Архив рубрики: Хабарҳо

Дар Тоҷикистон китоби дарсии омода намудаи Интернюсро оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамӣ муҳокима карданд

Китоби дарсӣ оид ба саводнокии расонаи, ки аз ҷониби мутахассисони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Украина таҳия шудааст, 30-юми май аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳҳо ва мутахассисони ВАО дар реҷаи онлайн муҳокима карда шуд. Дар мулоқот нусхаи мутобиқшудаи тоҷикии китоби дарсӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Читать далее Дар Тоҷикистон китоби дарсии омода намудаи Интернюсро оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамӣ муҳокима карданд →

«Бо муҳаббат». Кумаки рӯзноманигорони қазоқ ба ҳамкасбонашон дар Тоҷикистон

Гуруҳе аз хабарнигорон дар Қазоқистон ба ҳамкасбони худ дар Тоҷикистон, ки ба бемории COVID-19 ва ё илтиҳоби шуш гирифтор шуда, ҷойи корро аз даст додаанд, кумак ҷамъ оварданд. Дар Тоҷикистон, ки то охири моҳи апрел мақомот вуҷуди бемориро эътироф намекарданд, дар баъзе аз расонаҳо хабарнигорон ба «илтиҳоби шуш» гирифтор шуданд. Читать далее «Бо муҳаббат». Кумаки рӯзноманигорони қазоқ ба ҳамкасбонашон дар Тоҷикистон →

«Фишору таҳдид ба журналистон падидаи маъмулӣ шудааст» САДО

Дар як моҳи ахир ду дафъа латукӯб шудани хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ дигарбора осебпазир будани рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва ошкоргӯйро дар Тоҷикистон ба намоиш гузошт. Мақомот қазияро тасодуфӣ номиданд, вале созмонҳои мустақили журналистӣ ва ҳомиёи ҳуқуқ талоши ошкорои маҳдуд кардани озодии баён хонданд.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, созмоне, ки аксар хабарнигоронро дар атрофаш гирд овардааст ва пуле миёни журналистон ва ҳукумат муаррифӣ мешавад, ҳанӯз ба ин қазия вокуниш накардааст. Раҳбарияти иттиҳодия нахост, дар ин бора бо Радиои Озодӣ низ суҳбат кунад.​

Баҳси фишору зӯргӯӣ ба хабарнигорон

Баҳси фишору зӯргӯӣ нисбат ба журналистон дар ҳоле доғ шуд, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори «Азия-Плюс» бори дувум рӯзи 29-уми май ҳангоми таҳияи гузориш дар маҳалли селзадаи ноҳияи Хуросон мавриди ҳамлаи се нафар қарор гирифт. Рӯзи 11-уми май низ дар Душанбе ӯро зада буданд.

Хабари дувумбора латукӯб шудани ӯ баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард ва корбаронро ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Гурӯҳи аввал бовар доранд, ки хабарнигор барои анҷоми рисолаташ ва бахусус ошкор кардани камбудҳо латукӯб шудааст. Гуруҳи дувум, ки ба он бархе аз намояндагони ниҳодҳои давлатӣ низ шомиланд, аз хабарнигор интиқод карда, тавҳин ва латукӯби ӯро дуруст шумурданд.

Иршод Сулаймонӣ, узви раёсати Шӯрои Васоити Ахбори Омма, чунин тарзи бархӯрд бо хабарнигоронро хоси ҷомеаҳои арзишмадор намедонад ва мегӯяд, бояд бархӯрд бар пояи ахлоқ, қонун ва равобити инсонӣ сурат бигирад.

Зеро, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, «мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки иддаои демократӣ будану мардумсолориву донишбунёдӣ зиёд шунида мешавад. Даҳони ҳар, ки бефаровезтар, ӯ журналисти хубтар пиндошта мешавад. Ин дашномро аз сатҳи равобити одӣ ба минбарҳои расмӣ кашидан аст. Ин ҷойи нангу шарм аст, аммо аллакай табдил ба як раванд шудааст».

Ҳамсӯҳбатони мо бархӯрди мақомот бо хабарнигоронро танқид мекунанд, ки онҳоро як навъ «душман» меҳисобанд ва дар баробари ин ки аз додани ҳар гуна иттиллоъ ба рӯзноманигорон худдорӣ меварзанд, ҳамчунин ба таҳдиду таҳқири рӯйирости онҳо иҷоза медиҳанд.

Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, душмантарошӣ аз журналист хоси ҷомеаҳои худкомаву қудратгарост, «вагарна як нафаре, ки рисолаташро дар ин шароити сахт бо назорати шадиди мақомот ва ҷомеа иҷро мекунад, чаро душман бошад?»

Бархе аз мақомҳои давлатӣ ҳамагуна фишору зургӯӣ ва дашному таҳқири хабарнигоронро дар Тоҷикистон рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, назари як мақомдор дар шабакаҳои иҷтимоӣ наметавонад мавқеи давлат ва ҳукумат бошад. Ин дар ҳолест, ки бар асоси Қонуни хизмати давлатӣ назари корманди ин ё он ниҳоди давлатӣ мавқеи давлатро муайян мекунад.

Музаффар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 3-юми июн гуфт, қонунҳои Тоҷикистон замонати озодии баёнро додаанд. Вай ҳамлаҳои лафзии бархе аз кормандони идораҳои давлатиро ба хабарнигорони тоҷик «назари шахсии онҳо» номид.

Ин масъули Вазорати фарҳанг, ки фаъолияти матуботро танзим мекунад, гуфт, «ҳоло теъдоди расонаҳои хусусӣ бештар аз расонаҳои давлатӣ аст. Мо ҳамчун мақомоти ваколатдори соҳа — татбиқкунандаи соҳаи матбуоти кишвар ҳеч гоҳ ин гуна шароиту ҳолатҳоро нисбат ба як журналисте, ки аз рӯи касбият фаъолият дорад, намебинем.»

Хабарнигорон мегӯянд, муттаҳидиву ҳамраъйии журналистон боис ба пешгирӣ кардани фишор болои хабарнигорони ҳақиқатҷӯ хоҳад шуд. Дар акси ҳол, дар сурати идомаи чунин раванд, рӯзноманигорон тадриҷан аз идомаи фаъолият даст кашида, фазои иттилоотии кишвар холӣ ва камранг мешавад.

Солҳои охир чанд расонаи мустақил баста шуд ва шуморе аз журналистон тарки кишвар карданд. Мақомот ҳамвора баста шудани расонаҳоро ба мушкили молӣ рабт медиҳанд, вале моликонаш гуфтаанд, зери фишорҳои афзояндаи масъулони давлатӣ аз кор уфтоданд.

«Падидаи маъмулӣ шудааст»

Марат Мамадшоев, хабарнигори тоҷик бар ин аст, ки аллакай фишору таҳдид ба хабарнигорон дар ҷомеаи Тоҷикистон «ба падидаи маъмулӣ» табдил ёфтааст.

Ӯ гуфт, «маҳдудиятҳо дар мавриди дастрасӣ ба иттилоъ ва озодии баён ҳамоно сахттар мешаванд» ва афзуд, «пандемияи коронавирус дар кишвар нишон дод, ки хабарнигорон ба ҳеч иттиллоъ дастрасӣ надоранд ва ин бӯҳрон то рафт амиқтар мегардад».

Ба бовари Мамадшоев, вақте мақомот ба суоли хабарнигорон посух гуфта наметавонанд, дар ин ҳолат аз роҳҳои дигар аз ҷумла фишор кор мегиранд. «Ин ҳолатҳо бештар дар замоне шиддат меёбанд, ки ҳукумат бо кадом мушкили ҷиддие рӯбарӯст ва дар ин сурат фишор болои расонаву хабарнигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам афзоиш меёбад», — хулоса кард ӯ.

Шикоятҳо аз фишор ба журналистон

Масъулони НАНСМИТ — Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯянд, ҳар моҳ ба ҳисоби миёна аз тақрибан даҳ журналист шикоят мегиранд.

Истифодаи алфози қабеҳ аз тарафи масъулин, масъалаи дастрасӣ ба иттилоъ, таҳдид, фишори равонӣ, таъқиб ва баҳси маош аз мавзӯъҳои шикояти хабарнигорон будааст.

Коршиносон мегӯянд, чунин роҳу шеваи фишор болои матбуоти озод, пеш аз ҳама ба обрӯи ҳукумат дар саҳнаҳои байналмилалӣ зарба хоҳад зад. Махсусан, ки кишвар дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ, чун интихоботи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад.

