Рӯзҳои 6-8 август Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои хабарнигорони телевизион, радио ва матбуот аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон давраи омӯзишӣ баргузор мекунад. Ин чорабинии серӯза дар ҳамкории зич бо Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» гузаронида мешавад. Читать далее Давраи омӯзишии USAID барои рӯзноманигорони тоҷик
Архив рубрики: Хабарҳо
Дастгирии ИМА аз рушди ВАО ва артиши Тоҷикистон
Сафири Иёлоти Муттаҳида Сюзан М. Эллиотт бо ҳамроҳии намояндагони Сафорати ИМА, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ 27 июли соли 2015 дар машварати САҲА оид ба омодагии татбиқи масоили андозагирии инсонӣ иштирок дошт. Дар чорабинӣ вазъи кунунии риояи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон муҳокима шуд. Читать далее Дастгирии ИМА аз рушди ВАО ва артиши Тоҷикистон
Муҷозоти мансабдори Кумитаи идораи замин барои баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як мансабдори Кумитаи идораи замини шаҳри Душанберо барои сари вақт баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон муҷозот кардааст. Читать далее Муҷозоти мансабдори Кумитаи идораи замин барои баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон
Хадамоти алоқа: Бигзор исбот созанд, ки мо сомонаҳоро мебандем
Дар посух ба саволҳои журналистон зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати иттилооти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Алибек Бекназаров изҳор намуд, ки хадамот дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро қатъ накардааст ва чунин таҷҳихзоте ҳам надорад, ки бо ёрии он тавонад ҳамаи интернетро таҳти назорат қарор диҳад. Читать далее Хадамоти алоқа: Бигзор исбот созанд, ки мо сомонаҳоро мебандем
Фосила аз журналистон. “Бадбинӣ” барои чӣ?
Ҳарчанд вуҷуди журналистика ва фаъолияти рӯзноманигорон дар асри мо як воқеияти инкорнопазир аст, вале бештарини мансабдорон журналистонро “бад мебинанд”. Читать далее Фосила аз журналистон. “Бадбинӣ” барои чӣ?
Анонс: Нишастҳои матбуотии Прокуратураи генералӣ ва КВД «Тоҷиксуғурта»
31-уми июл нишасти матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷиксуғурта» баргузор мегардад. Читать далее Анонс: Нишастҳои матбуотии Прокуратураи генералӣ ва КВД «Тоҷиксуғурта»
Н.Қаршибоев: Чанде аз ВАО-и мустақил метавонанд аз байн раванд
Зимни суханронӣ дар кори мизи мудаввар таҳти унвони «Гузориши универсалии марҳилавӣ ҳамчун воситаи пешбурди озодии баён дар Тоҷикистон» раиси Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев изҳор намуд, ки дар робита ба буҳрони иқтисодӣ, айни замон васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ замони мушкилеро паси сар мекунанд. Читать далее Н.Қаршибоев: Чанде аз ВАО-и мустақил метавонанд аз байн раванд
Ҷазо барои беэътиноӣ ба муроҷиати шаҳрвандон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муовини раиси Кумитаи идораи замини пойтахт И. Шоевро барои сари вақт вокуниш накардан ба муроҷиати шаҳрвандон тибқи банди 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳвандон», 1200 сомонӣ ҷарима кард. Читать далее Ҷазо барои беэътиноӣ ба муроҷиати шаҳрвандон
Тоҷикистон баста шудани домени “tj”-ро рад кард
Маркази домени милии “TJ”-и назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иддаои истифодабарандагони ин ҳавзаи интернетиро, ки мегӯянд, чандин сомона дар он бе огаҳӣ ё далели муайян баста шудаанд, бесос хонд. Читать далее Тоҷикистон баста шудани домени “tj”-ро рад кард
Анонс: Нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа ва Вазорати нақлиёт
30-юми июли соли равон нишастҳои матбуотии чор муассиса бо ширкати раҳбариятҳояшон баргузор хоҳад шуд. Читать далее Анонс: Нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа ва Вазорати нақлиёт