Архив рубрики: Хабарҳо

Омбудсмен мухолифи бастани сомонаҳо бидуни санади расмӣ

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода бар ин назар аст, ки нисбат ба ширкатҳои фароҳамсози интернет, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетиро бидуни санади расмӣ қатъ мекунанд, чора андешидан зарур аст. Читать далее Омбудсмен мухолифи бастани сомонаҳо бидуни санади расмӣ →

Ширкатҳои интернетрасон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ширкатҳои интернетрасон барои бе огоҳӣ бастани сомонаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Читать далее Ширкатҳои интернетрасон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд? →

Омбудсмени тоҷик мехоҳад барои бе огоҳӣ бастани сомонаҳо ҷазо тадбиқ шавад

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои бидуни огоҳӣ масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ муҷозот таъин карда шавад. Читать далее Омбудсмени тоҷик мехоҳад барои бе огоҳӣ бастани сомонаҳо ҷазо тадбиқ шавад →

Пешниҳоди ҷазо барои бе огоҳӣ бастани сомонаҳо

Омбудсмени тоҷик Зариф Ализода ба мақомоти интизомӣ тавсия додааст, ки нисбат ба ширкатҳои интернетрасон барои бидуни огоҳӣ бастани сомонаҳо чораи қонунӣ андешанд. Читать далее Пешниҳоди ҷазо барои бе огоҳӣ бастани сомонаҳо →

RWB: «Матбуоти мустақил дар Тоҷикистон зери фишор аст»

Созмони Хабарнигорони бидуни марз (RWB) дар остонаи раъйпурсии 22-май дар Тоҷикистон, бо нашри як гузориш маҳдудият ва фишор ба матбуоти мустақил дар ин кишварро маҳкум кардааст. Читать далее RWB: «Матбуоти мустақил дар Тоҷикистон зери фишор аст» →

«Як рӯзи хомӯшӣ». Пеш аз референдум “Ютюб” ва “Фейсбук” баста шуданд

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва “Ютюб”-ро аз дирӯз, 20-уми май маҳдуд кардаанд. Читать далее «Як рӯзи хомӯшӣ». Пеш аз референдум “Ютюб” ва “Фейсбук” баста шуданд →

Баррасии нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ДМТ

Имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ» конфронси илмию амалии байналхалқӣ доир мегардад. Читать далее Баррасии нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ДМТ →

Комиссияи марказии интихобот беш аз 300 намояндаи расонаҳои хабариро сабти ном кардааст

Комиссияи интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон хабар дод, ки барои инъикоси ҳамаҷонибаи райъпурсии рӯзи 22-уми июн намояндагони беш аз 300 расонаи хабарии ватаниву хориҷиро ба қайд гирифтааст. Читать далее Комиссияи марказии интихобот беш аз 300 намояндаи расонаҳои хабариро сабти ном кардааст →

Комиссияи марказии интихобот беш аз 300 намояндаи расонаҳои хабариро сабти ном кардааст

Комиссияи интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон хабар дод, ки барои инъикоси ҳамаҷонибаи райъпурсии рӯзи 22-уми июн намояндагони беш аз 300 расонаи хабарии ватаниву хориҷиро ба қайд гирифтааст. Читать далее Комиссияи марказии интихобот беш аз 300 намояндаи расонаҳои хабариро сабти ном кардааст →

Шабакаи аввал расман ТВ Тоҷикистон шуд

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба ТВ Тоҷикистон тағйири ном кардааст.

Суҳроб Рауфзода, директори Телевизиони Тоҷикистон имрӯз, 17 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тағйири номи шабака дар асоси қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 20 апрел сурат гирифтааст.

Ба “Тоҷикистон” иваз кардани “Шабакаи аввал” пешниҳоди раисиҷумҳур буд. Ин пешниҳод аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон 1 марти 2016 дар мулоқот бо кормандони ВАО дар расми ифтитоҳи шабакаҳои “Варзиш”-у “Синамо” ва Академияи ВАО садо дод.

Суҳроб Рауфзода, директори Телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, тағйри номи шабака ба беҳтар шудани сифати барномаҳо ҳам сабаб мешавад: “Иваз шудани номи шабака водор месозад, ки гуруҳҳои эҷодӣ дар таҳия ва инъикоси ҳаёт ва воқеаҳои Тоҷикистон масъулияти бештар дошта бошанд. Ин масъулияти хело бузург аст, вақте роҳбарияти давлат ба телевизион ва номи он таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд”.

 

http://www.ozodagon.tj/26371-shabakai-avval-rasman-tv-toikiston-shud.html