Архив рубрики: Хабар

Қарори раиси шаҳри Душанбе барои таъсиси сомонаҳои интернетӣ

Бо мақсади сари вақт бархӯрдор намудани сокинони шаҳри Душанбе аз маълумоту иттилоот оид ба амалигардонии барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, назарсанҷии афкори омма ва пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили тарзи нави ҳамкорӣ бо шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси истифодаи фаъоли технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №318, аз 1-уми июли соли 2010 «Дар бораи ҳисоботи вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми ноябри соли 2003 №1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 4, 8, 9, 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот», қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки дар асоси он роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 вазифадор карда шудаанд, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ на дертар аз 31-уми марти соли 2011 дар шабакаи Интернетӣ сомонаи расмии худро таъсис диҳанд. Дар ин бора ба TojNews сухангӯи Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.Тибқи иттилои манбаъ, дар робита ба муқаррароти банди 1-и Қарори мазкур, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ ҷиҳати бо сифати баланд таъмин намудани дастрасии шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба ахборот ва хизматрасониҳои давлатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият, амалигардонии Барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сомонаи худро бо хабар, маълумот ва санадҳои дахлдор таъмин ва бо мақсади фаъолияти мунтазам сомонаро бо инфраструктураи зарурии муосир муҷаҳҳаз гардонанд.

Ҳамчунин, мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳрии зерин муваззаф шуданд, ки дар шабакаи Интернет сомонаи расмии худро таъсис диҳанд:

1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино.

3. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе.

4. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе.

5. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе».

6. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе».

7. Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт».

8. Нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе — рӯзномаи «Паёми Душанбе».

9. Корхонаи воҳиди давлатии «Меҳмонсарои Пойтахт».

10. Корхонаи воҳиди давлатии «Меҳмонхонаи «Вахш».

11. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити Пойтахт».

12. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Дустӣ-Интернет кафе».

13. Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе.

14. Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

15. Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз аз 19-уми ноябри соли 2004 сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj ва аз 13-уми октябри соли 2005 почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, аз 27-уми феврали соли 2010 сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи И. Сомонӣ www.i-somoni.tj ва почтаи электронии Раиси ноҳияи И. Сомонӣ i-somoni.tj@mail.ru ва аз 25-уми декабри соли 2010 сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ www.n-firdavsi.tj ва почтаи электронии раиси ноҳияи Фирдавсӣ n.firdavsi@mail.ru ташкил карда шуда, то ба имрӯз фаъол мебошанд.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11466&Itemid=30

Изҳороти созмонҳои журналистӣ оид ба латукӯби Сайфуллозода

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии ахбори оммаи мустақили Точикистон, Медиа Алянси Тоҷикистон ва Бунёди «Индем» бо пахши як баёния ҳодисаи аз ҷониби ашхоси номаълум ба таври ваҳшиёна мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ва ба таври ҷиддӣ тафтиш шудани қазияи мазкурро талаб доранд.«Субҳи рӯзи 7-уми феврали соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода аз ҷониби бадхоҳони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта, ба таври ваҳшиёна латукӯб шуд. Сабаби латукӯб шудани Сайфуллозода ҳанӯз аниқ нест. Бо вуҷуди он, дар ҷомеаи демократӣ сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатии на танҳо журналист ва шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест. Бо чунин тарз қасос гирифтан аз одамони номақбул ҷиноят буда, мутобиқи қонун бояд ҷиддан мавриди ҷазои сахт қарор бигирад. Баъзе коршиносон ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти касбии журналистии Ҳикматулло Сайфуллозода марбут медонанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО омода ҳастанд, ки ин ҳодисаро мавриди таҳқиқи журналистӣ қарор дода, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои фош кардани ҷинояти мазкур мусоидат намоянд. Ошкор намудани ҷиноят оид ба ҳодисаи ҳамла ва латукӯб кардани Ҳикматулло Сайфуллозода марбут ба обрӯю эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои босалоҳияти давлатии Тоҷикистон мебошад,- омадааст дар изҳороти дастҷамъии созмонҳои журналистӣ.

Ёдовар мешавем, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар баробари кор карданаш дар маркази таҳлилии «Диалог», соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот» — нашрияи расмии ҲНИТ-ро бар ӯҳда гирифт.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11395&Itemid=30

Шикояти хабарнигорони Қурғонтеппа

Дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон нахустин маҳфили “Хабарнигорон” баргузор шуд, ки дар он хабарнигорон мавзӯъи ҳамраъйии рӯзноманигоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ин маҳфил, ки ба ҷуз хабарнигорон дар он мақомоти раёсати вилоят низ ҳузур доштанд, таъкид шуд, ки хабарнигорон дар заминаи дастарӣ ба хабар аз “мансабдорони вилоят” бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, зеро аксаран аз хабарнигорон барои мусоҳиба иҷозати катбии раиси вилоят тақозо мешавад.
Хабарнигорон ҳамчунин шикоят карданд, ки мақомоти маҳаллӣ дар посух ба гузориш ва мақолаҳо дар расонаҳо “аслан вокуниш нишон намедиҳанд.”
Дар маҳфили хабарнигорони расонаҳои тоҷикӣ ва ӯзбакию русии Қӯрғонтеппа ширкат карданд. Онҳо аз риъоят нашудани одоб аз сӯйи бархе аз мақомот дар ҷараёни нишастҳои матбуъотӣ шикоят карданд.
Хабарнигорон барои мисол аз Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қурғонтеппа мисол оварданд. Ба гуфтаи онҳо оқои Самиев дар ҷараёни як нишасти матбуъотӣ хабарнигори ҳафтаномаи ӯзбакии “Халқ овозӣ”-ро, ки ба сар кулоҳи тоҷикӣ дошт, “Тоқӣ!” садо додааст, ки боиси норизоятӣ ва ранҷиши хабарнигорон гаштааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110131_sq_ak_press_freedom.shtml