Архив рубрики: Хабарҳо

Муфлисии рӯзномаҳо ба манфиати кист?

[b]Мо ба дараҷае нарасидаем, ки нашрияҳоямон аз дӯконҳо дар ҳоли навбатпоии хонандагони бешумор (чанд лаҳза ҳам бошад) фурӯхта шаванд. Мо ба дараҷае нарасидаем, ки матбуоти озод имкони фаротар аз пойтахти кишвар инъикоси воқеаю проблемаро дошта бошад, ки бештар идоранишин будани журналистонро гувоҳ аст. Аммо дар ҳолате қарор дорем, ки аз ҳама паҳлӯи фаъолияти онҳо андоз меситонем, ки мувофиқи зербанди 2-и моддаи 211-и Кодекси андоз, ба ин зайланд:[/b]

— андози ҳадди ақал (1% аз даромади корхонаҳо);

— андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард (2% аз фонди музди меҳнат);

— андози замин (дар як сол як маротиба);

— андоз аз даромади шахсони воқеӣ;

— андоз аз хароҷот (то 13%);

— андози тибқи низоми соддакардашуда (4% аз даромади корхонаҳо) ва мувофиқ ба Кодекси нави таҳияшудаи андоз, ки аз якуми январи соли 2013 амал хоҳад кард, 6%-ро ташкил медиҳад;

— андоз аз фонд (25% солона).

Агар шавад, ки рӯзномаву маҷаллаҳои мустақили мо аз 200000 сомонӣ боло даромад кунанд, андоз аз арзиши иловашуда низ болояшон бор карда мешавад. Ҳарчанд аз даромади 200000 сомонӣ болои корхонаҳо андози тибқи низоми соддакардашуда ва андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард дар ин ҳол гирифта намешавад, лек боз ҳам вазнинӣ болои ВАО меафтад.

Шояд фикр мекунед, ки ин қадар вазнин будааст, то нашрияе таъсис бидиҳию аз пайи муваффақиятҳояш бошӣ. Аммо ҳоло ҳам ин барои парлумону ҳукумат кам буд, ки ин қадар нашрияҳои мустақилро меҷафиданд ва метарсониданд, ки боз иқдом карданду дар таҳияи Кодекси нави андоз, ки аз якуми январи соли 2013 амал хоҳад кард, андоз аз арзиши иловашуда (НДС)-ро ҳам зам намуданд. Тибқи моддаи 169, банди 2-и он барои таҳвили рӯзномаю маҷаллаҳо, адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона, асарҳои илмӣ ва ғайра андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ситонида мешавад, ки бечуну чаро боиси муфлисии рӯзномаю маҷаллаҳои мустақил хоҳад гардид. Зеро имрӯз нашрияву маҷаллаҳои хусусии мо то он ҳад камдаромаданд, ки мухбиронашон тавони аз пойтахти кишвар фаротару дуртар рафта, аз он ҷойҳо инъикоси воқеаю мушкили мардумро надоранд. Хатмкардаҳои факултаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии журналистии кишвар бо сабаби камии маош дар идораҳои матбуот, намехоҳанд рӯзноманигор шуда кор кунанд ва барои нашрияҳо низ корманди зиёд доштан муҳим нест. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳоло матбуот ва минбари озодии сухани мо худ дар ҳоли буҳрон аст. Куҷо расад ба он, ки болояшон ин қадар андозбандӣ мекунанд, ки дар боло зикрашон рафт.

Дар Амрико, Англия, Шветсия, Дания, Олмон ва дигар кишварҳои мутараққӣ барои рӯзномаю маҷаллаҳо имкониятҳои зиёди молию ҳуқуқӣ дода шудааст, ки он беҳуда нест. Пеш аз ҳама барои ҳифзи идеологияи миллӣ ва фалаҷ нагардидани ҳукумат аст.

