Архив рубрики: Хабар

Абдумудассир АҲМАДЗОДА: «Сармуҳаррирони нашрияҳои хусусӣ қаҳрамо

3-юми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии озодии матбуот таҷлил мегардад. Дар ин рӯз бештар аз ҳар вақт дастандаркорони расонаҳои хабарӣ сари мушкилоти соҳа ва ҳолати озодии баён андеша мекунанд. Дар назар аст, ки ин шабу рӯз аз ҷониби созмону ташкилотҳои журналистӣ ҳамоишҳо баргузор гашта, дурнамои соҳа баррасӣ ва беҳтарин рӯзноманигорону иттилоъдиҳандагон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шаванд. Дар ҳар сурат, ҳанӯз суол боқӣ мемонад, ки ВАО-и кишвар, хоса матбуоти имрӯз то кадом андоза озод аст? Андешаи муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Абдумудассир Аҳмадзода дар ин мавзӯъ:— Матбуоти мо озодии нисбӣ дорад. Аз мизи хабарнигор то мизи сармуҳаррир озодии комил ва баъд озодии нисбӣ. Зеро сармуҳаррир пеш аз он, ки чизеро чоп намояд, сад бор анеша мекунад. «Мабодо андозро наранҷонам?», «мабодо барқ аз ман хафа нашавад?», «мабодо мансабдораке маро барои ягон калима ба суд надиҳад?», «мабодо манфиати ягон «одами боло» зарар набинад?» ва боз садҳо «мабодо»-и дигар.

Дар шароити имрӯза ба ҳайси сармуҳаррир кор кардан як қаҳрамонист. Зеро онҳо (сармуҳаррирон) дар вазъияте ҳастанд, ки хонанда иттилоъи дақиқ талаб мекунаду онҳо ин иттилоъро танҳо бо назардошти чанд манфиат пешниҳод карда метавонанд. Яъне «дар миёни чор девор тахтабандам кардаӣ. Боз мегӯӣ, ки ҳушёр бошу доман тар макун». Агар заррае доман тар шавад, аз сармуҳаррир ва нашрияи ӯ танҳо хотира боқӣ мемонад. Сармуҳарирони имрӯзаи нашрияҳои хусусии кишвар воқеан қаҳрамонанд. Рӯзи матбуоти озод муборак, сармуҳаррирон!

Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14055

Муҳаммад ФАРМОНЗОДА: «Хабаргузориҳо шароити хуби корӣ надоранд»

Табиист, ки бо таҷлили як рӯз наметавон аз вазъи беҳи озодии баён ҳарф зад, вале ин сана боз як бор моро сари андешаи ҳолати имрӯзаи ВАО меорад. Бояд ҷиддӣ андешид, ки ВАО ин шабу рӯз дар кадом сатҳ аст ва чӣ омилҳое вазъи озодии баёнро халадор мекунанд. Ҳарчанд яке аз сабабҳои коҳиши озодии баёнро худсонсурии худи журналистон меҳисобанд, омилҳои ба он таъсиррасон низ вуҷуд доранд. Шарҳи ҳолати имрӯзаи ВАО ва омилҳои ба озодии баён таъсиррасон аз нигоҳи коршинос Муҳаммад Фармонзода:— Воқеан, ҳамасола дар сар то сари олам маҳз дар ҳамин рӯз аз озодии баён сӯҳбат мешавад, вале дар маҷмӯъ ҳеҷ кишвареро наметавон ном бурд, ки озодии баён ба пуррагӣ таъмин гардида бошад.

Вазъи озодии баёни ВАО-и Тоҷикистон дар ҳоли ваҳим қарор дорад. Ин ҳам бо чанд авомиле. Надоштани журналисти ҳирфаӣ, набудани иттиҳоди ҳамназарии журналистӣ, болоравии молиёт, гаронии коғаз ва норасоии молиявӣ, ин ҳама мушкилотҳоест, ки озодии баёни ВАО-и ватаниро зери соя бурдааст. Вақте, ки хабаргузориҳо шароити хуби корӣ надоранд, беҳбудии молии худро аз ниҳодҳову афроди ғайр таъмин мекунанд, пас метавон гуфт, ки озодии баён таъмин аст?

