Архив рубрики: Хабарҳо

Банди «тӯҳмату таҳқир» аз Кодекси ҷиноӣ берун шуд

[b]Раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди ҳазфи бандҳои марбут ба «тӯҳмат» ва «тавҳин»-ро ба имзо расонид.[/b]

Ҳамакунун моддаҳои тӯҳмату таҳқир аз қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон хориҷ гардида, ба қатори қонуншиканиҳои шаҳрвандӣ шомил шуданд ва бо нашр шудан дар матбуоти расмӣ, ҳукми қонунӣ мегиранд.

Ҳазфи моддаҳои вобаста ба «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар пайи ислоҳот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иттифоқ афтод. Маҳофили хабарӣ ва рӯзноманигорони тоҷик низ аз ислоҳоти мазкур ба қонуни ҷиноии кишвар истиқбол карданд. Зеро аз чанд сол ба ин сӯ маҳз хабарнигорон буданд, ки дархости ҳазфи ин бандҳоро аз қонунгузории кишвар дар миён мегузоштанд.

Дар таърихи 10-уми марти соли ҷорӣ зимни як нишаст ба муносибати 100 солагии матбуоти тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карда буд ки моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир) аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон берун карда шаванд.

Бо ин ҳама, коршиносон мӯътақиданд, ки лағви ин бандҳо аз қонун, мавридҳои баҳси додгоҳӣ бо хабарнигоронро коҳиш хоҳад дод. Дар ҳоле ки дар гузашта чунин мавридҳо, ки барои нашри матолиби танқидӣ хабарнигорон маҳкум ба зиндон шуда буданд, ҷо доштанд. Намунаи равшани он, ба се соли зиндон ва 35 ҳазор сомонӣ муҷозот шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори минтақаии нашрияи «Нури Зиндагӣ» аст, ки наздик ба як сол дар зиндон ба сар бурда ва гуноҳаш ҳам «таҳқир»- и як масъули додситони ноҳияи Ашт зимни нашри як матлаб буд.

Бо назардошти он, ки банди муҷозот барои тӯҳмат ва таҳқир аз қонуни ҷиноӣ ҳазф шуд, имкони қабули қонуни нави матбуот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он низ бештар шудааст. Қонуни ҳозираи матбуоти Тоҷикистон дар 20 соли пеш, ҳанӯз дар соли 1990 аз сӯи порлумони Тоҷикистони Шӯравӣ қабул шуда буд. Аммо дар ин муддат чандин бор ба он тағйирот ва илова ворид намуданд.

Дар ҳафт-ҳашт соли пеш низ гурӯҳе аз созмонҳои журналистӣ бо пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ тарҳе аз қонуни матбуотро барои қабул таҳия ва пешниҳод карда буданд, ки аз сӯи ниҳодҳо ва афроде, ки ҳаққи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, дастгирӣ пайдо накард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24634444.html

Дастрасии озод ба сойтҳои ‘ифротгаро’ дар Тоҷикистон

[b]Алорағми ҳукми Девони олии Тоҷикистон дар мавриди масдудияти сойтҳои муртабит ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар ин кишвар, ин сойтҳо ҳамчунон қобили дастрасист.[/b]

Аз сӯйи дигар, манобеъи амниятии Афғонистон гузориш додаанд, ки гурӯҳҳои пайкорҷӯ, аз ҷумла «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», талошҳои худро барои ҷалбу омӯзиши ҷавонони тоҷик ва бозпас фиристодани онҳо ба қаламрави Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти теруристӣ тақвият кардаанд.

Девони (Додгоҳи) олии Тоҷикистон рӯзи 3 май фаъъолияти «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», як гурӯҳи исломгарои навпоро, дар ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=204]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=204[/url]

Источник:

Пойгоҳи Русия камари расонаҳои мустақиллро мешиканад

[b]Намояндагони шуморе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия, мустақар дар ин кишварро, ба ончи «миёншикании рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон» мехонанд, муттаҳам кардаанд.[/b]

Ин мавзӯъ рӯзи ҷумъаи 22 июн дар ҷаласаи марбут ба панҷумин солгарди таъсиси телевизиюни «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) матраҳ шуд.

Масъулони Симои мустақилли Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ду сол пеш бад-ин сӯ сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон ба далели мухтал шудани барномаҳояш тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия ба ин телевизиюн дастрасӣ надоранд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=203]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=203[/url]

Источник:

Зинатуллоҳи Исмоил: Телевизион барои ман бизнес нест!

[b]Телевизиони «СМТ», нахустин шабакаи телевизионии мустақил дар пойтахти кишвар имрӯз (18-уми июни соли 2012) панҷ сола мешавад. Ин расона тайи муддати фаъолияташ дар фазои иттилоотӣ тавонист теъдоди зиёди ҳаводоронро ҷамъ кунад. Аммо мушкилоти пахш дар басомад боиси нороҳатии масъулини шабакаву мухлисонаш гашта, сифати дастрасии барномаҳои онро мекоҳонад.[/b]

Дар арафаи таҷлили панҷсолагии шабакаи мазкур хабарнигори Озодагон бо Зинатуллоҳи Исмоил, муассис ва директори ТВ «СМТ» мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаашро ин ҷо мутолиа карда метавонед.

[b]Матни пурраи сўњбатро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=202]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=202[/url]

Источник:

Бек Зуҳуров: «Аз мо талаб мекунанд, ки хомӯш набошем»

[b]Бек Зуҳуров гуфт, дар баҳсҳои «Азия-Плюс» на фақат ба мансабдорони қаторӣ, балки ба раҳбарон ҳам беҳурматӣ мекарданд.[/b]

Масдуд кардани торнамои «Азия-Плюс» аз сӯи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистонро бархе аз коршиносон далели барҷастатар шудани нақши сензурии ин ниҳод дар расонаҳои электронӣ арзёбӣ мекунанд.

Рӯзи 12-уми июн Хадамоти алоқа торнамои серхонандатарини кишвар — «Азия-Плюс»-ро расман ба далели «мушкилоти фаннӣ», аммо дар асл барои фароҳам сохтани майдон барои интиқодҳои муаллифони беном аз ҳукумату раҳбарони Тоҷикистон масдуд кард. Бино ба созиши байни раҳбарияти хадамот ва «Азия-Плюс» мушкил рафъ гашт, вале масъулони торнамо ҳушдор гирифтаанд, ки дар ҳоли такрори чунин вазъ дастрасӣ ба сомонаи онҳо пурра қатъ хоҳад шуд.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=201]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=201[/url]

Источник:

«Саҳв»-и Бег Зуҳуров: Ширкатҳои провайдериро чаро бастанд?

[b]Хадамоти алоқаи назди президенти Тоҷикистон рӯзи 12 июн зимни як нома ба 14 ширкати интернетрасони мамлакат дастур додааст, ки дастрасии муштариёнашонро ба сомонаҳои «Азия плюс» ва «CA-News» дар ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд кунанд.[/b]

Парвина Ибодова, сарвари Иттиҳоди интернет- провайдерҳои Тоҷикистон ба «Нигоҳ гуфт, дар мактуби Хадамоти алоқа омадааст, ки дастрасӣ ба сомонаҳои «CA — News» ва «Азия-Плюс» маҳдуд карда шавад. Ба гуфти ӯ, дар номаи мазкур гуфта мешавад, ки «бо сабабҳои техникӣ ва профилактикӣ» чунин иқдом гирифта шудааст. Дар нома, аз ҷумла нишонаи asiaplus.tj оварда шудааст, аммо провайдерон сайти ин ожонсиро бо нишонии news.tj низ бастаанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=200]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=200[/url]

Источник:

Акнун «тӯҳмат»-у «таҳқир»-и ҷиноятӣ, не шаҳрванди журналистонро таъқиб мекунад

[b]Дар Тоҷикистон парлумони кишвар ахиран ду моддаи Кодекси ҷиноиро, ки ба фаъолияти журналистон бештар монеа эҷод мекард, бекор кард. Гуфтанист ин тасмими бо кӯшишҳои зиёди созмонҳои журналистии ватаниву хориҷӣ ва супориши Президенти Тоҷикистон гирифта шуд.[/b]

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумхурии Тоҷикистон Исмоил Талбаков мегӯяд, ин лоиҳаи қонун аслан бо ташабуси Призиденти Ҷумхури Точикистон ба парлумон зери номи «Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст.

