Архив рубрики: Хабарҳо

Баёнияи

[b]Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон -АФРӮЗ[/b]

Дархости 16 соли зиндон барои Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» боиси нигаронии шадиди мо ва ҳатто эҷоди навъе даҳшат дар миёни маҳофили хабарнигорӣ шудааст.

Мо бар он боварем, ки М. Исмоилов маҳз бо сабаби дар матбуот чоп шудани матолиби интиқодияш мавриди таъқиб қарор гирифта ва маҳкум мешавад. Беш аз 10 моҳ дар маҳбас нигаҳ доштан ва дархости ҳукми 16 соли зиндон ба М. Исмоилов, на танҳо ба хотири муҷозот ба амалкарди ӯст. Балки ин иқдом интиқоми як гурӯҳ афроди соҳибмансаб, ки дасти дарозе ба қонун доранд ва бо ҳадафи маҳдуд сохтани озодии баён ва эҷоди тарс ва ҷилавгирӣ аз воқеънигории хабарнигорон сурат мегирад.

Аммо дар ҳар сурат муҳим ин аст, ки ин амалкард бар зарари озодии баён дар Тоҷикистон аст ва бар имиҷи байналмилалии кишвар ба шиддат латма мезанад.

Дархости 16 сол ҳукми зиндон барои изҳори андеша, ҳатто бигузор барои лафзи олуда бо таҳқиру тавҳин ҳам Тоҷикистонро дар ақсои олам шарсмор хоҳад кард. Ин хабар ба шиддат дар саросари олам мунташир хоҳад шуд. Ба шиддате, ки Тоҷикистон имкони тавзеҳи онро нахоҳад дошт ва касе ҳам тавзеҳ талаб нахоҳад кард.

Мутманин бошед, ки агар ин иттифоқ биуфтад, ки Тоҷикистон душмани озодии баён ва тӯлонитарин зиндон барои рӯзноманигорӣ унвон хоҳад шуд.

Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон — АФРӯЗ аз тӯл кашидан ва печида шудани қазияи додгоҳии Маҳмадюсуф Исмоилов нигарон аст ва талаби ҳарчӣ зудтар озод шудани ӯро дорад. Мо аз Президенти Тоҷикистон тақозо мекунем, ки ба унвони кафили озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ин қазия мудохила кунад.

[b]Адолати Мирзо,
Раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз».[/b]

Источник:

CPJ тақозои 16 сол зиндон барои Исмоиловро маҳкум кард

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон бо интишори баёнияе дархости намояндаи додситонӣ барои 16 сол маҳкумияти Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигоре маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистонро, маҳкум кардааст.[/b]

Дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи панҷшанбеи 29 сентябр, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, Амирҷон Ғафуров, намояндаи додситонӣ, аз додгоҳ талаб кард, ки ин хабарнигор ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон шуда ва тибқи қонуни авф 2 сол аз ин ҳукм кам карда шавад.

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи оқои Исмоилов дар ҷаласаи додгоҳ иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилашро рад кард ва гуфт, ки бегуноҳии вай бояд дар додгоҳ собит шавад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли «Нури зиндагӣ», ба “тамаъҷӯӣ, барангехтани низоъи маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир” муттаҳам шудааст.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, ки мақарраш дар Ню-Йурк аст, дар баёнияи худ идомаи боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум карда ва мегӯяд, ки аз дархости додситонӣ барои таъйини замони тӯлонии зиндон ба иттиҳоми «тӯҳмат» ба ин хабарнигор «ваҳшатзада» шудааст.

Дар баёнияи ин созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён мехонем, ки дар сурати иҷрои дархости додситонӣ оқои Исмоилов нахустин хабарнигори тоҷик дар даҳ соли ахир хоҳад буд, ки равонаи зиндон хоҳад шуд.

Ин созмон мегӯяд, ки тибқи парванда, оқои Исмоилов ба «тӯҳмат», «таҳқир» ва «барангехтани низоъи маҳаллӣ» дар матлабе таҳти унвони «Ашт вайрон мешавад. Гунаҳкор кист?» дар моҳи августи соли 2010 дар ҳафтаномаи «Нури Зиндагӣ» муттаҳам шудааст.

