Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар 43 нашрияи чопӣ ва 10 расонаи интернетии кишварро тайи соли 2013-ум мавриди омӯзиш қарор додааст. Читать далее Шӯрои ВАО «бадахлоқ»-ҳои матбуоти тоҷикро ном бурд
Архив рубрики: Хабарҳо
Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст?!
(Мулоҳизаҳо дар ҷамъбасти мониторинги Шӯрои ВАО)
Бо ибтикори Шӯрои ВАО, аз нимаи дуюми моҳи июл то охири декабри соли гузашта, вобаста ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», пайгирии (мониторинги) воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд. Пайгирии мазкур 43 нашрияи чопӣ ва 10 нашрияҳои электрони (интернетӣ)-ро, ки миёнашон нашрияҳои ҳукуматӣ (давлатӣ), ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва хусусӣ буданд, дар бар гирифт. Читать далее Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст?!
Мақомот нагузоштаанд, брифинги Ҳусайнӣ дар Суғд баргузор шавад
Як ҳайати муташаккил аз кормандони оташнишонӣ, Кумитаи дин ва Хадамоти санитарӣ имрӯз, 23 январ, ба дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, дари толорҳои дафтарро муҳр задаанд. Читать далее Мақомот нагузоштаанд, брифинги Ҳусайнӣ дар Суғд баргузор шавад
ТАФТИШИ ЖУРНАЛИСТОН ПЕШ АЗ ВОХӮРӢ БО ПИСАРИ ПРЕЗИДЕНТ
Хадамоти амнияти Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон журналистони расонаҳои мустақилро пеш аз вуруд ба нишасти матбуотии ин хадамот мавриди тафтиши сахт қарор додаанд. Читать далее ТАФТИШИ ЖУРНАЛИСТОН ПЕШ АЗ ВОХӮРӢ БО ПИСАРИ ПРЕЗИДЕНТ
Дар Суғд миёни рӯзноманигорон озмун эълон шуд
Бо қарори и.в. раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, миёни рӯзноманигорони вилоят озмун эълон карда шуд. Читать далее Дар Суғд миёни рӯзноманигорон озмун эълон шуд
HRW дар бораи тақвияти маҳдудиятҳо дар арафаи интихоботи президентии Тоҷикистон
Соли гузаштаи Тоҷикистон «дар партави маҳдудияти ҳуқуқи инсон» баргузор шуда, дар арафаи интихоботи президентӣ дар кишвар (6-уми ноябр) тақвият ёфт», — гуфта мешавад дар гузориши солонаи созмони Human Rights Watch (HRW) ё Дидбони Ҳуқуқи Башар оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар беш аз 90 кишвари саросари ҷаҳон. Читать далее HRW дар бораи тақвияти маҳдудиятҳо дар арафаи интихоботи президентии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон «ТВ Спорт» таъсис мешавад
Дар Тоҷикистон телевизиони варзишӣ таъсис дода мешавад, мегӯяд Кумитаи телевизион ва радиои кишвар. Читать далее Дар Тоҷикистон «ТВ Спорт» таъсис мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ МАВҚУФ ШУД
Нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба рӯзи 28-уми январ мавқуф гузошта шуд. Тибқи рӯйхати тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президент бояд ин нишаст пагоҳ, 22-юми январ баргузор мегардид. Читать далее НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ МАВҚУФ ШУД
Сиддиқов: “Дар бораи қазияи Исфара танҳо иттилоъи расмиро пахш мекунем”
Як масъули Кумитаи давлатии телевизиюн ва родиюи Тоҷикистон гуфт, шабакаҳои телевизиюни ин кишвар аз пахши гузоришҳо дар бораи ҳаводиси марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон худдорӣ карда ва аз натоиҷи музокироти ҳайъатҳои ин ду кишвар иттилоъи расмиро пахш хоҳанд кард. Читать далее Сиддиқов: “Дар бораи қазияи Исфара танҳо иттилоъи расмиро пахш мекунем”
Асадулло Раҳмонов пеши президент рафтааст. Нишасти хабарӣ бо Сиддиқов
Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳарчанд мехостааст дар нишасти матбуотии 20 январ худ ба суоли хабарнигорон посух гӯяд, вале бо як даъвати президент нишастро тарк гуфтааст. Дар ин бора Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали оқои Раҳмонов, хабар дода ва нишасти матбуотиро шурӯъ намуд. Читать далее Асадулло Раҳмонов пеши президент рафтааст. Нишасти хабарӣ бо Сиддиқов