Архив рубрики: Хабар

Шаш баҳси додгоҳӣ бо матбуот дар соли интихобот

Дар 7 моҳи соли равон 6 ҳолати муроҷиат ба додгоҳ аз фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳо сабт шудааст, ки дар солҳои қаблӣ собиқа надоштааст.

Аксарияти ин даъвоҳоҳои додгоҳӣ алайҳи нашрияҳо ва хабарнигорон ба ҳифзи шаъну шараф ва одобу ахлоқи журналистӣ рабт дорад. Даъвогарон бо бурдани шикоят ба додгоҳ бо талаби нашри раддия ва ё узрхоҳии хабарнигор дар наздашон инчунин талаби пардохти ҷубронпулии ҳангуфт ҳам мекунанд.

Барои мисол, даъвои Рустам Ҳукумов бо нашрияи «Имрӯз Нюс»  бо 50 000 сомонӣ ҷарима бастани нашрия анҷомид. Даъвои ширкати «Тоҷирон»-и марбут ба яке аз домодҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон алайҳи матлаби «Мурдафурӯшӣ дар «Тоҷирон», ки низ дар «Имрӯз Нюс» нашр шуда буд, бо ҳамагӣ 1 сомонӣ ҷарима бастани нашрия ва 30 000 сомонӣ ҷарима шудани вакили мудофеъ Файзинисо Воҳидова анҷомид.

Афзоиши баҳсҳои додгоҳии матбуот дар соли интихобот

Ширкати «Тоҷирон» ба дунбол эълон кард, ки ин пули ҷаримаро «дар самти баланд  бардоштани  одоби   касбии   рӯзноманигорон ва инкишофи  этикаи  журналистӣ   дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   истифода  намуда, ин маблағро  ҳамчун  маблағи   грантӣ   ба  созмонҳои  журналистие  медиҳад,  ки  дар  соҳаи баланд  бардоштани  масъулияти  касбию этикии    журналистон  фаъолият  мекунанд.»

Ҳоло чанд созмони эҷодӣ алайҳи хабарнигори «Азия Плюс» Олга Тутубалина дандон тез карда, тавассути додгоҳ мехоҳанд ки аз ӯ барои «таҳқир»-и зиёиён 200 000 сомонӣ ҷуброн бирӯёнанд. Як мавриди дигари баҳси додгоҳӣ даъвои як мудири кӯдакистон алайҳи Радиои Озодӣ буд, ки ба фарқ аз мавридҳои дигар, ба фоидаи Озодӣ анҷомид, ва ду мавриди дигар — даъвои намояндагони Кумитаи дин бо хабарнигори «Тоҷнюс» ва баҳси як сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳафтаномаи «Самак.»

Маҳзи ба бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани баҳсҳо миёни хабарнигорон бо ширкатҳо ва ё афроди алоҳида ва ба истилоҳ то ба додгоҳ нарасондани моҷаро ахиран созмони ҷамъиятии Шӯрои ВАО сомонаи вижаеро бо номи Odob.tj раҳандозӣ кард.  Мақсад аз таъсиси ин сомона ба гуфтаи аъзои Шӯро,   инъикоси фаъолияти ин сомзон ва ҳам нашру баррасии  шикояти мардум алайҳи журналистон ва баҳои коршиносон дар бораи нигоштаҳои журналистӣ аз назари меъёрҳои ахлоқи журналистӣ мебошад.

Қурбон Аламшоев, узви Шӯрои ВАО мегӯяд, дар тӯли солҳои фаъолияташ ин Шӯро чандин баҳсҳои миёни шаҳрвандон ва хабарнигоронро бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардааст: «Дар аксар кишварҳои мутамаддини дунё ин гуна Шӯроҳо дар шаклҳои гуногун вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон азбаски дар бораи фаъолияти чунин шӯро маълумоти кам доранд, шаҳрвандон бевосита ба додгоҳ шикоят мебаранд. Ин Шӯро кӯшиш мекунад, ки қазияҳои додгоҳӣ низ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал шавад. Масалан дар қазияи ахири миёни зиёиён ва хабарнигори «Азия плюс» Олга Тутубалина Шӯрои матни хабарнигорро таҳлил карда, ба хулосае омад, ки журналист дар ин қазия айбе надорад.»

Ҷаноби Аламшоев мегӯяд, ин ҷанбаи фаъолияти Шӯрои ВАО танҳо хислати машваратӣ дорад ва наметавонад ягон нашрияро ба чопи ягон мавод ваё баръакс ба нашр накардани ягон матлаб водор кунад.