Даргириҳо ва тазоҳурот дар Тунис, Либия, Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи наздик, ки боиси истеъфои ҳукуматҳо низ шудааст, ҳамин хел ба вуқӯъ наомадааст. Балки бо пошидани «шарбати заҳролуд», яъне иттилооъ ва мулоҳизаҳои бофтаю сохтаи ҷосусони интернетии Ғарб тариқи ВАО дар бораи ҳукумати онҳо ба вуҷуд омадааст.

Пас муфлисии рӯзномаҳои миллӣ ба манфиати кист? Ба манфиати тоҷик? Ба фоидаи ҳукумати кунунӣ? Не! Ҳеҷ гоҳ! Танҳо ба нафъи аҷнабиёни пулдору доною зирак ва муғриз. Ана баъд, онҳо пул медиҳанду матбуоти мустақилро фаъол мекунанд. Ба хотире, ки идеологияи худро тавассути он болои оммаи бедониш бор кунанд ва онро барои фалаҷ гардидани ҳукумат, ваҳдат, якпорчагӣ, демократия, дин ва ғайра ба по хезонанд.

Ин ки вазъ то ҷоест, ки ҳатман буҷаи давлатро бояд тавассути андозбандии ВАО пур кард, «русиёҳист». Агар «русиёҳӣ» нест, пас чаро ширкатҳои тиҷории «Ҳауксин Ғаюр семент», «IRS» ва ахиран «Осиё экспресс»-ро, ки нафъаш чисту соҳибаш кист, мақсадаш чист муайян нест, ҳукумат тавонист аз пардохти андоз озод кунад?

Аммо матбуоти озод аз онҳо дида, барои мардум бамаротиб нафъовартар аст. Рӯзномаҳои давлатӣ дар идораҳо болои ҳам хобанд. Чунки онҳоро ҳатто кормандони давлат ба пуррагӣ намехонанд, ки рисолаташон то ҷое амалӣ шавад.

Ва ахиран як сухани устод Айниро дар нисбати рӯзномаҳо иқтибос меорем, ки гуфтааст: «Миллате, ки рӯзнома надорад, забон надорад». Лек агар устод имрӯз мебуданд, шояд чунин мегуфтанд: «Миллате, ки рӯзнома надорад, аз худ бехуд шуда, забоне мебарорад, ки оқибат худро мехӯрад».

Ташрифуллоҳ САЪДУЛЛОЕВ

Источник: http://www.faraj.tj/index.php?newsid=1517

Шаҳрдори Душанбе Кабириро ба додгоҳ кашидааст

[b]Шаҳрдори Душанбе алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ҲНИТ, ба додгоҳ шикоят бурдааст.[/b]

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аз болои Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагон, ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст.

Як корманди шӯъбаи умумии Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 15-уми ноябр ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карда гуфт, номаи шикоятӣ дар охирҳои ҳафтаи гузашта ба дасти онҳо расида буд.

Аммо дар хусуси ин ки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар аризаи худ мушаххасан аз кадом амал ва ё ҳарфи Муҳиддин Кабирӣ шикоят кардааст, корманди шӯъбаи умумии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳори бехабарӣ кард. Вай гуфт, ки аз ин масъала муфаттишон огоҳанд.

Бо ин ҳол, ба қавли манбаъ, азбаски маҳалли ҷойгиршавии Маҷлиси Намояндагон ба қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ тааллуқ дорад, аз ин рӯ, аризаи шикоятии шаҳрдорӣ низ ба Додгоҳи ин ноҳия фиристода шудааст. Манбаъ гуфт, ин нома ҳоло дар дасти муфаттишон аст.

То ҳол мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ин масъала ҳарфе нагуфта ва даъвои худро ҳам шарҳ надодаанд. Вале яке аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи рӯзи 12-уми ноябри ҳукумати шаҳри Душанбе ҳузур дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мавриди нигарониҳои Муҳиддин Кабирӣ оид ба буридани дарахтҳо дар шаҳри Душанбе бо хашм сӯҳбат карда ва дар ин ҷаласа гуфтааст, ки зидди Муҳиддин Кабирӣ ба додгоҳ шикоят мебарад.