Аммо таҳқиқи ин созмон нишон додааст, ки дар ин мақола «Исмоилов аз ҳукумат ва мақомоти интизомии ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, интиқод карда ба фасодкорӣ, суиистифода аз мақом ва сирқати маболиғи давлатӣ ишора кардааст.»

Вакили мудофеъи Маҳмадюсуф Исмоилов низ мегӯяд, ки ин қазия ба далели нашри матолиби интиқодӣ дар бораи мақомҳои давлатии ноҳияи Ашт тавассути муваккилаш сурат гирифтааст.

Оқои Исмоилов аз 23 ноябри соли гузашта дар яке аз боздоштгоҳҳои вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

Қаблан вакили мудофеъи вай гуфта буд, ки дар ҷараёни таҳқиқи муқаддамотии ин парванда иттиҳомоти аслӣ, яъне — «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ», алайҳи вай собит нашудааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон низ боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Қаблан созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, ки оқои сареъан Исмоиловро озод кунад, вале мақомоти тоҷик ба ин дархостҳо вокунише нишон надодаанд.

Аз ҷумла, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ), созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, хостори озодии оқои Исмоилов шуда буданд.

Қарор аст ҷаласаи ояндаи додгоҳ барои баррасии парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзи душанбеи 3 октябр дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Тайи ду соли ахир чандин рӯзноманигор ва нашрияи мустақил дар Тоҷикистон барои нашри матолиби интиқодомез дар бораи ниҳодҳои давлатӣ ба додгоҳ кашида шудаанд.

Источник:

Додситон хостори 16 сол маҳкумияти Исмоилов шуд

[b]Мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзи душанбе, 3-юми октябр, идома хоҳад кард.[/b]

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки дар баррасии парвандаи Исмоилов дар Хуҷанд иштирок дошт, хабар дод.

Вай гуфт, намояндаи додситонӣ аз додгоҳ дархости 16 соли зиндон барои Муҳаммадюсуф Исмоиловро намуда, вале ҳамзамон бо таваҷҷӯҳ ба қонуни афв гуфтааст, додгоҳ ду сол камтар, яъне 14 сол барои ин хабарнигори тоҷик ҳукми зиндон содир намояд.

Муҳаббат Ҷӯраева — вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояти ӯ бояд комилан сафед карда шавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, айби Муҳаммадюсуф Исмоилов исботи худро наёфта ва ӯ тӯли тақрибан даҳ моҳи ахир дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст.

Хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», ки беш аз 10 моҳ боз дар зиндон ба сар мебарад, дар тӯҳмату таҳқир ва ангезиши эҳсосоти маҳалгароёна айбдор мешавад.

Ба гуфтаи вакили мудофеи айбдоршаванда Муҳаббат Ҷӯраева, дар ҷараёни бозбинии додгоҳии парванда иттиҳомоти асосии алайҳи нафари таҳти ҳимояташ — «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ» исбот нашудааст.

Сипас, моҳи июни соли ҷорӣ бо дархости вакили мудофеъ ҷиҳати ташхиси забоншиносии мақолаҳои Исмоилов парвандаи вай ба Фарҳангистони улум ва сипас ба Кумитаи забон ирсол шуда, ин кумита мавҷудияти таҳқири мансабдори давлатиро дар навиштаҳои Исмоилов тасдиқ кард. Вакили дифоъ эътироз дорад, ки ташхис аз тарафи ниҳоди бетараф ҷараён нагирифта, Кумитаи забон як ниҳоди ҳукуматӣ мебошад.

Боздошти хабарнигори «Нури зиндагӣ» вокуниши густардаеро дар байни рӯзноманигорони Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти хабарнигорро таҳаммулнопазирии мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номида ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24343451.html

Ба рӯзноманигорон тамғаи «ҳамкорӣ бо ифротгароён» задан талоши пинҳон кардани камбудиҳои фаъолияти худ аст

26 -27 сентябри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар фазои Facebook як конфронси маҷозӣ дар мавзӯи «Рушди матбуоти озод дар шароити мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм» доир гардид, ки фишурдаи он сӯҳбатро манзури шумо мегардонем.

