12-уми январи соли равон нишастҳои матбуотии се ниҳод бо ширкати раҳбариятҳояшон баргузор хоҳад шуд. Читать далее Анонс: Нишастҳои матбуотии Кумитаи дин, Саридораи геология ва Агентии хизмати давлатӣ
Архив рубрики: Хабарҳо
Таъхири нишасти хабарии Шӯрои адлия
Нишасти хабарии Шӯрои адлия Тоҷикистон, ки мебоист имрӯз, 11 январ бо ҳузури раиси ин ниҳод, Дустмурод Муродзода баргузор мешуд, ба таъхир уфтод. Читать далее Таъхири нишасти хабарии Шӯрои адлия
Фейсбук ва дигар шабакаҳо дубора дастнорас шуд
Шабакаҳои иҷтимоӣ баъди чандрӯзи бозшавӣ дубора масдуд шуд. Читать далее Фейсбук ва дигар шабакаҳо дубора дастнорас шуд
«Дарвозабон»-и Интернети Тоҷикистон кист?
Маҳдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро ба маҳдудияти нерӯи барқ монанд мекунанд. Ҳанӯз як ҳафта аз боз шудани шабакаҳои Фейсбук, Ютуб, Одноклассники ва ВКонтакте нагузашта, зуҳри 7-уми январ ин шабакаҳо дубора баста шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон даст доштани худро дар бастани шабакаҳо рад мекунанд ва дастнорас гардидани саҳифаҳои алоҳидаро ё иллати техникӣ мегӯянд ва ё профилакӣ. Қатъ шудани таъмини барқ низ ба ҳамин баҳона монанд аст — «авария» дар хатҳои барқдиҳӣ.
Дар соли 2015 шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабаргузорӣ пушти сари ҳам борҳо барои муддатҳои кӯтоҳ ва баъдан дар ҳолатҳои вежа боз шуданд. Ҳамон гунае, ки дар фасли сармо барқ дар рӯзҳои хосса дода мешавад ва баъдан ба лимити муқарраршуда бармегардад. Ахиран тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ дар чанд рӯзи пахши сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Каъба боз шуданд ва баъдан дубора ба дарҳои онҳо қуфл зада шуд.
Ҳамчунин ба қавли Асомиддин Атоев, бастани шабакаҳои иҷтимоӣ, ки боиси кам шудани шумораи истифодабарандагони интернет гардидааст, ҳам ба буҷаи кишвар ва ҳам ба буҷаи ширкатҳо зиён дорад.
Аммо намояндагони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз баставу боз шудани шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори бехабарӣ карда, айбро ба гардани ширкатҳои мобилӣ мезанад.
Алихон Бекназаров, намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд:“Бо иқдоми кӣ кушода шудани шабакаҳи иҷтимоиии Фейсбук, Ютуб ва Одноклассникиро намедонем. Аз ҷониби Хадамоти алоқа ягон фармоишу супориш дода нашудааст. Умуман бастану хомӯш кардан дар мо нест. Сабаби боз шудани ин шабакаҳои иҷтимоиро мо шарҳ дода наметавонем.Чунки он моликияти ширкатҳои таъмини интернетист. Мехоҳанд — мекушоянду мехоҳанд — мекушанд.”
Ҳарчанд ҷаноби Бекназаров аз баставу боз шудани шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори беиттилоӣ мекунад ва ин амалро кори дасти худи ширкатҳои интернетӣ медонад, аммо масъулони ширкатҳои мобил мегӯянд, онҳо берун аз дастурҳои ин хадамот амал намекунанд.
Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Babilon Mobile” ба Озодӣ гуфт:“Мо дар доираи қонунҳои давлат кор мекунем. Берун аз қонун кореро анҷом намедиҳем.”
Шабакаҳои иҷтимоӣ маъмулан дар ҳолатҳое, мисли шӯриши генерал Назарзода ва ё нооромиҳоия чанд соли пеш дар Бадахшон баста шуданд. Аммо моҳҳои ахир ин пойгоҳҳо бидуни ҳеҷ сабаб низ масдуд мешаванд.
Боз шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар чанд рӯзи гузашта ба сафари президент ба Арабистони Саудӣ рост омад ва Муҳайё мегӯяд: “Ин ба маъноест, ки мақомот тарзи дурусти рекламаро ёд гирифтаанд. Дар рӯзҳои хос шабакаҳои иҷтимоиро боз мекунанд ва дар дигар маворид — не.”
Ҳоло сокинони кишвар барои таъмини ҳамешагии барқ дар хонаҳои худ «прокси» пайдо накардаанд, аммо бахши умдаи онҳо, махсусан ҷавонон, даҳҳо қуфлшиканро дар компютеру телефонҳои худ насб кардаанд, ки қуфлҳои гузоштаро ба осонӣ мешикананд ва ба сомонаҳои дилхоҳи худ ворид мешаванд.
http://www.ozodi.tj/content/who-ban-and-open-access-to-social-media-in-tjk/27477114.html
Имомов: Журналистика устодони хуб дорад, вале…
Маҳмадюсуф Имомов, ректори ДМТ мегӯяд, ки ҳоло дар соҳаи журналистикаи кишвар устодони хуб зиёданд, аммо дар соҳаи фанҳои дақиқ мутахассис намерасанд, аз ин хотир дар ин соҳа аҳамияти бештар дода мешавад.
Бобо Бекмурод 64 –ум зодрӯзашро таҷлил накард
Имрӯз, 11 январ рӯзи мавлуди рӯзноманигори шинохта, корманди собиқи шабакаи 1-и телевизиони Тоҷикистон Бобо Бекмурод аст. Читать далее Бобо Бекмурод 64 –ум зодрӯзашро таҷлил накард
МТС дар як сол 67 гузориши таҳлилӣ пешниҳод кардааст
Ҳоло дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардида истодааст. Читать далее МТС дар як сол 67 гузориши таҳлилӣ пешниҳод кардааст
Даргузашти журналист Бобо Бегмурод дар синни 64-солагӣ
Журналист Бобо Бегмурод 8-уми январ дар деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент дунёро падруд гуфтааст. Читать далее Даргузашти журналист Бобо Бегмурод дар синни 64-солагӣ
Даргузашти Бобо Бекмуродзода, яке аз асосгузорони барномаи “Хоки Ватан”
Бобо Бегмуродзода, корманди собиқи Шабакаи 1-и телевизиони Тоҷикистон дар сини 64-солагӣ даргузашт. Читать далее Даргузашти Бобо Бекмуродзода, яке аз асосгузорони барномаи “Хоки Ватан”
Журналист Бобо Бекмурод аз олам даргузашт
Бобо Бекмурод, собиқ хабарнигори Телевизиони тоҷик дар водии Зарафшон баъди бемории тӯлонӣ аз дунё даргузашт.