Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳафтаномаи “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломиро дар пахши иттилои носанҷидаю туҳматомез дар мавриди ҳаводиси Хоруғ муттаҳам карда, бо ирсоли як огоҳинома ҳушдор додааст, ки агар такрор шавад, нисбати нашрия чораҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд. Читать далее Вазири фарҳанг нашрияи ҲНИТ-ро дар қонуншиканӣ муттаҳам мекунад
Архив рубрики: Хабарҳо
Идораи иртиботот шабакаи “К+”-ро масдуд накардааст
Мақомоти Идораи иртибототи Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ниҳод дар масдуд кардани дастрасӣ ба шабакаи телевизиюнии «К+» дар ин кишвар, ки ахиран барномаҳои интиқодӣ дар бораи давлати Тоҷикистон пахш карда, нақше надорад. Читать далее Идораи иртиботот шабакаи “К+”-ро масдуд накардааст
БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ИНИТ ҚАБУЛ НАШУД
Тарҳи Барномаи амали Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) пазируфта нашуда, номзади воҳиди мухолифони ҳукумати феълӣ дар интихоботи президентӣ муайян нагашт. Читать далее БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ИНИТ ҚАБУЛ НАШУД
Корикотурҳои сиёсии Парвиз Расулов
Парвиз Расулов, низомӣ ва корманди собиқи пулиси Тоҷикистон, ки аз давлати Омрико дархости паноҳандагии сиёсӣ карда, аз маъдуд корикотурнависҳои сиёсист, ки осори худро бештар дар Фейсбук мунташир мекунад. Читать далее Корикотурҳои сиёсии Парвиз Расулов
“Имрӯз” дар 6-умин солгардаш Хоруғро ҳам тасхир кард
Имрӯз соати 9-00 радиои “Имрӯз” пахши барномаҳои худро дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон оғоз кард, ки ба рӯзи таҷлили 6-солагии ин радио рост омад.
Назири Нусрат, муҳаррири радиои мазкур дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки бахшида ба 6 солагӣ бахши радиои “Имрӯз” дар шаҳри Хоруғ фаъол шуд. Ба гуфтаи Назири Нусрат бахшида ба ин сана, “имрӯз дар Хоруғ ва 11-уми август дар шаҳри Душанбе консерти идонаи гуруҳи “Барака”, ки махсус аз ҷониби ширкати “Ориёно медиа” аз кишвари Латвия даъват шуданд, баргузор мегардад.”
“Имрӯз”, нахустин радиои сирф тоҷик дар мавҷи кутоҳ аст, ки шаш сол пеш фаъол шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба машҳуртарин радиои Тоҷикистон табдил ёфт. Айни ҳол гуфта мешавад, он маъруфияте, ки ин радио қаблан дошт, аз байн рафтааст. Аммо Назири Нусрат дар ин маврид назари дигар дорад: “Дар мавриди фаъолияти ин радио дар гузашта ва ҳозира ҳар кас ҳақ дорад, назари худро баён кунад. Аммо ман фикр намекунам, ки радиои мо маъруфияти худро аз даст дода бошад. Пахши барномаҳои мо чи гунае, ки 6 сол пеш буд ҳамон хел истодааст. Баръакс теъдоди шунавандагони мо нисбат ба солҳои пештар зиёд шудаасту кам не.”
Маврид ба зикр аст, ки 9-уми августи соли 2007 аввалин радиои сирф точикӣ руйи мавҷи кутоҳи 107,4 fm барномахои худро пахш карда буд.
http://www.ozodagon.com/casia/tj/11683-imrz-dar-6-umin-solgardash-horuro-am-tashir-kard.html
Нашри дубораи “Рӯзи нав”
6-уми август аз нашри нахустин шумораи ҳафтаномаи “Рӯзи нав” 10 сол сипарӣ хоҳад шуд ва бахшида ба ин рӯз муассисон тасмим гирифтаанд, шумораи охирини онро, ки дар Бишкеки Қирғизистон нашр шуда буд, бознашр кунанд.