[b]Матни пурраи конфронси маҷозиро дар торномаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=130]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=130[/url]

Источник:

УСТОДОНИ ЭРОНӢ ДАР ДУШАНБЕ ДАРСИ РӮЗНОМАНИГОРӢ МЕДИҲАНД

[b]Бори аввал дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар бахши матбуот бо ибтикори хабаргузории ғайридавлатии «Форс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе нахустин давраи омӯзишӣ барои намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард.[/b]

Дар ин давраи панҷрӯзаи омӯзишӣ устодони ботаҷрибаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Таботабоии Теҳрон, докторҳои илм Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ барои ширкаткунандагони ин ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигории бӯҳронӣ» ва ғайра дарс мегӯянд.

Дар маҳфиле, ки ба муносибати оғоз ёфтани ин давраи омӯзишӣ дар Маркази матбуоти назди Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд, Алиасғари Шеърдӯст- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузории давраи омӯзиширо қадами устуворе дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои иттилоърасонии ҳарду кишвар номид.

Давлат Назрӣ, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Эрон барои Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ ба ҳисоб рафта нақши ВАО-и ин ду кишварро дар таҳкими муносибатҳои ду ҷониба муҳим арзёбӣ намуд.

Аббос Дарвиш Тавонгар, сардабири хабаргузории «Форс» дар бораи фаъолияти ин хабаргузорӣ дар арсаи ҷаҳон ва нақшаҳои минбаъдаи он дар иртибот бо тавсиъаи фаъолияти хеш дар кишварҳои пасошӯравӣ ибрози назар кард.

Абдусаттор Нуралиев, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар бораи аҳамияти табодули таҷриба кардани устодони бахши рӯзноманигорӣ ва роҳҳои густариш додани ҳамкориҳои намояндагони васоити ахбори омма фикрҳои ҷолибе ироа намуд.

Зафари Сӯфӣ, Султони Ҳамад, Муҳаммади Эгамзод ва дигар рӯзноманигорони шинохтаи тоҷик нуқтаи назари хешро дар бораи баргузории ин давраи омӯзишӣ ва аҳамияти он дар инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба изҳор доштанд.

«Рӯзгор»

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/6213.html

«Фараж»-ро боз ба додгоҳ мекашанд?

[b]Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ алайҳи маводи дар нашрияи «Фараж» ба табъ расида, ба додгоҳ шикоят бурдааст.[/b]

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи мазкур, зимни тавзеҳи ин хабар гуфт, шаҳрванд Файзиддин Азизов барои ҳимояи шаъну эътибори кори худ, бо ҷавобгарии Зевар Шарипова ва идораи нашрияи мо ба суд шикоят кардааст ва дар ин маврид ба идора огоҳиномаи додгоҳи Рӯдакӣ низ ворид шудааст. Дар санад омадааст, ки бинобар ин аз шумо даъват мешавад, ки намояндаатонро барои супурдани аризаи даъвогӣ таъмин намоед. Гуфта мешавад, Азизов чанде қабл бо ҳамин мазмун ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз болои нашрияи «Фараж» шикоят бурда буд, аммо додгоҳ ба чанд далел, аз ҷумла ба сабаби ғалат дар навиштани ариза ва ба сабаби дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат доштани яке аз даъвогар ва яке аз ҳамҷавобгарон, яъне муаллифи «Фараж», аз баррасии ин ариза худдорӣ кард. Ӯ дар аризааш аз нашрияи мазкур 500 ҳазор сомонӣ товон талаб намуда буд, ҳоло рӯшаннест, ки чӣ миқдор товонро аз додгоҳи Рӯдакӣ талаб кардааст.

