Нозирони Идораи андоз ба дари даҳ расона дар маркази вилояти Суғд мӯҳр зада, далелашро «насупурдани андоз аз маоши кормандон» номидаанд. Онҳо ба намояндагони нашрияҳои чопи Душанбе дар Хуҷанд низ гуфтаанд, ки андоз аз маошашон бояд ба идораи молиёти ҷойи фаъолият пардохта шавад, на пойтахт. Читать далее Ба дари даҳ расона дар Хуҷанд мӯҳр заданд
Архив рубрики: Хабарҳо
Телевизионҳои Тоҷикистон ба маҳвораи нав гузаштанд
Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки шуруъ аз 30-уми марти соли 2017 шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Тоҷикистон ба маҳвораи нав мегузаранд.
Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ далели ин корро “ба анҷом расидани муҳлати шартномаи пахш дар моҳвораи ABS-2, ҳамзамон заруриати ҷойгир намудани телевизионҳои навтаъсиси «Варзиш» ва «Синамо» дар моҳвора бо пахши дақиқияташ баланд (HD)” унвон кардааст. Ба иттилои ин ниҳод дар ин замина бо ширкати «Yahlive» ва «Yahsat» қарордод ба имзо расонида шудааст. Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ дар ин 2 моҳвора бештар аз 30 давлати дунё пурра ва 17 давлати дигар қисман шабакаҳои телевизиониву родиёии худро нашр мекардаанд.
Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ мегӯяд, ки шуруъ аз 30 марти соли 2017 дар моҳвораҳои NSS 12 ва Yahsat 1a пахши босифати шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш» ва «Синамо», инчунин, шабакаҳои радиоии «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Фарҳанг» ва «Овози Тоҷик» таъмин мегардад.
ВОҲИД АСРОРӢ ИМСОЛ САДСАЛА МЕШАВАД
Дар саргаҳи матбуоти тоҷик афроде чун устод Лоҳутӣ ба пойтахти кишвари тозабунёди тоҷикон дар ҳайати давлати шӯроҳо шаҳри Душанбе пойи пиёда, аз қафои ароба, бо роҳи Тирмиз аз миёни найзору регзорон ҳуруфҳоро баҳри матбаа дар бағал гирифта оварда бошанд, баъдан рӯзноманигорон чун Алӣ Хуш ва бисёр дигарон он солҳо баҳри рушду инкишофи матбуот саҳми босазо гузоштаанд. Анъанаи неки онҳоро баъдан бонуи ғаюри мардсират Бӯринисо Бердиева солҳои шастуму ҳафтодуми қарни пешин идома дода, рӯзномаи «Маориф ва маданият»-ро ба яке аз нашрияҳои пурхонандатарин он солҳо табдил дод. Лек дар ташкили мактаби омӯзиши журналистика, тарбия ва ба камол расондани хабарнигорони тоҷик саҳми профессор, шодравон Воҳид Асрорӣ хеле калон ва назаррас аст. Маҳз бо саъю кӯшиш ва талошҳои ин марди шариф солҳои шастум дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ), дар факултаи филологияи тоҷик, дақиқтараш назди кафедраи фолклор ва эҷоди халқҳои шӯравӣ, ки худ муддатҳои тӯлонӣ роҳбараш маҳсуб меёфт, шуъбаи журналистика таъсис ёфт. Пасон шуъба баста ва ба ҷояш гурӯҳи махсус ташкил шуд. Зеро ҳокимони давр ба тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи журналистикаи тоҷик чандон таваҷҷуҳ надоштанд. Қабули хоҳишмандон ба гурӯҳи махсуси журналистика пас аз хатми курси якум сурат мегирифт. Зикр намудан ба маврид аст, ки қабул ба гурӯҳ шарт, талаботи худро дошт ва дар асоси озмун сурат мегирифт. Хоҳишмандонро лозим меомад, аз идораи рӯзномаи ҳамкорӣ доштаашон маълумотнома ва намунаи навиштаҳои ба табъ расондаи хешро пешкаш намоянд. Сипас озмун оғоз меёфт. Ҳар довталаб дар ин ё он мавзӯъ мавод менавишт. Ҳамин тавр, беҳтаринҳо дар ҳайати 25 нафар ба гурӯҳи махсус шомил мегардиданд. Муддати чор соли баъдина, дар машғулиятҳои ҷудогона хабарнигорони оянда, асосҳои журналистика, жанрҳои он ва ғайраро меомӯхтанд.