Қаблан Муҳиддин Кабирӣ дар як матлабе, ки таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” (Тоҷнюс) дар хусуси дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш карда буд.

Ҳукумати Душанбе дафъатан ба ин ҳарфҳои Кабирӣ посух дода, нигарониҳои раиси ҲНИТ-ро бепоя хонд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба посухи шаҳрдорӣ ҷавоб гардонида гуфта буд, ки «даври дӯғу пӯписа ва воҳимаҳо кайҳо гузаштааст ва ҳатто ин гуна шеваи раҳбарӣ низ дигар ба кор намеравад. Беҳтар аст, бо тафоҳум ва орому бидуни асабоният сӯҳбат кард ва ба шаҳрвандон низ имкон бояд дод, то танқид кунанд ва эрод бигиранд.»

Дар чанд моҳи пеш низ шаҳрдории Душанбе шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро барои нашри матлабе интиқодӣ ба додгоҳ кашонид ва додгоҳ низ ин қазияро ба нафъи шаҳрдорӣ ҳал кард ва ҳатто шабакаи телевизион муваззаф шуд, ки аз шаҳрдорӣ узр пурсад. Аммо шабакаи аввал на танҳо узр напурсид, балки барномаи муфассале дар бораи матлабаш ва иддаои шаҳрдориро нашр кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/ubaydulloev-vs-kabiri/24771837.html

«Ҷаҳоноро» аз додгоҳ қатъи парвандаашро талаб кард

[b]Телевизиони “Ҷаҳоноро” дар Чкалов аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд талаб кардааст, парванда алайҳи ин муассисаро қатъ намояд.[/b]

Додситонии вилояти Суғд охири моҳи сентябри соли равон алайҳи телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” барои пахши хабари «нодуруст» дар бораи ҳалокати 38 нафар дар сӯхтори бозори “Корвон”, мутобиқи банди 373- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, парванда боз карда буд.

Як манбаъи наздик ба тафтиши ин қазия аз додситонӣ ба “Озодӣ” гуфт, дар сарчашмаи иттилоъ шумораи эҳтимолии ҳалокшудагон “бинобар маълумоти ғайрирасмӣ 3 – 8 нафар” нашр шуда буд, вале “Ҷаҳоноро» бидуни санҷиш, иштибоҳан онро “38 нафар” эълон кард, вале баъдан ҳам дар мавриди хабари нодурусти худ раддия пахш накард.

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи телевизиони мазкур ба “Озодӣ” гуфт, манбаъи он хабар хабаргузории “Тоҷнюс” буда, Қонуни матбуоти Тоҷикистон дар чунин ҳолат истифодакунандаи онро “бо зикри манбаъ” аз ҷавобгарӣ озод менамояд. Ҳамчунин, дар пайи пахши он хабар, “Ҷаҳоноро” раддия пахш карда, хабари дурустро дар ихтиёри бинандаҳои худ гузошт, вале аз ҷониби мақомот нодида гирифта шуд.

Хонум Ҷӯраева афзуд, додситонӣ бо мухолифат ба қонунгузорӣ беш аз 40 рӯзи баъди ифтитоҳи парванда аз додани нусхаи қарор ба “Ҷаҳоноро” худдорӣ мекард ва онҳо ҳамакнун баъди ба даст овардани он, ба додгоҳ шикот бурданд. Дар сурати исботи шудани даъвои додситонӣ, қонун ба раҳбар ва сармуҳаррири телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” аз 30 тоо 200 нишондиҳандаи ҳадди ақал ҷарима пешбинӣ кардааст.

