Вакилони Тоҷикистон ба кодекси маъмурӣ ва ҷиноии кишвар тағйирот ворид карданд, аз ҷумла дар радифи дигар тағйиротҳо, барои ВАО- е, ки иттилооти “носаҳеҳ” ё “дуруғ” оид ба коронавирус паҳн менамоянд, ҷаримаҳо пешбинӣ шудааст Ҷаримаҳои пулӣ метавонанд дар нисбати шахсони физикӣ ҳам амалӣ гарданд. «Новый репортер» якҷоя бо ҳуқуқшиноси расонаҳо Ранжет Ятимов талош карданд, ки ба ин навовариҳо сарфаҳм раванд. Читать далее Дар Тоҷикистон журналистонро барои иттилооти “хато” ва “дуруғин” оид ба COVID-19 ҷарима мебанданд. Ин чӣ маъно дорад?
Архив рубрики: Хабар
Абдуллоҳ Ғурбатӣ фарзияи ВКД-ро дар бораи сабабҳои латукӯб шуданаш рад кард
Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов), хабарнигори «Азия-Плюс», ки рӯзи 29-уми май ҳангоми таҳияи гузориш аз маҳалли офатзадаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз ҷониби афроди номаълум латукӯб шудааст, мегӯяд, гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин воқеа асос надорад. Читать далее Абдуллоҳ Ғурбатӣ фарзияи ВКД-ро дар бораи сабабҳои латукӯб шуданаш рад кард
САҲА аз мамнуъ шудани сомонаи «Ахбор» дар Тоҷикистон нигаронӣ кард
Дерлим Ҳезир, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, аз қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон барои бастани сомонаи «Ахбор» дар ҳудуди кишвар ҷиддан ибрози нигаронӣ кард. Читать далее САҲА аз мамнуъ шудани сомонаи «Ахбор» дар Тоҷикистон нигаронӣ кард
Ҳамлаи дувум ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Созмонҳои дохилӣ ва байналмилалӣ маҳкум карданд
Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот ҳамла ба хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум кард ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, дар ин замина таҳқиқи пурра анҷом диҳанд ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ҳарлем Дезир 29-уми май дар Твиттер навишт, аз ин ҳамла «нигарон аст». «Рӯзноманигорон ҳангоми бозтоби мавзуъҳое, ки ҷомеа ба он алоқаманд аст, бояд эмин бошанд», — гуфт ӯ. Читать далее Ҳамлаи дувум ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Созмонҳои дохилӣ ва байналмилалӣ маҳкум карданд
Латукӯби навбатии рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Хуросон
Ӯ барои таҳияи гузориш дар бораи оилаҳои аз офати табиӣ осебдида ба ин ноҳия рафта буд
Читать далее Латукӯби навбатии рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Хуросон
Хабарнигори тоҷикро аз Душанбе ба зиндони Ёвон бурданд. САДО
Мақомоти интизомӣ як хабарнигори зиндонии тоҷикро аз боздоштгоҳи муваққатие дар шаҳри Душанбе ба зиндони Ёвон воқеъ дар ҷануби кишвар бурдаанд. Читать далее Хабарнигори тоҷикро аз Душанбе ба зиндони Ёвон бурданд. САДО
Дастури президент ҷиҳати мунтазам ба ВАО пешниҳод кардани маълумот дар бораи коронавирус
“Пинҳон накунед — мардум бояд ҳақиқатро донад”, — қайд кард президент.
Ҳамлае, ки боиси афзоиши худсонсурӣ дар Тоҷикистон мешавад
Рӯзноманигори тоҷик, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, ки ахиран мавриди ҳамла қарор гирифт, муътақид аст, ки ин ҳамла аз қабл барномарезишуда ва амдӣ буд. Коршиносон мегӯянд ин ҳодиса ба ҳамлаҳое, ки дар гузашта ба рӯзноманигорон сурат гирифта буд, шабоҳатҳое дорад. Читать далее Ҳамлае, ки боиси афзоиши худсонсурӣ дар Тоҷикистон мешавад
ВКД аз рӯйи далели ҳамла ба хабарнигори “Азия-Плюс” парвандаи ҷиноятӣ боз кард
Ҳамла шоми 11-уми май ба амал омада, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи ин далел 14-уми май оғоз шуд.
Читать далее ВКД аз рӯйи далели ҳамла ба хабарнигори “Азия-Плюс” парвандаи ҷиноятӣ боз кард
Изоҳроти Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон
Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз қазияи мавриди лату кӯб қарор гирифтани хабарнигори гуруҳи расонаҳои “Азия Плюс” – Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки боиси дар ҷомеа паҳн шудани тахмину гумонҳо ва осеби ҷисмонӣ гирифтани рӯзноманигор шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд. Читать далее Изоҳроти Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон