Архив рубрики: Хабарҳо

Вазорати хориҷа: Эълони аккредитатсияи журналистон

[b]Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон номнавис кардани журналистонро ба чорабиниҳои вижаи сиёсӣ шурӯъ кард.[/b]

Зимнан, раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати ин вазоратхона оғози аккредитатсияи кормандони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро барои чорабиниҳои зерини сатҳи олӣ, ки дар Душанбе аввали моҳи сентябри соли 2011 барпо мегарданд, эълон менамояд:

— ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ;

— ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ;

— вохӯрии чоргонаи президентони ҷумҳурии исломии Афғонистон, ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Русия ва ҷумҳурии Тоҷикистон;

— сафари президенти Федератсияи Русия ба ҷумҳурии Тоҷикистон;

— сафари президенти ҷумҳурии Эрон ба ҷумҳурии Тоҷикистон.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1618-2011-08-02-04-47-26.html

Рушди Tajnet – яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ

[b]29 июли соли 2011 ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии USAID, Internews Network, Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди Tajnet – яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ» мизи мудаввар доир менамояд.[/b]

Дар чорабинӣ сиёсати рушди технологияҳои муосир, иқтидори инкишофи TajNet ва оқибатҳои баромадан аз доираи он, афзалияти рақобатпазирии бозор барои рушди TajNet, нақши маводи ватанӣ баҳри таъмини амнияти иттилоотӣ, зарурат ва инкишофи телевизиони IP баррасӣ мегарданд.

Ҳамчунин дар доираи кори мизи мудаввар муаррифии китоби «Иттилоот дар Интернет: танзими ҳуқуқӣ» ва натиҷаи таҳлили ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои ҷамиъиятӣ дар Интернет, пешкаш мешавад.

Интернет фазои озод буда, аз чумлаи бузургтарин шабакаи оммавӣ дар ҷаҳон мебошад. Истифодаи интернет технологияхо дар соҳаи иқтисод, илм, фарҳанг, иҷтимоиёт, маориф ва ѓайра васеъ ба роҳ монда шудааст. Имрўз ҳамаи давлатҳои дунё бо ин шабакаи глобалӣ пайвастанд ва Интернетро пеш аз ҳама ҳамчун манбаи иттилоъ истифода мебаранд. Вале, дар баробари ин набояд фаромўш кард, ки Интернет ин воситаи ахбори умум нест, балки пеш аз ҳама фазои интиқолкунанда барои паҳншавии ВАО ва васеъшавии бозори он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ҷараёни интернетизация босуръат давом дорад. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба масъалаи ҷорӣ намудани Интернет технологияҳо ба тамоми соҳаҳо диққати махсус медиҳад. Кори босамари Шўро оид ба технолгияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК), ки дар назди Президенти ҶТ фаъолият мекунад, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ин ҷараён мунтазам авҷ мегирад, зеро заминаҳои муайяни ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавҷуданд. Дар ин замина таъмини амнияти иттилоотиро метавон ба инкишофи TajNet суръат бахшид. Ҷомеаи тоҷикон бояд иттилоро аз маъхазҳои тоҷикӣ дастрас намоянд! Ин ҷо масоил вобаста бо истифодаи сарчашмаҳои мавчуда ва хамчунин пайдо намудани манбаъҳои нави иттилоотиро бо забони тоҷикӣ бояд омўхт.

Мо бояд амиқ донем, ки дар асри рақамӣ иқтидори рушди TajNet ва нақши контенти тоҷикӣ дар устувории амнияти иттилоотӣ чи гуна аст.

Таҷрибаи ватанӣ нишон медиҳад, ки баҳри таъмини амнияти миллӣ одатан усулҳое ба кор мераванд, ки на ба ҳимояи иттилоъ ва сарчашмаи он, балки баръакс ба маҳдудшавии дастрасӣ ба онҳо равона шудаанд.

Чунин муносибат бар хилофи мақсадҳои Консепсияи давлатии сиёсати итиилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «…ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи иттилоотии байналмилалӣ ва таъмини амнияти захираҳои иттилоотии миллӣ ва инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионӣ…» мебошад.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни кори мизи мудаввар имкониятҳои рушди контенти тоҷикӣ дар фазои Интернет ва назари нав ба амнияти иттилоотӣ дар шароити кунунӣ муайян мешавад.

