Архив рубрики: Хабарҳо

Интиқод аз мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз мавориди нақзи ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар дар се моҳи ахир (июл-октябри соли ҷорӣ) гузорише мунташир кардаанд. Читать далее Интиқод аз мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна →

Қатъи навбатии дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс»

Торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» — www.news.tj – боз дастнорас аст. Қариби тамоми ширкатҳои фароҳамсоз (провайдерон) рӯзи 21-уми октябр дастрасӣ ба сомонаро қатъ намуданд. Тайи моҳи ахир ин кӯшиши дуюми маҳдуд сохтани дастрасии аҳолӣ ба сомонаи мустақили интернетӣ аст. Читать далее Қатъи навбатии дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» →

“Азия плюс”-ро бо амри Бег Сабурӣ бастаанд?

Масъулини Оҷонсии иттилоотии “Азия плюс” мегӯянд, ширкатҳои дастраскунандаи интернет барои масдуд кардани торнамои онҳо аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мактуби расмӣ гирифтаанд.  Читать далее “Азия плюс”-ро бо амри Бег Сабурӣ бастаанд? →

Коршинос: Далелҳои нақзи озодии журналистон дар Тоҷикистон кофӣ аст

Корманди шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи ҳимоя аз журналистон Музаффар Сулаймонов бар ин назар аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукуматдорон мунтазам журналистонро мавриди таъқиб қарор дода, озодии матбуотро поймол мекунанд. Читать далее Коршинос: Далелҳои нақзи озодии журналистон дар Тоҷикистон кофӣ аст →

Сокинони ноҳияи Балҷувон ҳафтанома мехонанд

Масъулини ҳафтаномаи Балҷувон “Паёми Балҷувон”, ноҳияи дурдаст дар ҷануби кишвар мегӯянд, ки дар маъракаи обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои мухталиф ба ҳафтаномаи онҳо камтар обуна мешаванд. Читать далее Сокинони ноҳияи Балҷувон ҳафтанома мехонанд →

Файзинисо Воҳидова: Ширкатҳои мобилӣ дар назди мақомот забонкӯтоҳанд

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик чанде қабл эълон кард, аз истифодаи телефони ҳамроҳ даст мекашад. Ӯ ин тасмимашро як навъ эътироз ба гӯш кардани суҳбатҳои телефонияш аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон маънидод кард. Хабарнигори “Озодагон” бо ин ҳуқуқдони маъруф мусоҳибае орост ва нахуст аз ҳамин мавзӯъ суол кард. Читать далее Файзинисо Воҳидова: Ширкатҳои мобилӣ дар назди мақомот забонкӯтоҳанд →

Баррасии парвандаи Қамари Аҳрор ба фардо монд

Додгоҳи Хуҷанд нимарӯзи 21 октябр баъд аз бозпурсии як шоҳид, идомаи баррасии парвандаи маъмурӣ алайҳи рӯзноманигор Қамари Аҳрорро ба фардо гузошт.

Пулиси Хуҷанд даъво дорад, Қамари Аҳрор, рӯзноманигори нашрияи “Нигоҳ” ва Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюс” дар толори мусобиқаи байнулмилалии муштзанӣ дар шаҳри Хуҷанд ба амри пулис, ки ба вай наворгирӣ аз масофаи наздик ба саҳна (ринг)-ро иҷозат надод, итоат накардааст. Алайҳи ин рӯноманигор мутобиқи банди 479-и  Кодекси  мурофиавии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз сӯи пулис мавод таҳия шудааст. Додгоҳ ба барасии ин қазия рӯзи 16-уми октябр оғоз карда буд. Қамари Аҳрор ва вакили дифоаш Файзиннисо Воҳидова даъвои пулисро “сохта” ва маҳдуд кардани ҳуқуқи хабарнигорон меноманд. Қамари Аҳрор дар толори додгоҳ гуфт, вақте вай барои ҳифзи худ ҳарф зад, пулис хашм гирифт, ҳатто ба шаҳодатномаи рӯзноманигории вай назар накард, носазо гуфт, имкон надод амрашро иҷро кунад, зӯран ба идораи пулис бурданд ва алайҳаш мавод тартиб доданд. Ӯ инро нақзи ҳуқуқи худ номид. Дар ҳоле, ки пулис худро ҳамчун журналист муаррифӣ намудани Қамари Аҳрорро радд мекунад, вале ин рӯзноманигор ва вакили дифоаш мегӯянд, фардо ба додгоҳ шоҳидеро хоҳанд овард, ки ба нафъи онҳо шаҳодат хоҳад дод ва нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ аз тарафи Қамар ба пулисро бо чашмони худ дидааст.

http://www.ozodi.org/archive/news/latest/538/538.html?id=26648033

Муроҷиати 12 созмон ба Тоҷикистон дар мавриди «сайтбандон»

12 созмони ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказӣ дар як изҳороти муштарак масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистонро маҳкум карда, аз мақомоти ин кишвар хостаанд, то ба даъватҳои ниҳодҳои байналмилии ҳуқуқи башар гӯш дода, дастрасии бидуни маҳдудияти мардуумаш ба Интернетро таъмин кунад. Худдорӣ аз шеваҳо, чун маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет, ки ба ақидаи муаллифони изҳорот, нақзи ҳуқуқи инсон аст, ва эҳтиром гузоштан ба озодии баёну озодии гирдиҳамоӣ аз дигар талабҳои омада дар ин муроҷиатнома аст. Зери ин изҳороти муштарак 12 созмони минтақавӣ, аз ҷумла Анҷумани дастраскунандаҳои Интернети Тоҷикистон, Дафтарҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистону Қазоқистон, НАНСМИТ. Ташабууси ҳуқуқи башари Туркманистон, “Нота бене” ва созмонҳои дигар имзо кардаанд. Читать далее Муроҷиати 12 созмон ба Тоҷикистон дар мавриди «сайтбандон» →

Нигоҳе ба вазъи расонаҳои чопии Хатлон (чандрасонаӣ)

Камии теъдоди нашр, дер ба чоп расидан, дастмузди ночиз (аз 250 то 450 сомонӣ), норасоии дастгоҳҳои замонавӣ, дурии роҳ то чопхонаи Қӯрғонтеппа ё Душанбе, кор накардани бештари чопхонаҳои ноҳиявӣ, воҳидҳои кории кам ва худдории мутахассисони ҷавон аз фаъолият дар редаксияҳо, садамавию таъмирталаб будани бинои баъзе идораҳои ВАО ва нарасидани ҳуҷраҳои корӣ, маблағгузории нокофии рӯзномаи музофотӣ, пардохт нашудани ҳаққи қалам, пешбурди кор бо усули куҳнашудаи идорӣ дар расонаҳо, роҳандозӣ нашудани менеҷменти дуруст, дер дастрас шудани рӯзнома ба хонанда… Читать далее Нигоҳе ба вазъи расонаҳои чопии Хатлон (чандрасонаӣ) →

Кормандони ҳафтаномаи “Дӯстлик” бо дархост муроҷиат мекунанд

Хабарнигорони  ҳафтаномаи “Дӯстлик”, ягона ҳафтаномаи узбекзабон дар Хатлон гуфтаанд, ки аз ин баъд агар инттилооти барои ҳафтанома муҳимро аз мақомот пайдо карда натавонистанд, ба онҳо дархост пешниҳод мекунанд. Читать далее Кормандони ҳафтаномаи “Дӯстлик” бо дархост муроҷиат мекунанд →