Ба гуфтаи хабарнигорони “Ҷаҳоноро”, пас аз нашри хабари нодуруст мақомот роҳбар ва сармуҳаррири телевизиони мазкурро мавриди фишору таҳдид қарор додаанд. Маҳмудон Дадобоев, раҳбари “Ҷаҳоноро” ба “Озодӣ” гуфт, дар пайи фишорҳои мақомот ва соҳиби телевизион, ночор зери аризаи истеъфои худ имзо гузошт.

Телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” соли 1992 таъсис ёфта, субҳу шом 8 соат намоиш пахш мекунад. Ҳамчунин, дар канори он радиои ҳамномаш низ аз моҳи июли соли равон бо 6 соат барномаҳои хабариву мусиқӣ дар шабонарӯз фаъол шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24770323.html

Фароҳамоварони интернет: Бег Зуҳуров, биёед, вохӯрем!

[b]Анҷумани ширкатҳои интернетрасон хостори мулоқот бо Бег Зуҳуров, сарвари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шудааст.[/b]

Асомуддин Атоев, сарвари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин мулоқот баёни нигаронӣ аз ташаббуси нави Хадамот дар мавриди ташкили Маркази мониторинги шабакаҳои АйПӣ (IP) ва ҳам пешниҳоди роҳи ҳалҳост.

Қаблан, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни як нома аз вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин кумитаҳои амният ва сармоягузории кишвар, пешниҳод карда буд, ки аз таъсиси ҳамчунин ниҳод пуштибонӣ кунанд. Зарурати таъсиси ин марказ дар ин нома ба ҳадафи таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷилавгирӣ аз мавридҳои нақзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ва муайян намудани масъулият барои пешниҳоди хадамоти пастсифат шарҳ меёбад.

Ҳамчунин дар ин нома омадааст, ки «ҳангоми бақайдгирии муштариён ва истифода аз хидматрсонии интернет амнияти иттилоотӣ халалдор гардида, ба ин васила амалҳои таҳдидкунандаи суботи миллӣ ба воситаи иттилоот сурат мегиранд ва саривақт танзим нагардидани хадамоти мазкур авзои сиёсии кишварро метавонад зери таҳдид қарор диҳад.»

Аммо Асомуддин Атоев мегӯяд, Хадамоти алоқа мақсаде гузоштааст, ки аз рӯи имконоти мавҷуда расидан ба он имконнопазир аст, аммо ба амнияти иттилоотиву иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад. Ба қавли ӯ, ин вазъ рақобатро миёни ширкатҳо танг ва даромади онҳоро кам мекунад ва дар бозори хидматрасониҳои Осиёи Марказӣ маҳдудиятҳо ба миён меорад.

Ҳадаф аз ташкили Маркази мониторинги шабакаҳои АйПӣ (IP) ба таври физикӣ ба як марказ пайваст кардани ширкатҳои интернетрасон аст, ки тамоми бозорро вобастаи технологияи як ширкати мухобиротӣ мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/ip-internet-tajikistan/24769235.html

«Муколама…» ҳақиқати ҷангу сулҳи тоҷиконро таҳқиқ мекунад

[b]Бо ибтикори донишманди тоҷик Иброҳими Усмон, фонди «Муколамаи тамаддунҳо» таъсис ёфтааст.[/b]

Фонди «Муколамаи тамаддунҳо», як созмони навбунёди иҷтимоист, ки ҳадаф дорад ҳодисаҳои муҳими рухдода дар замони истиқлолияти Тоҷикистон, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ, ҳақиқати сулҳи тоҷикон, раванди барқарории баъди ҷангӣ ва муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва аҳзоби сиёсии ин кишварро мавриди таҳқиқу пажӯҳиши илмиву холисона қарор бидиҳад.