Ба чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Парламенти ҶТ, кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, ВАО ва коршиносони соҳаи ТИК даъват шудаанд.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Источник:

Тақозои лағви бандҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир»

[b]Таъмини озодиҳои матбуотӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии як ҳамоиши чандҷониба дар Душанбешаҳр буд.[/b]

Ин нишаст бо ибтикори намояндагии САҲА, дафтари Омбдусмен ва ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Шӯъбаи кафолати ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон дар Дастгоҳи раёсати ҷумуҳри Тоҷикистон доир гашт.

Дар ин нишаст бархе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, аз ҷумла НАНСМИТ, пешниҳод карданд, ки банди «тӯҳмат» ва «тавҳин» аз санадҳои ҷиноӣ лағв шавад.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик низ дар ин робита гуфт: «Тоҷикистон кишвари демократӣ аст ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаст. Ба ин делел, зарур аст, то шароитро барои фаъолияти озоди расонаҳо, бахусус хабарнигорон эҷод кунад. Дар ҳоле ки Қирғизистон аз қонунҳои худ банди таҳқир ва тавҳинро берун кашидааст, Тоҷикистон низ бояд ба хотири таъмини озодии баён ва гуногунандешӣ аз ин банд даст бикашад.»

Ширкаткунандагони нишаст бар ин назаранд, ки бархе аз мансабдорони давлатӣ бо сӯиистифода аз бандҳои тӯҳмат ва тавҳин, болои хабарнигорон фишор ворид месозанд.

Ин дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир чандин тан аз хабарнигорони тоҷик ба чунин иттиҳом ба додгоҳ кашонида шуданд.

Зимнан қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақили «Нури зиндагӣ» бо чунин иттиҳом дар додгоҳи ноҳияи Ашт ҷараён дорад.

[b]ТАЪКИД БА РИОЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН[/b]

Дар ин ҷамъомад, ки як омодагӣ ба баррасии масъала дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар охири моҳи октябр дар Женева дониста мешавад, сардори шӯъбаи кафолати конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Музаффар Ашӯров гуфт, ҳукумат эътироф мекунад, ки дар ҳоли ҳозир расидагӣ ба шикоятҳои ҳуқуқии мардум дар кишвар мувофиқи матлаб нест. “Биноан гурӯҳи кории махсус дар зудтарин фурсат ба кор шурӯъ хоҳад кард,” – гуфт ҷаноби Ашӯров.

Кори гурӯҳ аз баррасии шикоятҳои шаҳрвандон ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва тавсияҳои ин кумитаи байнулмилалӣ иборат хоҳад буд.

Вай афзуд, гурӯҳи нав аз намояндагони Додгоҳи олӣ, Додситонии кул, Вазорати адлия, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорату идораҳое таркиб хоҳад ёфт, ки аз амалкарди онҳо шикоят шудааст.

Ин дар ҳолест, ки то имрӯз Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар мавриди 22 шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалнома бароварда, аммо ҳеҷ кадоми онҳо ба иҷро нарасидаанд. Ба ақидаи намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ин ҳамоиш талошест, то кишвар ба ҷаласаи баррасии ҳуқуқи инсон, ки ба таври муфассал дар Женева ҷараён хоҳад гирифт, имсол омодагии бештаре дошта бошад.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (БДИПЧ) ҳар сол дар Варшава Ҳамоиши рушди башариро баргузор мекунад ва дар он низ кишварҳо аз вазъи ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд. Умдатан дар ин нишастҳо Тоҷикистон баҳои мусбат нагирифтааст. Дар ин ҷаласаҳо баҳои намояндагони давлат ва ҷомеаи маданӣ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҳамдигар комилан фарқ мекард. Ҳамоиши Душанбе як навъ талоши муколамаи давлат бо созмонҳои шаҳрвандист, то назарҳо ба ҳам наздикии бештар касб кунанд.

Дар гузоришҳои солонаи созмонҳои байнулмилалӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон асосан нигаронкунанда унвон мешавад. Ахиран, ин ниҳодҳо аз қонуни нави масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон интиқод мекунад ва мегӯянд, он ҳуқуқи шаҳрвандонро маҳдуд менамояд.