Маврид ба ёдоварист, тайи ду-се соли ахир баҳсҳои додгоҳӣ алайҳи нашрия ва матбуоти мустақили Тоҷикистон зиёд ба назар мерасанд ва бархе аз ин қазияҳо холо ҳам идома доранд. Даъвои вазорати кишоварзӣ алайҳи нашрияи «Миллат» ва тақозои 1 миллион сомонӣ, ки ҳанӯз давом дорад, даъвои 5 миллион сомонӣ товони се додраси додгоҳи нохияи Сино ва Додгоҳи Олӣ алайҳи «Азия-Плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ва даъвои «Тоҷикстандарт» алайҳи ҳафтаномаи «Пайкон» аз пуровозатарини ин баҳсҳо дар якуним соли охир аст. Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ даъвогарон аз даъвояшон алайҳи «Азия-Плюс», «Озодагон» ва «Фараж» гузаштанд. Баҳси муовини вазири корҳои дохилӣ Анвар Тағоймуродов бар алайҳи «Азия-Плюс» ва даъвои вакили собиқи Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров ва чандин қазияи дигар алайҳи нашрияҳо ва муаллифон дар додгоҳ ҳанӯз идома дорад. Баҳси судӣ ва музокироти идомадор бойис ба он гашт, ки «Пайкон» аз фаъолият бозмонад ва муассиси он Ҷумъаи Толиб алъон дар бистари беморӣ дар зодгоҳаш ба сар мебарад.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/2348-lr——

Баҳси дигари «Фараж». Даъвои як шаҳрванд ё фишор?

[b]Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ алайҳи нашрияи «Фараж» ва як муаллифи он парвандаи шаҳрвандӣ боз кардааст.[/b]

Як сокини ноҳияи Рудакӣ зоҳиран барои ҳимояти шаъну эътибори худ, ки ба бовари ӯ дар мақолае роҷеъ ба як таъйиноти додгоҳӣ паст зада шудааст, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» мегӯяд: «Огоҳиномае ворид шуд ба ин мазмун, ки дар суд (додгоҳ)-и ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи шаҳрвандӣ бо даъвои Азизов Файзиддин Худойназарович ва бо ҷавобгарии Шарипова Зевар ва идораи «Фараж» роҷеъ ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Бинобар ин аз Шумо даъват мешавад, ки намояндаатонро барои супурдани аризаи даъвогӣ рӯзи 26 сентябр таъмин намоед.»

Гуфтанист, ин шаҳрванд бо ҳамин мазмун ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳам чанде пеш аз болои нашрияи мустақили «Фараж» шикоят бурда буд, аммо додгоҳ ба чанд далел, аз ҷумла ба далели ғалат дар навиштани ариза ва ба сабаби дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат доштани яке аз даъвогар ва яке аз ҳамҷавобгарон, яъне муаллифи «Фараж», аз баррасии ин ариза худдорӣ кард.

Ин шаҳрванд, ки дар аризаи қаблии худ ба додгоҳи Фирдавсӣ 500 ҳазор сомонӣ товон талаб намуда буд, ҳоло ба дурустӣ маълум нест, ки чӣ миқдор товонро аз додгоҳи Рӯдакӣ талаб кардааст. Аммо ин маблағ ҳар чӣ миқдоре бошад, ҳақиқат ин аст, ки ба кори мураттаби рӯзнома халал ворид хоҳад кард.

Раҳматкарими Давлат

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24340460.html

АВВАЛИН ДАВРАИ ОМӮЗИШИ РӮЗНОМАНИГОРИИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

[b]Хабаргузории «Форс» нахустин ниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки барои рӯзноманигорони тоҷик давраи омӯзиши хабарнигорӣ баргузор мекунад. Дар ин давра, ки аз 26 то 30 сентябри солӣ ҷорӣ дар маркази матбуоти назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, намояндагони расонаҳои мухталифи давлатӣ ва мустақили Тоҷикистон ширкат мекунанд.[/b]

Маросими ифтитоҳи расмии ин давра соати 10 рӯзи душанбе – 26 сентябри соли ҷорӣ бо ҳузури сафири ҶИЭ, раҳбарияти Хабаргузории «Форс» ва масъулони хабаргузориҳо ва расонаҳои шинохтаи Тоҷикистон сурат гирифта, ширкаткунандагон перомуни ҳамкориҳои расонаии ду кишвар табодули назар хоҳанд кард.

Дар ин давра устодони ботаҷрибаи эронӣ Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ, ки дар донишгоҳҳои мухталифи ин кишвар ба тадриси рӯзноманигорӣ машғул буда, дар ин замина даҳҳо таълифот анҷом додаанд, перомуни мавзӯъҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигории бӯҳрон» ва «Маънишиносии хабар» дарс хоҳанд гуфт.

