Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир имрӯз, 12-уми май дар мавриди ҳамла ба хабарнигори “Азия-Плюс” як баёния нашр кардааст. Ӯ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамлаварони Абдулло Ғурбатиро дархост кардааст. Читать далее Намояндаи САҲА: “Аз ҳамлаи хушунатомез ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ ваҳшатзадаям”
Архив рубрики: Хабар
RSF: Сирояти коронавирус таҳдид ба озодии баёнро бештар кард
Дар гузориши нави созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Париж, аз бештар шудани таҳдиди коронавирус ба озодии баён дар саросари ҷаҳон ва бахусус дар кишварҳои саркӯбгаре ба мисли Чину Эрон ибрози нигаронӣ шудааст. Читать далее RSF: Сирояти коронавирус таҳдид ба озодии баёнро бештар кард
Паёми вакилони Конгресс ба президенти Тоҷикистон дар бораи Радиои Озодӣ
Ду узви шинохтаи Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи «идомаи таҳдидҳо» ва бархӯрди нодуруст бо хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паём фиристоданд. Қонунгузорони Амрико аз мақомот хостанд, ки ба кори Радиои Озодӣ монеа нагузоранд. Паём 16-уми апрел аз тарафи намояндаи Ҳизби Демократ Адам Шифф ва намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Стив Чабот имзо шудааст. Читать далее Паёми вакилони Конгресс ба президенти Тоҷикистон дар бораи Радиои Озодӣ
Муроҷиати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба ҷомеаи журналистии кишвар
Вируси COVID-19 имрўз мушкилест, ки бештари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, иқтисоди дунёро ба зону шинонданист. Читать далее Муроҷиати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба ҷомеаи журналистии кишвар
Рӯзноманигор Далер Шарифов ба як соли зиндон маҳкум шуд
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз, 16-уми апрел рӯзноманигор Далер Шарифовро ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Читать далее Рӯзноманигор Далер Шарифов ба як соли зиндон маҳкум шуд
Amnesty International: Ҳалқаи озодиҳо дар Тоҷикистон тангтар мешавад
Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International), қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 16-уми апрел гузориши нави худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2019 дар Аврупои Шарқиву Осиёи Марказиро нашр кард. Читать далее Amnesty International: Ҳалқаи озодиҳо дар Тоҷикистон тангтар мешавад
Додрас ба мурофиаи «боз»-и Далер Шарифов даҳҳо нафарро роҳ надод. ВИДЕО
Ба мурофиаи рӯзноманигор Далер Шарифов, ки рӯзи 15-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд, танҳо вакили мудофеъ, шоҳидон ва падару модараш роҳ ёфтанд. Тақрибан 30 нафари дигар, аз ҷумла хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, паси дар монданд. Додраси парванда ба даромадани онҳо иҷоза надод. Читать далее Додрас ба мурофиаи «боз»-и Далер Шарифов даҳҳо нафарро роҳ надод. ВИДЕО
Бадахшон — ягона минтақаи бе расонаи мустақил дар Тоҷикистон
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона минтақае дар Тоҷикистон аст, ки то кунун расонаҳои мустақил надорад. Телевизиони давлатӣ ҷойгузин (алтернатива) надорад ва сокинон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаррасонии мардумӣ (даҳон ба даҳон) бартарӣ медиҳанд. Читать далее Бадахшон — ягона минтақаи бе расонаи мустақил дар Тоҷикистон
Аз Бег Сабур пурсидан даркор?
Дар ҳақиқат матбуот инъикоскунандаи идеологияи ҳар як давлат мебошад. Мардум маҳз тавассути рӯзномаҳо аз рӯйдодҳои олам огаҳӣ меёфтанд. Аз ин рӯ, дар давраи шӯравӣ ба табъу нашри рӯзномаҳо аҳамияти хоса медоданд. Читать далее Аз Бег Сабур пурсидан даркор?
Изҳороти ВКХ ҶТ: Гузориши ИМА оҳанги сиёсӣ дорад
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми март дар робита ба гузориши ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон изҳорот нашр кард. Читать далее Изҳороти ВКХ ҶТ: Гузориши ИМА оҳанги сиёсӣ дорад