Архив рубрики: Хабарҳо

Абдуқаюми Қаюмзод дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи «Қарияи боло» бистарӣ шуд

Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти маъруф, cубҳи имрӯз, 19 феврал, ба сабаби бад шудани вазъи сиҳатияш дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи «Қарияи боло»-и пойтахт бистарӣ шудааст.

Сиддиқа Асадова, ҳамсари Абдуқаюми Қаюмзод, мегӯяд:

— Субҳ саломатияш бад шуд ва фавран ба беморхонаи «Қарияи боло» овардем, ки он ҷо дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ карданд. Ҳоло дар ҳамин шуъба қарор дорад. Табибон гуфтанд, ки баъди беҳтар шудани вазъи сиҳатияш ӯро аз шуъбаи эҳёгарӣ ба бахши кардиология мегузаронанд.

Зимнан, таи ду сол аст, ки фишори равонии мақомоти гуногун болои Абдуқаюми Қаюмзод идома дорад.

Ду соли пеш мавсуф бо пешниҳоди ҳафтаномаи «Фараж» барои силсиламусоҳибаҳояш барои дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ пешниҳод шуда буд. Он замон мақомот ба хотири он ки дар рӯихати гирандагони ҷоиза номи Қаюмзод буд, маросими супоридани ин ҷоизаро аз ҷониби президенти кишвар аз барнома лағв карданд. Дунболаи ин бо баҳонаҳои гуногун Қаюмзод аз радиои «Озодӣ» аз кор ронда шуд ва чанд муддат бекор буд. Моҳе ба ҳайси сухангӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон фаъолият кард.

Рӯзноманигор пас аз бекории чандмоҳа дабири нашрияи «Ҳафта» таъин шуд. Вале вазири нави фарҳанг Орумбеков бо баҳонаҳои гуногун фавран нашрияро баъди нашри як шумора баст.

Бемории дил ҳамон рӯзе ба хуруҷ кардан сар кард, ки Вазорати фарҳанг тасмимашро дар мавриди бозхонди шаҳодатномаи бақайдгирии «Ҳафта» эълон намуд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи матбуоти тоҷик дар 20 соли охир Орумбеков аввалин вазири фарҳанг аст, ки нашрияи мустақилро мебандад. То ба ин дам мақомот барои бастани ин ё он нашрия аз василаҳои дигар, масалан фишор ба чопхонаҳо истифода мекарданд, то онҳо ба хотири баста нашудан аз чопи дилхоҳ нашрия худдорӣ варзанд.

http://faraj.tj/news/4603-1178ayumzod-dar-shubai-e1203egarii-bemorhona-bistar1251-shud.html

«Азия-Плюс»-ро рӯзи 21-уми феврал дар суд мешунаванд

Музокироти ҷонибҳо аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» рӯзи 21-уми феврал идома меёбанд. Шунавидани ҷониби ҳимоя аз соати 14:00 оғоз мегардад. Бо дархости ба рӯзи дигар гузаронидани музокирот адвокати «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов ба суд муроҷиат кард ва суд дархости ӯро қонеъ намуд. Читать далее «Азия-Плюс»-ро рӯзи 21-уми феврал дар суд мешунаванд →

Аскар Ҳаким ин навбат ҳам ба суд наомад

Мурофиаи судӣ бо даъвои шоир Аскар Ҳаким алайҳи ҳафтаномаи «Самак», ки нимаи дуюми 17 феврал дар Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт бояд доир мешуд, ба сабаби наомадани ҷониби даъвогар баргузор нашуд. Тақдири мурофиаи минбаъда бошад, номаълум боқӣ монд. Читать далее Аскар Ҳаким ин навбат ҳам ба суд наомад →

Дастури Убайдуллоев: Ба маводи ВАО вокуниш шавад

Дар ҷаласаи кории ҳукумати шаҳри Душанбе, ки 17 феврал доир гардид, масъалаи баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар дастгоҳу сохторҳои шаҳрӣ, вокуниши босареъият ба матлабҳои воситаҳои ахбори омма ва воқеияту самаранок истифодашавии воҳидҳои корӣ дар ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳр баррасӣ шуд. Читать далее Дастури Убайдуллоев: Ба маводи ВАО вокуниш шавад →

Таҳдиди қатли журналист дар Кӯлоб баъди танқиди мақомот

Аҳмад Иброҳим, муҳаррири нашрияи “Пайк” дар ҷануби Тоҷикистон баъди нашри маводҳои танқидияш дар бораи мақомоти нотариалӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (ЗАГС) ин минтақа аз сӯи афроди номаълум мавриди таҳдид қарор гирифтааст. Читать далее Таҳдиди қатли журналист дар Кӯлоб баъди танқиди мақомот →

Баррасии парвандаи «Самак» мавқуф гузошта шуд

Баҳси судии шоир Аскар Ҳаким ва ҳафтаномаи «Самак», ки бояд соати 10-и 14 феврал дар Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор мегардид, бинобар наомадани адвокати тарафи даъвогар ба рӯзи душанбеи 17 феврал мавқуф гузошта шуд. Читать далее Баррасии парвандаи «Самак» мавқуф гузошта шуд →

«Ҳафта»-и Қаюмзод баъд аз нашри як шумора баста шуд

Фаъолияти нашрияи “Ҳафта”, ки муҳарририи онро Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, бар дӯш дошт, баъд аз як нашри нахустин шумораи он манъ карда шуд. Читать далее «Ҳафта»-и Қаюмзод баъд аз нашри як шумора баста шуд →

ТАЪМИНИ РАҚОБАТИ СОЛИМ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ВАО

Саъдулло Қаюмов, ки алҳол вазифаи сардори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, китоби навбатии хешро бо унвони «Тафсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба табъ расонид. Читать далее ТАЪМИНИ РАҚОБАТИ СОЛИМ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ВАО →