Архив рубрики: Таҳлил
Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ
Сарфи назар аз қабул шудани Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (№ 961 аз19 марти соли 2013) ва ворид намудани механизми мукаммали дастрасӣ ба иттилоот, ҳамоно вазъи дастрасӣ ба иттилоот нигаронкунанда боқӣ мемонад. Гурӯҳи мониторингии АМВАОМТ (НАНСМИТ) тасмим гирифт, ки ба расонаҳо ташриф оварда, мушкили ҳар яки онҳоро барои дастрасӣ ба иттилоот бифаҳмад. Читать далее Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ
Иброҳим Усмонов: Кӣ намехоҳад, ки матбуот боодоб бошад?
Рӯзи 12 декабри соли ҷорӣ Ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои ВАО-и ҶТ) баргузор мегардад. Ин ниҳоди ҷамъиятӣ, ки ба хотири назорат ва танзими «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» таъсис шуда буд, дар тӯли қариб чор соли фаъолияташ ба рисолати хеш то куҷо ҷавобгӯ буду ҳаст? Читать далее Иброҳим Усмонов: Кӣ намехоҳад, ки матбуот боодоб бошад?
Сомонаҳои хабарии Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ
Ҷовид Муқим,
профессори кафедраи журналистикаи ДМТ
Аз рӯи маълумоти сомонаи http://www.toptj.com 666 сомона ба феҳристи сомонаҳои Тоҷикистон шомил шудаст, ки аз ин теъдод 49 сомона ба ВАО иртибот мегирад. Имрӯз аксари корхонаву ташкилот ва муассисаҳои чи хусусиву чи давлатӣ сомонаӣ худро таъсис додаанд, ки қисми зиёдашон характери корпоративӣ дошта, барои аудиторияи васеи ҷӯяндагони иттилои муҳиму саривақтӣ ва ҷолиб пешбинӣ нашудаанд. Аз ҷониби дигар, хабарҳои сомонаҳои корпоративӣ низ доимо нав намешаванд. Бинобар ин хонандаҳои онҳо кам аст.
Аз 49 сомонаи марбути ВАО низ аксарашон фаъол нестанд ва ё характери иттилоотӣ надоранд. Баъзе сомонаҳо, ки ба газетаҳо тааллуқ доранд, танҳо рӯзи чопи нашрия хабар ё маводи нав нашр мекунанд. Баъзе сомонаҳо бошанд, Бинобар набудани маблағ ва нерӯи корӣ иқтидори зарурӣ барои дарёфти хабари нав надоранд.
Масалан, сомонаиhttp://www.navid.tj дар аввали таъсисёбиаш соли 2012 хеле фаъол буд. Вале ҳоло дар он баъзе рӯзҳо 1 ё 2 хабари нав гузошта мешавад. Сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии Рӯзгор (http://ruzgor.tj/) бошад, рӯзе як ё ду хабар пахш мекунад. Ҳамчунин вобаста ба Тоҷикистон сомонаҳои хориҷӣ, ки аслан дайҷестанд аз қабилиhttp://www.toptj.com , «Независимое мнение» — http://nm.tj (ақидаи мустақил) ахбори зиёд чоп мекунанд. Вале онҳо худ мавод наменависанд. Аз ҷумла, сомонаи иттилоотии http://www.toptj.com лоиҳаи тиҷоратии Русия буда, ба проблемаҳои Тоҷикистон нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, ҳоло мо чанд сомонаеро баррасӣ мекунем, ки дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, воқеан ҳам, дар истеҳсол ва пахши ахбори нави маҳалливу хориҷӣ фаъоланд. Сомонаҳои мазкур аксаран ба оҷонсиҳои иттилоотӣ ва ё расонаҳо тааллуқ доранд.
Қобили зикр аст, ки дар фазои иттилоотии кишвар аввал расонаҳо ва оҷонсиҳои иттиллотӣ пайдо шуданд ва баъдан онҳо сомонаҳои худро барои пахши маводи худ таъсис доданд. Албатта, ин ҷо истисно он аст, ки сомонаи http://www.navid.tj(муассисаш гурӯҳи соҳибкорон) ба расонае тааллуқ надорад ва ё муассиси сомонаи ruzgor.tj Султони Ҳамад баъдан газетаи «Рӯзгор»-ро таъсис додааст.
Феълан сомонаҳои оҷонсиҳои иттилоотии АМИТ «Ховар», ОИ «Aзия плюс», ОИ «Авеста», ОИ ТojNews, ОИ «Озодагон», сомонаи расонаҳои Медиахолдинги «Оила» —http://www.pressa.tj ва сомонаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон —http://www.faraj.tj дар фазои иттилоотии кишвар мақоми хосае доранд.
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» (http://khovar.tj/) оҷонсии марказии давлатии иттилоотии кишвар буда, соли 1925 ҳамчун Агентии телеграфии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар таркиби ТАСС ба фаъолият шурӯъ кардааст. ТоҷикТА 10 апрели соли 1992 баъди мустақилияти давлатии ҷумҳурӣ ба Агентии миллии иттилоотии назди Ҳукумати Тоҷикистон табдил дода шуд. АМИТ «Ховар» имрӯз ягона оҷонсии иттилоотии ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Оҷонсӣ хабарҳоро бевосита аз манбаъҳои асосии онҳо ба даст оварда, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ пахш мекунад. Сомонаи АМИТ «Ховар» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавод нашр мекунад.
Оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон «Aзия плюс» шомили медиагурӯхӣ «Asia-Plus» буда, тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шудааст. Моҳи апрели соли 1996 ҳамзамон ба забонҳои русӣ ва англисӣ шумораи якуми варақаи иттилоотию таҳлилии он интишор гардид. «Aзия плюс» дорои шабакаи хусусии хабарнигорон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, инчунин дар Русия, ИМА, Бритониёи Кабир мебошад. Сомонаи иттилоотии http://www.news.tj(www.asiaplus.tj) аз рӯйи шумораи корбарон пешсафи мутлақ дар ҳавзаи интернетии TJ мебошад.
ОИ «Авеста» моҳи марти соли 2004 аз ҷониби Хазинаи «Кӯҳи Нор» (Зафар Абдуллоев) таъсис ёфта, аввалин расонаи онлайнӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳоло оҷонсӣ ба ТММ «Муҳаммад-Билол» тааллуқ дорад.
Сомонаи http://www.pressa.tj ба Медиа-холдинги «ОИЛА» тааллуқ дошта, аз соли 2010 яке аз сомонаҳои фаъоли русзабон маҳсуб мешавад. Қаблан сомона ба забони тоҷикӣ низ фаъол буд, вале ҳоло баъзе рӯзҳо як ё ду хабар дар он ба забони тоҷикӣ гузошта мешавад.
Оҷонси иттилоотии умумимиллии ТojNews як лоиҳаи Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» мебошад. Сомонаи http://www.TojNews.org аз моҳи августи соли 2009 фаъол аст ва танҳо ба забони тоҷики мавод пахш мекунад.
Оҷонсии иттилотии «Озодагон» http://www.ozodagon.com аз ҷавонтарин хабаргузориҳои Тоҷикистон маҳсуб шуда, аз моҳи майи соли 2011 фаъолият дорад. Хабаргузорӣ ҳоло бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр намуда, метавонад бо ОИ «Азия плюс» рақобат кунад. Махсусан, саҳифаи русии он дар баробари саҳифаи тоҷикиаш хеле фаъол аст. Албатта, ин аз ба оҷонсӣ ба кор омадани журналисти соҳибтаҷриба Марат Мамадшев вобаста аст.
Сомонаи http://www.faraj.tj ба Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тааллуқ дошта, агар қаблан дар он танҳо маводи рӯзномаҳои маркази мазкур нашр мешуда бошанд, соли равон сомона бештар характери иттилоотӣ гирифтааст ва дар он қариб ҳамарӯза мавод ба забони тоҷикӣ чоп мешавад. Масалан, рӯзи 1 декабри соли равон, ки аксари сомонаҳо хабаре нашр накардаанд, сомонаи http://www.faraj.tj хабари «Ҳунарманди «Форсаж» дар садама ҳалок шуд»-ро, соати 16-у 16 пахш кард.
