Архив рубрики: Хабарҳо

ПАРВАНДАИ РӮЗНОМАНИГОР БА СУДИ ОЛӢ МЕРАВАД

Раёсати Суди вилояти Суғд ҳукми Суди сайёри ноҳияи Мастчоҳро дар бораи 11 сол ҳабс намудани Муҳаммадюсуф Исмоилов бетағйир гузоштааст. Читать далее ПАРВАНДАИ РӮЗНОМАНИГОР БА СУДИ ОЛӢ МЕРАВАД →

Раёсати суди вилоят ҳукми журналист Исмоиловро бетағйир боқӣ гузошт

Раёсати суди вилояти Суғд ҳукм нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоиловро бетағйир боқӣ гузошт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари рӯзноманигор Садриддин Саидов хабар дод. Читать далее Раёсати суди вилоят ҳукми журналист Исмоиловро бетағйир боқӣ гузошт →

Нишастҳои хабарии вазорату идораҳо каме дертар баргузор мешаванд

Нишастҳои хабарии солонаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ на чун маъмулан даҳаи аввали моҳи январ, балки аз нимаи ҳамин моҳ оғоз мегарданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон хабар доданд. Читать далее Нишастҳои хабарии вазорату идораҳо каме дертар баргузор мешаванд →

Раҳимов: Омодаам бо рӯзноманигорон суҳбати рӯбарӯ кунам

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбати рӯ ба рӯ кунад ва бархӯрди ғайриқонунии бархе аз маъмурини пулисро бо хабарнигорон мавриди баррасӣ қарор диҳад.  Читать далее Раҳимов: Омодаам бо рӯзноманигорон суҳбати рӯбарӯ кунам →

‘Наметавонед моро бим диҳед, мо мунсаҷимтар мешавем’

Баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 25 декабр маъмурони пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шукуров, филмбардори хабаргузории «Озодагон»-ро боздошт ва баъдан эълом карданд, ки ӯро барои ҳафт рӯз ҳабс кардаанд. Читать далее ‘Наметавонед моро бим диҳед, мо мунсаҷимтар мешавем’ →

ШУКУРОВ ДАР БОРАИ ШАБИ ДАРОЗТАРИНИ УМРАШ (МУСОҲИБА)

Абдураҳим Шукуров, хабарнигори «Озодагон», ки вақти наворбардорӣ боздошт шуда, як шабонарӯз дар ҳабс буд, ба TojNews дар бораи як шаби дарози зимистонияш бо милисаву муфаттишони тоҷик нақл кард.   Читать далее ШУКУРОВ ДАР БОРАИ ШАБИ ДАРОЗТАРИНИ УМРАШ (МУСОҲИБА) →

Подполковники ВКД: Наворбардорро ҳеҷ кас ҳуқуқи задан надорад!

Подполковник Самад Давлатов, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, зимни сӯҳбат бо Faraj.tj гуфт, ки «наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуровро ҳеҷ кас латукӯб накардааст ва ҳуқуқи задан ҳам надорад». Ин дар ҳолест, ки муассиси хабаргузории «Озодагон» Зафари Суфӣ мегӯяд, вай ва чанд нафари дигар бо чашми сар рухсори кабудшудаи Шукуров Абдураҳимро дар назди боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати адлия дидаанд. Читать далее Подполковники ВКД: Наворбардорро ҳеҷ кас ҳуқуқи задан надорад! →