Дар ин бора Оҷонсии ТоjNews аз қавли Раҷаби Мирзо, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Рӯзи нав”, овардааст:
— Рӯзи 7-уми август аз нашри нахустини «Рӯзи нав» 10 сол пур мешавад. Нашри ҳафтанома баъди як соли фаъолият боздошта шуда, то ҳол сабабҳои нашр нашудани он ба мо рӯшан нест.
Шумораи охиринро, ки мо бо душворӣ берун аз Тоҷикистон, дар Бишкек ба нашр расонида будем ва тавассути қатора ба Тоҷикистон овардем, ҳангоми ворид шудан аз тарафи мақомот боздошт шуд.
Мо ин шумораи охиринро ҳар сол дар рӯзи таъсисёбии «Рӯзи нав», дар шакли электронӣ ва чопӣ ба дасти хонандагон мерасонем. Мо умед дорем, ки замони аз нав рӯйи саҳнаи матбуот омадани “Рӯзи нав” дур нест, — гуфт Раҷаби Мирзо.
“Рӯзи нав” яке аз ҳафтаномаҳои маъруфтарини сиёсӣ дар солҳои 2003-2004 дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Шумораи нахустини “Рӯзи нав” бо теъдоди 1000 (ҳазор) шумора чоп шуда, баъдан, ҳафтанома бо тиражи то 15 000 нусха нашр мешуд.
Пахши барномаҳои нахустини телевизиони Сафо дар Hotbird
Телевизиони тоҷикии “Сафо” дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, шоми ҳаштуми август расман ба пахши барномаҳояш оғоз бахшид.
Барномаҳои нахустини телевизиони мустақили “Сафо”, ки аз тариқи Hotbird (11585/27500) пахш шуд, аз табрикоти Муҳиддин Кабирӣ — раиси ҲНИТ,Мавлон Мухторов — муовини раиси Кумитаи дин ва Маҳмудҷони Тӯраҷонзода — рӯҳонии шинохтаи тоҷик бахшида ба Иди саиди Фитр иборат буд. Дар ин рӯз Максим Шевченко, Алексей Симонов ва Ҳайдар Ҷамол аз Русия низ бо сӯҳбатҳои худ рӯи экранҳои ТВ “Сафо” пайдо шуданд.
Дар рӯзи нахустини кори расмии ТВ “Сафо” бахши хабарии он бо забонҳои тоҷикиву русӣ манзури тамошобинон гардид. Як масъули телевизиони “Сафо” гуфт, дигар даври барномаҳои озмоишии он ки дар нимаи дувуми моҳи июл шуруъ шуда буд, хотима ёфта, ҳоло фаъолияти онҳо расман оғоз ёфтааст. Манбаъ дар посух ба суоли мо дар ин бора ки ТВ “Сафо” оё иҷозаи расмӣ барои пахши барномаҳояшро пайдо кардааст ё не, гуфт, “агар иҷозат намебуд, аз куҷо кор оғоз меёфт?”
Баҳси ташкили телевизионе бо номи “Сафо” дар Маскав моҳи июли соли ҷорӣ ба миён омад. Як масъули он ба “Озодагон” гуфта буд, ин телевизион бештар аз ҳаёти муҳоҷирон суҳбат карда, барномаҳои фарҳангӣ пахш хоҳад кард. Ҳоло сардабирии барномаҳои ТВ “Сафо”-ро хабарнигор ва адиби шинохтаи тоҷик Темури Варқӣ ба уҳда дорад. “Мо барои як бор ба эфир баромадан ба ин шабака наомадем. Худо хоҳад, ин шабакаи барҷаста на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ва дар Афғонистону Эрону Русия хоҳад шуд”,-гуфта буд ӯ чанде пештар ба «Озодагон».
http://www.ozodagon.com/casia/tj/11678-tv-safo-dar-maskav-rasman-ba-kori-hud-ooz-kard.html
Журналистони мустақил муттаҳид мешаванд
Дар шаҳри Душанбе дар мизи гирде имкони таъсиси як созмони муваққатии дифоъ азҷойгоҳи рӯзноманигорон дарҷараёни пӯшиши гузоришҳои марбут ба интихоботи раёсатиҷумҳурӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Дар ин нишаст ҳамчунин инъикоси воқеъии ҷараёни тадорукот, раъйдиҳӣ ва натиҷагирии интихоботи имсолва роҳ надодан ба иштибоҳот ба ҳангоми пӯшиши ин мавзӯъ дар расонаҳои мустақил матраҳ шуд.