«Ин пешниҳоди Президенти кишвар ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик, 10-уми марти соли ҷорӣ шуда буд»,- гуфт вакили парлумон.

Источник: http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=199

«Азия-Плюс» бо Хадомати алоқа ба созиш расидааст

[b]Оҷонси иттилоотии «Азия-Плюс» мегӯяд, маҳдудияти дастрасӣ ба сайти ин хабаргузорӣ ба зудӣ рафъ хоҳад шуд.[/b]

Дар пайи як сӯҳбати рӯбарӯ раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва масъулони торнамои «Азия-Плюс» роҳи ҳалли ихтилофро, ки боиси маҳдуд шудани дастрасӣ ба ин торнамо шудааст, пайдо намуданд.

Тафсилоти ин ихтилоф ошкор нашудааст, вале ба назар мерасад, ҳар ду ҷониб аз натиҷаи музокирот қаноатманд мебошанд. Рӯзи сешанбе, 12-уми июн, хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ширкатҳои дастраскунандаи Интернет муштариёнро аз истифодаи сомонаи news.tj — торнамои ин хабаргузорӣ маҳрум кардаанд.

Ба навиштаи «Азия-Плюс» ин иқдом бар асоси номаи Хадамоти алоқа сурат гирифт, ки манъи вуруд ба ин сайтро «бо далоили фаннӣ ва корҳои профилактикӣ» дархост кардааст. «Азия-Плюс» ба хонандагонаш машварат дода буд, то замони ҳалли ин мушкил ахборро дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷой медиҳад.

Баъд аз музокироти масъулони «Азия-Плюс» бо раиси Хадамоти алоқа, ки нисфирӯзии сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон доир шуд, сӯҳбате доштем бо Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи хабаргузории «Азия-Плюс» ва ва пурсидем, оё маҳдуд намудани вуруд ба сайти «Азия-Плюс» сабабе дошт?

[b]Зебо Тоҷибоева:[/b] “Сабаб дошт. Вале дар ҳоли ҳозир ман фақат дар бораи мушкилиҳои фаннӣ ҳарф зада метавонам…”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Яъне мушкил рӯи кадом мақола ва ё хабаре набудааст?

[b]Зебо Тоҷибоева:[/b] “Не, ин мушкил бо кадом матлабе иртибот надорад. Мо ба созиш расидем, ки дастрасӣ ба торнамои мо таъмин шавад ва дар навбати худ мо ҳам дар назди Хадамоти алоқа ӯҳдадориҳое гирифтаем, ки усулан озодии баёнро маҳдуд намекунанд.”

Баъд аз ин сӯҳбат «Азия-Плюс» хабаре нашр намуд, ки бар пояи он Бек Зуҳуров гуфтааст, нашри баъзе шарҳҳои хонандагон дар поварақи мақолаҳои торнамо тӯҳмат бар зидди баъзе мансабдорони баландпояи ҷумҳурӣ буда, хабаргузорӣ мебоист бо назардошти қонунгузории кишвар аз пахши он худдорӣ мекард.

Вале ҷониби дигари ин баҳс — Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон чӣ мегӯяд? Бек Зуҳуров, раиси ин хадамот гуфт, «ходимон машғуланд, бояд ҳал шавад. Ин мушкил техникӣ мебошад.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] То ҳамин лаҳза ин мушкили техникӣ ҳал нашудааст?

[b]Бек Зуҳуров:[/b] “Як сабабаш техникӣ аст, вале дигараш ин аст, ки Интернетро ба бизнес табдил надиҳанд. Ягон сайт Интернетро ба бизнес табдил надиҳад.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Бубахшед, ба ин шакл масъала норӯшан боқӣ мемонад. Вақте Шумо мегӯед, Интернетро ба бизнес табдил надиҳанд, Шумо чиро дар назар доред? Оё онҳо реклама ҷой доданду андоз насупурданд?

[b]Бек Зуҳуров:[/b] “Шумо ҳарфи маро дуруст фаҳмидед, тамом”.

Ба ин тартиб, ҳар ду ҷониб бо умеди рафъи ихтилоф аз тафсилот худдорӣ мекунанд. Ба қавли манбаъҳои огоҳ аз қазия Хадамоти алоқа «Азия-Плюс»ро бо ташкили матлабҳои фармоишӣ муттаҳам мекунад. Хабаргузорӣ ин айбномаро қабул надорад, вале ба хотири созиш бо ниҳоди давлатӣ ба гузашт омода аст.

