— Инъикоси масоили наздимарзӣ мавзӯи ба низоъ ҳассос аст, — иброз дошт Нуриддин Қаршибоев, раиси Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), — ба он бояд журналистони ҳирфаии масъулиятшинос машғул шаванд, на “шикорчиён”-и иғво аз доираҳои атрофи журнализм. Дар раванди кор сари ин мавзӯъ на космополитизм, на ватандустии дуруғин раво нест.
Читать далее Раҳнамо доир ба инъикоси мавзӯот ва мушкилоти марбут ба масоили марзӣ →
Иқбол Тешаев (Иқбол Илёсозода), хабарнигори тоҷик ва сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 5-уми апрел бар асари беморӣ дар сини 51-солагӣ даргузашт. Ӯ аз камшумор сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ буд, ки ҳамеша бо расонаҳо суҳбат мекард. Читать далее Даргузашти Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара →
30 марти соли равон дар толори конфронсҳои меҳмонхонаи “ Khujand Star” тренинги дурӯза дар доираи лоиҳаи “Таҳкими иқтидори рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон” оғоз гардид. Тренинги омӯзишӣ аз ҷониби АМВАОМТ (НАНСМИТ) омода шудааст. Читать далее АМВАОМТ барои рушди малакаи журналистони ҷавон шароит фароҳам меорад →
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар шаҳри Душанбе, Хоруғ ва Бохтар, Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Гурдофарид” дар шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии Маркази таълимӣ-омӯзишии «Ҷаҳони Ман» дар шаҳри Кулоб бо камоли хушнудӣ аз оғози Барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигорон ва котибони матбуот, ки дар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон кор мекунанд, хабар медиҳанд. Читать далее Барномаи забони англисӣ барои рӯзноманигорон →
Суҳбати дастпарвари МТЖТ Шаҳрияи Мадгиё бо мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ Бахтиёр Қутбиддинов дар арафаи ҷашни 109-солагии матбуоти тоҷик атрофи дирӯзу имрӯзи матбуоти чопӣ Читать далее Кайфияти кори рӯзнома дигар аст →
То чӣ андоза журналистикаи электронӣ ё мултижурналистика ҷойи журналистикаи чопиро иваз карда метавонад, оё озодии матубот ҳад дорад ва он кадом аст, унсурҳои нави журналистӣ асолати журанлистикаро то кадом андоза ифода карда метавонанд, “фаъол” будани шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ паёмад дорад ва он хоси кадомин сиёсат аст ва баррасии чанде дигар мавзӯҳои муҳимми журналистикаи мусоири тоҷик дар арафаи ҷашни матбуот бо донишманд, хотираи ҳайратангези матбуоти тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов бо Мазбут Қосимов. Читать далее Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст →
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласае бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ба шуморе аз рӯзноманигорони шимоли кишвар туҳфаву диплом, медалу унвонҳои соҳаваӣ ва ҷоизаи рӯзноманигорони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ супурда шуд, аз рӯзноманигорон даъват кард, ки интиқод ҳам бикунанд. Читать далее Раиси Суғд аз рӯзноманигорон даъват кард, ки танқид кунанд, таъриф лозим нест →
12 марти соли равон дар толори конфронсҳои меҳмонхонаи “ Asia Grand Hotel” тренинги дурӯза дар доираи лоиҳаи “Таҳкими иқтидори рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон” оғоз гардид. Тренинги омӯзишӣ аз ҷониби АМВАОМТ (НАНСМИТ) омода шудааст. Читать далее АМВАОМТ барои рушди малакаи журналистони ҷавон шароит фароҳам меорад →
Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодиро дар Душанбе ҷиддӣ таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд. Читать далее CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хост, ҳамла ба хабарнигорони Озодиро ҷиддӣ бигиранд →
Ещё один сайт на WordPress