«Форс», ки аввалин хабаргузории ғайридавлатии Эрон аст, дар соли 2002 таъсис ёфта ва ҳоло яке аз шинохтатарин расонаҳои ин кишвар ба шумор меравад. Ин хабаргузорӣ бо ҳадафи барқарор кардани иртибот бо мухотабони хориҷии худ дар соли 2005 пойгоҳи англисӣ, сипас арабӣ ва туркии худро низ эҷод кард ва дар ояндаи начандор дур роҳандозии бахши русиро низ дар назар гирифтааст.

Тоҷикистон нахустин кишвари Шӯравии собиқ аст, ки дар беш аз ду соли пеш Хабаргузории «Форс» намояндагии худро ташкил кард ва аз ин тариқ ба муаррифии беҳтари ин кишвари дӯст ва ҳамзабон барои хонандагони сершумори худ ноил гардид. Эҷоди бахши тоҷикии (кириллии) «Форс» низ дар дастури барномаҳои ояндаи ин хабаргузорӣ қарор дошта ва ин иқдом ба унвони фурсати муносиб дар ҷиҳати ошноии бештари мардуми ду кишвар ва мубодилаи тавлидоти расонаии Эрон ва Тоҷикистон дониста мешавад.

«Форс» имрӯз инчунин дар кишварҳои мухталифи дунё, назири Лубнон, Сурия, Миср, Фаластин, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Урдун, Сингапур, Ҳинд, Қирғизистон, Туркманистон, Англия, Амрико, Фаронса ва ғайра хабарнигор дорад.

«Рӯзгор»

Источник: HTTP://RUZGOR.TJ/MATBUOT/6198.HTML

Мулоқоти раиси Шӯрои ВАО бо донишҷӯёни ДМТ

[b]23-юми сентябр дар иртибот ба рӯзи байналмилалии ахлоқи касбии журналист дар факултаи журналистикаи ДМТ мулоқоти раҳбарияти Шӯрои ВАО бо устодон ва донишҷӯёни факулта сурат пазируфт.[/b]

Вохӯрии роҳбарияти Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо донишҷӯён ва устодони факулта баргузор гардид. Тибқи иттиллои Зинатулло Исмоилов, ин нишаст ба масоили худтанзимкунии журналистӣ ва фаъолияти шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби нигорандагӣ бахшида шуд. Қайд гардид, ки яке аз шартҳои асосии рушди журналистикаи босифат дар кишвар ин риояи меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорон аст.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамасола бо ташаббуси созмонҳои журналистӣ рӯзи 23 сентябр ҳамчун рӯзи байналмилалии ахлоқи касбии журналистон таҷлил мегардад ва чорабинии мазкури Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ дар доираи таҷлили ин рӯз сурат гирифт.

Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, муассисони ин созмон ИЖТ, АМВАОМТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва телевизиони СМТ мебошанд.

Источник: HTTP://OZODAGON.COM/KHABARHO/TOJIKISTON/2322-2011-09-24-08-33-57

ҶОИ ОТАХОН ЛАТИФӢ ХОЛИСТ, КИ ХОЛӢ…

[b]Симои Тоҷикистон дар матбуоти Русия нишон медиҳад, ки ниёз ба журналисте монанди ӯ имрӯз шадидан эҳсос мешавад. Расонаҳои ахбори оми Русия ва ҷаҳон дар Тоҷикистон хабарнигорони доимӣ ва шинохташуда надоранд ва аз Тоҷикистон барои онҳо низ шахсоне наменависанд, ки таҳаввулоти ин кишварро ба гунаи дурусту комил бозтоб диҳанд.[/b]

Агар Отахон Латифӣ зинда мебуд, ҳаргиз даст аз навиштан барнамедошт ва бо он таҷрибаву маҳорати хоси худ ба зуҳури чунин холигоҳ имкон намедод. Вай дар ҳама ҳолат, чӣ дар давраи иқомат дар Эрон ё Русия ва чӣ дар ҷараёни гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон журналист боқӣ монда буд. Навиштаҳои вай дар расонаҳои гуногун ба табъ мерасид ва чанде аз мақолаҳои номатбӯи ӯро ҳамсараш Манзура Ёқубова пас аз куштори Латифӣ дар 22-юми сентябри соли 1998 дар шаҳри Душанбе дар ду китоби хотираҳо мунташир кард.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=129]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=129[/url]

Источник: