар асоси тасмими мақомоти шабакаи хабарии Би-би-сӣ, кормандони ин ширкат дар мақари он дар Ландан ҳар рӯзи чаҳоршанбе, то замони озод шудани Ӯрунбой Усмонов аз боздошт таҷаммуъи эътирозӣ барпо хоҳанд кард.

Бо ин ҳол, ҷониби бозрасӣ оқои Усмоновро бар асоси модаи 307, қисми 3, банди 2- қонуни кайфарии Тоҷикистон дар «ҳамдастӣ» ё «хабар надодан ба мақомоти марбута» дар бораи мулоқоташ бо аъзои эҳтимолии ин ҳизб муттаҳам мекунад.

Вале Ӯрунбой Усмонов, ҳам вакили мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ мегӯянд, ки мулоқоти оқои Усмонов бо аъзои эҳтимолии Ҳизби Таҳрир дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигории ӯ сурат гирифтааст.

Дар ҳоле, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар нахустин рӯзҳои пас аз боздошти оқои Усмонов дар баёнияе эълом кард, ки оқои Усмонов дар узвият дар Ҳизби Таҳрир муттаҳам шудааст, дертар мақомоти ин кумита гуфтанд, ки алайҳи оқои Усмонов аз оғоз иттиҳоми марбут ба «узвият» на, балки «ҳамдастӣ аз роҳи иттилоъ надодан» ворид шуда буд.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июн ҳангоме, ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз пас маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.

Дар ҳафтаи гузашта Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов зимни як дархости расмӣ аз ҷониби бозрасӣ хостори тағйири дастури додгоҳ дар бораи шароити муваккилаш то замони муҳокимаи парванда дар додгоҳ шуд.

Дархост шудааст, ки дастури «ҳабс» ба дастури «бидуни иҷоза аз шаҳр хориҷ нашудан» иваз шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110712_mm_prosecutor_usmanov.shtml

Даъвати дигарбораи САҲА барои озодии Усмонов

[b]Раҳбари бахши матбуоти САҲА гуфт, мунтазири вокуниши мақомоти Тоҷикистон дар робита ба боздошти Ӯрунбой Усмонов аст.[/b]

Дар изҳороти ахираш Дуня Миятович, раҳбари бахши матбуоти САҲА батакрор гуфт, ки боздошти хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистонро чун кӯшиши “сонсур кардани матбуот” арзёбӣ мекунад.

Вай дар ин бора ва дар бораи даъвати озодшавии билофосилаи Усмонов дар номае ба унвонии вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ, дар таърихи 16-уми июни соли ҷорӣ зикр кардааст.

«Ман дубора ба унвонии мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардам ва аз онҳо тақозо кардам, ки ҳақи ӯро ба бегуноҳӣ эҳтиром ва ӯро ба таври сареъ озод кунанд»,-афзудааст ӯ.

Дуня Миятович аз вазъи саломатии хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ изҳори ташвиш карда мегӯяд, бо вуҷуди ин ки саломатии ӯ заиф буда, вай аз мушкилоти марбут ба дил ва диабет ранҷ мекашад, вайро дар ҳолати дур аз дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ нигоҳ медоранд.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизбуттаҳрир” боздошт шуда, вале баъдан ин иттиҳом тасдиқи худро наёфтааст. Ҳолшо бар поияи иттилои вакили дифои ӯ, хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ барои иттилоъ надодан дар заминаи афроди марбут ба «Ҳизбуттаҳрир» муттаҳам ва дар боздоштгоҳи Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад.

Боздошт ва иттиҳоми хабарнигори шабакаи садову симои Бритониё интиқодҳои шадиди созмонҳои мудофеи озодии баён ва корпусҳои дипломатии ғарбиро ба бор овард.

Худи кормандони Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Лондон низ се бор таҷаммӯъ карда, раҳоии Ӯрунбой Усмоновро аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24260378.html

Додгоҳҳо нашрияҳои мустақилро хуш надоранд?

[b]Дар як соли ахир 6 даъвои додгоҳӣ алайҳи 8 расонаи мустақил бо талаби 1 865 000 доллар ҷубронпулӣ сабт шудааст.[/b]

НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои Тоҷикистон мегӯяд, чунин бархӯрд мавҷудияту фаъолияти минбаъдаи матбуоти мустақилро зери суол мебарад.

Танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳ ду нашрияи мустақил — “Миллат” ва “Пайкон”-ро барои нашри матолиби интиқодӣ дар бораи ду идораи давлатӣ, “Тоҷикстандарт” ва Вазорати кишоварзӣ, ба маблағи беш аз 60 ҳазор доллар ҷарима баст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=101]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=101[/url]

Сафаргули Олимӣ

Источник:

Созмонҳои хабарнигорӣ: “Танқид таҳқир нест”

[b]Хабарнигорон ва созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, то дар мавриди мусаввабааш дар заминаи ҳимоят аз шаъну шараф, эътибор ва ҳайсияти корӣ таҷдиди назар кунад.[/b]

Ин мусавваба, ки дар 4 юни соли 1992 дар ҷаласаи умумии Додгоҳи олӣ тасвиб шуда буд, то ҳоло дастури кори додгоҳҳои кишвар ба ҳангоми баррасии қазияҳои расонаҳо аст.

Дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе дар рӯзи ҷумъаи 8 июн, таъкид шуд, ки ин мусавваба кӯҳна шуда ва ба қавонини Тоҷикистону меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат намекунад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=100]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=100[/url]

Источник:

ИТТИҲОМИ СЕ ХАБАРНИГОР БАРОИ ҶОСУСИ БА НАФЪИ РУСИЯ

[b]Рӯзи шанбе Вазорати умури дохилии Гурҷистон се хабарнигори аксбардорро дар ҷосусӣ ба манфиати Русия айбдор кард. Дар изҳороти рӯзи шанбеи вазорати дохилаи Гурҷистон гуфта мешавад, ки аксбардори оҷонсии European Pressphoto Зураб Куртсикидзе аксҳои ду ҳамкори дигараш бардоштаро ба хадамоти ҷосусии вазорати дифои Русия ирсол мекард.[/b]

Куртсикидзе ҳамроҳ бо се ҳамтои дигараш-Иракли Геденидзе аксбардори хусусии президент Михаил Саакашвилӣ ва ҳамсари аксбардораш Натиа Геденидзе, инчунин аксбардори қарордодии вазорати умури хориҷаи Гурҷистон ва оҷонсии Ассошейтед Пресс Георгий Абаладзе дар боздошт ба сар мебурданд. Рӯзи шанбе Натиа Геденидзе аз боздошт раҳо шуд.

Дар изҳороти полис гуфта мешавад, ки ҷустуҷӯи манзили хабарнигорон нишон дод, ки онҳо нақшаи сохтмони президентӣ, иттило роҷеъ ба ҷаласаҳои президент ва ҳамчунин сафарҳои кории ӯро дар ихтиёр доштаанд. Ин мавзӯъро дар Тифлис хабарнигори радиои Озодӣ Давид Чаганава пайгирӣ кардааст. Аз ӯ хостам, тафсилоти ҳодисаеро, ки дар равобити Гурҷистону Русия бетаъсир нахоҳад монд, шарҳ бидиҳад:

Чаганава: Имрӯз додгоҳ паси дарҳои баста баргузор шуд. Ба онҳо айбномаи пешакӣ эълон ва хабари дар боздоштгоҳ монданашон то ду моҳи дигар, яъне то муддати анҷоми таҳқиқоти парвандаашон хабар дода шуд. Онҳо ҳамеша, ҳатто дар ҷараёни додгоҳ дар шароити баста ба сар бурда, якдигарро дида наметавонанд. Ғайр аз ин, вакилони дифоъ ҳам ба назди онҳо ворид шуда наметавонанд, чунки онҳо хаттӣ изҳор карданд, ки аз хизмати вакил даст мекашанд. Ба онҳо як созмони ҳуқуқшиносони ҷавон хизмати худро пешниҳод кардааст. Ҳарсеи онҳо дар як вақт дар ҷосусӣ муттаҳам шуданд.

[b]-Қазияи мазкур хеле норӯшан аст, бо назардошти он чӣ, ки шумо мегӯед, эҳсос мешавад, ки ҳуқуқи хабарнигорони боздоштшуда пурра риоя намешавад. Дар ин замина ва дар робита бо он чӣ, ки дар паси саҳна мегузарад, чӣ гуфта метавонед?[/b]

-Ман чунин дарк мекунам, ки бо назардошти қонунҳои Гурҷистон, дар риояи муқаррароти проcессуалии боздошт ва иттиҳоми аксбардорон иштибоҳҳо ё кӯтаҳиҳо хеле ночизанд. Масалан, аз рӯи қонун онҳо бояд дар давоми 48 соат озод ва ё ба онҳо айбнома пешниҳод мешуд, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Масъалаи дигар ин, ки дар ин қазия воқеан ҳам баъзе факту ҳодисаҳо бо ҳам ихтилоф доранд.

Масалан, имрӯз тавассути телевизион намояндагони вазорати умури дохила ба мо чанд санадро нишон дода гуфтанд, ки ҳамкории ин хабарнигорон бо хадамоти махсуси Русия собит шуд. Вале вақте сабти сӯҳбати телефонии аксбардоронро намоиш доданд, дар он сухан дар бораи интиқоли пул аз Франкфурти Олмон мерафт. Дар шаҳри Франкфурт дафтари аслии оҷонсии European Pressphoto қарор дорад. Дар ин сӯҳбат хоҳиш мешуд, ки ҳисобҳои бонкии дигар аксбардоронро бидиҳад, то, ки пули хизмати онҳо интиқол дода шавад. Вале дар шарҳи вазорати умури дохила ин сӯҳбат каме дигаргуна ташреҳ шуд, ки гӯё ин пули хизмати ҷосусҳо бошад.

[b]- Муттаҳами аслӣ аз рӯи ин қазия кист?[/b]

— Ба мо сабти видеоиро нишон доданд, ки дар он аксбардори президент Иракли Геденидзе дар гуноҳҳояш иқрор мешавад. Ҳоло ӯ муттаҳами аслӣ аст, ки аммо аз хизмати вакил ба таври хаттӣ даст кашид. Ҳамсари ӯ Натияро мегӯянд, ки шаби гузашта озод карданд ва ӯ дар хонааш шабро рӯз кард. Дар сабти толори додгоҳ дида мешуд, ки ӯ дар мурофиа ҳозир нашуд ва ба ҷуз се аксбардор, вакилон ва намояндагони додситонӣ дигар нафар дар ин додгоҳ ҳузур надошт.

Хиромон Бақозода, «Озодӣ»

Источник: http://ruzgor.tj/component/content/article/28/5602.html