Департаменти давлатии ИМА ба қатъи дастрасии торнамоҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон ишора кардааст. Читать далее Интиқоди ИМА аз Тоҷикистон барои маҳдудияти дастрасӣ ба расонаҳои хабарӣ
Архив рубрики: Хабар
Мушкилоти матбуоти тоҷик аз назари се хабарнигори ҷавон
Дар иди матбуоти тоҷик, ки ҳар сол 11-уми март таҷлил мешавад, аксар хабарнигорон аз мушкилу маҳдудиятҳо гуфтанд. Читать далее Мушкилоти матбуоти тоҷик аз назари се хабарнигори ҷавон
Вилояти Хатлон: сифати нишастҳои матбуотӣ чӣ гуна буд?
Хабарнигорони водии Вахш мегӯянд, ҷамбасти сол дар ташкилоту корхонаҳои вилояти Хатлон назар ба ҷамбасти нимсолаи аввал хуб буд, аммо гурехтан аз суоли хабарнигорон ва маълумот надоштани худи роҳбарон ҷой доштааст. Читать далее Вилояти Хатлон: сифати нишастҳои матбуотӣ чӣ гуна буд?
Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон хостанд, хабарнигорро озод кунад
Се созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, Далер Шарифов, хабарнигори мустақили тоҷикро, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шуд, фавран аз зиндон раҳо кунад. Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, рӯзи 11-уми феврал бо нашри як баёнияи муштарак ҳамчунин аз мақомот хостаанд, тазмин бидиҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад ва шиканҷа намешавад. Читать далее Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон хостанд, хабарнигорро озод кунад
CPJ аз Тоҷикистон хост, Далер Шарифовро «фавран» озод кунад
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ё CPJ мақараш дар Ню-Йорк, рӯзи 6-уми феврал бо нашри як изҳорот, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки рӯзноманигор Далер Шарифовро бидуни таъхир раҳо намуда, иттиҳомот алайҳи ӯро бекор ва ба ӯ иҷоза бидиҳанд, ки бидуни ҳеҷ гуна мамониат фаъолияти худро идома диҳад. Читать далее CPJ аз Тоҷикистон хост, Далер Шарифовро «фавран» озод кунад
Рӯзноманигор Далер Шарифовро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе амр дод, ки Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари 32-солаи тоҷик, то анҷоми тафтиши парвандааш ду моҳ дар боздошт бимонад. Қарори додгоҳ 30-юми январ содир шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ ба «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ» (қисми яки моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст. Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов, баъд аз эълони қарори додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иттиҳомро қабул надорад. «Фарзандам ба ягон гурӯҳ шомил набуд ва танҳо ватанро дӯст медошт. Вай журналисти мустақил буд,» — афзуд ӯ. Читать далее Рӯзноманигор Далер Шарифовро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.
Мавқеи АМВАОМТ нисбати қазияи Далер Шарифов
Мо муътақид ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ҳастем, азбаски мақомот иттиҳоми мушаххас ба Далер Шарифов пешниҳод накардааст. Читать далее Мавқеи АМВАОМТ нисбати қазияи Далер Шарифов
Оё «Азия плюс» мушкили техникӣ дорад?
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, “Азия плюс” мушкили техникӣ дорад. Читать далее Оё «Азия плюс» мушкили техникӣ дорад?
САҲА аз Тоҷикистон хост, ба ҳама хабарнигорони Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад
Ҳарлем Дезир, намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот аз давлати Тоҷикистон хост, «ба тамом»-и хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад. Ӯ гуфт, хабарнигорон бояд имкон дошта бошанд, ки «бе ҳеҷ гуна мамониат кор кунанд». Читать далее САҲА аз Тоҷикистон хост, ба ҳама хабарнигорони Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад
ТВ «Хатлон» ояндаи наздик ба пахши дақиқияташ баланд — формати HD мегузарад (ВИДЕО)
Дар маҷлисгоҳи идораи телевизион ва радиои вилоят ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин идора дар 9 моҳи соли 2019 доир шуд, ки дар кори он муовини раиси вилояти Махфират Хидирзода иштирок намуд. Читать далее ТВ «Хатлон» ояндаи наздик ба пахши дақиқияташ баланд — формати HD мегузарад (ВИДЕО)