Инчунин дар зарфи чанд моҳи охир фишор болои расонаҳои чопӣ ба назар мерасад, ки яке аз заъфиятҳои имрӯзи расонаҳо гардидааст. Бо вуҷуди ифтитоҳи даҳҳо родиёву телевизион, сомонаву ҷаридаҳо, ҳамоно халои иттилоотӣ вуҷуд дорад. Фикр мекунам омили ин ҳама хало зери соя фаъолият намудани хабаргузориҳост. Бояд, барои беҳтар шудани вазъи озодии баён ҳукумат кӯмакпулиҳо карда бошад ва ҳамаи ВАО-и ватаниро ҳамчун шарики стротегӣ қабул дошта бошад.

Имрӯз дар ҷаҳони мухобиротӣ нақши иттилоот барои рушди давлату миллат, иқтисоду иҷтимоъ, ҳифзи ҷангҳои сард хеле муаассир аст. Бубинед, дар зарфи чанд соли охир Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ аз лиҳози надоштани хабаргузориҳои таъсиррасон бохтҳое дошт. Бояд дар ин самт масъулину рӯзноманигорон ҷиддан фикр дошта бошанд.
Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14061

Ҷӯра ЮСУФӢ: «Таъмини амнияти фазои иттилоотӣ мураккаб аст»

Коршиносони соҳа солҳои охир фазои иттилоотии минтақаҳои наздисарҳадии шаҳру навоҳии Панҷакент, Мастчоҳ ва Зафарободро хеле нигаронкунанда арзёбӣ менамоянд. Расонаҳои хабарӣ бонги изтироб мезананд, ки фазои иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ ба дасти бегонаҳо гузашта истодааст. Сокинон мегӯянд, ки ҳоло мавҷҳои шабакаҳои телевизиони Узбакистон дар ҷанги самовию иттилоотӣ аз мавҷҳои шабакаҳои миллӣ пурзӯранд, ки ин ба миллат хатари ҷиддӣ дорад.Дар робита ба ин, Маркази интиқоли мавҷҳои радио-телевизионӣ дар вилояти Суғд меафзояд, ки имрӯзҳо пахши телевизионҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадии вилоят, хоса Ашт — «Шабакаи аввал» — 99,5%, ТВ «Сафина» — 35,22%, ТВ «Баҳористон» — 20,78%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 46%, ТВ «Суғд» — 0%; Зафаробод — «Шабакаи аввал» — 100%, ТВ «Сафина» — 70,3%, ТВ «Баҳористон» — 90%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 70,3%, ТВ «Суғд» — 0%; Мастчоҳ — «Шабакаи аввал» — 98,0%, ТВ «Сафина» — 72%, ТВ «Баҳористон» — 72%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 0%, ТВ «Суғд» — 0%; Панҷакент — «Шабакаи аввал» — 99,3%, ТВ «Сафина» — 37,85%, ТВ «Баҳористон» — 37,47%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 67,6%, ТВ «Суғд» — 0% ва амсоли инҳо ба пуррагӣ дастрас набуда, аксари минтақаҳои вилоятро фарогир нест.

Дар ҳамин ҳол, вобаста ба масоили мазкур мо бо як тан аз таҳлилгарони тоҷик Ҷӯра Юсуфӣ сӯҳбат намудем:

— Воқеан ин мушкилот мушкилоти нав набуда, ҳанӯз аз даҳаи аввали оғози асри ХХI шурӯъ гаштааст ва борҳо доир ба ин масоил расонаҳои хабарӣ бонги изтироб заданд, ки фазои иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ ба дасти бегонаҳо гузашта истодааст. Бояд гуфт, ки ишғоли фазои иттилоотии мо асосан аз тарафи расонаҳои Узбакистон 2 сабаб дорад: якум, дастрасии комилу пурра надоштани мардум ба ҳамаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва радио аст. Зеро, ҳанӯз дар ин навоҳӣ сад дар сад мардум аз ин барномаҳо бархӯрдор нестанд ва сониян онҳо ба телевизион ва радиошабакаҳои ватанӣ дастрасӣ дошта бошанд ҳам, бештар ба барномаҳои телевизионҳои ҳамсоя таваҷҷӯҳ доранд; дуюм, меъёри касбият ба миён меояд, ки ин расонаҳои мо истеъдоди пахши барномаҳои ҷолибу сифатан беҳтарро надоранд ва бояд дар ин маврид хеле кор кард. Дар ин замина, он журналистонеро, ки воқеан касбиянд, бо маоши зиндагии шоиста бояд таъмин намуд ва чун эҳсос намуда бошед, дар барномаҳои телевизионии мо ахбори расмӣ хеле зиёд пахш мешавад. Он барномаҳое, ки аз 7 то 70-сола интизораш шаванд, гуфтан мумкин аст, ки анқариб вуҷуд надорад.