Бинобар мониторинги созмонҳои дифоъ аз озодии сухан ва ҳуқуқи хабарнигорон, ҳар сол дар Тоҷикистон маъмулан 2-3 парванда алайҳи журналистону расонаҳо боз мешавад. Аммо қазияҳои  додгоҳӣ алайҳи хабарнигорон алалхусус дар арафаи маъракаҳои сиёсӣ, мисли интихобот зиёд мешаванд.  Ба таъкиди коршиносон, мақомот маъмулан дар арафаи чунин маъракаҳо бо шеваи «ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар» мехоҳад аз озодбаёнии хабарнигорон ҷилавгирӣ кунад.

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, зиёд шудани баҳсҳои додгоҳӣ бо хабарнигорон ва нашрияҳо аз боло рафтани савияи ҳуқуқии мардум низ гувоҳӣ медиҳад: «Ин хуб аст, ки акнун даъвогарон ба додгоҳ шикоят мебаранду мисли солҳои қаблӣ назди журналистон бо автомату гурӯҳҳои авбош намеоянд. Ман фикр мекунам, ки зиёд шудани баҳсҳои додгоҳӣ ба боло рафтани қадри сухан рабт дорад ва ҳушдор ба журналистон аст, ки давраҳои бесоҳибӣ сипарӣ шуд ва акнун ҳар шахс, ҳар ширкат аз ҳуқуқи худаш дифоъ мекунад.»

Ҷаноби Сатторов афзуд, Шӯрои ВАО дар ҳал кардани қазияҳои баҳснок миёни хабарнигорону шаҳрвандон метавонад нақши бориз дошта бошад, вале дар ҳоли ҳозир на ҳамаи расонаҳо узв ин шӯроянд ва онро эътироф мекунанд.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон моҳи январи соли 2010 таъсис шудааст. Муассисони ин шӯро созмонҳои бонуфузи  журналистие, чун Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, гурӯҳҳои расонаии “Азия-Плюс”, “Чархи гардун” ва «Оила», шабакаи телевизионии СМТ ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақил мебошанд.

odob.tj

Баҳси журналистикаи сиёсӣ дар Душанбе

Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, дар ҳоли ҳозир расонаҳо аробаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро мекашанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон расонаҳои фаъол надоранд ва ин вазифаро матбуот ба иҷро мерасонад.

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик, ки дар ҳамоиши «Масоили ташакулли журналистикаи сиёсии Тоҷикистони мустақил» рӯзи панҷшанбеи 25-уми июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “ҳоло ба ҷуз Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон аҳзоби дигари сиёсӣ, ВАО-и худро надорад ва агар дошта бошад, ҳам фаъол нест.”

Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бар ин андеша аст, ки ғайр аз журналистикаи озод, бояд журналистикаи дигаре вуҷуд надошта бошад: “Ман пурра зид ҳастам, ки ғайр аз рӯзномаи озод, ки на давлатӣ аст, на опазитсионӣ ва на ҳизбӣ, рӯзномаи дигаре вуҷуд дошта бошад. Бигзор танҳо ҷамъиятӣ бошанд. Ин аст, ки мо то имрӯз дар ҳизби худ рӯзнома таъсис надодаем.”

Дар ин ҳамоиш, ки масоили ташакулли журналистикаи сиёсии Тоҷикистони мустақил баҳс мешуданд, Раҷаби Мирзо, журналист ва раҳбари созмони тадқиқотии “Бозтоб” гуфт, журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Аммо ба гуфтаи ӯ, “аз замони пайдоиши аввалин рӯзномаҳо фишор болои журналистикаи сиёсӣ ҷой дорад. Мушкили дигари журналистикаи сиёсии мо дар ин аст, ки бархе аз журналистони мо дар бораи сиёсат менависанду аз сиёсат хабар надоранд. Махсусан дар байни журналистони ҷавон, ки ҳатто номи ҳизбҳои сиёсиро намедонанд ва роҳбарони онро намешиносанд. Дар бисёре аз факултаҳои журналитикаи ҷаҳон кафедраҳо тақсимбандӣ шудаанд, мутаассифона дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин нест ва ҳанӯзам факулта бо қолаби шахшудаи замони шӯравӣ тақсимбандӣ шудааст.”