Профессор Воҳид Асрорӣ тавонист баҳри таълиму тарбияи журналистони оянда мутахассисони варзида, ҳамчунин журналистони собиқадорро ҷалб намояд. Юсуф Нуралиевро аз ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон таклиф намуд. Иброҳим Усмон донишгоҳро дар Русия хатм намуда, ба ҳайати устодон пайваст. Асадулло Саъдуллоев ва Набиҷон Каримов дар котиботи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») фаъолият доштанд, ҳамзамон ба донишҷӯён кори саҳифабандии рӯзномаро меомӯхтанд. Пасон ба сафи устодон Пайванди Гулмурод ва бисёр дигарон шомил гардиданд. Ҳама якҷоя дар тарбия ва камолоти журналистони оянда саҳми босазо гузоштаанд. Онҳоро профессор Воҳид Асрорӣ сарварӣ мекард. Солҳои аввали соҳибистиулолии Тоҷикистон бошад, факултаи журналистика таъсис ёфт. Барои қаламкашони тоҷик ин рӯйдоди фараҳбахш маҳсуб мешуд. Профессор аз зумраи нафароне ба ҳисоб мерафт, ки дар тарбияи насли ҷавон, мутахассисони оянда сидқан ва ҷиддан заҳмат ба харҷ медод. Нақл мекунанд, ки ҳангоми роҳбари факултаи филологияи тоҷик будан, қатори донишҷӯён барои мухлисии дастаи футболи факулта меравад. Он вақтҳо байни факултаҳои университет бозиҳои гуногуни варзишӣ тез-тез сурат меирифт. Аз ҷумла, мусобиқаи футбол барои ба даст овардани ҷоми университет. Дар яке аз бозиҳо донишҷӯе ба дарвозаи ҳарифон гол мезанад, ки боиси пирӯзии дастаи футболи факулта мегардад. Пас аз анҷоми вохӯрӣ профессор пурсон мешавад, ки донишҷӯи голзада стипендия мегирад ё не? Ба ӯ хабар медиҳанд, ки ин донишҷӯ дар рӯйхати гирандагони стипендия нест. Дарҳол фармони бо стипендия таъмин намудани он донишҷӯро мебарорад. Ин амали профессор гувоҳ аз хайрхоҳияш нисбат ба донишҷӯён буд. Соли равон ба зодрӯзи профессор Воҳид Асрорӣ, устоди журналистони тоҷик сад сол пур мешавад. Хушбахтона, имрӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷоизаеро барои донишҷӯёни факултаҳои журналистика ба номи устод таъсис додааст. Ин натиҷаи заҳмату талоши ӯ дар тарбияи мутахассисони соҳа аст. Яъне шохаи мактаби журналистикаи тоҷик сабзу пургул аст.
Чаро Хуҷандизан телевизионро ба суд дод?
Сокини шаҳри Хуҷанд, Гулнора Аминова телевизиони “Танин”-ро ба суд дод. Зан даъво дорад, ки телевизиони мазкур дар як намоиши худ ба шавҳари собиқи ӯ-Қурбон Алиев минбар дод ва ин мард дар ҳаққи ӯ гӯё суханони шаъну шарафашро резонанда гуфтааст. Даъвогар барои ба туфайли ин намоиш паст “шудан”-и шаъну шарафаш 800 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб кардааст. Айни ҳол додгоҳ нисбати телевизиоини “Танин” бо иттиҳоми “ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ”, парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Читать далее Чаро Хуҷандизан телевизионро ба суд дод?
Матбуоти тоҷик 105-сола шуд
Ба ин хотир 10 марти соли равон дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷамъомади идона доир гардид. Читать далее Матбуоти тоҷик 105-сола шуд
Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд
10 марти соли равон дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар ин маросим намояндагони тамоми ВАО-и кишвар иштирок намуданд. Читать далее Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд
Рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият» таърихи 92-сола дорад
«Миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад, ҳар қавму миллатро бе доштани рӯзнома тасаввур кардан ғайриимкон аст».
Садриддин Айнӣ Читать далее Рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият» таърихи 92-сола дорад
Таъиноти кадрӣ дар телевизион
Давлатзода Зевар аз вазифаи Директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» озод шуд. Читать далее Таъиноти кадрӣ дар телевизион
Қатъи фаъолияти маҷаллаи «Забони порсӣ» дар Тоҷикистон
Маҷаллаи “Забони порсӣ”, ки аз сӯйи Бунёди иҷтимоии “Забони модарӣ” дар Тоҷикистон нашр мешуд аз ин ба баъд нашр намешавад. Дар ин бора яке аз муассисони гуруҳи “Забони порсӣ” дар шабакаи Фейсбук Дориюши Раҷабиён иттилоъ додааст. Аз ҷумла Дориюши Раҷабиён навиштааст: “Бо таассуфи фаровон эълом мешавад, ки бону Зарафшон Мардонова аз мақоми раёсати Бунёди иҷтимоъии «Забони модарӣ» канор меравад; ин бунёд ва маҷаллаи «Забони порсӣ» таътил мешаванд”.
Читать далее Қатъи фаъолияти маҷаллаи «Забони порсӣ» дар Тоҷикистон
Президент ректорони 5 мактаби олиро иваз кард
Ҳамчунин чанде аз роҳбарони шабакаҳои телевизионии кишвар низ иваз шуданд.