Ибтидои соли ҷорӣ дар пайи нашри як идда мақолаҳои танқидӣ дар бораи Тоҷикистон дар торнамоҳои Русия мақомоти ҷумҳурӣ дасрасӣ ба баъзе аз сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетиро маҳдуд карда буданд. Вале баъд аз эътирозҳои дохиливу байналмилалӣ маҳдудият аз байн бурда шуд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24611515.html

Дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» масдуд шудааст

[b]Масъулони Оҷонси иттилоотии «Азия-Плюс» мегӯянд, дастрасӣ ба сайти ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст.[/b]

«Азия-Плюс» хабар дод, ки чанд ширкати дастраскунандаи Интернет дастрасӣ ба news.tj — торнамои ин хабаргузориро масдуд кардаанд. Ин иқдом бар асоси номаи Хадамоти алоқа сурат гирифтааст, ки масдуд кардани ин сайтро «ба далоили фаннӣ ва корҳои профилактикӣ» хоҳиш кардааст. Ин хабарро Парвина Ибодова, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон ҳам таъйид кардааст.

Аммо «Азия-Плюс» мегӯяд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин оҷонсии иттилоотиро аз тасмимаш расман огоҳ накарда буд. Дар ҳоли ҳозир на ҳама ширкатҳои дастраскунандаи Интернет дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс»-ро қатъ намудаанд.

Хадамоти алоқа дар пайи нашри протоколи пурмоҷарои 32-20 дастрасӣ ба 5 торнамо, аз ҷумла Facebook.com, сомонаи русии Zvezda.ru ва Tjknews.com-ро низ ба «далоили фаннӣ ва зарурати анҷоми корҳои профилактикӣ» масдуд карда буд.

Дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар ин бора раиси Хадамоти алоқа, Бек Зуҳуров гуфт, ки маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд торнамо «мушкили фаннӣ» буд. Аммо бо интиқод аз корбарони Интернет вай афзуд, гурӯҳе Интернетро ба «бозори сиёҳ» тадил додаанд.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бархе аз коршиносон қатъи дастрасӣ ба торнамоҳои муайян ва шабакаи Фейсбукро ба нашри асноди як ҷаласаи махфӣ бастагӣ доданд, ки дар он гӯё аз талошҳои ҳукумат ба таъқиби мухолифони сиёсӣ сухан рафтааст.

Ин иқдом танқидҳоеро аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ниҳодҳои дигари озодии баён ва ҳуқуқи инсон ба бор овард. Дар посух Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов иқдоми мазкурро ба “таъмини амнияти миллӣ ва эътидол» ва ҳамчунин нақши давлат дар «ҳимоят аз фазои миллии иттилоотӣ ва дар мубориза бо ҷиноятҳои кибернетӣ” бастагӣ дод.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24611515.html

Сомонаҳои «CA News» ва «Аsia-Plus»-ро Хадамоти алоқа баст

[b]Аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати кишвар ба 14 ширкати интернети- паҳнкунандаҳо мактуб омадааст, ки дастрасӣ ба сомонаҳои «CA News» ва «Азия-Плюс» маҳдуд карда шавад. Сабаби аслии чунин иқдом ҳанӯз маълум нест, аммо дар номаи мазкур гуфта мешавад, ки бо омилҳои техникӣ ва профилактикӣ чунин иқдом гирифта шудааст.[/b]

Дар нома танҳо нишонаи asiaplus.tj оварда шудааст, аммо провайдерон сайти ин ожонсиро бо нишонии news.tj низ бастаанд.

Гуфтанист, бори аввал нест, ки баста шудани сомонаҳои дохиливу хориҷӣ ба мушоҳида мерасад. Чунончи, соли гузашта ҳангоми рух додани воқеъаҳои минтақаи Рашт, якбора чандин сомонаро баста буданд. Он вақт Хадамоти алоқа гуфта буд, ки сабаби баста шудани ин шабакаҳо, гусастани хатҳои интернетӣ мебошад.

Фарзона АШУРМАДОВА, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=26083&Itemid=30