Архив рубрики: Хабарҳо

Эътои ҷоизаи Лоҳутӣ боиси баҳси рӯзноманигорон шуд

Бо вуҷуди даъватҳо ба баррасии вазъ ва мушкилоти расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон дар Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март, тақсими ҷоизаҳои Иттиҳодияи журналистон ба муҳимтарин мавзӯъ табдил ёфт. Читать далее Эътои ҷоизаи Лоҳутӣ боиси баҳси рӯзноманигорон шуд →

«Азия-Плюс» баҳс бо зиёиёнро идома медиҳад

Вакилони мудофеи нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он — Олга Тутубалина аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикояти кассатсионӣ мебаранд.

Тавре аз «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, Иноят Иноятов, яке аз вакилони мудофеашон шикояти кассатсиониро рӯзи 12 март ба коллегияи судӣ пешниҳод мекунад.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ ба баҳси додгоҳии як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” ба манфиати аввалиҳо нуқта гузошт. Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфта буд, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва “Азия-Плюс” вазифадор аст, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намояд.

Тутубалина дар ин матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

http://www.ozodagon.com/15309-aziya-plyus-az-boloi-arori-dodgoi-firdavs-shikoyati-kassatsionn-burd.html

Худдории ВАО-и ҳукуматӣ аз гирифтани ҷоизаи идонаи ҲНИТ

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Суғд мегӯяд, намояндагони ВАО-и ҳукуматӣ аз иштирок дар чорабинии ин ҳизб бахшида ба 102-солагии матбуоти тоҷик худдорӣ кардаанд.  Читать далее Худдории ВАО-и ҳукуматӣ аз гирифтани ҷоизаи идонаи ҲНИТ →

Зуҳуров: Давлат ба қонунвайронкунии расонаҳо “чашм мепӯшад”

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар мулоқот бо хабарнигорон аз тоқати танқид надоштани бархе аз мақомдорон зикр карда, афзуд, ки дар навбати худ хабарнигорон низ ба нақзи қонунҳо зиёд роҳ медиҳанд.  Читать далее Зуҳуров: Давлат ба қонунвайронкунии расонаҳо “чашм мепӯшад” →

Дар Рӯзи матбуоти тоҷик боз як сомонаи журналистӣ фаъол шуд

Имрӯз, 11 март теъдоди сомонаҳои тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки кори журналистӣ анҷом медиҳанд, ба як адад афзуд.www.ormon.tj-ро муассисонаш як сайти хабарӣ-иҷтимоӣ муаррифӣ мекунанд.  Читать далее Дар Рӯзи матбуоти тоҷик боз як сомонаи журналистӣ фаъол шуд →

Шукурҷон Зуҳуров рӯзноманигоронро табрик гуфт

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзноманигоронро ба муносибати «Рӯзи матбуоти тоҷик» табрик гуфта, онҳоро ба ҳимояи манфиатҳои миллату давлат даъват кард. Читать далее Шукурҷон Зуҳуров рӯзноманигоронро табрик гуфт →

Абдураҳим Холиқов: Саҳми ВАО дар эҳтиром ба марзу буми бобоӣ хеле барҷаста мебошад

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар паёми табрикие ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, намояндаҳои воситаҳои ахбори оммаро шодбош гуфтааст.  Читать далее Абдураҳим Холиқов: Саҳми ВАО дар эҳтиром ба марзу буми бобоӣ хеле барҷаста мебошад →

Маслиҳати Шарифзода барои “гурез”-и матбуот аз фишору монеаҳо

Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо пахши як паёми табрикӣ тамоми мардуми кишварро бо 102-юмин солгарди матбуоти тоҷик табрик намуда, ба аҳли эҷоду истеҳсоли соҳа фаъолияти муассирро таманно кардааст.  Читать далее Маслиҳати Шарифзода барои “гурез”-и матбуот аз фишору монеаҳо →

Генерал Раҳимзода: Ғамхории президент аст, ки матбуоти тоҷик озод аст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ба муносибати иди матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мешавад, тамоми кормандони соҳаро бо ин сана табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ ва сарбаландӣ таманно намудааст.  Читать далее Генерал Раҳимзода: Ғамхории президент аст, ки матбуоти тоҷик озод аст →