Архив рубрики: Хабарҳо

Сафари Розенблюм ба Тоҷикистон: Аз USAID то озодии баён

Даниэл Розенблюм, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзи 2 май ба ноҳияи Рашт сафар карда ва дар он ҷо бо фаъолони ҷомеаи маданӣ дидор кардааст. Гуфта мешавад, дар ин дидор масоили озодии баён, ҳуқуқи инсон ва таҳкими инстистутҳои демократӣ матраҳ шудаанд. Читать далее Сафари Розенблюм ба Тоҷикистон: Аз USAID то озодии баён →

Freedom House Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои матбуоташ ноозод шомил кард

Ин гузориши нави созмони «Хонаи Озодӣ» дар остонаи рӯзи ҷаҳонии озодии баён ба нашр расид.

Читать далее Freedom House Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои матбуоташ ноозод шомил кард →

Тоҷикистон – дар миёни 66 кишвари матбуоташон ноозод

Созмони «Хонаи Озодӣ» ё Freedom House имсол Тоҷикистонро бо 87 хол дар миёни 66 кишвари матбуоташон ноозоди ҷаҳон ҷой додааст. Муаллифони гузориши «Озодии матбуот — 2017» гуфтанд, ки матбуоти нисбатан озод дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон (67 хол) буда, ба дунболаш Қазоқистон (85 хол) истодааст. Узбакистон бо 95 ва Туркманистон бо 98 хол дар қатори даҳ кишвари вазъи матбуоташон аз ҳама бад қарор доранд.

Ин гузориши нави созмони «Хонаи Озодӣ» дар остонаи рӯзи ҷаҳонии озодии баён, ки ҳар сол 3 май таҷлил мешавад, ба нашр расидааст. Дар ин гузориш вазъи озодии матбуот дар ҷаҳон тибқи ҷадвали аз 0 то 100 хол баҳогузорӣ шуда, рақамҳои аввал баёнгари вазъи хуби озодии матбуот ва рақамҳои охирин баёнгари вазъи бад гуфта шудаанд.

Freedom House мегӯяд, дар маҷмуъ, дар соли гузашта сатҳи озодии матбуот дар ҷаҳон поин шуд ва дар ҳоли ҳозир танҳо 13 дар сади аҳолии дунё дар кишварҳои матбуоташон озод ба сар мебаранд. Як хабарнигори тоҷик рӯзи 29 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран фишор болои матбуоти озод дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад, аммо кишварҳои пасошӯравие ба мисли Тоҷикистон онро бо баҳонаи мубориза бо терроризм шиддат бахшидаанд.

Ӯ гуфт, «ҳоло натанҳо дарёфти иттилоъ мушкил шудааст, балки ҳатто листи мавзӯъҳои табу ё номумкин ҳам меафзояд. Дар ин сурат, ба ҷуз иттилои расмӣ, ки дастрас мешавад ё хабарҳои хурду реза чизи дигаре навиштан мушкил аст».

Харитаи вазъи хубу бади озодии матбуот аз нигоҳи Гузоришгарони бидуни марз

Харитаи вазъи хубу бади озодии матбуот аз нигоҳи Гузоришгарони бидуни марз

​

Охири ҳафтаи гузашта созмони “Гузоришгарони бидуни марз” низ вазъи матбуот дар Тоҷикистонро дар соли 2017 “тамоюли хатарнок” номида буд. Ин созмон, ки аз назари муҳити кори журналистони мустақил ва ҳам озодии баён Тоҷикистонро дар мақоми 149-ум қарор дод, мегӯяд, ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст.

Дар шарҳи мухтасари муҳаққиқон аз ҷумла, гуфта шудааст, ки дар кори ҳамарӯзаи худ журналистони мустақил дар Тоҷикистон бо пурсишҳои ходимони ҳифзи ҳуқуқ ва таҳдид рӯбарӯ мешаванд. Инчунин, муҳаққиқони ин созмони байналмилал навиштанд, “назорат аз васоили мухобирот як таҷрибаи маъмулӣ буда, масдудсозии вебсайтҳои хабаррасон ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ доимӣ шудааст”.

Ин созмон инчунин аз басташавии чанд расонаи мустақил дар соли 2016 ва ҳам ҷоришавии назорати давлатӣ аз сиёсати таҳририяи расонаҳо ҳамчун намунаи маҳдудшавии шароити кори расонаҳои мустақил хабар додааст. Аммо намояндагони мақомоти Тоҷикистон арзёбиҳои муҳаққиқони байналмилалиро зери суол бурданд.

Аз ҷумла, ​Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин хулосаҳо воқеият надорад”. Вай гуфт, дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вазъи матбуот дар Тоҷикистон “беҳтар аст”.

Олимҷон Салимзода

Олимҷон Салимзода

Дар мавриди баста шудани баъзе нашрияҳо, оқои Салимзода гуфт, ин расонаҳо “қонуни матбуот ва Қонуни асосии кишварро риоя накарданд”. Вай афзуд, “ин ба маънои фишор овардан болои расонаҳои мустақил нест” ва ба эътимоди ӯ, озодии баён дар Тоҷикистон муроот мешавад.

Соли 2016 созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар бораи басташавии чаҳор расона ва як оҷонсии хабарӣ иттилоъ доданд.

http://www.ozodi.org/a/28458745.html

Нашрияи «Нақлиёт» 20- сола шуд

Аз нашри нахустин шумораи рӯзномаи соҳавии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Нақлиёт» 20 сол сипарӣ гардид. Ба ифтихори 20-солагии нашрияи «Нақлиёт» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорат, инчунин масъулини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маҷлиси тантанвӣ баргузор гардид. Читать далее Нашрияи «Нақлиёт» 20- сола шуд →

Манижаи Давлат бармегардад, агар…

Аз ситораҳои эстрадаи тоҷик хоҳиш шудааст, ки бо ВАО сӯҳбат накунанд, дар аски ҳол ба «рӯйхати сиёҳ» бармегарданд ва сабти суруду оҳангҳояшон аз шабакаҳои давлатӣ пахш карда нахоҳанд шуд. Читать далее Манижаи Давлат бармегардад, агар… →

Ҳушдор ба «ситораҳо» — агар бо ВАО суҳбат кунед, ба «рӯйхати сиёҳ» бармегардонем

Шабнам, Садриддин ва Фарзона ба телевизион бармегарданд. Бо шарти…

Читать далее Ҳушдор ба «ситораҳо» — агар бо ВАО суҳбат кунед, ба «рӯйхати сиёҳ» бармегардонем →

RSF: «Тамоюли хатарнок»-и Тоҷикистон, ҳамлаҳои лафзии Трамп ва ҷасорати матбуоти Афғонистон. ВИДЕО

Созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” вазъи матбуот дар Тоҷикистонро дар соли 2017 таҳқиқ карда онро бо ибораи “тамоюли хатарнок” қаламдод кардааст. Ин созмон, ки аз назари муҳити кори журналистони мустақил ва ҳам озодии баён Тоҷикистонро дар мақоми 149-ум қарор додааст, мегӯяд, ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст. Читать далее RSF: «Тамоюли хатарнок»-и Тоҷикистон, ҳамлаҳои лафзии Трамп ва ҷасорати матбуоти Афғонистон. ВИДЕО →

Дар рейтини озодии матбуот Тоҷикистон паҳлӯи Русия ҷой гирифт

Дар раддабандии соли гузашта Тоҷикистон якбора 34 зина поин рафта, дар мақоми 150 ҷой гирифта буд.

Читать далее Дар рейтини озодии матбуот Тоҷикистон паҳлӯи Русия ҷой гирифт →

Тоҷикистон аз Русия як зина поён аст

Созмони Хабарнигорони бидуни марз бо нашри гузориши нав дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 149-ум қарор додааст. Читать далее Тоҷикистон аз Русия як зина поён аст →