Созмони гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders) моҳи апрели имсол дар шохиси озодии матбуот дар ҷаҳон Тоҷикистонро дар ҷои 161 қарор дода ва таъкид кард, ки фазои сухани озод дар ин кишвар дар ду соли ахир бисёр маҳдуд шуда, таъқиби рӯзноманигорон шиддат ёфтааст.

https://www.ozodi.org/a/%D1%84%D0%B8%D1%88%D0%BE%D1%80%D1%83-%D1%82%D0%B0%D2%B3%D0%B4%D0%B8%D0%B4-%D0%B1%D0%B0-%D0%B6%D1%83%D1%80%D0%BD%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD-%D1%8F%D0%BA-%D0%BF%D0%B0%D0%B4%D0%B8%D0%B4%D0%B0%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D1%8A%D0%BC%D1%83%D0%BB%D3%A3-%D1%88%D1%83%D0%B4%D0%B0%D0%B0%D1%81%D1%82-/30651262.html

«Фишору таҳдид ба журналистон падидаи маъмулӣ шудааст»

Дар як моҳи ахир ду дафъа латукӯб шудани хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ дигарбора осебпазир будани рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва ошкоргӯйро дар Тоҷикистон ба намоиш гузошт. Мақомот қазияро тасодуфӣ номиданд, вале созмонҳои мустақили журналистӣ ва ҳомиёи ҳуқуқ талоши ошкорои маҳдуд кардани озодии баён хонданд. Читать далее «Фишору таҳдид ба журналистон падидаи маъмулӣ шудааст» →

Расонаҳои Тоҷикистон соҳиби омбудсмен шуданд, то аз даъво эмин бошанд

Бо ҳадафи беҳбуд бахшидан ба кори матбуот ва инъикоси дурусту бетарафонаи таҳаввулот дар чанде аз расонаҳои Тоҷикистон «омбудсмен» ба кор оғоз кардааст. Читать далее Расонаҳои Тоҷикистон соҳиби омбудсмен шуданд, то аз даъво эмин бошанд →

Муроҷиат ба хабарнигорон аз ноҳияи Хуросон

Ман сокини деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон, Сулаймони Абдураҳмон мебошам. Сараввал мехостам чанд нуктаро аз дил берун орам ва хостаҳои худ ва ҳамдеҳагони офатзадаамро ба хабарнигорон расонам. Читать далее Муроҷиат ба хабарнигорон аз ноҳияи Хуросон →

15 созмони ҷамъиятӣ аз ҳукумат хостанд, ба қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ расидагӣ кунад

15 созмони ҷамъиятӣ ва як гуруҳ хабарнигорон аз Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур, Додситони кулл ва Омбудсмен хостанд ба қазияи латту кӯби рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ расидагии қонунӣ шавад. Созмонҳои ҷамъиятӣ тақозо карданд, ки ба таҷрибаи таъқиби рӯзноманигорон дар кишвар поён дода шавад ва давлат ба санадҳои байналмилалии озодии баён пойбанд бимонад. Читать далее 15 созмони ҷамъиятӣ аз ҳукумат хостанд, ба қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ расидагӣ кунад →

Шахсони хабарнигор Абдулло Ғурбатиро латукӯбкарда дарёфт ва ҷарима шуданд

Суди ноҳияи Хуросон рӯзи 2 июн се сокини ҷамоати Айнии ин ноҳияро, ки дар латтукӯби журналисти «Азия Плюс» Абдуллоҳи Ғурбатӣ даст доштанд, ҷарима баст. Читать далее Шахсони хабарнигор Абдулло Ғурбатиро латукӯбкарда дарёфт ва ҷарима шуданд →

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамлаваронро шинохт. Додгоҳ се сокини Хуросонро ҷарима баст

Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон се сокини ноҳияро барои ҳамла ба хабарнигори «Азия-Плюс» Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҷарима баст. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов гуфт, ҳамлаварон ба майдаавбошӣ гунаҳкор шуданд ва ҳар кадом ба пардохти 580 сомонӣ муваззаф гардиданд. Қарори додгоҳ рӯзи 2-юми июн содир шуд. Читать далее Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамлаваронро шинохт. Додгоҳ се сокини Хуросонро ҷарима баст →

Номаи сокинони Хуросон ба раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва Раҷаби Мирзо

Хуросони вилояти Хатлон нома ворид шуд. Номаи сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон бидуни таҳрир, ки ба  раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо пешбинӣ шудааст, нашр мешавад. Қазоват аз хонандагон аст.

Читать далее Номаи сокинони Хуросон ба раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва Раҷаби Мирзо →