Ҳамзамон ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯзҳо аксари телевизионҳо, амсоли телевизионҳои Узбакистон, ки бештар бо пахши сериалҳои туркиву куриёиву чинӣ маҳбубият пайдо кардаанд ва мардум ба ин гуна сериалҳо одат кардаанду ҳатто интизор ҳам мешаванд, пас дар телевизионҳои мо низ чунин сериалҳои ҷолибро нишон бояд дод, то мардум тамошо кунанд.

Бубинед, ки вақтҳои охир шабакаи аввали радиӣ назар ба телевизион дар деҳот воқеан шунавандаи зиёд дорад ва тавонистааст бо барномаҳои мухталифи адабиву таърихӣ ва дигар маҳбубият ба даст оварад. Вале доир ба воситаҳои ахбори чопӣ ҳоҷати гап нест, зеро, ки то ҳанӯз дастрасии мардум ба матбуот саривақтӣ набуда, аксар вақт ба навоҳии дурдаст, мисли Кӯҳистони Мастчоҳ, «Почтаи тоҷик» нашрияҳоро баъзан баъди як моҳ, ё дар як моҳ ду бор ва ҳатто ба баъзе минтақаҳо умуман дастрас намекунад, ки ин албатта боиси дубора обуна нашудани мардум ба рӯзномаву маҷалла оварда мерасонад. Агар дар бораи мӯҳтаво ва мундариҷаи расонаҳо ҳарф занем, боз ҳам дар деҳот он нашрияҳое, ки ба истилоҳ мустақилу озоданд, назар ба расонаҳое, ки аз буҷаи ҳукумат маблағгузорӣ мешаванд, бештар маҳбубият доранд. Дар ин маврид боз ҳам сатҳи пасти касбӣ, набудани ҷасорат, маҳорат ва он фаврият дар инъикоси масоили доғи рӯз сабаб мешавад, ки мардум нисбати ин расонаҳои чопӣ низ камтаваҷҷӯҳ бошанд.

Хуллас, имрӯзҳо таъмини амнияти фазои иттилоотӣ басо мураккаб аст ва танҳо бо як дахолати давлат беҳ намешавад. Мо бояд радиою телевизион, нашрия ва рӯзноманигоронро ба ин масоил сафарбар кунем, то дар ҷамъ ба он ноил шавем, ки мардум бештар ба расонаҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Расонаҳои хабарӣ бошад, талаботу шавқу завқи мардумро дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза ба назар гиранд ва мувофиқи қобилияти дарку фаҳмиш ва аз ҳама муҳим, талаботу фармоиши хонандагон, шунавандагону бинандагони худ мавод омода созанд.

Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14056&Itemid=28

Журналистон аз ташхиси истилоҳоти забонӣ гузаштанд

Бо иқдоми Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ва сарпарастии Оҷонсии ИМА оид ба тараққиёт (USAID) Интернюс-Network-и Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ (Танзими баҳсҳои истилоҳотӣ – забонӣ дар матбуот ва проблемаҳои ташхисоти лингвистӣ) доир гардид.Раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар сухани ифтитоҳӣ зарурат ва аҳмияти омӯзиши мавзӯъро зикр кард. Аз ҷумла сарвари Иттифоқи Журналистон баҳсҳо ва мурофиаҳои байни васоити ахбори омма ва сохторҳои қудратиро дар мавриди дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот, паст задани шаъну шарафи инсон, мақом ва эътибори иттилооти ҷиноӣ омили зарурати чунин омӯзиш қайд намуд.

Сипас коршиноси пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти АУ Тоҷикистон Мирзоев Сайфиддин дар мавриди истифодаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар матбуот, тарзи муайян кардани паҳлӯҳои таҳқир дар матнҳо гузориш дод. Мутахассиси Асотсиатсияи ташхисгарони лингвистҳои «Лексис»-и Федератсияи Руссия, номзади илмҳои филологӣ Константин Бринёв роҳҳои ҳалли баҳсҳо, омилҳо ва манбаъҳои муноқишаҳои тарафҳо, тарзу усули гузаронидани экспертизаи истилоҳотӣ муфассал шарҳ дод.

