Аз 23 то 27-уми октябр, рӯзноманигорон дар доираи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии молиявии давлатӣ» кор бо буҷаи соҳаи тандурустиро хоҳанд омӯхт. Семинари омӯзиширо ТҶ «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» — бунёди мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир амалӣ менамояд. Читать далее Рӯзноманигорон буҷаи тандурустиро «баррасӣ» мекунанд
Архив рубрики: Хабарҳо
Кӯчонидани ҳамаи шабакаҳои телевизион ба «Душанбе Плаза»
Сари 8 шабакаи телевизион сухан меравад, аз ҷумла «Сафина» низ, ки бинояш кӯчонида мешавад. Читать далее Кӯчонидани ҳамаи шабакаҳои телевизион ба «Душанбе Плаза»
Телевизионҳо ба Душанбе-Плаза кӯч мебанданд?
Ҳамаи 9 шабакаи телевизионии давлатии Тоҷикистон аз Кумитаи телевизион ва радио номаи расмӣ гирифтаанд, ки пешниҳоди кӯчидан ба бинои баландтарини пойтахт – «Душанбе – Плаза”-ро баррасӣ кунанд. Кормандони бархе шабакаҳо мегӯянд, масъалаи кӯчондани онҳо ба «Душанбе-Плаза” алакай ҳал шудааст ва ин нома танҳо барои анҷоми расмиёт аст. «Душанбе – Плаза”-ро дар вақташ ширкати марбут ба хонаводаи соҳибкори ҳоло зиндонӣ Зайд Саидов сохта буд.
Читать далее Телевизионҳо ба Душанбе-Плаза кӯч мебанданд?
Дар Маскав нашрияҳои тоҷикӣ ва узбекӣ нашр мешавад
Мақомоти вилояти Маскави Русия тасмим гирифтааст барои муҳоҷирони тоҷику узбак дар нашрияҳои фаъоли минтақа гӯшаҳое вижае созмон бидиҳад. Читать далее Дар Маскав нашрияҳои тоҷикӣ ва узбекӣ нашр мешавад
Сармуҳаррир ва муассиси «Дунё Fm» ба мувофиқа расиданд
Сармуҳаррири радиои “Дунё Fm”-и шаҳри Истаравшан Маҳина Атоева, ки чанде пеш аз болои муассис ва роҳбарияти радиои мазкур ба суди ин шаҳр шикоят бурда буд, бо роҳбарияти радио ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора худи рӯзноманигор Маҳина Атоева иттилоъ дод. Читать далее Сармуҳаррир ва муассиси «Дунё Fm» ба мувофиқа расиданд
Тасмими мақомоти вилояти Маскав барои нашри рӯзнома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Мақомоти вилояти Маскави Русия тасмим гирифтааст барои муҳоҷирони тоҷику узбак дар нашрияҳои фаъоли минтақа гӯшаҳое вижае созмон бидиҳад. Читать далее Тасмими мақомоти вилояти Маскав барои нашри рӯзнома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Ғалабаи «Имрӯз» дар tajikistantimes.tj
Тӯли чанд моҳ аст, ки сомонаи tajikistantimes.tj озмуни “Ягона аз даҳгона”-ро роҳандозӣ намудааст. Ҳадафи озмуни мазкур муайян намудани маҳбубияти ровиён, сарояндагон, ҳаҷвнигорон, ҳамчунин васоити гуногуни ахбори омма дар байни мардум мебошад. Читать далее Ғалабаи «Имрӯз» дар tajikistantimes.tj
HRW Тоҷикистонро ба риояи ҳуқуқи башар даъват кард
Қарор аст рӯзи панҷшанбеи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе 9-умин музокироти сатҳи баланди мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар, баргузор шавад. Интизор меравад барои ширкат дар ин ҷаласа аз Брюссел Питер Буриан, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва Тайво Клаар, раиси бахши Осиёи Марказӣ дар департаменти умури хориҷӣ, ташриф биёранд.
Читать далее HRW Тоҷикистонро ба риояи ҳуқуқи башар даъват кард
Директори «Ховар» монополия ба маълумоти ҳукуматро рад кард
Ахиран намояндагони ВАО-и мустақили Тоҷикистон ба баъзе мушкилоти дастрасӣ ба маълумот аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ дучор мешаванд.
Читать далее Директори «Ховар» монополия ба маълумоти ҳукуматро рад кард
Бобоҷон Икромов 60–сола шуд
Вақте сухан аз телевизон равад, пеши назарам ҳатман кору корномаи Бобоҷони Икром падидор мешавад. Ӯ дар 35-солагӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон интихоб шуд. Собит кард, ки агар рӯзноманигор намебуд ҳам як вазири тавоно буда метавонист. Таърих ҳамоно ёд надорад (шояд танҳо ман), ки як вазири тоҷик рӯзноманигор шуда бошад. Ҳамон гуфтаи Отто фон Бисмарк, асосгузор ва аввалин канслери Олмон, ки мегуфт, “аз 10 рӯзноманигор метавон 10 вазир сохт, вале аз 10 вазир наметавон ҳатто як рӯзноманигор берун овард”, шояд ба дарди мо хӯрад. Аммо дар мавриди ҳатто рӯзноманигороне, ки ба курсиҳои қудрат такя задаанд, бозгашт ба рӯзноманигорӣ як қаҳрамонӣ ё садоқат ба касб аст. Бобоҷони Икром аз ҳамин қабил аст. Ӯ дар вазифа дер намонд. Рафт. Аммо худро ба дарёи пурталотуми рӯзноманигорӣ андохт… Читать далее Бобоҷон Икромов 60–сола шуд