Хилватшоҳи Маҳмуд, мудири гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” дар баромади худ афзуд, журналистикаи сиёсӣ ба унвони як ҷузъи муҳими журналистика имрӯз таъсири чашмгире дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инсонӣ дорад: “Моҳиятан журналистикаи сиёсӣ ин самти фаъолият ва ё қисмати амалкардҳои васоити ахбори омма аст, ки ба инъикоси амалкардҳои ҳокимияти иҷроия, шохаҳои дигари ҳокимият низоми сиёсӣ, масъалаҳои давлатдорӣ ва иҷрои уҳдадориҳои ҳукумат, ки пеши мардум дорад, сари кор мегирад. Агар мушаххастар суҳбат кунем, тақрибан тамоми расонаҳо ба фаъолияти журналистии сиёсӣ даст мезананд аммо намешавад гуфт, ки онҳо фаъолияти сиёсии журналистӣ дорад. Журналистикаи сиёсӣ як фаъолияти журналистии ҳадафмандона, мушаххас ва моҳитнок аст.”

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳам таъкид кард, ки худи журналистика аз сиёсат берун шуда наметавонад: “Яъне ғайр аз журналистикаи сиёсӣ журналистика вуҷуд надорад ва журналистикаи сиёсӣ ҳама вақт вуҷуд дорад. То замоне равандҳои сиёсӣ вуҷуд дорад, журналистикаи сиёсӣ ҳам вуҷуд дорад. Агар равандҳои сиёсӣ барҳам хуранд, журналистикаи сиёсӣ низ барҳам мехурад. Агар дар ҷомеа сиёсати оммавӣ инкишоф наёфта бошад, журналистикаи сиёсӣ дар ин ҷомеа ҷойи худро гирифта наметавонад. Дар ҳақиқат журналистикаи сиёсӣ вуҷуд дорад ва заиф ҳам нест балки шакл наёфтааст. Шаклгирӣ накардааст. Яъне дар ягон шакли чаҳорчӯбаи қонун шакл ёфтанаш даркор аст.” 

Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш иштирок дошт, гуфт, сиёсатро сиёсатмадорон ба вуҷуд меоранд, “аммо журналистон дар раванди он саҳм доранд. ”

Ин дар ҳолест, ки профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, вақте, ки журналистика қудрати чорум аст ва худашро баробари се қудрати қонунӣ медонад ва баъзан худашро аз он болотар баровардан мехоҳад вай худаш сиёсатро ба вуҷуд меорад:“Журналистикаи имрӯзаи интернетӣ фикрро аз як хонаи майда ба тамоми дунё паҳн карда истодааст ин худ сиёсат аст. Барои ҳамин гумон кардан, ки журналист ва журналистика чун силоҳ асту сиёсатдонҳо аз он истифода мебаранд ин фикри ғалат аст. Журналист худ пеш аз ҳама сиёсатмадор аст. Журналистоне, ки адабиёт не, публисистика менависанд, онҳо сиёсатмадоранд. Аксарияти онҳое, ки ба ҳизбҳо меоянд аз нуқтаи назари сиёсатмадорӣ кор мекунад ва бисёри онҳое, ки ба сиёсат расидаанд, онҳо аз журналистика баромадаанд.

ozodagon.tj

Хабарнигори тоҷикро дар Душанбе латукӯб кардаанд

Хуршеди Атовулло аз хабарнигорони шинохта ва сардабири ҳафтаномаи “Фараж” мегӯяд, имрӯз афроди ношиносе ӯро башиддат латукӯб кардаанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни ҳаракати мошинаш дар як маҳаллаи ғарбии Душанбе, як худрави дорои шумораи давлатӣ онҳоро таъқиб карда ва ӯву ҳамроҳонашро башиддат калтаккӯб кардаанд: “Бе ягон сабаб фуромаданд ва заданд, ҳеҷ чиз нагуфтанд. Як дастам дар хун оғушта аст, кафи ҳарду дастам хунолуд аст ва зарб хӯрдаст.” Хуршеди Атовулло ба мақомоти интизомӣ шикоят бурдааст ва мақомоти мазкур ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110831/538/538.html?id=24313485

Хуршеди Атовулло: «Натиҷаи тафтишотро интизор мешавам»

Душанбе. 1-уми сентябр. TojNews — Хуршеди Атовулло — сардабири хафтаномаи «Фараж» дирӯз аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз ҳафт тан афроди ношинос дар маҳаллаи Зарафшон мавриди латукӯб қарор гирифт. Худи Хуршеди Атовуло дар ин бора ба TojNews хабар дод.Мавсуф гуфт: «Мошине, ки пеш-пеши мо мерафт, пеши роҳи моро гирифт ва якбора ба мо ҳуҷум карданд. Дар натиҷа ду нафар аз ҳамроҳони ман ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд ва ангушти як нафари дигарро шикастанд. Айни замон ҳеҷ баҳогузорӣ карда наметавонам, ки ба чи сабаб ба мо ҳамла карданд, зеро он нафарон ба мо чизе нагуфтанд. Ҳоло тафтишот идома дорад ва ман фикр мекунам, ки ин қазия ошкор мешавад, зеро саривақтӣ ин масъаларо аз ҷониби ШКД-и Сино-2 пайгирӣ карданд. Аз ин хотир, бо умед натиҷаи тафтишотро интизор мешавам».

