Архив рубрики: Хабарҳо

Парлумон: Алоқаю интернетро масдуд месозем, агар…

Бо тасдиқи вориди тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби парлумони кишвар аз ин ба баъд мақомот дастрасӣ ба алоқаю интернетро дар ҳолатҳои зарурӣ дар сартосари кишвар масдуд месозад. Читать далее Парлумон: Алоқаю интернетро масдуд месозем, агар… →

Ҳимояти парлумон аз масдудсозии алоқаю интернет: Зуҳуров ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро мисол овард

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо терроризмро тасдиқ кард, ки тибқи он дар ҳолатҳои зарурӣ мақомоти тоҷик метавонанд дастрасӣ ба алоқаю интернет на танҳо дар минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистонро масдуд кунанд.

Хайрулло Суфиев, вакили парлумон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, тағйироти мазкур имкон медиҳанд, ки зимни гузарондани амалиёти террористӣ фазои иттилоотӣ халалдор нагардад. Тибқи тағйирот ба моддаи 20-и қонуни феълӣ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, қисми 3 илова карда мешавад, ки бар асоси он бо дархости субъекти асосии бевосита ба зидди терроризм муборизабаранда дар минтақаи амалиёти зидди террористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои гуногуни он хизматрасонӣ тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он метавонанд, муваққатан боздошта шавад”.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон низ аз ин тағйирот ҳимоят карда, афзуд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои таъмини амният алоқа бояд зери назорат бошад. Ӯ талоши Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиа барои табаддулоти давлатиро мисол оварда, афзуд, ки дар чунин ҳолатҳо Ҳоҷӣ Ҳалимро мисол оварда, афзуд, ки дар чунин ҳолатҳо гурезондани ҷинояткорон имкон дорад ва ин тағйирот бисёр муҳим аст.

Тибқи тағйироти нав мақомоти қудратӣ, аз ҷумла Кумитаи амнияти миллӣ ҳақ доранд, ки дар минтақаи амалиёт алайҳи террористон дастрасӣ ба алоқаи электронӣ, аз ҷумла алоқаи мобилӣ, интернет ва ғайраро маҳдуд кунанд.

 

 

http://www.ozodagon.tj/24248-imoyati-parlumon-az-masdudsozii-aloayu-internet-zuurov-oshbi-o-alimro-misol-ovard.html

Қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернет дар Тоҷикистон қонунӣ шуд

Парлумони Тоҷикистон бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернет дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористиро расмӣ кард. Читать далее Қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернет дар Тоҷикистон қонунӣ шуд →

Вакилон тарҳи қонунан масдуд кардани интернетро баррасӣ мекунанд

Имрӯз, 25-уми ноябр вакилони парламенти Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бо терроризм”-ро баррасӣ хоҳанд кард. Читать далее Вакилон тарҳи қонунан масдуд кардани интернетро баррасӣ мекунанд →

Парлумон қонуни маҳдудияти дастрасӣ ба интернетро баррасӣ мекунад

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» баррасӣ мешавад. Читать далее Парлумон қонуни маҳдудияти дастрасӣ ба интернетро баррасӣ мекунад →

Кормандони МТЖТ соҳиби ҷойиза шуданд

Ғайрат Ҳаким, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж” ва Хуршед Фозилов хабарнигори сайти хабарии Faraj.tj дар озмуни вилоятии «Хомаи созанда – 2015» сазовори ҷойизаву дипломҳо гаштаанд. Читать далее Кормандони МТЖТ соҳиби ҷойиза шуданд →

Тағйирот дар ВАО-и давлатӣ: Аз мансаби Исмоилзода то 2 телевизиони нав

Исмоилзода Зиннатуллоҳ Бурҳон, раиси телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон ва собиқ раҳбари Шӯрои ВАО, имрӯз, 24 ноябр бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори умум” таъин гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Академияи васоити ахбори умум моҳҳои наздик ба кор оғоз намуда, дар таълиму тарбия ва бозомӯзии кормандони ин соҳа саҳмгузор хоҳад шуд. Манбаъ мегӯяд, бозомӯзии кормандон дар Академияи васоити ахбори умум, асосан аз рӯи ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешуданд.

Дар баробари ин манбаъ афзуд, ки аз соли 2016 дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ-“ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард: “Файзуллозода Хуршед Мирзо — директори муассисаи давлатии “ТВ-Варзиш” ва Набизода Набӣ, директори муассисаи давлатии “ТВ-Синамо” таъин гардид”.

Раисиҷумҳур инчунин Одиназода Шоҳона Сулаймонро — сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таъин карда, ба курсии директори муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Шарифзода Манучеҳр Муртазоро шинондааст.

 

http://www.ozodagon.tj/24238-tayirot-dar-vao-i-davlat-az-mansabi-ismoilzoda-to-2-televizioni-nav.html

Зиннатулоҳ Исмоилзода раиси Академияи ВАО шуд

Зиннатулоҳ Исмоилзода, раҳбари телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон директори муассисаи давлатии «Академияи васоити ахбори умум» таъин шуд. Читать далее Зиннатулоҳ Исмоилзода раиси Академияи ВАО шуд →

Дар Тоҷикистон боз 2 шабакаи нави телевизионӣ фаъол мешавад

То фарорасии соли 2016 дар фазои иттилооти Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизионӣ — “ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард. Читать далее Дар Тоҷикистон боз 2 шабакаи нави телевизионӣ фаъол мешавад →