Архив рубрики: Хабарҳо

Равоншинос: Зарари паҳни иттилооти носанҷида

Хабарнигори faraj.tj дар хусуси паҳн кардани сели иттилооте, ки атрофи коронавирус шӯру ғавғо бармеангезонад, назари равоншинос Марям Давлатоваро пурсид. Читать далее Равоншинос: Зарари паҳни иттилооти носанҷида →

Додрас ба мурофиаи «боз»-и Далер Шарифов даҳҳо нафарро роҳ надод. ВИДЕО

Ба мурофиаи рӯзноманигор Далер Шарифов, ки рӯзи 15-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд, танҳо вакили мудофеъ, шоҳидон ва падару модараш роҳ ёфтанд. Тақрибан 30 нафари дигар, аз ҷумла хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, паси дар монданд. Додраси парванда ба даромадани онҳо иҷоза надод. Читать далее Додрас ба мурофиаи «боз»-и Далер Шарифов даҳҳо нафарро роҳ надод. ВИДЕО →

«Чораҳои пешгирӣ аз COVID-19» дар мурофиаи Далер Шарифов. ВИДЕО

Ба мурофиаи рӯзноманигор Далер Шарифов, ки рӯзи 15-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд, танҳо вакили мудофеъ, шоҳидон ва волидонаш роҳ ёфтанд. Додраси парванда иҷоза надод, ки рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар он иштирок кунанд, ҳарчанд мақомоти додгоҳ қаблан гуфта буданд, ки мурофиа боз аст. Читать далее «Чораҳои пешгирӣ аз COVID-19» дар мурофиаи Далер Шарифов. ВИДЕО →

Таассуфи дабири кулли СММ аз хабарҳои бардурӯғ оиди коронавирус дар интернет

Дабири кулли СММ Антонио Гуттереш аз паҳн шудани хабарҳои бардурӯғ оиди бемории коронавирус шадидан изҳори нигаронӣ намудааст.

Читать далее Таассуфи дабири кулли СММ аз хабарҳои бардурӯғ оиди коронавирус дар интернет →

Сенатори амрикоӣ гуфт, аз рафтори мақомоти тоҷик бо Радиои Озодӣ ноумед шудааст

Як вакили баландпояи Амрико гуфтааст, аз аккредитатсия накардани чанде аз хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ноумед шудааст.  Читать далее Сенатори амрикоӣ гуфт, аз рафтори мақомоти тоҷик бо Радиои Озодӣ ноумед шудааст →

Чӣ гуна «Радиои Озодӣ» Тоҷикистонро тарсонд ва ба расонаҳо таъсир расонд

Бегоҳии рӯзи 5 апрел бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» гузориш дар бораи он нашр кард, ки дар шимоли Тоҷикистон як мард фавтидааст ва тамоми кормандони тиббие, ки ӯро нигоҳубин мекарданд, карантин  шудаанд. Ин хабар на танҳо дар миёни мардуми оддӣ воҳима ба бор овард, балки ВАО-ро ба  нашри як силсила мақолаҳо  ва мақомотро барои муошират бо ВАО  водор сохт. Читать далее Чӣ гуна «Радиои Озодӣ» Тоҷикистонро тарсонд ва ба расонаҳо таъсир расонд →

Пандемия ба реклама эҳтиёҷ надорад: расонаҳо дар Тоҷикистон дар интизории бӯҳрон карахт шудаанд

Тоҷикистон ва Туркманистон дар тамоми қаламрави пасошӯравӣ ягона кишварҳое боқӣ мондаанд, ки дар онҳо COVID-19 ҳанӯз ба қайд гирифта нашудааст. Аммо агар мӯъҷизае рух диҳад ва коронавирусро воқеан ба ин кишварҳо  нарасонад ҳам, оқибатҳои иқтисодии пандемия, эҳтимолан, онҳоро бетаъсир намегузорад. Дар ҳар сурат, пешгӯиҳои иқтисодӣ барои Тоҷикистон умедбахш нестанд ва расонаҳои маҳаллӣ аллакай аз амалӣ шудани онҳо пай бурда истодаанд. Читать далее Пандемия ба реклама эҳтиёҷ надорад: расонаҳо дар Тоҷикистон дар интизории бӯҳрон карахт шудаанд →

Таъхири мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори боздоштшуда Далер Шарифов

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасии парвандаи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро, ки имрӯз дар назар буд, ба таъхир гузоштааст

Читать далее Таъхири мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори боздоштшуда Далер Шарифов →

Нахустин мурофиаи парвандаи Далер Шарифов ба таъхир афтод.

Нахустин мурофиаи додгоҳии Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, ки қарор буд баъд аз зӯҳри 13-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баргузор шавад, ба таъхир афтод. Вакили дифои Далер Шарифов сабаби таъхири мурофиаро ҳозир нашудани намояндаи додситонӣ гуфт. Читать далее Нахустин мурофиаи парвандаи Далер Шарифов ба таъхир афтод. →