Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳоди Идораи зиндонҳоро дар бораи ба маҳбаси сукунатӣ гузарондани хабарнигори тоҷик Далер Шарифов рад карда, ӯро «барои ҷомеа хавфнок» номидааст. Дар ин бора падари хабарнигор, Абдуманнон Шарифов, бо такя ба номае, ки дар зиндони ноҳияи Ёвон ба ӯ нишон додаанд, рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод. Читать далее Додситонии кулли Тоҷикистон Далер Шарифовро «барои ҷомеа хавфнок» номидааст
Архив рубрики: Хабарҳо
Қариб 400 рӯзноманигор дар саросари дунё дар зиндон қарор дорад
На камтар аз 387 корманди расонаҳо дар саросари дунё барои иҷрои вазифаҳои касбӣ зиндонӣ шудаанд. Дар ин бора дар гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи «Хабарнигорони бидуни марз» зикр шудааст. Читать далее Қариб 400 рӯзноманигор дар саросари дунё дар зиндон қарор дорад
АМВАОМТ: тренинги омӯзишӣ
АМВАОМТ (НАНСМИТ) дар ҳамкорӣ бо Бунёди Томсон дар доираи лоиҳаи «Нигоҳ доштани тавозун: баланд бардоштани субот ва аҳамияти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» барои журналистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ тренинги омӯзишӣ баргузор менамояд. Читать далее АМВАОМТ: тренинги омӯзишӣ
Қатъи дастрасӣ, акнун талаби кӯчидан… Лекин мо таслим нашуда, идома медиҳем
Аз замони қатъи дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” имрӯз ду сол пур мешавад ва акнун моро аз дафтари корӣ ҳам маҳрум карданианд.
Читать далее Қатъи дастрасӣ, акнун талаби кӯчидан… Лекин мо таслим нашуда, идома медиҳем
Додгоҳ амр дод, Абдумалик Қодиров ба кораш баргардад. «Интернюс» вокуниш кард
Созмони «Интернюс» ба қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе барои дар вазифаи пешинааш барқарор кардани Абдумалик Қодиров вокуниш кард. Читать далее Додгоҳ амр дод, Абдумалик Қодиров ба кораш баргардад. «Интернюс» вокуниш кард
Додгоҳ амр додааст, Қодировро ба кораш баргардонанд
Додгоҳе дар шаҳри Душанбе амр додааст, ки Абдумалиқ Қодиров, мудири собиқи дафтари “Интернюс”, як созмони амрикоии ҳомии матбуот ба вазифааш барқарор карда шавад. Абдумалик Қодиров рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баррасии шикояти ӯ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд ва “Додгоҳ қарор кард, ки ман бояд ба вазифаи пешини худам барқарор карда шавам.” Читать далее Додгоҳ амр додааст, Қодировро ба кораш баргардонанд
Дар матбуоти тоҷик «Нуқта»-назари нав пайдо шуд.
Дар Тоҷикистон вебсайти нави иттилоотӣ-таҳлилӣ бо номи nuqta.tj ба кор шуруъ кард. Ҳадаф аз таъсиси сомона ба гуфтаи муассисонаш, нашри матлабҳои таҳлилӣ ва омода кардани таҳлилгарон аст. Вебсайт дар шароите ба кор шуруъ мекунад, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз маҳдудтар шудани озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Читать далее Дар матбуоти тоҷик «Нуқта»-назари нав пайдо шуд.
Филми рӯзноманигорони тоҷик ба Ҷашнвораи филмҳои мустанади Русия роҳ ёфт
Филми «Шуроб” соли гузашта дар толори кинотеатри “Зебуниссо” ба намоиш гузошта шуд.
Читать далее Филми рӯзноманигорони тоҷик ба Ҷашнвораи филмҳои мустанади Русия роҳ ёфт
Шиносоии рӯзноманигорон бо Маркази таълимии КҲФ
Созмони ҷамъиятии “Хома” барномаеро роҳандозӣ кардааст, ки рӯзноманигорон метавонанд бо роҳбарону намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ вохӯрда, ба суолҳои хеш посух гиранд. Чунин нишастҳо, ба фарқ аз нишастҳои матбуотие, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар як сол ду маротиба ба нақша гирифта мешавад, дар худи ниҳодҳои давлатӣ баргузор гардида, илова бар ин, рӯзноманигорон бо фаъолияти рӯзмарраи онҳо шинос мешаванд. Читать далее Шиносоии рӯзноманигорон бо Маркази таълимии КҲФ
Ба наздикони Далер Шарифов иҷоза доданд, ки бо ӯ мулоқот кунанд
Ӯ дар ин мулоқот як хоҳиш кардааст: «Барояш китоб бифиристанд»
Читать далее Ба наздикони Далер Шарифов иҷоза доданд, ки бо ӯ мулоқот кунанд