Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ бо мақсади муайян намудани иқтидори техникии ташкилоти мустақили телевизионӣ дар давраи гузариш ба пахши рақамӣ дар 15 ташкилоти амалкунандаи мустақили телевизионии кишвар тадқиқот гузаронидааст. Читать далее Тадқиқоти Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон муаррифӣ мешавад
Архив рубрики: Хабарҳо
Оғози баррасии даъвои ширкати «Умед-88» нисбати ҳафтавори «Пайк»
Дар Қӯрғонтеппа таҳти раёсати судяи суди иқтисодии Хатлон Мансур Қаландаров мурофиаи додгоҳии баррасии даъвои ширкати таҳвили сӯзишвории «Умед-88» нисбати ҳафтавори «Пайк» шурӯъ шуд. Читать далее Оғози баррасии даъвои ширкати «Умед-88» нисбати ҳафтавори «Пайк»
Cафорати ИМА ба кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ВАО-ро омӯзонид
Рӯзи 22 майи соли равон ҳафт корманд аз Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии «Равобити мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо васоити ахбори омма»-ро, ки аз ҷониби Барномаи ёрии зиддитеррористии Сафорати ИМА (Барномаи АТА) маблағгузорӣ шудааст, хатм карданд. Читать далее Cафорати ИМА ба кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ВАО-ро омӯзонид
Иқтидори шабакаҳои мустақили телевизионӣ таҳқиқ шудааст
Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ аз анҷоми тадқиқоташ дар бораи иқтидори техникии ташкилоти мустақили телевизионӣ дар давраи гузариш ба пахши рақамӣ, ки дар 15 ташкилоти амалкунандаи мустақили телевизионии Тоҷикистон гузаронида шудааст, хабар медиҳад. Читать далее Иқтидори шабакаҳои мустақили телевизионӣ таҳқиқ шудааст
«Умед-88» 60 ҳазори «Пайк»-ро ба донишҷӯён доданист
Мурофиаи додгоҳии ширкати “Умед-88” ва ҳафтаноми «Пайк» рӯзи 22 май дар додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон идома кард. “Умед-88” аз “Пайк” барои нашри як мақолаи интиқодии хабарнигор Шарифхони Тағаймурод, ки дар шумораи №90 аз 8-уми апрел бо сарлавҳаи «Умедчик-88» рӯи чоп омадааст, аз муаллифи мақола 10 ҳазор ва аз ҳафтанома 50 ҳазор сомонӣ талаб дорад. Дар мақолаи «Пайк» як нуктаи фурӯши сӯзишвории «Умед-88» дар назди бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб зери интиқод қарор гирифта буд. Читать далее «Умед-88» 60 ҳазори «Пайк»-ро ба донишҷӯён доданист
Машварати ҳуқуқӣ ба донишҷўён
Вохўрии намояндагони Анҷумани миллии ВАО мутақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар шаҳри Қурғонтеппа бо донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигори Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав рӯзи 21 май барпо гашт. Читать далее Машварати ҳуқуқӣ ба донишҷўён
“Садои мардум”: Аксарият шабакаҳои русиро тамошо мекунанд
Аксарият дар кишвар асосан ба тамошои шабакаҳои телевизионии русӣ майл доранд, то шабакаҳои миллӣ. Читать далее “Садои мардум”: Аксарият шабакаҳои русиро тамошо мекунанд
Эълон оид ба қайдгирии намояндагони ВАО барои инъикоси Конфронси об
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз намуд. Читать далее Эълон оид ба қайдгирии намояндагони ВАО барои инъикоси Конфронси об
Номаи «Ҳашти субҳ» ба Э.Раҳмон ва ҳушдораш аз шайхҳои пулдор
Нашрияи «Ҳашти субҳ»-и Афғонистон бо чопи мақолае ба Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор додааст, ки дар ҳоли ҳозир чор шабакаи телевизионӣ аз кишварҳои арабзабон барои Тоҷикистон барнома пахш мекунанд. Читать далее Номаи «Ҳашти субҳ» ба Э.Раҳмон ва ҳушдораш аз шайхҳои пулдор
ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮЛОБ 23 СОЛА ШУД
Дар телевизиони Кӯлоб бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси телевизион таҳти унвони «Саҳми телевизиони Кӯлоб дар тарбияи ватандўстӣ, сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангии ҷомеа» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Читать далее ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮЛОБ 23 СОЛА ШУД