Архив рубрики: Хабарҳо

Додгоҳ баҳси Қаюмзоду «Озодӣ»-ро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвоии Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷикро алайҳи Радиои Озодӣ қабул намуда, расман истеҳсолоти судиро оғоз намудааст. Читать далее Додгоҳ баҳси Қаюмзоду «Озодӣ»-ро баррасӣ мекунад →

«Моддаи марбут ба таҳқири президентро бояд ба Кодекси шаҳрвандӣ кӯчонанд»

Ҳумайрои БАХТИЁР. 

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон, ҳуқуқдонҳо ва намояндагони расонаҳои хабарӣ дар як нишасти бахшида ба рӯзи ҷаҳонии озодии баён дар Душанбе хостанд, банди марбут ба таҳқири раисиҷумҳур (137) аз Кодекси ҷиноӣ ҳазф гардад. Ҳамчунин онҳо тақозо карданд, банди 330-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба қонуни шаҳрвандӣ кӯчонда шавад. Хабарнигори “Озодагон” аз ҳуқуқдони тоҷик Ҷунайд Ибодов пурсид, ки иллати боқӣ мондани бандҳои 137 ва 330 дар қонуни ҷиноӣ чист ва оё ба фаъолияти озодонаи хабарнигорон монеае эҷод намекунад? Читать далее «Моддаи марбут ба таҳқири президентро бояд ба Кодекси шаҳрвандӣ кӯчонанд» →

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ ДАР БОРАИ ҚАЮМЗОД ВА «ОЗОДӢ»

Бори аввал Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қазияи хабарнигори Радиои “Озодӣ” Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ дода, гуфт: Қаюмзод бо сабаби вайрон кардани Низомномаи аккредитатсионии вазорати мазкур сабти ном нашудааст. Читать далее ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ ДАР БОРАИ ҚАЮМЗОД ВА «ОЗОДӢ» →

Изҳороти Намояндаи олӣ Кэтрин Эштон аз номи Иттиҳоди Аврупо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, 03 маи соли 2013

Даррўзи20-мин солгарди Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот Иттиҳоди Аврупо сари хам фуруд меоварад назди хабарнигорони тамоми ҷаҳон, ки ҳаёти хешро ба тавзеҳи ҳаводис ва баёни нукта – баъзан ҳатто аз ҳи соби талафоти шахсӣ -бахшидаанд, дарҳолате, ки гумон дорем бисёреҳо сукутро афзал мешумориданд.

Матбуоти озод, мустақил ва фаъол дар ҳар ҷо меаи демократӣ бебадал аст.  Иттиҳоди Аврупо дар мубориза барои озодии матбуот дар тамоми ҷаҳон устувор аст, ва баландшави исатҳи таҳдид,  зўроварӣ ва сензураро, ки хабарнигорони дунё рў ба рў мешаванд,  маҳкум медорад.  ИА даъват ба ҳукуматдорон менамояд, то ба хабарнигорон фазои меҳнат дар амният, бе тарси сензура ё таъқиби судӣ имконият диҳанд.

Озодии баён бояд чӣ дар васоити анъанави ахбори умум, чӣ дар торнома ҳимоят карда шавад. Иттиҳоди Аврупо кўмак барои ҳимоят аз озодбаёниро дар оянда низ ба таври ҳузурӣ (online) ва ғайриҳузурӣ (offline) идома хоҳад дод, азбаски технологияи иттилоотии навин дар пешбарии ҳуқуқи инсон ва демократия ҷанбаи асосӣ шуда метавонанд. ИА давоман поймонсозии ҳуқуқ ба озодии баёнро дар кулли васоити ахбори умум маҳкум месозад, ва мекўшад, то хабарнигорони дунё тавонанд ўҳдадориҳои касбии хешро бе мамонеа иҷро намоянд.

ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО: МЕДИА-АЛЯНС АЗ РАЙЪАШ НАГАШТААСТ!

Хуршеди Атовулло, дабири кулли “Медиа Алянси Тоҷиистон” ба хабарнигори “Озодӣ”, Мирзонабии Холиқзод, новобаста ба ин ки муваққатан ҳамкориҳояшро бо ин расонаи хориҷӣ қатъ кардааст, масоили ҷойизаҳои журналистие, ки ин созмон ба Рӯзи озодии матбуот таъсис шудааст, шарҳ додааст. Читать далее ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО: МЕДИА-АЛЯНС АЗ РАЙЪАШ НАГАШТААСТ! →

Дар Рӯзи байналмилалии озодии баён дурнамои озодии ВАО баррасӣ мешавад

«Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон». Зери ҳамин унвон 3-уми май дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе ҳамоиши вижае баргузор мешавад.  Читать далее Дар Рӯзи байналмилалии озодии баён дурнамои озодии ВАО баррасӣ мешавад →

Иброҳим Усмонов: Радиои Озодӣ бояд Қаюмзодро бо кор таъмин намояд

Проефессор Иброҳим Усмонов, раҳбари Бунёди «Муколамаи Тамаддунҳо», мегӯяд, Радиои Озодӣ бояд, Абдуқаюми Қаюмзодро бо кор таъмин намояд. Читать далее Иброҳим Усмонов: Радиои Озодӣ бояд Қаюмзодро бо кор таъмин намояд →

ҚАЮМЗОД СИРРИ «ОЗОДӢ»-РО ФОШ КАРД

Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои «Озодӣ», ки ахиран, ин расонаи хориҷиро барои нақзи ҳуқуқаш ба суд кашид, сирри аҷиберо дар бораи шартномаи ҳамкориаш бо он ошкор кард. Читать далее ҚАЮМЗОД СИРРИ «ОЗОДӢ»-РО ФОШ КАРД →

Иброҳим Усмонов: “Эронпарастӣ ба маънои худшиносии миллӣ нест”

Иброҳим Усмонов, донишманди шинохтаи тоҷик, мегӯяд, эронпарастии бархе аз сокинони Тоҷикистон худшиносии миллӣ нест. Дар ин бора оқои Усмонов рӯзи 29-уми апрел зимни нишасте бахшида ба худшиносии миллӣ ва Васоити ахбори умум дар Душанбе изҳори назар кард. Читать далее Иброҳим Усмонов: “Эронпарастӣ ба маънои худшиносии миллӣ нест” →

Шикояти Қаюмзод ба додгоҳ ва вокуниши Радиои Озодӣ

Абдулқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷик, рӯзи 29-уми апрел зимни як нишасти хабарӣ эълон кард, ки аз болои Радиои Озодӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Ӯ гуфт, талош дошт, ҷои кораш дар Радиои Озодиро ҳифз кунаду ба фаъолияташ идома бахшад, аммо мудирияти радио шартномаро бо ӯ ба таври яктарафа қатъ кардааст. Читать далее Шикояти Қаюмзод ба додгоҳ ва вокуниши Радиои Озодӣ →