Аз таҳлили маводи чандрӯзаи сомонаҳои номбурда бармеояд, ки ҳар як оҷонсӣ дар рӯзҳои кории ҳафта вобаста аз рӯйдод хабар медиҳад. Масалан, ОИ «Азия плюс» ба ҳисоби миёна дар як рӯз 40 хабар пахш мекунад.
Рӯзи 27 ноябри соли 2013 сомонаи http://news.tj/ru аз соати 7 –у 34 дақиқа то соати 18-у 34 дақиқа ба муштариёнаш 42 хабар пешниҳод кардааст. Сомонаи мазкур ҳамон рӯз ба забони тоҷикӣ 16 хабар ва ба забони англисӣ 11 хабар нашр кардааст.
ОИ «Озодагон» 27 ноябр 10 хабари тоҷикӣ ва 6 хабари русӣ пахш кардааст.
ОИ «Tojnews» 27 ноябр ҳамагӣ 16 хабари ба забони тоҷикӣ пахш кардааст.
27 ноябри соли 2013 сомонаи http://www.pressa.tj 26 хабари русӣ нашр кардааст.
АМИТ «Ховар» 27 ноябр ҳамагӣ 26 хабари тоҷикӣ, 21 хабари русӣ ва 3 хабари англисӣ нашр кардааст.
27 ноябр ОИ «Авеста» 26 хабари русӣ пахш кардааст. Сомонаи мазкур қаблан ба русиву англисӣ хабар чоп мекард. Ҳоло бошад, бахши англисии сомона аз 19 марти соли 2013 фаъол нест.
Бахши тоҷикии ОИ «Ховар» рӯзи 29 ноябр аз соати 9-у 33 дақиқа то 19-24 дақиқа 24 хабар пахш кардааст. Бахши русии «Ховар бошад, дар як рӯз ҳамагӣ 12 хабар гузоштааст. Ҳамон рӯз дар бахши англисии оҷонсии мазкур ҳамагӣ 3 хабар пахш шудааст.
Ҳамон рӯзи 29 ноябри соли 2013 дар портали http://www.pressa.tj/ 24 хабар пахш шудааст. Ин ҷо бояд гуфт, ки хабари аввалин соати 9-у 15 ва хабари охирин соати 15-46 соати дар сомона гузошта шудааст.
ОИ «Азия Плюс» (news.tj/ru) ҳамон рӯзи 29 ноябри соли 2013 дар сомони худ ба забони русӣ 39 хабар, дар бахши тоҷикӣ 17 хабар ва англисӣ 11 хабар нашр кардааст.
29 ноябр ОИ «Озодагон» 22 хабари тоҷикӣ ва 11 хабари русӣ нашр кардааст.
Сомонаи http://www.faraj.tj бошад, ҳамон рӯз 11 хабарро дар сомонааш гузоштааст.
Ба назари мо зиёд будани теъдоди хабарҳои русӣ дар забони асл будани он иртибот мегирад. Яъне, ин теъдод аз ҳисоби хабарҳои хориҷии русӣ зиёд шудааст. Бояд гуфт, ки дар ОИ «Азия Плюс» ва «Авеста», сомонаи http://www.pressa.tj хабарҳо аввал ба забони русӣ омода мешаванд ва баъдан ба дигар забонҳо тарҷума мешаванд. Дар АМИТ «Ховар» бошад, хабарҳо ба тоҷикиву русӣ навишта шуда, баъдан ба дигар забонҳо тарҷума мешаванд.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои шанбе аксари хабаргузориҳо пурра кор намекунанд ва бинобар ин камтар хабар пахш мекунанд. Масалан, 30 ноябр бахши русии ОИ Азия Плюс (www.news.tj) ҳамагӣ 13 хабар, бахши тоҷикиаш низ 13 хабар ва бахши англисиаш-11 хабар, ОИ «Авеста» (www.avesta.tj/) — 11 хабар, ОИ Tojnews ҳамагӣ 1 хабар, ОИ «Озодагон» 13 хабари тоҷикӣ, 17 хабари русӣ, портали http://www.pressa.tjҳамагӣ 6 хабари русӣ пахш кардааст. Сомонаи http://www.faraj.tj бошад, 30 ноябри соли 2013 ҳамагӣ 4 хабар нашр кардааст.
Дар муқоиса ба сомонаҳои хусусӣ ОИ «Ховар» рӯзи шанбе, 30 ноябри соли 2013 ҳамагӣ 10 хабари тоҷикӣ ва 8 хабари русӣ нашр кардааст. Дар бахши англисии сомонаи khovar.tj/eng/ он рӯз ягон хабар гузошта нашудааст.
Рӯзҳои якшанбе дар ҳамаи оҷонсиҳои иттилоотӣ рӯзи истироҳат аст ва бинобар ин дар сомонаҳои онҳо хабаре нашр намешавад.
Аз рӯи ҳисоби мо, хонандаҳои сомонаи news.tj нисбат ба дигар сомонаҳои мавриди пажӯҳиш зиёдтар аст. Албатта, ин аз ҷолибият ва аҳамиятнокии хабар вобаста аст. Масалан, хабари «Рустами Эмомали возглавил Таможенную службу»-ро, ки соати 12- у 11 дақиқаи 30-юми ноябри соли 2013 гузошта шудааст, то соати 8-и 2 декабри соли равон 11 ҳазору 200 нафар мутолиа карданд. Ҳамин хабар дар бахши тоҷикии сомона соати 13 гузошта шуд ва онро то соати 8-и 2-юми декабр ҳамагӣ 818 нафар мутолиа карданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки бахши русии сомонаи мазкур нисбат ба бахши тоҷикиаш серхонанда аст.
Дар баробари фаъолияти пурсамари сомонаҳои иттилоотӣ бояд зикр кард, ки дар маводи онҳо баъзан вайрон кардани Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ва «Одобномаи шаҳрванди электронӣ» ба назар мерасад.
Масалан, дар хабари «Иран планирует возобновить финансирование достройки тоннеля «Истиклол» в декабре» (http://news.tj/ru/news/iran-planiruet-vozobnovit-finansirovanie-dostroiki-tonnelya-istiklol-v-dekabre) , ки 29 ноябри соли равон дар сомонаи http://news.tj/ru нашр гардидааст, саҳеҳияти рақами оморӣ вайрон шудааст: «Протяженность тоннеля «Истиклол» составляет 5,2 км и на сегодня на строительство этого объекта уже ушло $10 млн. – до прихода иранской стороны были выполнены проходческие работы протяжённостью в 1 км. В 2003 году Иран и Таджикистан подписали соглашение о строительстве тоннеля, а размер финансирования составил $39 млн. Из этих средств $10 млн. грантовое финансирование правительства Ирана, $7,8 млн. — доля таджикского правительства и $21,2 млн. – кредит иранской стороны». Ин ҷо аз аввали сохтмон 10 миллион доллар масраф шуд, гуфтан хато аст.
Аз рӯи моддаи 2-юми Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд .
Дар хабари дигари сомонаи мазкур «На востоке Таджикистана застрелен директор угольного месторождения «Назарайлок», ки 3 сентябри соли 2013 чоп шудааст (http://asia-plus.tj/ru/news/na-vostoke-tadzhikistana-zastrelen-direktor-ugolnogo-mestorozhdeniya-nazarailok) синни мақтул, вақти куштор ва ҷои ҳодиса хато оварда шудааст: «На востоке Таджикистана неизвестными лицами убит директор угольного месторождения «Назарайлок» 59-летний Нуриддин Темиров. Как сообщили «АП» в правоохранительных органах, трагедия произошла в ночь на 2 сентября в административном центре Раштского района – Гарме. «Вооруженные люди пробрались в рабочий кабинет Темирова и произвели в него семь выстрелов в голову и грудную клетку, от чего тот скончался на месте происшествия», — отметили в МВД». Ин хабарро сомонаи «Азия плюс» соати 10-у 15 дақиқа нашр кардааст. Хабари мазкурро сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 45 дақиқа пештар ба чунин зайл овардааст:
Куштор дар кони ангишти “Назар-Айлоқ”
03 09 2013, 09:34 http://mvd.tj/index.php/tj/
«Тахминан соати 00:30 дақиқаи шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли равон шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти “Назар-Айлоқ”-и ноҳияи Рашт, шаҳрванд Темиров Нуриддин соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи тамғаи “Макаров” ӯро паронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ба ҳалокат расидааст».