Ҳамоиш дар рӯзҳое сурат мегирад, ки палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ин қонунро ба тасвиб расонд ва эълом дошт, қонуни нав ба ҳеч шевае ҳуқуқи сокинони кишварро маҳдуд намекунад.

Гурӯҳи кории дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон барои расидагӣ ба шикоятҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар ҳоле таъсис меёбад, ки интизориҳои бузурги ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилал аз таъсиси мақоми Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон бароварда нашудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24273368.html

Чаро сиёсати иттилоотӣ муваффақ нест?

[b]Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,раиси АМВАОМТ

(Тезиси суханронӣ дар Ҷаласаи Муқаддимавӣ барои баррасии масоили ҳуқуқи инсон, Душанбе, 22 июли соли 2011)[/b]

Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, ба созмондиҳандагони ин ҷаласа — Дафтари САҲА дар Тоҷикистон изҳори сипос менамоям, ки барои муколамаи ҷонибҳо — музокироти солонаи байни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Умед дорам, ки тавсияҳое, ки дар ин ҷо ироа мегарданд, дар фаъолияти мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ истифода шуда, ба рушди озодии сухан ва ВАО дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

[b]Матни пурраи маърӯзаро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=109]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=109[/url]

Источник:

Масъулини ҳафтаномаи «Нигоҳ» «ихтисор шудан»-и матлабҳои шумораи навбатиро шарҳ доданд

[b]Ин ҳафта мутаассифона аз гӯшаи «Мангар, ки кӣ мегӯяд»-и ҳафтанома, ки 7 ҷузъи ахборӣ-фароғатиро дар бар мегирад, 3 ҷузъи он ғайб задааст,- гуфт дар сӯҳбат бо TojNews муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Нигоҳ» Эраҷи Амон.[/b]

Дар мавриди сабабҳои пеш омадани ин мушкил мавсуф зикр намуд: «Ростӣ, мо алҳол сабабҳои пурра нашр нашудани матлабҳои саҳифаи 16-и ҳафтаномаро намедонем. Дар нашриёти «Шарқи озод»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки масъулияти чопи ҳафтаномаро ба ӯҳда дорад, вазъи ба амал омадаро «сабабҳои техникӣ» гуфта шарҳ медиҳанд. Гурӯҳи кории идораи нашрия дар ҳоли ҳозир ба омӯзиши қазия пардохтааст ва рӯзҳои наздик сабабҳои аслии он ошкор хоҳанд шуд. Мутаассифона, ин бори аввал нест, ки ҳангоми чопи нашрия дар нашриёти «Шарқи озод» матлабҳои алоҳида бо сабабҳои техникӣ ихтисор мешаванд».

Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаномаи иттилотиву сиёсии «Нигоҳ» мутааллиқ ба созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» буда, аз 14-уми декабри соли 2006 ба нашр мерасад.

Фаридуни УМАРБЕК, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16328&Itemid=28

САҲА музокироти солонаи байни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандиро доир ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баргузор менамояд

ДУШАНБЕ, 20 июли с. 2011. Рӯзҳои 21-22 июл, бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Ҷаласаи Муқаддимавӣ барои баррасии масоили ҳуқуқи инсон баргузор мегардад.

Музокираи мазкур, ки дар арафаи ҷаласаи васеи САҲА оид ба Иҷрои Аҳдофи Инсонӣ дар Варшава баргузор мегардад, майдони озод барои табодули назар байни намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Имсол барнома баррасии чунин масъалаҳоро дарбар мегирад: механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, озодӣ аз шиканҷа, озодии баён, озодии дин, дастрасӣ ба адолати судӣ, ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди терроризм, ҳуқуқи моликият ва кӯчонидани иҷборӣ, ҳуқуқи шахсони ба ақалиятҳои миллӣ тааллуқдошта, ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ва ҳуқуқи кӯдак.

Рӯзноманигорон соати 9:00 ба кушодашавии ҷаласа дар Кохи Ваҳдат даъват шуда, метавонанд дар давоми ду рӯзи ҷаласа ҳузур дошта бошанд.

