Архив рубрики: Таҳлил

Қаршибоев: нақзи озодии баён беш шуданист

3-юми май дар саросари ҷаҳон «Рӯзи байналмилалии озодии баён» ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзро дар Тоҷикистон дар ҳоле пешвоз ва ҷашн гирифтанд, ки ҳафтае пеш муноқишаҳои марзӣ байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон сурат гирифта, дар байн зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ гашта, 20 нафар ҷон бохтанд ва харобаҳои зиёдеро дар пай гузошт, ки мақомотҳои давлатии ду кишвар ва ҷаҳониро ба нигаронии шадид овард. Дар ин ҳоли хатарзо нақши рӯзноманигорон хеле барҷаста буд ва дар инъикоси вазъ тамоми кӯшиши худро сарф намуданд. Перомуни инъикоси ҳодисоти ахир ва вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бо журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, раҳбари Асатсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев сӯҳбати кӯтоҳе доштем. Читать далее Қаршибоев: нақзи озодии баён беш шуданист

Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст

То чӣ андоза журналистикаи электронӣ ё мултижурналистика ҷойи журналистикаи чопиро иваз карда метавонад, оё озодии матубот ҳад дорад ва он кадом аст, унсурҳои нави журналистӣ асолати журанлистикаро то кадом андоза ифода карда метавонанд, “фаъол” будани шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ паёмад дорад ва он хоси кадомин сиёсат аст ва баррасии чанде дигар мавзӯҳои муҳимми журналистикаи мусоири тоҷик дар арафаи ҷашни матбуот бо донишманд, хотираи ҳайратангези матбуоти тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов бо Мазбут Қосимов. Читать далее Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст

ШАФФОФИЯТ ЗЕРИ СУОЛ АСТ?

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар такя ба моддаи 30 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5,6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” моҳҳои июл, август ва сентябри соли ҷорӣ ба як қатор вазорату идораҳои давлатӣ барои дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, ки барои истифода ва интишор дар матбуот зарур аст, дархост фиристод. Тибқи муқаррароти қонун ба дархости журналистӣ  бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ посух дода шавад. Дар сурати имконнопазир будани посух ба дархост, мақомот бояд дар бораи ба таъхир гузоштани он ба дархосткунанда хабарнома фиристад. Читать далее ШАФФОФИЯТ ЗЕРИ СУОЛ АСТ?

ниШАСТ

Чунин менамояд, ки нишастҳои матбуотии раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо бештар аз суолу ҷавоб бо хабарнигорон ба як пиар — компанияи раисбобо монанд аст. Вале афсӯс, ин спектакл хеле беҳунарона гузошта мешавад. Читать далее ниШАСТ

Баҳси иҷозаи кор ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон баргашт

Масъалаи иҷозаи кор ба рӯзноманигороне, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд дар Тоҷикистон мавзуи баҳси доманадоре боқӣ мондааст. Коршиносон акредитатсия ва ё иҷозанома барои корро василае барои фишор ба рӯзноманигорони мустақил ва тақвияти худсензура медонанд. Читать далее Баҳси иҷозаи кор ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон баргашт

“Гапи гуфтанӣ”. Айби кист, ки мансабдорони мо “ситора” мешаванд?

Нишастҳои матбуотии мансабдорони тоҷик оғоз ёфт. Барои на танҳо хабарнигорон, балки мардуми оддӣ ҳам шояд ин нукта ҷолиб бошад, ки дар баробари маълумоти аз онҳо ҳосилшуда, курсинишинон бо кадом “суханони таърихӣ”-и худ барои чанд муддат вирди забонҳо мегарданд. Читать далее “Гапи гуфтанӣ”. Айби кист, ки мансабдорони мо “ситора” мешаванд?

Коршинос: Ҷарима барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ сафи аккаунтҳои “беном”- ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ меафзояд

Назари коршиносон дар мавриди таъсири тағйирот ба Кодекси қонунвайрокунии маъмурӣ нисбати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва журналистон. Читать далее Коршинос: Ҷарима барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ сафи аккаунтҳои “беном”- ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ меафзояд

Посухи дархостҳо: сифат беҳбудӣ металабад

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар такя ба моддаи 30 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5,6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” моҳҳои апрел, май ва июни соли ҷорӣ ба як қатор вазорату корхонаҳои давлатӣ барои дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, ки барои истифода ва интишор дар матбуот зарур аст, дархост фиристод. Читать далее Посухи дархостҳо: сифат беҳбудӣ металабад

Фишор ба хабарнигорон ба вазъи журналистикаи тоҷик чӣ таъсир мегузорад?

Вақтҳои охир фишори равонӣ ва ҷисмонӣ нисбати журналистони тоҷик зиёд ба назар мерасад. Намунаи онҳо қазияи хабарнигор  Далер Шарифов, дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқири хабарнигори Радиои Озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа ва лату кӯби хабарнигори «Азия плюс»  Абдуллоҳи Ғурбатӣ аст. Мо аз журналистон пурсидем, ки чунин қазияҳо ба вазъи журналистикаи тоҷик чӣ таъсир гузошта метавонанд? Читать далее Фишор ба хабарнигорон ба вазъи журналистикаи тоҷик чӣ таъсир мегузорад?

Раҷаби Мирзо дар бораи «Ҷанги бидуни қоида» ва ё бадгӯӣ дар ҳаққи журналистон

Оё муаллифони матолиби бадномкунандаро ҷонибдори ҳукумат гуфтан мумкин аст? Читать далее Раҷаби Мирзо дар бораи «Ҷанги бидуни қоида» ва ё бадгӯӣ дар ҳаққи журналистон