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 29-уми Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» журналист ӯҳдадор аст, ки саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад.
Дар хабари дигари ин оҷонсӣ, ки 9 октябри соли 2012 чоп шудааст, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби факултаи тиббӣ шудааст:
«Кулябский медколледж будет готовить молодежь к поступлению в главный медицинский вуз страны
09/10/2012 11:26
«…. По словам Назарова (директор колледжа), такое право медколледж получил по итогам 2011/2012 года, когда в результате тестирования 8 слушателей из экспериментального подготовительного отделения были непосредственно зачислены в Медуниверситет, четверо выдержали экзамены на медицинский факультет Национального университета, а еще два человека сумели поступить в медвузы Украины».
Хатои ин хабар дар он аст, ки ДМТ факултаи тиббӣ надорад. Дар донишгоҳ факултаи дорусозӣ ҳаст, ки пурра ба тариқи шартнома донишҷӯ қабул мекунад.
Баъзан журналистон фактҳоро насанҷида аз пеши худ хулосабарорӣ мекунанд. Масалан, дар хабари ОИ «Озодагон» «Садамаи мошини “тӯёна” 3 фавтида барҷой гузошт», ки 19 августи соли 2013 ба табъ расид (http://www.ozodagon.com/casia/tj/11846-sadamai-moshini-tena-3-favtida-baroy-guzosht.html) мухбир дар бораи фавтидани шахси сеюме, ки 17 сентябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, дар наздикии гардиш ба деҳаи Қулписта ба садама дучор шуда буд, иттилоъ медиҳад. Ӯ менависад, ки «Шоҳидони садама мегӯянд, ин ҷавонон дар туйи арусии дусташон дар ҳолати мастӣ савори мошин шуда, суръати ҳаракатро хеле баланд кардаанд». Ин гуфтаи мухбир билкулл хатост, зеро ин ҷавонон ҳар се тақводор буданд ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намекарданд.
Тибқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – усули фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд .
ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд. Журналист набояд зери таъсири шахсони алоҳида, гурӯҳи алоҳида монад ва ӯ набояд ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ бартарӣ диҳад.
Дар хабари мазкури сомонаи http://www.tojnews.org «Идомаи суди «ИмрӯзNews» ва Ҳукумов», ки 20 феврали соли 2013 интишор шудааст, муаллиф аз шахси манфиатдор иттилоъ мегирад, ки вайро суд муттаҳам медонад: http://www.tojnews.org/idomai-murofiai-sudii-hikumov
«Адвокати Рустам Ҳукумов, писари роҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар мурофиаи додгоҳӣ расман эътироф кардааст, ки дар мақолаи «Боқиев ва Ҳукумов: фарзандоне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» ягон мафҳуми пастзанандаи шаъну шараф нест.
Дар ин бора ба TojNews Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи ИмрӯзNews, хабар дод…».
Баъзан хабарҳое, ки аз манбаъҳои беруна журналистон мегиранд, бе мувофиқ кардан барои хабар истифода мешаванд. Масалан, ОИ «Азия плюс чунин хабар медиҳад:
«Душанбинцы получают зарплату в 2 с лишним раза превышающую среднюю по стране
31/10/2012 16:22 CA-NEWS
О разрыве в уровне жизни столичных жителей и представителей других районов в странах СНГ свидетельствуют данные о среднемесячной номинальной заработной плате в столицах стран СНГ (в % к заработной плате в целом по стране), опубликованные вчера на сайте Межгосударственного статкомитета СНГ. Абсолютным лидером» по разрыву доходов между столичными жителями и жителями других регионов стал Душанбе. Душанбинцы зарабатывают в 2 с лишним раза больше, чем все другие жители Таджикистана (показатель равен 214,4%). Этот показатель выше даже, чем у москвичей, которые зарабатывают на 72,8% больше, чем в среднем по России».
Ин хабар тафсир талаб мекунад ва бо фоиз овардани нишондиҳанда барои хонанда рӯшан нест. 214 фоиз, ин чанд пул мешавад? Агар аз рӯи фоиз баҳогузорӣ кунем, пас сокинони Душанбе на ин ки дар ИДМ, шояд дар ҷаҳон маоши калонтаринро нисбат ба дигар манотиқи кишварашон гиранд.
Тибқи талаботи меъёри одоби касбӣ сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд. Вале баъзан муҳаррирони сомонаҳо қоидаи сарлавҳанависиро риоя намекунанд.
Масалан, «Парлумон тарҳи “ахта” кардани педофилҳоро пуштибонӣ накард
29.11.2013, 09:52 http://www.ozodagon.com/13663-parlumon-tari-ahta-kardani-pedofiloro-pushtibon-nakard.html
Турсунбой Боқир уулу ва Достон Бекешев аз ҳизби “Ору номус”, Ширин Айтматова аз “Ота Макон” ва Торобой Зулфиқоров аз Ҳизби сотсиал-демократ тарҳи конунеро пешниҳод карда буданд, ки бо роҳи химиявӣ (шимиёӣ) ахта кардани педофилҳоро иҷозат медод».
Аз хабари мазкур, хонанда бояд тахмин кунад, ки сухан дар бораи порлумони кадом кишвар меравад. Дар хабари асл, ки ба забони русӣ аст, низ ин чандон рӯшан нест:
«Жогорку Кенеш отказался кастрировать педофилов
29.11.2013, 07:43 | http://catoday.org/centrasia/kgru/11630-zhogorku-kenesh-otkazalsya-kastrirovat-pedofilov.html
Депутаты Жогорку Кенеша не смогли преодолеть возражение президента в вопросе химической кастрации педофилов».
Хонанда бояд аз сарлавҳа донад, ки сухан дар бораи чӣ меравад, вале мутаассифона, дар сомонаҳо барои ҷалби муштариён сарлавҳаҳои раҳгумзананда гузошта мешаванд:
Муфтиёт гузоштани садои оятҳои Қуръонро дар телефон манъ кард
21.08.2013, 13:02 http://www.ozodagon.com/casia/tj/11897-muftiet-guzoshtani-sadoi-oyatoi-uron-dar-zangi-telefonoi-amroro-man-kard.html
Муфтиёти Миср гузоштани садои азон ё оятҳои Қуръонро дар занги телефонҳои мобилӣ манъ кардааст.
Духтари президент дар феҳрасти сарватмандтарин одамони Швейтсария
29. 11. 2013, 16:17 http://www.ozodagon.com/13674-duhtari-prezident-dar-ferasti-sarvatmandtarin-odamoni-shveytsariya.html
Динара Қулибоева, духтари раиси ҷумҳури Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев вориди феҳрасти 300 фарди сарватмандтарини Швейтсария шудааст.
Дар баъзе сарлавҳаҳо таҳқири миллатҳои дигар дида мешавад. Масалан, tojnews 16 январи соли 2013 бо чунин унвон матлаб нашр кардааст:
Қурбоқахӯрҳо аз исломиёни Мали чӣ мехоҳанд? http://www.tojnews.org/print/5663
Имрӯз баъзеҳо чунин ақида доранд, ки агар ин расонаи давлатӣ аст, ҳатман иттилоъро яктарафа ва дурӯғ мегӯяд ва агар ВАО-и хусусӣ аст, ҳатман аз манфиати касе ё гурӯҳе ҷонибдорӣ менамояд. Дар ин хол хонанда чӣ бояд кунад? На ҳама иттилои заруриро аз байни сатрҳо ёфта метавонад. Ҳатто журналистон гумон мекунанд, ки агар онҳо дар ВАО-и давлатӣ кор кунанд, бояд ҳатман ба мансабдорон тамаллуқ зананд ва агар дар расонаи хусусӣ фаъолият дошта бошанд, бояд мухолифи ҳукумат сухан гӯянд. Албатта, ин ақидаи нодуруст аст. Зеро рисолати ВАО ва журналист ин ба аудитория сари вақт расондани иттилои дурусту воқеӣ ва беғараз мебошад.