Муассиси ин Фонд, донишманди тоҷик, Иброҳими Усмон, собиқ мушовири давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати музокиротии ҷониби давлат дар гуфтугӯи тоҷикон дар замони ҷанги дохилӣ, узви Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин ҳодисаҳо ва равандҳо якҷониба инъикос меёбад ва гоҳо аз забони нафарҳое садо медиҳад, ки аз воқеиятҳо дуранд. Ва ба хотири онки ҳақиқатҳо ошкор шавад, мардум ва миллати тоҷик дар оянда маълумоти дуруст ва мӯътамад дошта бошанд, дар амри иҷрои ин ҳадафҳо бар изофаи ширкатдорони ин рухдодҳо, ҳатман мутахассисон низ ҷалб хоҳанд шуд.

Аз сӯи дигар, ба ақидаи ин донишманди тоҷик, дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло ва дар оянда низ ба муколама, музокира ва гуфтугӯ байни ақшори мухталиф, нерӯҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои гуногун ниёз вуҷуд дорад. Қарор аст маросими муаррифии барнома ва нақшаҳои фонди «Муколамаи тамаддунҳо» ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе доир шавад.

Дар гуфтугӯе бо «Озодӣ», ҷаноби Иброҳими Усмон нахуст дар посух ба ин пурсиш, ки чӣ зарурат ба ташкили як чунин созмон пеш омад ва ҳадафи аслии он аз чӣ иборат аст, гуфт:

[b]Иброҳим Усмонов:[/b] Мақсади асосии ин Фонд таҳқиқ аст. Таҳқиқи ҳақиқати сулҳ ва ҷанги Тоҷикистон, таҳқиқи воқеияти он ҳодисаҳое, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимати сиёсӣ ба амал омаданд, таҳқиқи муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, таҳқиқи муносибати байни арзишҳои умумибашарӣ, арзишҳои миллӣ ва арзишҳои динӣ. Ва ончи, ки таҳқиқ шуд, дар мизи мудавварҳо, конфаронсу семинарҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Нашру табъи онҳо дар шароити кунунӣ ҳоло масъалаи асосӣ нест.

[b]Озодӣ:[/b] Аммо барои иҷрои ин ҳама корҳо маблағ ва мутахассисҳо зарур аст?

[b]Иброҳим Усмонов:[/b] Ман дар ин бора фикр кардаам. Ҳоло мо як сармоягузори муайян ва ё созмону ташкилоте, ки пуштибониашро эълон карда бошад, надорем. Вале мо ба он созмонҳо ва ба он шахсиятҳое такия кардан мехоҳем, ки онҳо дар ин масъалаҳо эҳтиёҷи донистани бештарро доранд. Шояд шахсиятҳое пайдо шаванд, ки пайи ин гуна чизҳо бошанд. Ва дуруст аст, ки мутахассисонро ройгон ҷалб карда наметавонем ва ба қадри пайдо шудани имконияти моддӣ, онҳоро дар ин корҳо истифода хоҳем кард.

[b]Озодӣ:[/b] Бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи фаъолияти шумо, ки дар ҳукумат кор кардаед, мушовири давлатии раиси ҷумҳурӣ будед, шояд ин гуна бардоштҳо бишавад, ки ин ҳама таҳқиқотҳо шояд «ҳукуматӣ» ҷамъбаст карда шаванд?

[b]Иброҳим Усмонов:[/b] Дар шароите ба таъсиси ин фонд ва анҷом додани ин кор даст задам, ки дигар корманди ҳукумат нестам. Ман ба ҳайси як нафар олим, як нафар шахсе, ки воқеаҳои солҳои навадумро дидааст ва худаш то андозае таҳқиқ кардааст, иштирок мекунам. Як чизро бояд бигӯям, ки ончи ки ҳозир пурсида ва сабт карда мешавад, шояд дар ин солҳои наздик, дар ин панҷ солу даҳ соли оянда ба шакли китоб дарҷ нашавад. Эҳтимол ин ҳама мисли маводи бойгонӣ хоҳад буд, ки ҳар касе, ки таваҷҷӯҳ кард, онро ба риштаи илм мекашад. Ин мавод маводи танҳо ҳукумати Тоҷикистон ва ё танҳо барои ин ҳукумат намешавад. Ин мавод барои миллат ва халқи Тоҷикистон мешавад. Ва гуфтаи ин бародарҳо, хоҳ он дар вақти муқовимати сиёсӣ аз ҷониби ҳукумат сухан гуфта бошанд, хоҳ онҳо дар он замон дар муқобили ҳукумат сухан гуфта бошанд, дар ҳамон шакле, ки мегӯянд, маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, то ки барои муқоиса ва баҳо додан ба гузашта истифода карда шавад. Аз ин рӯ ман гумон намекунам, ки мавқеи собиқи ман ба коре, ки имрӯз ният дорам анҷом диҳем, таъсир гузошта тавонад.

