18-уми июл нишастҳои матбуотии Суди олӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи нафақа баргузор мешавад. Читать далее Анонс: Шермуҳаммад Шоҳиён ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳад
Архив рубрики: Хабарҳо
Коршинос: «Ниҳодҳои қудратӣ мехоҳанд, ки сензура ҷорӣ кунанд» (ВИДЕО)
Коршиносон даъвати як мақоми ниҳоди қудратии Тоҷикистонро барои худдорӣ аз пахши хабарҳо дар бораи «ҷиноятҳои вазнин» як навъ ҷорӣ кардани сензура дар фаъолияти расонаҳои мустақили кишвар унвон карданд.
Читать далее Коршинос: «Ниҳодҳои қудратӣ мехоҳанд, ки сензура ҷорӣ кунанд» (ВИДЕО)
Пиров: Эрон пахши барномаҳои телевизиони муштаракро намехоҳад
Ҷумҳурии Исломии Эрон пахши барномаҳои телевизиони муштараки се кишвари форсизабонро дар қаламрави кишвараш иҷоза намедиҳад. Дар ин бора Маҳмадсаид Пиров, раиси Кумитаи радио ва телевизион 15 июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Читать далее Пиров: Эрон пахши барномаҳои телевизиони муштаракро намехоҳад
КТР: Мушкили ифтитоҳи телевизиони форсизабонон ангезаи сиёсӣ надорад
Раиси Кумитаи телевизион ва радио (КТР)-и назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки мушкили ифтитоҳи шабакаи телевизиони форсизабонон ангезаи сиёсӣ надорад. «Бо сабабҳои барои мо номаълум Афғонистону Эрон уҳдадориҳои дар ин самт ба зиммаашон вогузоршударо иҷро накарданд», — иброз дошт ӯ. Читать далее КТР: Мушкили ифтитоҳи телевизиони форсизабонон ангезаи сиёсӣ надорад
Генерал Назарзода ҷавононро ба ваҳшат андохтанӣ нест
Сардори Раёсати вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Суғд Шариф Назарзода дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки аз ин ба баъд “баъзе ҷиноятҳои вазнин”- ро тавассути расонаҳо барои ҷомеа ифшо нахоҳанд кард, зеро, ба бовари ӯ, натиҷаҳои «номатлуб» ба бор меорад. Читать далее Генерал Назарзода ҷавононро ба ваҳшат андохтанӣ нест
Манбаи хушбахтии Шоҳиён ёфт шуд
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, имрӯз15-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, вақте журналистҳои ҷавон аз минбарҳо масъаларо баррасию пешниҳод мекунанд, худро хушбахттарин раис медонад.
“Порагирии журналисти сиёсии шабакаи 1 исбот нашудааст”
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Хайрулло Мадисоев, собиқ журналисти сиёсии Шабакаи аввал, ки соли гузашта аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод ба иттиҳоми порагирию қаллобӣ боздошт шуд, тавонистааст, бегуноҳияшро исбот кунад.
Маҳмадсаид Шоҳиён имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, Мадисоев ҳуҷҷати исботкунандаи бегуноҳияшро ба Раёсати кадрҳои Кумита пешниҳод кардааст: “Вақте ки ҳамон фактҳо тасдиқ нашуданд, мо маҷбур ҳастем, ки барои дастгирии журналистҳо, ки корманди худи мо аст, кӯшиш ба харҷ диҳем. Он чизе, ки аз тарафи худи журналист пешниҳод шуд, тавонист бегуноҳияшро исбот кунад ва дар вақти исбот кардан бо ҳуҷҷат ба Раёсати кадрҳо пешниҳод кард. Мо ин масъаларо боз як соли дигар омухтем, баррасӣ кардем”.
Роҳбарияти Кумитаи телевизион гуфт, қазияи Мадисоев ба фаъолияти касбияш низ дахл надошт: “Худо кунад, ки чунин иштибоҳҳо ё хатоиҳое, ки мегӯянд, барои мою Шумо дарс бошад”.
Аввали моҳи апрели соли гузашта Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти Хайрулло Мадисоев, рӯзноманигори идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон хабар дода, гуфта буд, ки боздошти ӯ ба фаъолияти журналистияш рабт надорад. Оз замон аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки “бар асоси тафтишот Мадисоев дар маслиҳат бо Абдусаттор Мирзоев, муҳандис-заминсози ҷамоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ аз шиносашон, шаҳрванд “А” барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ шаш ҳазор доллар пора талаб кардаанд. Мадисоев 9-уми апрел дар назди идораи телевизиони Тоҷикистон, ҳангоми гирифтани 3 ҳазор доллар аз шаҳрванд “А” боздошт гардида буд”.
Мақомот давоми тафтишоти қазия Мадисоевро аз боздошт раҳо карда буданд.
http://www.ozodagon.tj/27084-poragirii-zhurnalisti-siesii-shabakai-1-isbot-nashudaast.html
Раиси Кумитаи телевизион: Ягон бор нагуфтаам, ки фалон проблемаро нишон надиҳед…
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, ягон бор дастур надодааст, ки фалону мавзӯю мушкилӣ тариқи телевизион пахш нашавад. Читать далее Раиси Кумитаи телевизион: Ягон бор нагуфтаам, ки фалон проблемаро нишон надиҳед…
Раҳимӣ : 250 вокуниш нишон додем
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои кишвар ба саволи он, ки чаро ба сомонаҳои хориҷие, ки бар зиддӣ мо тоҷикон матолибҳо нашр мешаванд ҷавоб гуфта намешавад, гуфт, мо ба қарди имкон илман ҷавоб мегӯем. Читать далее Раҳимӣ : 250 вокуниш нишон додем
Анонс: Нишастҳои матбуотии Кумитаи телевизион ва Тоҷикстандарт
15-уми июл нишастҳои матбуотии Кумитаи телевизион, Агентии Тоҷикстандарт ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ баргузор мешавад. Читать далее Анонс: Нишастҳои матбуотии Кумитаи телевизион ва Тоҷикстандарт