Бояд, гуфт, ки сомонаҳои хусусӣ ҳангоми пахши маводи танқидии ҳукуматдорон аз ҷониби хадамоти алоқа ба таври сунъӣ сонсур мешаванд, яъне дастрасӣ ба сомонаи мазкур маҳдуд карда мешавад. Соли 2012 ин ҳолат хеле зиёд ба назар мерасид. Соли равон бошад, ин ҳолат камтар аст, вале вуруд ба баъзе сомонаҳо аз ҷониби интернетпровайдерон масдуд карда мешавад. Хабаргузории “Озодагон” 18 ноябр соли 2013 навишта буд, ки «…Муштариёни шабакаи мобилии “Билайн” ва ширкатҳои интернатрасони “Телеком Технолоҷӣ” ва “Тоҷнет” шикоят аз он доранд, ки аз рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ ба ин сӯ наметавонанд, бевосита ба сайти “Озодагон” дастрасӣ дошта бошанд . Воқеан, беш аз шаш моҳ аст, ки худи ман наметавонам аз тариқи Интернетпровайдери Истэра ба сомонаи http://www.tojnews.org ворид шавам.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон новобаста аз гарон будани нархи хизматрасонӣ муштариёни Интернет солҳои охир ба маротиб зиёд мешавад. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 4 миллион нафар дастрасӣ ба Интернет доранд . Нишондиҳандаи мазкур агар дар нимсолаи аввали соли равон 3 миллион 700 ҳазорро ташкил карда бошад, пас он моҳи январи соли 2012 ба 1 миллиону 900 ҳазор нафар баробар буд . Албатта, бо афзудани теъдоди истифодабарандагони Интернет шумораи хонандаҳои сомонаҳо низ меафзояд. Ин дар навбати худ аз хабарнигорони сомонаҳои иттилоотӣ масъулияти бештари касбиро тақозо мекунад.
Оҷонсиҳои иттилоотӣ, ба вижа оҷонсиҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон аксаран худкифо нестанд. Бинобар ин бо қатъ гаштани маблағгузории сарпарастон фаъолияти онҳо низ қатъ мегардад. Масалан, ОИ «Вароруд», ки соли 2000 таъсис ёфта, аз январи 2001 ба пахши ахбор шурӯъ карда буд, ҳоло аз мушкилоти молӣ фаъол нест.
Аз рӯи пешгӯии Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии газетаҳо (WAN-INFRA) дар оянда даромади асосии газетаҳо (аз реклама) метавонад аз ҳисоби қаринаҳои интернетии онҳо ба даст ояд. Зеро сол то сол шумораи хонандагони сомонаи рӯзномаҳо афзуда истодаанд. Аллакай солҳои 2020 аксари рӯзномаҳо электронӣ мешаванд ва онҳоро дар экранҳои қадшаванда низ хондан мумкин аст. Бояд гуфт, ки ин раванди табиӣ буда, бо рушди технологияҳои нави иттилоотӣ нашрияҳои коғазӣ аз байн мераванд.
«Бонуфузтаринҳои Тоҷикистон наздиктаринҳои Раҳмон ҳастанд»
www.bbc.co.uk Ширкати МедиаГруп “ASIA-Plus” гурӯҳи расонаӣ, назарсанҷии коршиносие барои мушаххас кардани 20 чеҳраи бонуфузтарин дар Тоҷикистонро анҷом додааст.Бино ба натоиҷи ин назарсанҷӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, Маҳмадсаъид Убайдуллоев, раиси порлумон ва шаҳрдор, Ҳасан Асадуллозода, раиси бонки “Ориёнбонк”, Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазир ва Матлубхон Давлатов, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин тартиб, бонуфузтарин афроди кишвар интихоб шудаанд.
Феҳристи бист чеҳраи бонуфузтарини Тоҷикистонро умдатан афроди мансабдори давлат ва афроди наздик ба раҳбарият ташкил додаанд.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон, ду мухолифи давлати кишвар низ дар ин феҳрист ҷой гирифтаанд.
Муҳиддин Кабирӣ дар ин феҳрист ҷои 12-ум ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ҷойи 15-умро касб кардаанд.
МедиаГруп зимни муаррифии натоиҷи назарсанҷии худ менависад, ки нахуст мехостааст, феҳристи сарватмандони Тоҷикистонро мушаххаст ва мунташир кунад, аммо ба далели ин ки “иттилоъи расмӣ дар бораи даромадҳо дар ин кишвар аз воқеъият дур аст” ин ширкат тасмим гирифтааст, феҳристи бонуфузтаринҳоро чоп кунад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси порлумон ва шаҳрдор дар феҳристи пурнуфузтарин чеҳраҳои Тоҷикистон, пас аз Раҳмон ҷои дуввумро ишғол кардааст
Назарсанҷӣ дар бораи бонуфузтарин афроди Тоҷикистон дар миёни сӣ коршиноси тоҷик анҷом гирифтааст.
Ин коршиносон асомии бист фарди бонуфузтарини Тоҷикистонро номбар карда ва ба ҳар яки онҳо дар заминаҳои сиёсиву кодрӣ, иқтисодиву молӣ, интизомиву низомӣ ва иҷтимоъӣ аз як то панҷ имтиёз медиҳад.
Дар ҳоле ки ин назарсанҷӣ тавассути маркази ихтисосие анҷом нагирифтааст, аммо Саодат Олимова, мутахассиси афкори умумӣ дар маркази таҳлилии “Шарқ”, гуфт натоиҷи ин назарсанҷӣ баёнгари воқеъиятҳои “ба чашм аён” мебошад.
Вай мегӯяд: “Дар Тоҷикистон тавассути назарсанҷиҳо мушаххас кардани чеҳраҳое, ки дар сиёсат ҳарфи аслиро мезананд, душвор аст, зеро афроди калидӣ ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод пушти парда мемонанд.
Вай афзуд: “Барои мисол дар кишваре, ки 67 дар сади иқтисодашро иқтисоди сояӣ ташкил медиҳад, мушаххас кардани бозигари аслӣ мушкил аст. Аммо назарсанҷии коршиносӣ, ки Азия Плюс анҷом дода, ҳадди ақал воқеъиятҳои зоҳириро нишон медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки назарсанҷиҳо дар Тоҷикистон дар мавзӯъоти мухталифи сиёсӣ камтар анҷом мешавад.
Саодат Олимова дар посух ба ин савол, ки чаро марокизи тахассусӣ камтар ба назарсанҷиҳои сиёсӣ мепардозанд, гуфт, ки марокизи ҷомеъашиносӣ дар ин кишвар зиёданд ва назарсанҷиҳои зиёде ҳам анҷом медиҳанд, вале мавзӯъоти онҳо аз фармоишгари назарсанҷӣ бастагӣ дорад.
Вай гуфт, ки марокизи ҷомеъашиносӣ наметавонанд назарсанҷиҳоро ройгон анҷом бидиҳанд ва фармоишгарони онҳо умдатан созмонҳои байналмилалӣ аст.
Натоиҷи ин назарсанҷиҳо ба фармоишгарони онҳо таслим мешаванд ва дар аксари маворид аз ҷомеъа пӯшида мемонанд.
Ба навиштаи ширкати МедияГруп назарсанҷии коршиносон ҳокӣ шудааст, ки “меъёри аслиро дар сатҳи нуфузи афроди номбаршуда, наздикии онҳо ба маркази тасмимгирӣ, яъне раиси ҷумҳурӣ ва наздикони ӯ ташкил додааст.”
Рустами Эмомалӣ, писари президент Раҳмон дар ин феҳрист ҷойи 9-умро касб карда ва Таҳмина ва Озода Раҳмоноваҳо, духтарони раиси ҷумҳурӣ ҷойҳои 16 ва 20-умро ишғол кардаанд. |
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/12/111227_sq_asiaplus_survay.shtml |
Муҳокимаи додгоҳӣ: “Мушкили хабарнигорон ё ҷалби маҳбубият”
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо қабули ду дархости намояндагони «Asia Plus» дар кори додгоҳ то рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда танаффус эълом кард.Яке аз дархостҳои ҷониби шокӣ муъайян кардани мақоми бахши мубориза бо чароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки метавонад шикоят ба додгоҳро чун ниҳоди ҳуқуқии мустақил ироа кунад, будааст.Дар ҳамин ҳол ҷониби даъво дар муҳокимаи додгоҳӣ пешниҳоди мусолиҳатомези ҳалли ин қазияро карда ва ваъда додааст, ки шарти ин пешниҳодро ба таври хаттӣ ироа хоҳад кард.
Аз сӯйи дигар Анвар Тағоймуродов, муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар робита ба баёнияи ду вакили мудофеъи нашрияи “Asia Plus”, оқоён Шарифов ва Қудратов, гурӯҳи бозрасиро таъсис карда ва ин гурӯҳ машғули таҳқиқот дар мавриди баёнияи намояндагони нашрия ҳастанд.
Ҳафтаи қабл вукалои мудофеъи «Asia Plus» бо интишори як баёния эълом карданд, ки Валихон Муллоев, муъовини раиси бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорат, ба онҳо таҳдид карда ва гуфтааст, ки «онҳоро нобуд хоҳад кард.» Аммо женерол Тағоймуродов мегӯяд, ки ба ин гуфтаҳои оқоён Қудратов ва Шарифов бовар надорад.
Ба гуфтаи муъовини вазири дохила, Абдураҳмон Шарифов ва Шӯҳрат Қудратов ду корманди қаблии вазорати корҳои дохила ҳастанд, ки ба сабабҳои мухталиф аз ҷумла нақзи қавонину фаъолияти пулис аз симатҳояшон барканор шудаанд. Ва аз ин рӯ ба гуфтаи вай ин ду нафар «хусумати шахсӣ» ба кормандони вазорат доштаанд.
Вале вукалои мудофеъи нашрияи «Asia Plus» мегӯянд, ки бо хоҳиши худ фаъолият дар суфуфи пулиси Тоҷикистонро тарк кардаанд.
Дар ҳамин ҳол женерол Тағоймуродов мегӯяд, ки ҳафтаномаи “Asia Plus” аз қазияи додгоҳӣ барои боло бурдани “ҷалби маҳбубият” ба нашрия истифода мекунад.
Оқои Тағоймуродов ҳамчунин гуфт, ки ҳудуди як сол боз қазияи додгоҳӣ идома дорад ва намояндагони нашрияи “Asia Plus” амдан кори додгоҳро бо интишор додани ҳар гуна баёнияҳо ба дарозо мекашанд.
Оқои Тағоймуродов, рӯзи душанбеи 24 август дар сӯҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: “Як сол боз ин нашрия дар саҳафоти хеш матолиби мухталиф дар ин маврид нашр мекунад ва бо истифода аз қазияи додгоҳӣ маҳбубияти худро дар миёни мардум афзоиш медиҳад.”
“Ниёз ба ҷалби таваҷҷӯҳ надорем”
Ҷониби дигари қазияи додгоҳӣ, зимни такзиби ин суханони женерол мегӯянд, ки нашрияи “Asia Plus” ниёз ба ҷалби таваҷҷӯҳи хонандагон надоштааст, зеро ин ҳафтанома бидуни он ҳам дар миёни сокинони Тоҷикистон яке аз нашрияҳои пурхонанда будааст.
Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи “Asia-Plus”, ҳамчунин мегӯяд: “Вукалои мо ҷаласаи ҳафтаи гузаштаи додгоҳро ба сабаби “нобоварӣ ба қозӣ” тарк карданд, ки тибқи қонун ин амал дуруст аст. Мо то замоне, ки додгоҳ қозии ин парвандаро иваз накунад аз ширкат дар ҷаласаҳои он худдорӣ мекунем. Зеро Сайфуддин Камолов, қозии парванда, бидуни баррасии ду дархости ҷониби мо, чаласаи додгоҳро идома додааст.”
Қазияи додгоҳии ҳафтаноми “Asia Plus” ва Женерол Тағоймуродов, яке аз парвандаҳои тӯлонитарин миёни мақоми як вазорат ва як расонаи мустақил дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир арзёбӣ шудааст.
Ин қазия дар пайи шикояти женерол Анвар Тағоймуродов, раиси қаблии бахши ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон алайҳи ин ҳафтанома дар авоили моҳи феврали соли 2011 оғоз шуд.
Женерол Тағоймуродов алайҳи “Asia-Plus” баъд аз чопи матлабе зери унвони «Тафтиш ё инкивизитсия (истинтоқ)?», ки дар он мавзӯъи истифода аз шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ матраҳ шуда буд, шикоят бурд.
Ин масъули вазорати кишвар нашрияи “Asia-Plus” ва Рамзия Мирзобекова, муаллифи матлабро ба «тавҳину бӯҳтон» муттаҳам кардааст. Аммо Рамзия Мирзобекова мегӯяд, ки “онҳо дар навиштани матлаб ба ҳеҷ гуна иштибоҳ роҳ надодаанд.”
Ҳарчанд оқои Тағоймуродов дар сӯҳбати имрӯзи худ ба Би-би-сӣ, мавориди вуҷуд доштани шиканҷа дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомиро комилан такзиб накард, вале ӯ изҳор кард, ки ҳолатҳое аз шиканҷа, ки ҳафтаномаи “Asia-Plus” дар матлаби мазкур дар мавриди он навиштааст, беасос будаанд. Аз ин рӯ оқои Тағоймуродов мегӯяд, ки ба пирӯзии ниҳоди худ дар қазияи додгоҳӣ бовар дорад.
Аммо вай афзуд, ки онҳо аз рӯзҳои аввали оғози муҳокимаи додгоҳӣ ба намояндагони “Asia-Plus” ба вижа ба хонум Мирзобекова, пешниҳоди ҳалли “мусолиҳатомези” ин қазияро кардаанд.
Женерол Тағоймуродов мегӯяд, ки ин пешниҳодро онҳо дар ҳоле қабул хоҳанд кард, ки агар “ҳафтанома раддияе нависад ва дар он ба иштибоҳоте, ки дар гузориши матруҳа вуҷуд дошт, иқрор шавад.”
“Озодбаёнӣ ё иштибоҳи хабарнигор”
Аммо масъулони ҳафтанома мегӯянд, ки ин шартро қабул надоранд, зеро дар матлаби онҳо ҳеҷ иштибоҳе наомадааст.
Аз сӯйи дигар бархе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд афзоиши мавориди ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои хабарии мустақил ва хабарнигорон аз сӯйи иддае аз мақомоти мухталифи Тоҷикистон дар солҳҳои ахир иқдомест барои таҳти фишор қарор додани расонаҳои гурӯҳӣ дар ин кишвар.
Иноят Иноятов, ҳуқуқдони тоҷик дар мавриди қазияи додгоҳии “Asia-Plus” ва вазорати умури дохила мегӯяд: “Аризаи даъвогӣ аз оғоз то ба охир беасос аст.»
Ба гуфтаи вай зеро даъво аз тарафи шахсе шудааст, ки ҳуқуқи пешниҳоди даъворо надорад. Дар мақола, ки характери танқидӣ дошта дар он фаъолияти як ниҳоди вазорат, мавриди интиқод қарор гирифтааст, вале даъво аз тарафи шахсе ироа шудаст, ки аз назари ҳуқуқӣ дар муҳокимаи шаҳрвандӣ нодуруст аст.”
Оқои Иноятов дар мавриди афзоиши ба додгоҳ кашида шудани расонаҳо мегӯяд, ки ду сабаби аслӣ дар ин маврид мавҷуд будааст.
Вай дар мавриди аввали он афзуд: “Дар ҷомеъа, ки гуногунандешӣ ба миён омад мутаносибан интиқоди фаъоляти бархе аз мақомот ба миён меояд ва бархе аз мансабдорон ба ҷои он, ки ба ин танқид бо далелҳои ҳуқуқӣ ҷавоби рад диҳанд, хабарнигоронро бо далелҳои беасос ба додгоҳҳо мекашанд, ки қисми зиёде аз даъвоҳо дар натиҷаи баррасии додгоҳҳо рад мешаванд.”
Ҳамчунин ба гуфтаи вай, бархе аз матолиби чоп шуда ба салиқа ва маърифати хабарнигорон бастагӣ дорад ва вай афзуд, ки дар бархе маворид хабарнигор иттилоъотро ба таври дақиқ насанҷида матолибро ба нашри мерасонанд, ки боъиси даъвоҳои додгоҳӣ мешавад.
Аз сӯйи дигар бисёре аз хабарнигорон бар ин ақидаанд, ки афзоиши мавориди ба додгоҳҳо кашида шудани расонаҳо ва хабарнигорон, ба афзоиши худсонсурӣ дар фаъолияти хабарнигорон дар Тоҷикистон мунҷар шудааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110822_zkh_court_massmedia.shtml
«Шеваи бархурд бо хабарнигори Би-би-сӣ нақзи қонунҳои Тоҷикистон ва &#
Бунгоҳи Суханпарокании Бритониё (Би-би-сӣ) бо интишори баёнияе ҷадиде дар робита ба боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори худ дар вилояти Суғди Тоҷикистон маҳрумияти ӯ аз тамос бо вакили мудофеъ ва хонаводаашро нақзи қавонини Тоҷикистон ва мавозини ҳуқуқии байналмиллалӣ хондааст.Дар ин баёния, ки имрӯз душанбеи 20 июн мунташир шуд, омадааст: «Як ҳафта аз боздошти Урунбой Усмонов,ҳамкори мо тавассути хадамоти амниятии Тоҷикистон мегузарад. Дар пайи он Би-би-сӣ бо интишори баёнияе ба таърихи 14 июн ин иқдомро маҳкум кард ва тақозо кард ӯ фавран озод шавад.»
Ин созмон мегӯяд бо вуҷуди интишори баёнияҳои мушобеҳе тавассути Сафоратҳои Бритониё ва Омрико дар Тоҷикистон ва созмонҳои дигари муътабари байналмиллалӣ мақомоти Тоҷикистон на танҳо ба онҳо посух надодаанд, балки тайи як ҳафтаи гузашта ӯ аз тамоси муназзам ва сиррӣ бо вакили мудофеъ ва иҷозаи мулоқот бо хонаводаи худ ва ҳамкоронаш маҳрум будааст, ки ин амр муғоийири мафоди қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ аст.
Би-би-сӣ менависад мусоҳибаи ахире, ки ниҳодҳои амниятӣ бо ӯ созмон додаанд ва нашри мақола ба дунболи ин мусоҳиба дар Пресс.тҷ ба таърихи 18 июн , ки хабарнигори Би-би-сиро муттаҳам ба узвият дар Ҳизбуттаҳрир мекунад, намунаи нақзи қавонини тафтишу таҳқиқ ва асли бароат (презумпция невиновности) аст.
Бунгоҳи Суханпарокании Бритониё дар ин баёния афзудааст: «Мо қотеъона таъкид мекунем, ки ин иддаъоҳо беасосанд ва Би-би-сӣ онҳоро таҳдиде ба рӯзноманигории ҳирфаӣ ва озодии баён дар Тоҷикистон медонад.»
Би-би-сӣ мегӯяд Урунбой Усмонов ба унвони рӯзноманигори Би-би-сӣ бояд тамоми ҷавониби ҳар мавзуъро пӯшиш бидиҳад ва банобар хусусиёти пешаи худ табиъӣ аст, ки ӯ бо афроди дорои тамоми ашколи дидгоҳҳо мулоқот кунад ва бо онҳо мусоҳиба анҷом бидиҳад ва ин як амри муҳим аст, ки рӯзноманигорон битавонанд озодона ва бидуни бим аз эҳтимоли ҳарос ва озор дар бораи ҳар ниҳоде гузориш бидиҳанд.
Дар баёнияи худ ин расонаи байналмилалӣ аз эмании оқои Усмонов изҳори нигаронӣ кардааст ва навиштааст ӯ аз мушкилоти қалбӣ ранҷ мебарад ва ниёз ба дармон дорад ва хонаводаи ӯ аз вазъи саломати ӯ ва эҳтимоли рафтори су бо ӯ дар боздоштгоҳ шадидан нигарон ҳастанд.
Дар ин баёния аз ҳамаи афроду созмонҳое ки тавони таъсир ба вазъ дар робита ба боздошти оқои Усмоновро доранд хоста шуда бар талошҳои худ биафзоянд то муваффақ шаванд мақомоти Тоҷикистон ин хабарнигорро озод кунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз интишори ин баёния гурӯҳе аз хабарнигорон ва ҳаводорони Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ да вилояти Суғди Тоҷикистон бо баргузории таҷаммуъи эътирозӣ дар баробари сафорати ин кишвар дар Ландан хостори озодии ӯ аз боздошт шудаанд.
Онҳо рӯзи душанбеи, 20 июн дар муқобили сохтмони сафорат дар ҳоле ки дар даст тасовири оқои Усмоновро доштанд шиъор медоданд «Урунбойро озод кунед.»
Муътаризин дар муқобили сохтмони сафорати Тоҷикистон дар Ландан мегуфтанд боздошт кардани хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон нишонаи дигаре дар ҷиҳати маҳдуд сохтани озодии баён дар ин кишвар аст ва шиъор медоданд «Аз ҳамла ба расонаҳои мустақил даст бардоред».
Онҳо дархости катбии худро барои озодии Урунбой Усмонов ба сафорати Тоҷикистон ироа карданд.
Таҷаммуъ дар муқобили сафорати Тоҷикистон дар Ландан дар пайи афзоиши фишорҳои байналмиллалӣ ба давлати Тоҷикистон дар робита ба боздошти оқои Усмонов сурат мегирад.
Созмони Афви Байналмиллал, аз созмонҳои умдаи дифоъ аз ҳуқуқи башар низ имрӯз гуфтааст ба чанд далел аз боздошти оқои Усмонов нигарон аст.
Анна Сандер Пассман намояндаи ин созмон, ки масоили Тоқикистонро дунбол мекунад, ба Би-би-сӣ гуфт яке аз ин далоил иддаъои бадрафторӣ бо оқои Усмонов ба ҳангоми боздошт аст. Далели дигари нигаронии ин созмон маҳрумияти оқои Усмонов аз хадамоти ҳуқуқии муносиби фаврӣ унвон шудааст ва далели дигар ҳам иттиҳомоти ворида хонда шудааст.
Ин созмон мегӯяд иддаъоҳои мунташир шуда, ки ин иттиҳомот сохтагӣ аст ва агар ин игуна иддаъо собит шавад созмони Афви Байналмиллал уро зиндонии сиёсӣ хоҳад донист.
Ин созмон афзудааст шуморе аз аснодро дар ихтиёр дорад, ки тибқи онҳо боздоштшудгон дар Тоҷикистон аз дастрасӣ ба вакили мудофеъ маҳрум будаанд. Дар ҳоле ки қавонини Тоҷикистон чунин ҳақро ба атбоъи ин кишвар додаанд, аммо дар амал дастрасии афрод ба вукалои мудофеъ ба лутфи бозрасон марбут аст.
Ба гуфтаи ин созмон айни ҳолат дар робита ба боздошти оқои Усмонов мушоҳида мешавад.
Созмони Афви Байналмилал ҳамчунин таҳқиқотеро анҷом додааст, ки бар мабнои он шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон дар Тоҷикистон дар мароҳили ибтидоии боздошт сурат мегирад ва шавоҳид аз афроди таҳти бозрасӣ бо истифода аз бархурди хашин ба даст оварда мешавад.
Ин созмон мегӯяд ба ҳамин далел ҳам аз иддаъоҳо дар бораи вуҷуди зарбу шатм ба ҳангоми боздошти ин хабарнигори Би-би-сӣ нигарон аст ба ҳамон андозае ки дар мавриди иддаъоҳои сохтагии иттиҳомот алайҳи ӯ нигарон аст.
Ин дар ҳоле аст ки Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов низ аз вазъи сломати муваккилаш низ изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст аз хонаводааш хостааст аснодеро дар робита ба вазъи саломати ӯ дарёфт ва таҳия кунанд то бар мабнои онҳо аз додситон бихоҳад ӯро бо қайди васиқа озод кунанд.
Ҳамчунин хонуми Воҳидова ишораҳое ба эҳтимоли мавриди бархурди хашин қарор гирифтани муваккилаш кардааст.
Пештар аз ин сафоратхонаҳои кишварҳои Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон низ аз мақомоти Тоҷикистон хостанд дар робита ба боздошти оқои Усмонов мавозини ҳуқуқии байналмилаллиро риоят кунанд.
Иттиҳодияи Урупо, ки муташакил аз 27 кишвари узв аст, бузургтарин кумакрасони байналмиллӣ аст. Аз соли 1992 бад-ин сӯ Иттиҳодияи Урупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 миллюн юру кумак ворид кардааст
Фишорҳои байналмилалӣ дар робита ба боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле афзоиш меёбад, ки давлати ин кишвари фақиртарин дар Осиёи Миёна барои иҷрои тарҳҳои рушди иқтисодӣ ба кумаки сармоягузорони хориҷӣ шадидан инёз дорад ва талош мекунад равобити худ бо кишварҳои Урупоиро тақвияти бештар диҳад.
Урунбой Усмонов ба таърихи 13 июн пас аз поёни кор нопадид шуд ва як рӯз баъд дар ҳамроҳӣ бо маъмурони амниятӣ дар манзили худ зоҳир шуд. Пас аз бозҷӯии манзилаш маъмурони амниятӣ ӯро бо худ бурданд ва маълум буд, ки ӯро боздошт кардаанд.
Масъулини амниятии Тоҷикистон ӯро ба ширкат дар созмони ифротии мамнуъ муттаҳам кардаанд, чизеро ки ӯ пас аз шаш рӯзи боздошт дар нахустин мулоқот бо вакили мудофеъ комилан рад кардааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110620_l16_urinboy_tajikistan_embassy.shtml
Бархӯрди нави ширкатҳои мобилӣ бо Бег Зуҳуров
Ахиран Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Президенти кишвар ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хоҳони хотима гузоштан ба дастури навбатии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров шуданд.Қабл аз ин сардори Хадамоти мазкур ба ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи барқӣ Расонида буд, ки «бо сабаби таъмини бехатарии давлат ва ба танзим даровардани истифодабарии радиобасомадҳо ва воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи намудҳои пайвастшавии интиқолшаванда аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз пайвастшавӣ тавассути оператори давлатӣ, набояд берун бароянд». Бо ҳамин далел Хадамот эълон дошт, ки аз 1-уми майи соли равон иҷозатҳои додашуда барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи намудҳои пайвастшавӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ қатъ карда мешаванд.
Зимни муроҷиати худ намояндагони Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон дастури навбатии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. С. Зуҳуровро, ки тибқи мактуби расмӣ аз 27-уми апрели соли 2011 таҳти №1-203 ба ширкатҳо-аъзоёни Ассотсиатсияҳо ирсол карда шуд, ғайриқонунӣ ва беасос мехонанд.
«Қарори мазкури мӯҳтарам Зуҳуров Б. С. бо вайрон намудани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Низомномаи комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо қабул шудааст, ки тибқи он чунин қарорҳо бояд дар мувофиқа бо мақомоти амнияти кишвар қабул карда шавад»,- омадааст дар муроҷиатнома.
Муроҷиаткунандагон мегӯянд, ки иқдомҳои нави Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо сарварии Бег Зуҳуров садди роҳи инкишоф ва фаъолияти технологияи муосири амалкунанда шуда, сабаби коҳиш ёфтани буҷаи давлатӣ ва паст шудани обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳамзамон, «пешниҳоди» Б. Зуҳуров оид ба амалӣ намудани пайвастшавӣ бо воситаи оператори давлатӣ ба он оварда мерасонад, ки дар натиҷаи зиёд шудани талаботи операторони дигар имкониятҳои техникии оператори давлатӣ кифоягӣ накарда, дар натиҷа тамоми алоқа метавонад аз кор монад ва боиси ба вуҷуд омадани зарари назаррас ба давлат ва тамоми сохторҳои он гардад.
«Чунин сиёсати Зуҳуров Б. С. ба он оварда расонд, ки имрӯз кишвари мо дар минтақа мавқеи пешсафро ҷиҳати ба маркази транзитии телекоммуникатсионӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз даст додааст. Дар натиҷа, ширкатҳои телекоммуникатсионии Афғонистон бо воситаи нахи нурӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст шуда, кишвари мо аз фоидаи зиёди ин трафик маҳрум гардид»,- мегӯянд муроҷиаткунандагон ва хоҳиш мекунанд, ки барои дастгирии вазъи кунунии соҳаи алоқа ва инкишофи минбаъдаи он чора андешида шавад.
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14009&Itemid=30
Зафари Суфӣ: Талош мекунем, хабаргузории «Озодагон» муваффақ шавад
Рӯзи 3 майи соли ҷорӣ хабаргузории «Озодагон» ба фаъолият шурӯъ кард. Раҳбарии ин хабаргузориро Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» ба дӯш дорад. Хабарнигори нашрияи «Миллат» дар ин росто бо Зафари Сӯфӣ сӯҳбате дошт.
— Зафар, мо дарак ёфтем, ки оҷонсии иттилоотии «Озодагон» ба фаъолият шурӯъ кардааст, воқеан дар рӯзи ҷаҳонии озодии баён инро чун як падидаи нек арзёбӣ мекунем ва лутфан бигӯед, ки ҳадаф аз роҳандозии ин хабаргузорӣ дар чист?
— Ҳадаф аз роҳандозии оҷонсии иттилоотӣ, на фақат аз ин оҷонсӣ фикр мекунам, ки аз ҳамагуна расонаҳои хабарӣ пеш аз ҳама расондани хабар аст. Мо бар ин натиҷа расидем ва ду сол мешавад, ки дунболи он будем, ки хабаргузорие дар кишвар фаъол шавад, то фазои иттилоотии кишвар аз он пур шавад. Худоро шукр, ки ба он ҳадаф даст ёфтем ва имрӯз ин хабаргузорӣ расман ба фаъолият шурӯъ кард.
— Медонем, ки ба роҳ андохтани як хабаргузорӣ як кори хело душвор ва масъулияти гарон аст, нирӯ, маблағ ва маъош барои кормандон мехоҳад. Шумо ягон манбаи молиявӣ доред ё ҷустуҷӯ мекунед, ки ҳамин кор густурдатар ва доиман бошад?
— Инро бояд бигӯям, ки Худованд бузург аст ва ба ин ҳеч кас шак надорад ва рӯзирасон худи ӯст. Вақте ки коре шурӯъ мешавад табиист, ки як шахс барномарезиҳоеро бояд анҷом диҳад. Мо барои як соли хабаргузорӣ масрафро дар назар гирифтаем. Яъне маблағи яксолаи таъмини кормандон ва ин хабаргузориро дар даст дорем. Соли оянда Худованд бузург аст. Умед аст, ки фаъолият беҳтар шавад, зеро ин ҷо таблиғ ва дигар корҳое ҳастанд, ки метавонем маблағ ба даст биёварем. Дар мавриди молӣ ҳаминро гуфтаниям, ки ҳамон тавре нашрияи «Озодагон» аз назари молӣ мутааллиқ ба Зафари Суфӣ буд, ин хабаргузорӣ низ ҳамин тавр аст, аммо ҳамчун расонаи хабарӣ моли мардум аст.
— Дар ин хабаргузорӣ киҳо фаъолият хоҳанд кард?
— Фелан фақат метавонам сармуҳаррири оҷонсиро барои шумо муаррифӣ кунам, ки яке аз рӯзноманигорони варзида, Хилватшоҳи Маҳмуд аст. Ба ҷуз ин дар бахши тоҷикӣ панҷ нафар ба фаъолият шурӯъ кардаанд ва дар бахши русӣ ду нафар кор мекунанд.
— Чӣ сабаб шуд, ки Шумо ҳамзамон бахши русиро таъсис додед?