[b]Озодӣ:[/b] Чун фонди шумо «Муколамаи тамаддунҳо» ном гирифтааст, фикр мекунед дар шароити имрӯз низ миёни гурӯҳҳо созмонҳо, аҳзоб ва дигар неруҳои сиёсӣ зарурати муколама ва музокира боқист?

[b]Иброҳим Усмонов:[/b] Бале. Касе ки гумон дорад ҳама чиз ҳаллу фасл шудаасту дигар зарурияти музокира кардан нест, зарурияти фикри дигарҳоро шунидан нест, ҳадди ақал саҳв мекунад. Зеро бо таъсири муҳити иттилоотии имрӯза, ки он ҷаҳонро идора мекунад, ҳамеша афкори мардум дар ҳоли тағйирёбист. Воқеаҳои дар дунё ба амалмеомада ба руҳияи онҳо таъсир мекунад. Аз онҳо ибрат гирифтан мехоҳанд, ба онҳо аксуламал нишон додан мехоҳанд, ки ҳама дар фаъолиятҳои дохилии онҳо ҳам зоҳир мешавад. Аз ин рӯ андеша кардан, ки зарурияти муколама кардан дар ҷомеаи мо боқӣ намондааст, чи хеле гуфтам саҳв аст. Зеро эҳтиёҷ ба муҳокима ҳамеша буд ва ҳаст ва гуфтаи Саъдӣ, ки «Илм бе баҳс пойдор намонад», аслан маънои муколамаро дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24767522.html

IP-и корбарони Интернет ба кӣ зарур шудааст?

[b]Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, “Маркази мониторинги шабакаҳои АйПӣ (IP)”-ро таъсис диҳад.[/b]

Дар гузашта низ раҳбарони собиқи Вазорати нақлиёт ва мухобирот барои эҷоди Маркази ягонаи комутаторӣ кӯшиш карда буданд, аммо дар ин росто муваффақ нашуданд. Вале Бег Зуҳуров, собиқ муовини вазири нақлиёт ва мухобироти вақт ва раиси феълии Хадамоти алоқа, дар чанд соли охир бо ҳар роҳ мехоҳад, то ниҳодеро ба ин манзур роҳандозӣ кунад.

Ин аст, ки ахиран тавассути Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин кумитаҳои амният ва сармоягузории кишвар, тарҳи Маркази мониторинги шабакаи АйПӣ (IP) пешниҳод шудааст. Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки лоиҳаи мазкур ба онҳо расида буд. Ҷамшед Ҳалимов, як масъули ин вазорат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зимни таҳлили ин нома онҳо ба хулосае омадаанд, ки дар доираи ваколатҳои худ Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо коршиносони соҳа масъалаи таъсиси маркази мазкурро бори дигар баррасӣ намоянд.

Ӯ гуфт, «дар ин мактуб маълумотнома замима шуда буд, ки дар он ҷиҳати молиявӣ ва иқтисодии вобаста ба таъсиси марказ, ягон чиз маълум набуд. Зарурати таъсиси марказ дар ҳолате қобили дастгирист, ки ҷиҳати техникӣ, асосноккунии иқтисодиву молиявӣ дар он пурра таҳлил карда шуда, бо ҷалби мутахассисони баландихтисос манзур карда шавад. Дар ин ҳолат, ягон монеа мавҷуд нахоҳад буд.»

Тибқи номае, ки Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба вазоратхонаҳои кишвар ирсол шудааст, зарурати таъсиси ин марказ ба ҳадафи таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷилавгирӣ аз мавориди нақзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ва муайян намудани масъулият барои пешниҳоди хадамоти пастсифат шарҳ ёфтааст.

Дар ин нома ҳамчунин омадааст, «ҳангоми пешниҳоди хидматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ як қатор қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба ҳангоми бақайдгирии муштариён ва истифода аз хидматрсонии интернет риоя нагашта, амнияти иттилоотӣ халалдор гардида, ба ин васила амалҳои таҳдидкунандаи суботи миллӣ ба воситаи иттилоот сурат мегиранд. Саривақт танзим нагардидани хадамоти мазкур авзои сиёсии кишварро метавонад зери таҳдид қарор диҳад.»

Аммо дар ин зимн худи Бег Зуҳуров ирсоли чунин мактуб ва ҳам талоши ташкили маркази мазкурро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, «ин ҳарфҳо ягон ҳақиқат надоранд ва чунин гап ҳам нест.»

Асомиддин Атоев, раиси Академияи иттилоот ва коммуникатсияи Тоҷикистон, ки аз талошҳои Хадамоти алоқа дар мавриди таъсиси ин марказ огоҳ аст, онро аз иқдоме унвон мекунад, ки баръакс амнияти иттилоотиро ба ҳам мезанад. Ба таъкиди вай, «вақте ҳама шабакаҳо ҳатман ба таври физикӣ бояд ба як марказ пайваст шаванд, ин маънои онро дорад, ки тамоми бозор вобастаи технологияҳои як ширкати истеҳсолкунанди таҷҳизоти мухобиротӣ мегардад. Дар ин ҳолат мо як луқмаи хубе мешавем, барои бадхоҳоне, ки дар шабакаҳои интернет чунин заифиро барои ҳамла овардан ва шикастани шабакаҳо дар лаҳзаҳои ҳассос, масалан, дар вақти интихобот истифода мебаранд. Чун яке аз ташаббусҳои Тоҷикистон ҳам татбиқи ҳукумати электронист ва шояд дар оянда низ интихобот тариқи электронӣ сурат бигиранд. Агар мо ин марказро таъсис диҳем, дар ин ҳолат чунин заифиҳо пайдо мешаванд.»

Ҷаноби Атоев ташаббуси Хадамоти алоқаро ҳам дар соҳаи мухобирот ва рақобатпазирӣ дар бозор ғайриқонунӣ арзёбӣ кард. Соҳибназарон мегӯянд, иқдоми ахири Хадамоти алоқа бештар дар ростои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ба хотири маҳдуд кардани озодиҳои дастрасӣ ба хадамоти интернет ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ, ки хеле фаъол шудааст, рӯи даст гирифта шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24761298.html

Ҳамраъйии ВАО-и тоҷик ба расонаҳои масдудшудаи Эрон

[b]Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз маҳдуд шудани пахши расонаҳои Эрон дар кишварҳои аврупоӣ нигаронӣ карданд.[/b]

Рӯзи ҷумъа, 2-юми ноябр, зимни як нишаст дар Душанбе, созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон аз масдуд шудани 19 расонаи хабарии Эрон, ки дар Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ пахш мешуданд, изҳори нигаронӣ намуданд.

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон, аз қабили Шӯрои ВАО, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, созмони «Индем» аз Иттиҳодияи Аврупо ҳалли ин қазияро дархост кардаанд.

Ба гуфтаи иштирокдорони нишаст, ахиран ширкати ЮТЕЛСЕТ, ки бояд то соли 2021 пахши расонаҳои хабарии Эронро дар Аврупо таъмин мекард, ба тариқи яктарафа созишномаро бекор кардааст.

Расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ният доранд, ба расонаҳои масдудшудаи Эрон бо ирсоли нома ҳамраъйии худро баён созанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24758397.html

ТВ «ПОЙТАХТ» БА ПАХШИ ШАБОНАРӯЗӣ ГУЗАШТ

[b]Аз 1-уми ноябр Телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт» пахши 24- соатаи барномаҳояшро бо тарҳу шакли нав дар шаҳри Душанбе оғоз намуд.[/b]

—Ин имкониятро мо дар давоми 24 рӯзи кории худ амалӣ намудем,- гуфт директори навтаъйини ТВ «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор.

Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки шакли телевизион иттилоотию фароғатӣ мебошад ва бештар аз 30 лоиҳа амалӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон қаблан ба пахши 24-соатаи барномаҳои худ шуруъ намуда буд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор иброз намуд, ки амалӣ гаштани ин иқдом ба мутахассисони соҳибтаҷрибае, ки ҳоло фаъолият мекунанд, вобастагӣ дорад.

Источник: http://khovar.tj/society/25042-tv-poytaht-ba-pahshi-shabonar1263z1251-guzasht.html

ТАҒЙИРОТИ КАДРӣ ДАР РАСОНАҲОИ ҲУКУМАТӣ

[b]Нимаи дуюми дирӯз, 30-юми октябр, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар доданд.[/b]

Бино ба иттилои манбаъ, бо Фармони Президенти Тоҷикистон Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.

Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Воробёв Владимир Василевич аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета»; Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»; Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи муовини якуми директори телевизиони «Сафина» ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи муовини директори телевизиони «Сафина»; Исроил Носиров аз вазифаи директори Гуруҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи муовини роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии Суғд озод шуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ҳамчунин, Саид Сиддиқов — муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Сироҷиддин Иззатуллоев — сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета»; Ёқубҷон Абдуманнонов — сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» ва Абдукарим Ҳикматов — директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» таъин карда шуданд.

Бо амрҳои Президенти Тоҷикистон Камол Абдураҳимов аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»; Ҳуринисо Ализода аз вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва Саид Сиддиқов аз вазифаи мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон низ озод шуданд.

Ҳамчунин, Шаҳло Насриддинова — сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»; Исроил Носиров — директори Гуруҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ; Ҳуринисо Ализода ва Нодир Мирзоев — муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти кишвар Абдурашид Хуҷамқулов — директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев — директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нав таъиншударо табрик гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.

Источник: http://tojnews.org/node/4673

ТАҒЙИРОТИ КАДРӣ ДАР РАСОНАҲОИ ҲУКУМАТӣ

[b]Нимаи дуюми дирӯз, 30-юми октябр, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар доданд.[/b]

Бино ба иттилои манбаъ, бо Фармони Президенти Тоҷикистон Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.

Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Воробёв Владимир Василевич аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета»; Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»; Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи муовини якуми директори телевизиони «Сафина» ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи муовини директори телевизиони «Сафина»; Исроил Носиров аз вазифаи директори Гуруҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи муовини роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии Суғд озод шуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ҳамчунин, Саид Сиддиқов — муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Сироҷиддин Иззатуллоев — сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета»; Ёқубҷон Абдуманнонов — сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» ва Абдукарим Ҳикматов — директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» таъин карда шуданд.

Бо амрҳои Президенти Тоҷикистон Камол Абдураҳимов аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»; Ҳуринисо Ализода аз вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва Саид Сиддиқов аз вазифаи мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон низ озод шуданд.

Ҳамчунин, Шаҳло Насриддинова — сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»; Исроил Носиров — директори Гуруҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ; Ҳуринисо Ализода ва Нодир Мирзоев — муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти кишвар Абдурашид Хуҷамқулов — директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев — директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нав таъиншударо табрик гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.

Источник: http://tojnews.org/node/4673