Ин ҳамоиш, ки дар остонаи оғози тадорукот ба интихобот доир мешавад, рӯзи душанбеи 15 июл намояндагони созмонҳои марбут ба рӯзноманигорӣ ва сардабирони расонаҳо ва нашрияҳои мустақили Тоҷикистонро гирдиҳам овард. Ҳамчунин иддае аз ҳуқуқшиносони саршинос низ дар ин мизи гирд ширкат доштанд.
Мубтакирони баргузории ин мизи гирд рӯзноманигорони бархе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон буда ва тавре, ки Лола Олимова, масъули Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё дар Тоҷикистон гуфт ин намояндагӣ барои баргузор кардани ин ҳамоиш саҳм гирифтааст.
Марат Мамадшоев, журналисти маъруфи кишвар мегӯяд, ки яке аз сабабҳои сарҷамъ омадани рӯзноманигорон дар ин нишаст, таъйини хатти машйи расонаҳо ва нашрияҳои мутақил дар ҷараёни баргузории маъракаҳои марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.
Вай гуфт: «Мо ба намояндагони расонаҳои мустақил ва нашрияҳо ин назарро пешниҳод кардем, ки дар мавриди зарурати таъсиси як эътилоф ва ё созмони муваққатӣ барои рӯзноманигорон ва дифоъ аз мавқеъи онҳо дар замони пӯшиши интихобот фикр кунанд.»
Ӯ гуфт, ки озодбаёнии нисбӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо маълум нест, ки дар замони интихобот чи иттифоқоте хоҳад уфтод. Ҳамчунин мегӯяд, ӯ дар Тоҷикистон маъмулан расонаҳои давлатӣ ба номзадҳои мустақил имкони таблиғ ва ё изҳори ақидаро намедиҳанд. Ва ман фикр мекунам, ки мардум бояд ақидаронии ҳамаи довталабони ширкаткунанда дар интихоботро дошта бошад. Ва ин имконро ба онҳо расонаҳои мустақил метавонад, фароҳам кунад.»
Ширкаткунандагони дигар дар ин ҳамоиш гуфтаанд, ки рӯзноманигорон ҳаққи дахолат ба сиёсатро надоранд ва бештар рисолати пахш кардани иттилоъот ва хабарҳои дақиқ дар мавриди ҳодисоти сиёсӣ ва иҷтимоъиро доранд.
Бо ин далел иддае аз намояндагони расонаҳои мустақил дар ин мизи гирд гуфтаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна иттифоқот бо рӯзноманигорон расонаҳои мустақил дар пӯшиши гузоришҳои интихоботӣ бояд ба се нукта, яъне бетарафӣ, таъодул ва адами ҷонибдорӣ аз касе таваҷҷуҳ кунанд.
Ҳамчунин дар ин мизи гирд намояндагони расонаҳои мустақил гуфта шуд, ки имкон дорад дар ҷараёни пӯшиши масоили марбут ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон таъқибу фишор ба расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақил дар кишвар афзоиш ёбад. Аз ин рӯ дар ҳамоиш ба зарурати иттиҳоди журналистон дар Тоҷикистон низ таъкид шуд.
Мирзошоҳрух Асрорӣ: Тутубалинаро ба суд набояд медоданд
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣбар он ақида аст, ки муҳаррири ҳафтаномаи«Азия—Плюс» бо иқтибос овардани суханҳои Ленин дарбораи зиёиён «аз ҳад гузаронидааст», аммо дар ҳарсурат, ӯ аризаи даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро дарнисбати журналист дастгирӣ намекунад.
Тавре хабаргузории “Азия-Плюс”овардааст 22-юми июл дар рафти нишасти матбуотӣ вазир қайд кард, ки дар давоми солҳои охир айбмониҳо ва интиқодҳо дар нисбати рӯшанфикрон ва зиёиёни Тоҷикистон хеле зиёд садо медиҳанд ва ин кор аксаран қабл аз мулоқоти доимии президенти мамлакат бо аҳли зиё сурат мегирад.