Тамос: [url=Shakhnoza.Mansurova@osce.org]Shakhnoza.Mansurova@osce.org[/url], Tel.: +992-(37)-2265014/-15/-16/-17

Источник:

Баҳс атрофи боздошту озод шудани Урунбой Усмонов

[b]Дар мавриди қазияи хабарнигори Би- Би-Сӣ Урунбой Усмонов дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон арз дошт, ки «имрӯз бегуноҳии ӯро ягон кас исбот накардааст, танҳо ба воситаи забонхат аз ҳабс озод карданд, ки ҷойи зисти доимияшро тарк наменамояд».[/b]

Абдураҳим Қаҳҳоров инчунин илова намуд: «Тафтишот нисбати шахсони аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» мувофиқи Қонуни мурофиавӣ дар салоҳтияти амнияти миллӣ мебошад. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир карданд ва бо ҳуҷҷатҳои тасдиқнамуда ба амнияти миллӣ пешниҳод карданд. Амнияти миллӣ ҳуҷҷатҳоро омӯхта, асос пайдо карда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд ва нисбати ӯ барои дар ҳабс нигоҳ доштан қарор қабул шуд».

Ба саволи хабарнигорон дар хусуси он, ки агар бегуноҳии Усмонов исбот шавад, шахсони ӯро дастгирнамуда ҷазо мебинанд, номбурда афзуд, ки «ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд».

Фаридуни УМАРБЕК, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16248&Itemid=30

Истиқболи сафорати Омрико дар Тоҷикистон аз озодии Ӯрунбой Усмонов

[b]Сафорати Омрико дар Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз озодии машрути Ӯрунбой Усмонов аз боздоштгоҳ истиқбол кардааст.[/b]

Сафорати Омрико лағви иттиҳомот алайҳи оқои Усмонов дар заминаи узвияти эҳтимолии ӯ дар Ҳизби Таҳрирро аз сӯйи Додситонии кулл як амри муҳим хондааст.

Зеро, ба навиштаи сафорат, оқои Усмонов ва куллияи хабарнигорон барои анҷоми фаъолияти хабарнигориашон “бояд бо гурӯҳҳои мухталиф” дидор ва гуфтугӯ дошта бошанд.

[b]Матни пурраи матлабро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=108]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=108[/url]

Источник:

Бурсҳои таҳқиқотии бунёди миллии демукросӣ

[b]Сандуқи миллии демукросӣ аз тақозокунандагони бурсҳои таҳқиқотӣ барои солҳои 2012-2013 даъват ба амал меоварад.[/b]

Пругроми Рэйгон-Фасел (Reagan-Fascell Democracy Fellows Program) як барномаи мубодилаи байнайналмилӣ мебошад, ки ба фаъолини иҷтимоӣ, донишмандон ва рӯзноманигорони сартосари дунё фурсати иштирок дар як давраи панҷмоҳаро дар сандуқи миллии демукросии муассисаи NED дар Вошингтон DC мусоид месозад то ба таҳқиқот ва пажӯҳиши мустақил дар заминаи мубоҳисаи демукросии марбут ба як кишвар ва ё як минтақаи хос бипардозанд. Афроди пазируфташуда дар ин барнома дар тӯли муддати иқомати худ ба табодули таҷрибот, таъомил бо соири ширкаткунандагон, анҷоми таҳқиқот ва нигориш, баррасии беҳтарин шеваҳои иҷроӣ ва омӯзиҳое хоҳанд пардохт, ки дар ин муддат касб кардаанд ва иртибототи маслакӣ бо шабакаи ҷаҳонӣ аз мудофеъони демукросӣ барқарор хоҳанд кард.

[b]Матни пурраи эълонро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/?page=events&id=2]http://www.taj.nansmit.tj/?page=events&id=2[/url]

Источник:

«Риъоят нашудани қонун ба эътибори Тоҷикистон латма ворид мекунад»

[b]Тоҷикистон ба хотири ҳифзи обрӯю манзалати худ қонунро нақз нахоҳад кард.[/b]

Ин суханонро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 18 июл, дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард,дар робита ба қазияи Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ гуфт.

Оқои Зарифӣ дар робита ба иддаъоҳои раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон дар бораи ворид шудани латмаи сахт ба эътибори давлати ин кишвар ба дунболи боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Хуҷанд, гуфт: “Агар мо барои обрӯю манзалати худ гуфта, аз қонун берун шавем, аз ин кор зарари бештар мебинем”.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=107]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=107[/url]

Источник: