Архив рубрики: Хабарҳо

Изҳороти тунди Кумитаи дин алайҳи шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ”

Кумитаи дин бо нашри як изҳорот шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ”-ро бо дурӯғпароканиву буҳтон ва иғвоангезиву найранг мехоҳад ба эҳсосоти динии мардуми Тоҷикистон нохун занад. Читать далее Изҳороти тунди Кумитаи дин алайҳи шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ” →

Шикояти “ИмрӯзNews” аз пирӯзии Рустам Ҳукумов ба СММ

Гулечеҳра Холматова, вакили мудофеи “ИмрӯзNews” мегӯяд, аз қарори додгоҳи Тоҷикистон, ки нашрияи зерҳимояашро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ба Рустам Ҳукумов, писари собиқ раиси корхонаи роҳи оҳани кишвар муваззаф кард, ба Созмони милали муттаҳид аризаи шикоятӣ таҳия кардааст.

Читать далее Шикояти “ИмрӯзNews” аз пирӯзии Рустам Ҳукумов ба СММ →

Озмуни “Падарони шӯҳратманд”-и Вазорати фарҳанг барои рӯзноманигорни нашрияҳои ҳукуматӣ

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941 — 1945 барои рӯзномаю маҷаллаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмун эълон кардааст. Читать далее Озмуни “Падарони шӯҳратманд”-и Вазорати фарҳанг барои рӯзноманигорни нашрияҳои ҳукуматӣ →

Нахустин маҷаллаи ДДОТ — «Навруста» аз чоп баромад

Нахустин шумораи маҷаллаи «Навруста», ки муассиси он Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, интишор гардид. Читать далее Нахустин маҷаллаи ДДОТ — «Навруста» аз чоп баромад →

Ислоҳоти замин ва ВАО

Имрӯз 23 апред Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо ҳамкории лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон барои хабарнигорони минтақаи Қурғонтеппа семинари омӯзиширо дар мавзуи “Ислоҳоти замин ва ВАО” баргузор намуд. Читать далее Ислоҳоти замин ва ВАО →

Шаҳло Мӯсоева сухангӯи шаҳрдории Душанбе шуд

Мудири шабакаи телевизионии “Пойтахт”, Шаҳло Мӯсоева, ба вазифаи сухангӯи шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таъин шуд. Читать далее Шаҳло Мӯсоева сухангӯи шаҳрдории Душанбе шуд →

Нигаронӣ аз кам шудани барномаи хабарӣ бо забони русӣ дар “Сафина”

Як гурӯҳ русзабонҳо аз шаҳри Душанбе аз тасмими маъмурияти “Телевизиони Сафина” барои кам кардани барномаҳои ахбор бо забони русӣ нигаронӣ кардаанд.  Читать далее Нигаронӣ аз кам шудани барномаи хабарӣ бо забони русӣ дар “Сафина” →

Ҳушдори директор: Мақола нашр шавад, “ҷазо” медиҳам!

Ширин Қурбонова, директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳушдор додааст, ки агар дар бораи ин коллеҷ дар нашрияҳои Тоҷикистон ягон мақолае нашр шавад, ӯ рӯзноманигор ва муассиси нашрияро «ҷазо” медиҳад.

Читать далее Ҳушдори директор: Мақола нашр шавад, “ҷазо” медиҳам! →

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соҳиби студуяи телевизионӣ шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои таҳияи барномаҳои криминалӣ студияи телевизионӣ таъсис дод. Читать далее Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соҳиби студуяи телевизионӣ шуд →

«Умед-88» аз «Пайк» 60 ҳазор сомонӣ талаб дорад

«Пайк» — ягона нашрияи хусусӣ дар вилояти Хатлон вориди боз як баҳси додгоҳӣ шудааст. Тарафи баҳс бо «Пайк» ин дафъа ширкати «Умед-88» мебошад ва аз ҳафтанома 60 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб дорад. Читать далее «Умед-88» аз «Пайк» 60 ҳазор сомонӣ талаб дорад →