Ҳамчунин вазир гуфтааст: «Ман баробари хондани навиштаҳои Тутубалина гуфтам, ки ин хонум аз ҳад гузаронидааст. Зеро нисбат ба зиёиён эродҳои хеле зиёд буданд, лекин ба ин дараҷа, ки ба иззати нафси онҳо расида бошанд, онҳоро таҳқир карда бошанд, то имрӯз нашуда буд».
Ӯ бовар дорад, ки таҳқири як қишри ҷомеа таҳқири миллат аст ва миллатро бо зиёиёнаш мешиносанд. Аз ин рӯ, ӯ ҷонибдори тамоми фикру мулоҳизаҳое мебошад, ки бар зидди навиштаи Тутубалина садо доданд. Аммо, ба гуфтаи М.Асрорӣ, ӯ муроҷиати даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро ба суди иқтисодии шаҳр дастгирӣ намекунад.
Ҳамчунин Мирзошоҳрух Асрорӣ зикр кардааст, ки: «Дар мавриди ба маҳкама кашидани ӯ ҳамфикр нестам, чун ин ҳеҷ зарурат надошт. Мо боз як қаҳрамони дигар эҷод карда истодаем дар шахсияти Тутубалина, ки шояд кирои ин қадар воҳима кардан набошад. Лекин ҷавоб додан зарур аст».
Ёдовар мешавем, дар оғози моҳи июл аҳли зиё ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвоӣ дар нисбати муҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» муроҷиат карданд. Даъвогарон барои ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд, ки ҷавобгар ва ҳамҷавобгар – «Азия-Плюс» 200 ҳазор сомонӣ пардозанд. Сабаби даъво андешаи шахсии О.Тутубалина гашт, ки зери сарлавҳаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» нашр шуд.
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Ҷанбаҳоии ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» татбиқ мегардад
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз моҳи июли соли 2013 бо дастгирии молиявии Фонди Миллии дастгирии Демократия (NED) лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» — ро оғоз кард. Мусоидат ба намояндагони аъзои коалитсияи мубориза бар зидди шиканҷа ва кормандони ВАО барои ба даст овардани иттилооти аҳамияти ҷамъиятидошта ва маълумот дар бораи фаолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ мақсади асосии лоиҳаи мазкур мебошад. Дар доираи лоиҳа сӯроғаи электорнии access.info.tj@gmail.com тартиб дода шудааст, ки рӯзноманигорон метавонанд барои гирифтани ёрии ҳуқуқии хаттӣ вобаста ба масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот муроҷиат кунанд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе қабулгоҳи ҳуқуқии ройгон фаъолият хоҳад кард, ки ба аъзои Коалитсия ва кормандони ВАО, ки масоили шиканҷаро инъикос мекунанд, ёрии ҳуқуқӣ медиҳад. Тибқи суханони директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов, ба ташкилот дархостҳо ва пешниҳодҳои зиёде оид ба эҷод шудани монеъа дар дастрасии маълумот, пешниҳод кардани намунаи дархост ба мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин шикоят бурдан нисбати амал ё беамалии шахсони мансабдор ворид мешуданд. «Мо мехоҳем, дар робита ба масъалаҳои зикршуда машваратҳо ва ёрии ҳуқуқӣ диҳем. Ба ҷуз ин, барои ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ВАО дар бораи дастрасӣ ба иттилоот чорабиниҳои таълимӣ гузаронем». Илова бар ин, дар ҳолатҳои зарурӣ ба аъзои Коатитсияи ва кормандони ВАО барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиӣ дар дастрасӣ ба иттилоот адвокатҳо пешниҳод мегарданд. Маълумоти мухтасар: «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» ташкилоти ҷмъиятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ буда, дар он ҳуқуқшиносон ва гурӯҳи адвокатони дорои иҷозатнома фаъолият мекунанд. Ташкилоти мазкур дорои иқтидори таҳлилбуда, фаъолияташ ба ҳифзи манфиатҳои аҳли ҷомеа равона шудааст. Ба лоиҳаи номбурда ҳуқуқшиносон ва адвокатоне ҷалб мешаванд, ки дар давраҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқ ва ВАО иштирок кардаанд ва таҷрибаи корӣ дар масоили дастрасӣ ба иттилоот ва фаолияти ВАО доранд.