Дар семинар намояндагони Бунёди СОРОС, НАНСМИТ, Маркази ҳифзи ҳуқуқи журналист, Шурои Васоити ахбори омма, сардабирони як қатор нашрияҳои маъруфи ҷумҳурӣ ва намояндагони ВАО-и вилоятҳои Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзида, фаъолона табодули андеша намуданнд.

Источник: http://www.gazeta.tj/chg/1987-zhurnaliston-az-tashxisi-istilo1203oti-zabon1251-guzashtand.html

Мурофиаи додгоҳии 3 нашрия дар Душанбе аз сар гирифта шуд

Мурофиаи додгоҳии нашрияҳои «Фараж» ва «Азия-плюс» ва «Озодагон» дар Душанбе аз сар гирифта шуд.Додраси додгоҳи ноҳияи Сино гуфт, забоншиносон дар матолиби «Фараж» ва «Азия-плюс» иштибоҳе наёфтаанд, аммо дар як мактуби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъ ба Додгоҳи Олӣ ва матлаби нашрияи «Озодагон» мавҷудияти таҳқирро ошкор кардаанд. Амриддин Сафоев-додраси додгоҳи ноҳияи Сино аз тавзеҳи мавзӯъ ба рӯзноманигорон худдорӣ кард, вале гуфт:

«Дар ҳама расонаҳо эълон шуда буд, ки маводи нашрияҳо ба ташхис фиристода шудаанд. Рӯзи 28 мо натиҷаҳоро гирифтем ва имрӯз корро сар кардем.»

Бо вуҷуди ин Абдураҳмон Шарифов- вакили мудофеи нашрияҳои «Фараж» ва «Озодагон» мегӯяд, ин нашрияҳо ташхисро ғайри қобили қабул меҳисобанд, зеро Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон расман салоҳияти чунин ташхисро надорад ва кормандонаш коргари давлатӣ нестанд. Мурофиаи додгоҳии ин нашрияҳо баъд аз таваққуфи нӯҳмоҳа аз сар гирифта шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110304/538/538.html?id=2328174

Ҳуснигул Даминова табраа шуд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳансури шаҳри Душанбе Ҳуснигул Даминова, хабарнигори телевизиюни Тоҷикистонро, ки аз сӯйи раиси Кумитаи родию ва телевизиюни давлатӣ, ба авбошӣ муттаҳам шуда буд, табраа кардааст.Бар асоси мусаввабаи додгоҳ, ҷанҷоли хонуми Даминова бо Асадулло Раҳмонов, раиси кумитаи родию ва телевизиюни давлатӣ, ки ин қазияи додгоҳиро ба дунбол дошт, дар шароите рух дода, ки вазъи равонии хонуми Даминова хуб набудааст.
Бино бар ин, додгоҳ тавсия кардааст, ки хонуми Даминова таҳти муроқибати пизишкон қарор бигирад.
Дар моҳи октябри соли гузашта, Қимат Розиева, вакили мудофеъи хонуми Даминова, вуҷуди ҳар гуна нишонаҳои ҷиноят дар рафтори ӯро рад карда ва хостори озодии фаврии ӯ шуда буд.
Ба гуфтаи ӯ, боздошти муваккилаш «ба таври ғайриқонунӣ» сурат гирифтааст.
Ҳуснигул Даминова солҳои зиёде дар телевизиюни давлатии Тоҷикистон кор мекард ва дар замони ҷанги дохилии ин кишвар масъули барномаи «Инсон ва қонун» буд.
Ба гуфтаи вакили мудофеъаш, баҳси ӯ бо раиси кумитаи родию ва телевизиюни давлатӣ бар сари манзили маскунӣ сурат гирифта ва хонуми Даминова раисашро ба ин муттаҳам карда буд, ки ба дигарон манзил дода ва аз фаъолияти чандинсолаи вай дар телевизиюн сарфи назар кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110215_ea_daminova_court.shtml

Нигаронӣ аз «Равзанаи ягона»-и сабти номи расонаҳо

Созмонҳои рӯзноманигорӣ ва расонаҳои Тоҷикистон сабти ном тариқи «равзанаи ягона» ва муқаррар шудани ҳадди ақалли музди меҳнат барои муассиаҳои ғайридавлатиро хатароти нав ба озодии баён унвон карданд.Нигарониҳои рӯзноманигорон зимни ҳамоиши вижае таҳти унвони «Таҳдидҳои нав ба васоити ахбори умуми Тоҷикистон ва роҳҳои ҷилавгирии онҳо» баён шуд.

