Ширкати телевизион ва радиои “Ватан” исми 50 хушсалиқаи Душанбе дар соли 2016-ро эълон кард. Читать далее 50 хушсалиқаи Душанбе дар соли 2016 кӣ буд? (Феҳраст+АКС)
Архив рубрики: Хабарҳо
«Набзи “Тоҷикматлубот” ба кӣ халал расонд?
Ба ростӣ, чунин вазъияти муташанниҷро дар таърихи нишастҳои матбуотии кишвар дар ёд надорем. Читать далее «Набзи “Тоҷикматлубот” ба кӣ халал расонд?
Шӯрои ВАО коргар меҷӯяд
Шӯрои ВАО-и ҶТ аз рӯи номгӯи вазифаҳои зерин ҷойҳои кори холиро эълон мекунад: Читать далее Шӯрои ВАО коргар меҷӯяд
Вазир: Парвандаи латукӯби Доро Суҳробӣ ба Прокуратура ирсол шудааст
Қазияи латукӯби Доро Сӯҳробӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» барои санҷиш ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон супорида шудааст. Читать далее Вазир: Парвандаи латукӯби Доро Суҳробӣ ба Прокуратура ирсол шудааст
(ВИДЕО) Вазири фарҳанг: Раҳбари “Нигоҳ”-ро огоҳ карда будем
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, нашрияи “Нигоҳ” хилофи якпорчагии кишвар ва арҷгузорӣ ба бузургии инсону шахсиятҳои алоҳида матолиб чоп мекард. Читать далее (ВИДЕО) Вазири фарҳанг: Раҳбари “Нигоҳ”-ро огоҳ карда будем
Ҳусейн Идиев: Рӯзномаву маҷалларо мебандам
Ҳусейн Идиев, роҳбари «Тоҷикматлубот» сабабҳои бастани рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот» ва маҷаллаи «Файзи Истиқлол»-и ин ниҳодро шарҳ дод. Читать далее Ҳусейн Идиев: Рӯзномаву маҷалларо мебандам
Баҳси раис бо сармуҳаррир барои басташавии 2 нашрияи “Тоҷикматлубот”
Ҳусейн Идиев, раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот” қарор кардааст, ки нашрияҳои ин ниҳод-“Набзи Тоҷикматлубот” ва “Файзи истиқлол” баста шаванд.
Ӯ имрӯз, 19-уми январ зимни нишасти хабарӣ далели басташавии нашрияҳоро набудани талабот ба онҳо арзёбӣ кард: “Таҷриба нишон дод, ки маводи ин нашрияҳо ба талаботи кормандони “Тоҷикматлубот” ҷавобгӯ нест. Тасмим гирифтем, таблиғи сиёсатро дар ин соҳа ба таври муосир тариқи сомонаи интернетӣ ба роҳ монем”.
Далели раис, ки маводи нашрияҳои басташуда ба талабот ҷавобгӯ набуд, норозигии Ҳабибулло Ёров, сармуҳаррири ин ду расонаро ба вуҷуд овард. Ӯ дар хитоб ба раис изҳор дошт, ки мушкил на дар мавод, балки дар он аст, ки моликияти соҳа аз даст рафт: “Сабаби қатъ шудан дар ин нест, ки талабот надорад. Моликияти ин соҳаро аз даст додед, бозорҳо фурӯхта шуданд, коргар кам шуд ва ба ҳамин восита талабот кам шуд. Ин маънои онро надорад, ки мавод ба талабот ҷавобгӯй набуд”.
Дар посух Идиев гуфт, изҳор дошт, ки “ман дар доираи ваколати худам барои басташавии инҳо қарор баровардам. Агар тавонед, ки ин нашрияҳо бозоргир шаванд, ман зид нестам”.
Дар ин нишаст кормандони нашрияҳои басташуда аз раис маошашонро талаб карданд, ки ба гуфтаи онҳо давоми 5 моҳи охир пардохт нашудааст.
Таъсиси комиссия барои ба ҳолати беҳтар овардани бинои “Шарқи Озод”
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, барои ба ҳолати беҳтар овардани бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” бо супориши муовини сарвазир комиссияи вижа таъсис ёфтааст. Читать далее Таъсиси комиссия барои ба ҳолати беҳтар овардани бинои “Шарқи Озод”
Номаи Раҷаби Мирзо ба Трамп: Умед дорем кишвари худро мисли “орзуҳои амрикоӣ” пешрафта мебинем
Раҷаби МИРЗО, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Ҷаноби Трамп!
Ман аслан ҳич гоҳ дар Амрико набудам. Аммо ин маънои онро надорад, ки тасаввуротам дар бораи кишвари Шумо, мисли тасаввуроти Шумо дар бораи минтақаи мост. Ёдатон ҳаст, ки замони маъракаи интихоботатон, як кишвари бузурги минтақаи мо — Ӯзбекистонро аз Ҳаракати исломии Ӯзбекистон фарқ накардед ва як давлати террористӣ номидед, ки ин ҳолат боиси ҳам сару садои зиёд ва ҳам сархамии худатон гашт? Читать далее Номаи Раҷаби Мирзо ба Трамп: Умед дорем кишвари худро мисли “орзуҳои амрикоӣ” пешрафта мебинем
Нашрияҳои «Тоҷикматлубот» баста мешаванд?
Як манбаъ аз Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и кишвар мегӯяд, ки кормандони рӯзномаи «Набзи Тоҷикматлубот» ва маҷаллаи «Файзи Истиқлол» бо гузашти беш аз панҷ моҳ (аз сентябр инҷониб) маош нагирифтаанд ва роҳбарияти «Тоҷикматлубот» тасмим дорад ин нашрияҳоро бубандад. Читать далее Нашрияҳои «Тоҷикматлубот» баста мешаванд?