Архив рубрики: Хабарҳо

Анонс: Нишастҳои хабарии Кумитаи дин ва Агентии хизмати давлатӣ

Имрӯз 12-уми июл нишастҳои матбуотии Кумидаи дин, Саридораи геология ва Агентии хизмати давлатӣ баргузор мешавад. Читать далее Анонс: Нишастҳои хабарии Кумитаи дин ва Агентии хизмати давлатӣ →

Мониторинги риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣдар Тоҷикистон» дар моҳҳои март – апрели соли 2016

Нахуст: Мониторинги Шўрои ВАО таҷрибаи мусбат аст. Зеро, ҳарчанд он аз тарафи 1 нафар узви Раёсат гузаронида мешавад, (яъне субъективист), дар асл барои риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» журналистонро масъулиятшинос мекунад ва ҳам соҳибрасонаҳоро дар роҳи татбиқи ин меъёрҳо водор месозад.

Баъдан: Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки журналистони тоҷик торафт барои ба меъёрҳои байналмилалӣ расонидани журналистикаи тоҷик ва фаъолияти расонаҳо талош доранд, Ин ҳам яке аз омилҳои таъсири мусбати Мониторинг аст (ҳарчанд расман эътироф намекунанд). Читать далее Мониторинги риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣдар Тоҷикистон» дар моҳҳои март – апрели соли 2016 →

Чаро “Россия сегодня” дар Тоҷикистон сабти ном нашуд?

Ҷомеаи сиёсӣ ва расонаии Тоҷикистон ҳеч мунтазир набуд, ки хабаргузории байналмилалии “Россия сегодня” дар кишвари мо сабти ном намешавад. Зеро Тоҷикистон тақрибан дар бадали ҳеч чиз ҳузури бузургтарин Пойгоҳи низомии Русияро, ки метавонад як хатари бузурге ба суботу амнияти мо бошад, барои солҳои тӯлонӣ иҷоза дод ва ҳамчунин борҳо ба хотири Русия берун аз қонун по гузоштааст.  Читать далее Чаро “Россия сегодня” дар Тоҷикистон сабти ном нашуд? →

Ҳамоиши Матбуоти тоҷик ва Ваҳдати миллӣ дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз, 22 — уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз пажуҳишгарон, коршиносон ва рӯзноманигрон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.    Читать далее Ҳамоиши Матбуоти тоҷик ва Ваҳдати миллӣ дар Китобхонаи миллӣ →

Эътои ҷоизаи бошукуҳи СММ ба хабарнигори тоҷик

Боз аз як навиди муҳими чеҳраи хабарсози ҷомеаи журналистии Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Шафиев огоҳ намешудем, агар Шаҳнози ҳамадон аз куҷое, бо кадом роҳе ин хабарро аз Абдулфаттоҳи ҳамешахомӯш кашида намегирифту дар Фейсбук намегузошт. Суҳбати дӯстонаи мо бо Абдулфаттоҳ дар Фейсбук ҳам нохудогоҳ ба мусоҳиба табдил шуд. Ҳамчуноне ки қаблан Абдулфаттоҳ ҳамчунин гуфтугӯҳои фейсбукиашро барои хонандаи «Миллат» пешниҳод мекард, ин суҳбатро пешкаши шумо мегардонем: Читать далее Эътои ҷоизаи бошукуҳи СММ ба хабарнигори тоҷик →

Ёдат ба хайр, эй қаламкаши номурод

Шарифи Мисайзод ҳам даргузашт. Бо ранҷҳо даргузашт, шояд аз сакта даргузашт, чун хеле замонҳо медонистам, ки шиква аз дил дошт. Дар бемористони Қаряи Боло бистарӣ мешуд ва духтурони амрози қалб табобаташ мекарданд. Читать далее Ёдат ба хайр, эй қаламкаши номурод →