Матни пурраи гузориш дар саҳифаи таҳлилӣ.

Источник: http://www.taj.nansmit.tj/taj_fen/?id=13

Истеъфои шармандавори Ҳуснӣ Муборак баъди 30 соли роҳбарӣ

Ниҳоят, баъди фишорҳои пайдарпайи мардуми Миср президенти 82-солаи ин кишвар Ҳуснӣ Муборак, ки 30 сол ҳокимиятро дар даст дошт, истеъфо дод. Истеъфои ӯ баъди тариқи телевизион баромад кардани ноибаш Умар Сулаймон ва хабар додан дар бораи ба даст гирифтани идораи давлат аз ҷониби Маҷлиси олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср мардуми эътирозиро ба шавқ овард.Ин дар ҳолест, ки «баромади президенти Миср Ҳуснӣ Муборак бо нутқи рад кардани қарори ба истеъфо рафтанаш хавфи дар кишвар сар задани таркишҳои навро дорад»,- изҳор дошта буданд коршиносон тариқи расонаҳои байналмилалӣ.

Тибқи хабарҳои охирин, баъди ин тасмим бетартибиҳо дар Қоҳира бештар гардида буд. Тӯдаи тазоҳургарон ба қасри президент наздик мешуданд ва дар кишвар овозаҳо паҳн гардида буд, ки роҳбари давлат аллакай ба хориҷ гурехтааст.

Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак бо муроҷиати телевизионии худ ваъдаи пешинаашро, ки дар даъвати навбатии интихоботии сентябрӣ номзадияшро нахоҳад гузошт, тасдиқ кард, вале тавре интизор мерафт, дарзамон ба истеъфо рафтанашро эълон надошт. Мухолифони башӯромада баъди намози пешини ҷумъа ҳамоиши бузург карданд, бо дархости он, ки президент билохира бояд талаботҳои онҳоро иҷро намояд. Дар Интернет даъватҳои ташкили ҳамоиш дар назди қасри президент, моҳиятан дар ноҳияи марказӣ садо медод.

Дар баробари ин, қариб 2000 одам ҳатто шаб ба бошишгоҳи «Эл-Уруб», ки дар онҷо сарвари давлат зиндагӣ мекунад, роҳпаймоӣ карданд. «Чандин ҳазор тазоҳургарон зери девори қасри перезидент мустақаранд»,- гузориш дода буд шабакаи телевизионии эронӣ — Press-TV. Тақрибан 10 ҳазор мухолиф дар назди бинои телевизиони давлатӣ баршумурда шуда буданд. Дар назди қасри президент намоишҳои нав ба нав рӯ мезад.

Мувофиқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, Муборак аллакай кишварро тарк карда буд. «Муроҷиаташ ба мардум, ки дар он эълон дошт, ки то интихоботи навбатӣ ба истеъфо намеравад, вале вазифаҳояшро ба муовинаш Умар Сулаймон, ки баргузидаи ӯст, қисман вогузор кардааст, пештар сабт шудаанд,- менигоштанд хабаргузориҳо.

Тибқи маълумотҳои дигар, Муборак пойтахти кишвар — Қоҳираро тарк карда, бо роҳбаладии рабари штаби генералии армияи Миср ба Шарм-ул-Шайх рафта буд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муборак бархе аз ӯҳдадориҳояшро ба сарвазир Умар Сулаймон дод. Тавре Lenta.ru менависад, ӯ ҳамчунин эълон дошта буд, ки ба панҷ моддаи Сарқонуни кишвар тағйирот омода кардааст.
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11514&Itemid=28

Нисбат ба латукӯби Сайфуллозода парванда боз мешавад?

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, танҳо пас аз эълони натоиҷи ташхиси тиббӣ-судӣ, дар робита ба қазияи Ҳикматулло Сайфуллозода парванда боз мешавад.Мустафо Каримов, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, ки таҳқиқи ин ҳодиса ба ӯҳдаи вай вогузор шудааст, рӯзи панҷшанбеи 10-уми феврал ба «Озодӣ»гуфт, бар асоси натиҷаҳои ташхиси тиббӣ-судӣ, ки қарор аст имрӯз эълом шаванд, парвандаи ҷиноӣ дар робита ба латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода боз хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Каримов, айни ҳол санҷиш ва бозрасиҳо нисбат ба латукӯби сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» ва узви раёсати олии ҲНИТ аз сӯи мутахассисон ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки аз ҳодисаи латукӯби ҷаноби Сайфуллозода се рӯз сипарӣ мешавад ва мақомоти ҲНИТ ин ҳамларо «сӯиқасд ба ҷони ӯ» ва «амали тарҳрезишуда алайҳи ин ҳизби динӣ» арзёбӣ кардаанд.

