Архив рубрики: Хабарҳо

Мурофиаи судии “Самак” ба таъхир афтод

Тавре хабар дода будем санаи 20 сентябр, соати 14:00 дар Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мурофиа тибқи даъвои Аскар Хаким аз болои нашрияи «Самак» оғоз мешуд.

Хуршеди Ниёзов, муассиси ҳафтаномаи “Самак” ба мо хабар дод, ки мурофиа имрӯз бо сабаби ҳузур надоштани ҷонибҳо ба рӯзи номуайян гузошта шуд.

Ҷасур Абдуллоев, сардабири ҳафтаномаи «Самак» гуфта буд, ки барои як навиштаи ин нашрия таҳти унвони «Зиёиёнибемушкили тоҷик ё чаро зиёиён дар мулоқот бо президент танҳо мадҳия мехонанд», Аскар Ҳаким шоири шинохтаи тоҷик ва собиқ раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон алайҳи нашрия ба додгоҳ ариза пешниҳод кардааст.

Аскар Ҳаким аз суд талаб дорад, ки барои ҷуброни маънавӣ 150 000 сомонӣ аз ҳафтанома ситонида шавад.

Ин парванда зери роҳбарии судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Н. Азимова баррасӣ хоҳад шуд.

http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=143%3A2013-09-20-09-14-11&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj

ҲНИТ Кумита, ТВТ, «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо»-ро ба додгоҳ кашид

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукуматро ба додгоҳ кашида, узрхоҳияшро тақозо намудааст. Ин ҳизб рӯзи 19-уми сентябр ба ин мазмун ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи шикоятӣ навиштааст.  Читать далее ҲНИТ Кумита, ТВТ, «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо»-ро ба додгоҳ кашид →

“Расонаҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ба таври манфӣ муъаррифӣ мекунанд”

Як масъули давлати Тоҷикистон гуфт, бархе аз расонаҳои хориҷӣ огоҳона ба симои (имиҷ) байналимлалии ин кишвар латма ворид мекунанд. Читать далее “Расонаҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ба таври манфӣ муъаррифӣ мекунанд” →

Чопхонаи Қурғонтеппа дорои таҷҳизоти мудерн шуд

Ҳукумати вилояти Хатлон ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ барои танҳо чопхонаи шаҳри Қурғонтеппа аз як ширкати ҳиндӣ таҷҳизоти ҷадид харидорӣ кардааст. Читать далее Чопхонаи Қурғонтеппа дорои таҷҳизоти мудерн шуд →

НИГАРОНИИ БОБОНАЗАРОВА АЗ ТӮҲМАТ ВА ИҒВОИ РАСОНАҲО

Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба курсии президенти Тоҷикистон аз Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ имрӯз 19-уми сентябр бо пахши як изҳорот аз мардуми тоҷик даъват кардааст, ки ба ҳар гуна туҳмату ҳангомаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бовар накунанд. Читать далее НИГАРОНИИ БОБОНАЗАРОВА АЗ ТӮҲМАТ ВА ИҒВОИ РАСОНАҲО →

СУДИ АСКАР ҲАКИМ БО «САМАК» ВА ДАЪВОИ 150 ҲАЗОР СОМОНИИ ШОИР

Пагоҳ, 20-уми сентябр соати 14-00 дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт, аввалин мурофиаи даъвогии Аскар Ҳаким, шоири тоҷик, аз болои нашрияи «Самак»  баргузор мегардад. Читать далее СУДИ АСКАР ҲАКИМ БО «САМАК» ВА ДАЪВОИ 150 ҲАЗОР СОМОНИИ ШОИР →

Баҳси «Тоҷирон» ва Воҳидова ба Додгоҳи олӣ расид

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷикро, алайҳи ширкати «Тоҷирон» баррасӣ мекунад. Хонум Воҳидова дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионии ӯро қабул намуда, дар назар аст, 17-уми сентябр соати 10 баррасии он доир гардад.  Читать далее Баҳси «Тоҷирон» ва Воҳидова ба Додгоҳи олӣ расид →

НАЗДИКОНИ ЗАЙД САИД БАЁНОТ ДОДААНД БО ВАО СУҲБАТ НАКУНАНД

Суд аз наздикони Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раиси боздоштшудаи Гуруҳи Ташаббускори Таъсиси «Ҳизби Тоҷикистони нав» баёнот дар бораи ошкор накардани иттилоъ дар бораи муроофиаҳои додгоҳӣ гирифтаанд.  Читать далее НАЗДИКОНИ ЗАЙД САИД БАЁНОТ ДОДААНД БО ВАО СУҲБАТ НАКУНАНД →

МАОШИ КАБИРӢ БАРОИ АБДУҚАЮМИ ҚАЮМЗОД

Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти маъруф сухангӯи Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ ба мақоми президентӣ дар интихобот таъин гардид.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар ҷаласаи имрӯзаи ИНИТ пешниҳод намуд, ки Абдуқаюми Қаюмзод дар маъракаи интихоботӣ сухангӯи номзад ба мақоми президентӣ аз ҷониби ИНИТ гардад. Ин пешниҳоди Кабирӣ бидуни баҳс аз ҷониби ҳозирин пазируфта гардид.

Қабл аз ин пешниҳод Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ба ташкили ин вазифа мо як нафарро соҳиби ҷои кор ва маош низ мегардонем ва баъд аз ин аз Абдуқаюми Қаюмзод ном бурд.

Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти маъруфи тоҷик, ки тайи солҳои ахир дар радиои «Озодӣ» фаъолият мекард, аз ибтидои соли 2013 Вазорати корҳои хориҷӣ барои идомаи фаъолият акредитатсияи ӯро тамдид накард.

http://www.tojnews.tj/maoshi-kabiri-ba-abduqayumi-qayumzod