— Воқеан, агар гӯям, ки бахши русӣ як ҳолате мешавад гуфт, ки нохун задани баъзе хабарҳо ба эҳсоси миллии мо буд, дурӯғ нагуфтам. Чун моро ҳамеша гуфтаанд, ки дар бахши ҷанги иттилоотӣ бохтем ва аммо дар ин замина касе кори ончунонае накард. Мо ҳам намегӯем, ки кори ончунонае мекунем, балки кӯшиш мекунем, ки дар ин росто коре карда бошем. Вақте дигарҳо бо забони дигар ба мо ҳуҷум мекунанд, мо гарчи дар дохил бо забони худамон гӯем, барои худамон гуфтаем. Ба он хотир ба забони русӣ ва шояд дар моҳи наздик бахши узбакӣ ҳам фаъол шавад, фақат ба он хотир, ки дар мавриди он таҳоҷуми иттилоотие, ки нисбати кишвар ва махсусан ба нисбати манофеи миллӣ ва номусу нанги миллат вақте беэҳтиромӣ мешавад ва ё як нафар аз шаҳрванди моро касе таҳқир мекунад, мо дар баробараш ба забони ҳамонҳо дар доираи қонун ҷавоб бигӯем. Ҳадафи аслии мо ҳамин аст. Ин ки мо масалан хабаррасонӣ бикунем ва барои онҳо фазосозӣ бикунем, ба забони онҳо табиист, ки бо он имкониятҳое, ки мо дорем мушкил аст. Дар сурате ки дигарҳо имкониятҳои бештар доштанд, махсусан ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон хело ҳам имкониятҳо доштанд. Метавонистанд ин корро бикунанд ва аммо накарданд ва намедонам иллаташ дар чист? Инро бояд аз онҳо пурсид, ки чаро накарданд, дар сурате ки вазифаашон ин буд, ки он корро бикунанд. Мо ҳоло ба унвони шаҳрванди кучактарин мекӯшем то хидмаде, ки метавонем бикунем. Албатта, танҳо ин ман нестам ва гурӯҳе аст, ки дар нашрияи «Озодагон» буданд. Ҳоло бошад омада ду тим шуданд ва ду командае, ки мехоҳанд дар ин росто ҷавоб бигӯянд, ба он лаҳне, ки онҳо гуфтаанд. Бигирем ҳамон тоҷикеро, ки сарашро буриданд. Дар дохил зиёд навиштем, аммо кадом рӯзноманигори мо ба забони русӣ чизе навишт, ки арзандаи вокунише бошад? Манзур ин аст. Ё вақте кишвари моро таҳқир мекунанд ё мегӯянд бояд Роғун насозанд. Ё хабари охироне, ки гӯё Бин Лодан зинда аст ва дар Бадахшон аст, ки ин таҳқири миллат аст. Дар чунин мавридҳо мо иншоаллоҳ вокуниш нишон хоҳем дод.
— Хеле хабаргузориву расонаҳо умрашон хеле кутоҳ будааст. Оё метавонӣ бигуӣ, ки ин хабаргузорӣ дарозумр ва муваффақ хоҳад буд?
— Мо талоши худамонро хоҳем кард. Ин ки фарз кардем барои як сол аз назари молӣ таъмин аст. Вақте аз назари молӣ таъмин аст ва буҷааш мушаххас аст, ин як сол муҳлати кӯтоҳе ҳам нест. Иншоаллоҳ, умедворем, ки муваффақ хоҳем шуд. Бояд бигӯям нияти мо холис аст ва танҳо хидмат кардан аст.
— Шумо, ки як журналисти ошкоргӯ ва сахтгӯ ҳастед бигӯед, ки оё маъоши кормандони расона чанд аст ё сирри идоравист?
— Дар ҳар сурат эълон кардани маъоши командон кори хубе нест. Ҳаминро бояд бигӯям, ки моҳонае барои бачаҳо дар назар гирифтаем, фикр мекунам, барои рӯзгор ва таъмини зиндагияшон басанда аст, ки онҳо ҳозир шудаанд, то кор кунанд.
— Зафар, барои шумо ва барои тамоми кормандони ин хабаргузорӣ барору комёбӣ мехоҳем.
— Муваффақ бошед!
Мусолиҳаи се додрас бо се нашрияи мустақил дар Тоҷикистон
Қазияи додгоҳии “Фараж”, “Озодагон” ва “ASIA-Plus”, се нашрияи мустақилли Тоҷикистон, бо се додраси маҳаллӣ, пас аз беш аз як соли баррасӣ дар додгоҳ бо созиши тарафҳо анҷом шуд.Ҳафтаномаҳои «Озодагон», «Фараж» ва нашрияи русизабони «Asia-Plus» моҳи марти соли гузашта аз сӯйи се додрас ба тавҳин ва паст задани шаъну эътиборашон муттаҳам шуда буданд.
Он замон Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва Фахриддин Додометов, додрасҳои маҳаллӣ, пас аз чопи номае аз як вакили мудофеъ дар ин се нашрия алайҳи онҳо ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда буданд.
Ин се додрас аз ин ҳафтаномаҳо пардохти 5,5 милюн сомонӣ ё беш аз як милюну 250 ҳазор дулор ғароматро тақозо карда буданд.
Аммо рӯзи сешанбе додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар асоси баёноти шокиёни парванда дар бораи пас гирифтани даъвои худ ва мактуби таъаҳҳудоти тарафҳо баррасии парвандаро мутаваққиф кардааст.
Тибқи мактубе, ки шокиён ва муттаҳамони ин парванда ба имзо расонда ва ба қозии парванда пешниҳод кардаанд, тарафҳо таъаҳҳуд кардаанд, ки дигар дар оянда ҳаққи даъвои додгоҳӣ дар заминаи шикоёти парвандаи мазкурро надоранд.
Аммо ба гуфтаи Зафари Суфӣ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон”, яке аз нашрияҳое, ки ба тавҳин муттаҳам шуда буд, ин созиш пас аз даҳ рӯз аз эъломи он эътибори қонунӣ хоҳад ёфт.
Оқои Суфӣ аз шарҳи ин созиш дар ҳоли ҳозир худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки “ин як раванди табиъӣ буд, ки бояд сурат мегирифт”.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, дар вокуниш ба эъломи созиши тарафҳо дар ин парванда гуфт, ки аз анҷоми «мусолеҳаомези ин қазия мутмаин» будааст.
Вай гуфт, ки “ин танҳо роҳи боақлона ва солими анҷоми қазия ба назар мерасид” ва таъкид кард, ки баёния ва изҳори нигаронии мукаррари созмонҳои байналмилалӣ ва бархе аз сафоратхонаҳо дар мавриди ин қазия дар ҳалли ин қазия муассир воқеъ шудааст.
Вай афзуд: “Ман намегӯям, ки ин баёнияҳо ба хотири фишор овардан набуд, балки ба хотири ҳаққро ба ҳақдор расондан буд.”
Қазияи додгоҳии се нашрияи мустақилли “Озодагон”, “Фараж” ва “ASIA-Plus” танҳо яке аз парвандаҳои марбут ба расонаҳост, ки додгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон машғули баррасии онҳо буданд.
Зимнан, гузоришҳои мухталифи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар заминаи демукросӣ дар Тоҷикистон ҳокист, ки онҳо аз афзоиши ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил дар ин кишвар нигарон ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 19 апрел ҷаласаи додгоҳи истинофӣ барои таҷдиди назар дар ҳукми додгоҳ алайҳи “Миллат”, нашрияи дигари мустақил, баргузор шуд.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар моҳи феврали соли ҷорӣ нашрияи “Миллат”-ро ба чопи раддияи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва пардохти ғаромат ба ин вазорат муваззаф карда буд.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, ин ҳафтанома бояд ба вазорати кишоварзӣ ба миқдори 1500 сомонӣ ё беш аз 300 дулори омрикоӣ ғаромат мепардохт.
Аммо масъулони нашрияи “Миллат” ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар қиболи ин нашрияро ғайриқонунӣ арзёбӣ карда ва ба додгоҳи истинофии шаҳрӣ шикоят бурдаанд.
Аз сӯйи дигар, ҳоло қазияи дигари додгоҳии ҳафтаномаи «ASIA-Plus» низ дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе идома дорад.
Раиси собиқи бахши ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин нашрияро ба чопи матолиби таҳвиномез, ки ба эътибори ин ниҳоди интизомӣ латма зада, муттаҳам карда ва пардохти як милюн сомонӣ ғароматро аз ин нашрия тақозо кардааст.
Дар ҳамин ҳол, хабар мерасад, ки як маъмури Вазорати кишвари Тоҷикистон бо иттиҳоми “ворид кардани латма ба шаъну шараф” алайҳи нашрияи “ИмрӯзNews” ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Ин нашрия дар истинод ба сӯҳбатҳои як ронандагон ин маъмури пулисро ба талош барои ситондани ришва муттаҳам кардааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/04/110419_sq_press_freedom_court.shtml