Аммо Мустафо Каримов, муфатишши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, ки ба гуфтаи худаш ду-се маротиба дар аёдати Ҳикматулло Сайфуллозода будааст, асоси боз кардани парвандаро ба натиҷаи ташхиси тиббӣ-судӣ ва мушаххас кардани дараҷаи ҷароҳатҳое, ки дар бадани ҷабрдида будааст, марбут медонад.

Бо ин ҳама, ҷаноби Каримов содир шудани ҷиноят, латукӯб, ҷароҳат бардоштан ва бистарӣ шудани Ҳикматулло Сайфуллозодаро тасдик мекунад, аммо мегӯяд, то замоне ки мушаххасот маълум нашавад, дар мавриди намуди ҷиноят гуфтан барвақт аст.

Ба гуфтаи худи Ҳикматулло Сайфуллозода, қабл аз Мустафо Каримов ду нафари дигар аз маъмурони пулис омада буданд, аммо он ҳангом гуфта мешуд, ки танҳо бо аризаи шикоятии вай намешавад, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ҳикматулло Сайфуллозода субҳи рӯзи 7-уми феврал дар назди манзили худ аз сӯи афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт ва ҳоло дар беморхонаи “Қарияи Боло”-и шаҳри Душанбе бистарӣ аст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/2304503.html

«Афзоиши фишорҳо бар рӯзноманигорон»

«Системи нокомили ҳимоят аз матбуъот ба афзоиши фишорҳо бар рӯзноманигорон дар Тоҷикистон мунҷар шудааст.»Ин матлаб дар баёнияи «Media Group & Mercy», як созмони ғайридавлатии рӯзноманигорон дар вилояти Суғд, ки рӯзи душанбеи 7 феврал мунташир шуд, зикр шудааст.

Ин созмон боло бурдани сатҳи тахассусии марокизи матбуъотии ниҳодҳои давлатиро аз роҳҳои ҳалли ин мушкил хонда ва гуфтааст, ки дар сурати вокуниши сареъи марокизи матбуъотӣ ба матолиби интиқодӣ мумкин аст аз ихтилофоти эҳтимолӣ ва даъвоҳои додгоҳӣ ҷилавгирӣ шавад.

Созмони «Media Group & Mercy» дар соли 2002 дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон таъсис шуда ва дар миёни созмонҳои рӯзноманигории ин кишвар то кунун чандон шинохташуда набудааст.

Зимнан, интизор мерафт рӯзи душанбеи 7 феврал дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии муқаддамотии қазияи нашрияи “ASIA-Plus” баргузор шавад. Аммо ба далели ҳозир нашудани намояндагони ҷониби муддаъӣ ин ҷаласа то ба як ҳафтаи дигар ба таъвиқ афтодааст.

Дар пайи чопи матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “ASIA-Plus” таҳти унвони “Бозрасӣ ё истинтоқ?” дар 21 декабри соли гузашта дар мавриди истифодаи шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ Анвар Тағоймуродов, раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин нашрияро ба «таҳвину бӯҳтон» муттаҳам кардааст.

Ӯ нашрияи “ASIA-Plus”-ро ба яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе кашида ва тақозои пардохти ғаромат ба миқдори 1 милюн сомонӣ ё муъодили 165.625 юруро кардааст.

Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон пештар зимни интиқод аз ин иқдоми оқои Тағоймуродов аз Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари интизомӣ даъват карда буданд, ки ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода ва аз мавориди нақзи қавонин дар заминаи дастрасии мардум ба иттилоъот ва озодии баён ҷилавгирӣ кунанд.

Созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз низ пайгарди қазоии ин ҳафтаномаро аз ҷониби раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон маҳкум карда ва ин амалро нақзи муқаррароти байналмилалӣ ва қавонини кишвар дар бораи озодии баён талаққӣ кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/02/110207_mm_media.shtml