Архив рубрики: Хабарҳо

Article 19 ҳукумати Тоҷикистонро ба бозбинии қонун дар бораи ВАО даъват мекунад

— Созмони байнулмилалии Article 19 аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки қонун «Дар бораи матбуоти давраӣ ва дигар ВАО»-ро мавриди бозбинӣ қарор дода, онро ба меъёрҳои байнулмилалии озодии изҳори андеша мутобиқ намояд, — иттилоъ медиҳад Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ). Читать далее Article 19 ҳукумати Тоҷикистонро ба бозбинии қонун дар бораи ВАО даъват мекунад →

Нигаронии ‘ARTICLE 19’ аз вазъи созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон

Созмони байналмилалии «ARTICLE 19: Корзори ҷаҳонӣ барои озодии баён» аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои таҳти назорати сангин гирифтани созмонҳои ғайридавлатӣ интиқод кардааст. Читать далее Нигаронии ‘ARTICLE 19’ аз вазъи созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон →

Ровии маъруф Талабшо Муқимов ТВ «Сафина»-ро тарк кард

Ровии маъруфи телевизион Талабшо Муқимов муддати чанд моҳест, ки аз кор дар телевизиони «Сафина» даст кашидааст. Читать далее Ровии маъруф Талабшо Муқимов ТВ «Сафина»-ро тарк кард →

Телефонҳои мобил дар Тоҷикистон гӯш карда мешаванд?

Созмони бритониёии Privacy International (Ҳарими хусусии байналмилалӣ) дар гузориши наваш навиштааст, ки полиси Тоҷикистон ҳаёти хусусии шаҳрвандонашро назорат мекунад. Читать далее Телефонҳои мобил дар Тоҷикистон гӯш карда мешаванд? →

Конфронси сафорати Амрико дар Тоҷикикстон

Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 28-29 ноябри соли ҷорӣ панҷумин Конфронси хатмкунандагони барномаҳои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, баргузор гардид. Читать далее Конфронси сафорати Амрико дар Тоҷикикстон →

Журналистон дар ҷустуҷӯи домоди Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон 26-уми ноябр, баъди ҷаласаи Парлумон ба саволҳои журналистон посух додан нахост.

Домоди дуюми Президент Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон ваъда дод, ки ба ҳуҷраи кории муовини аввали спикери Парлумон — Амиршо Миралиев меравад ва баъд ба саволи онҳо посух хоҳад гуфт. Аммо журналистон бенатиҷаи дилхоҳ, ӯро пушти дари бастаи утоқи Миралиев беш аз 30 дақиқа интизор шуданд.

-Хабарнигорон, ки маҷбур шуданд роҳи Нуралиевро дар баромадгоҳи марказии бинои парлумон поянд, ҳамин тавр аз ӯ чизе пурсида натавонистанд.

Ин нахустин бор нест, ки муовини авали вазири молия, ки барои хабарнигорони хориҷӣ дастрас аст,  аз суҳбат бо хабарнигорони тоҷик фирор мекунад. Ҳафтаи гузашта вай дар ҷаласаи Парлумон буд ва ҳатто ба танаффус набаромад.

Аз ӯ журналистон ба буҷаи давлатӣ вогузор кардани қарзӣ беш аз 7-милиардии “Барқи тоҷик”-ро пурсидан мехостанд.

Дар ҷаласаи Парлумон зимни баррасии Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ширкати «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» Нуралиев назди вакилон, пардохти қарзи “Барқи тоҷик”-ро аз буҷети давлат салоҳ донист.

Вай гуфт: «Имрӯз қарзи «Барқи тоҷик» аз Сангутда-1 ва Сангтуда-2 ба 7,1 миллирад сомонӣ баробар аст, ки хеле ташвишовар аст. Он 26 лоиҳаи зерқарзӣ имконияти пардохтани ин қарзро надоранд. Буҷети давлат ин қарзро пардохт карда истодааст».

http://tojnews.org/ru/node/459

Журналист дар додгоҳ: Чӣ бояд кард? Дар як мизигирд дар Душанбе роҳҳои худро дар додгоҳҳои Тоҷикистон чигуна ҳимоят кардани хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ баррасӣ шудааст.

Дар Душанбе нахустин мизи гирде дар мавзӯи “Мурофиаҳои додгоҳии расонаҳо. Чӣ тавр волоияти қонунро бояд таъмин кард?” бо ширкати намояндагони мақомот, расонаҳо, вакилони дифоъ ва коршиносон барпо шуд. Мизи гирд бо ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмони «Артикл 19» баргузор шуда, пуштибонии молиявии онро вазорати корҳои хориҷии Норвегия ба зимма дошт. Читать далее Журналист дар додгоҳ: Чӣ бояд кард? Дар як мизигирд дар Душанбе роҳҳои худро дар додгоҳҳои Тоҷикистон чигуна ҳимоят кардани хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ баррасӣ шудааст. →

25 ҳазор доллар мукофоти Ғалатӣ Баротова ба прокурор ва ҳукумат

Як зани тоҷик бо муроҷиат ба Президенти Тоҷикистон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва дигар мақомоти зирабт гуфтааст, ки агар дастандаркорони “Нури наҳзат”-ро ифшо кунанд, 25 ҳазор доллар мукофот хоҳад дод. Читать далее 25 ҳазор доллар мукофоти Ғалатӣ Баротова ба прокурор ва ҳукумат →

Марям Давлатова: «Занро ВАО ҷинояткор кардааст»

Инъикоси ҳаёти бонувон дар васоити ахбори омма имрўз ба масъалаи доғ табдил шудааст. Дар баробари мардон, ки ҳамеша мақоми соҳибназариро дар матбуот доранд, баръакс бонувон ҳангоми содир шудани ин ё он ҷиноят ҳамчун бону муаррифӣ мешаванд, аз ҳаёти шахсии бонувони сароянда қиссабофиҳо нашр мегардад ва ҳоказо. Чаро ВАО ҷойгоҳи занро маҳдуд медонанд? Ин аввалин суол аз Марям Давлатова, коршиноси масоили гендерӣ аст, ки ба тозагӣ инъикоси занон дар ВАО — ро гузориш карда буд: Читать далее Марям Давлатова: «Занро ВАО ҷинояткор кардааст» →