Қазияи латукӯби рӯзноманигор Хуршеди Атовулло, ки дар ин шабу рӯзи иди Фитр ва 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба амал омад, метавонад гумонҳоеро ба бор орад, ки озодии сухан ва ВАО дар Тоҷикистон зери суол қарор дорад. Зеро чанд моҳ пеш чунин як ҳодиса нисбати сардабири нашрияи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода низ ба амал омада буд, ҳарчанд то имрӯз гунаҳкорон ва ашхоси ба ин ҳодиса дастдошта таҳқиқ нашудаанд.

Нуриддин Қаршибоев — раиси АМВАОМТ мегӯяд, ки мавриди латукӯб қарор гирифтани на танҳо як журналист, балки як шаҳрванд дар рӯзи равшан боиси нигаронӣ аст. «Мо аз ҷониби созмони худ ва дигар шариконамон хостори онем, ки ин ҳодисаҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаҷониба ва фавран мавриди тафтишот қарор гиранд ва гунаҳкорон бояд ҷазои худро бинанд. Худи ҳамин рӯз тасмим дорем якҷоя бо Иттифоки журналистони Тоҷикистон ва дигар созмонҳои журналистӣ як изҳороте пахш кунем ва аз ВКД тафтиши ҳамаҷонибаи ин қазияро талаб намоем. Ҳамчунин дар сурати зарурат Анҷумани мо барои Хуршеди Атовулло хизмати ҳукқуқӣ ва адвокат пешниҳод карда метавонад. Ман таъкид мекунам, ки бояд на фақат журналист, балки хама гуна шаҳрванд амнияташ таъмин бошад. Дар ҳоле, ки имрӯзҳо 20-солагии Истиқлолият аст, дар рӯзи равшан мавриди латукӯб қарор гирифтани як шаҳрванд оқибатҳои ногувор дорад».

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳодисаи латукӯб нисбати Хуршеди Атовулло якум бор нест. Худи ӯ дар ин маврид мегӯяд: «Намедонам дар 20 соли фаъолият чанд ҳолат бошад. Ҳисобашро ҳам гум кардаам. Бисёр мехостам донам, ки ба кадом хотир буд. Ҳамлаи пештар соли 1998 тавассути туфангча сурат гирифта буд. Соли 1993 низ чунин ҳамла ба ман рӯй дода буд».

Ба ҳамин сурат, озодии ВАО-ро дар Тоҷикистон имрӯзҳо бо далели ин ҳодисот наметавон мусбат арзёбӣ намуд. Ба назар мерасад, ки агар ин ҳодисаҳо ба як анъана табдил ёбанд, барои озодии сухан ва озодии ВАО хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=17545&Itemid=30

Се созмон ҳамла ба Х. Атовуллоро маҳкум карданд

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Дафтари ҳуқуқи башар ва мурооти қонуни Тоҷикистон дар як изҳороти муштарак латукӯб шудани сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, раиси эътилофи “Медиа Алянс”, Хуршеди Атовуллоро маҳкум карданд ва онро мояи нигаронии маҳфилҳои журналистӣ номиданд. Ҳар се созмон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонуни Тоҷикистон хостанд, қазия ба зудтарин фурсат ва шакли комил таҳқиқ ва гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҷаноби Атовулло рӯзи 31-уми август дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамлаи чанд нафари номаълум қарор гирифт. Ду ҳамсафари ӯ низ латукӯб шудаанд. Масъулони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои Душанбе гуфтаанд, дар ҳол омӯзиши қазияанд, аммо парвандаи ҷиноӣ дар ин бора боз нашудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/latest/538/538.html?id=24314573

Нахустмулоқоти Файзинисо Воҳидова бо хабарнигори зиндонӣ

Барои нахустин бор вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов бо хабарнигори боздоштшуда мулоқот доштааст. Файзинисо Воҳидова, адвокати журналист пас аз боздидаш бо ӯ гуфтааст, вазъи саломатии Усмонов нигаронкунанда аст. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир асноди лозим барои озодии таҳти кафолати хабарнигори дастгиршудаи Бӣ-Бӣ-Сӣ омода гардида ва дар наздиктарин фурсат ба додгоҳ пешниҳод хоҳад шуд.Бино ба қавли Файзинисо Воҳидова масъулини амниятӣ аснои кофтукоби манзили зисти хабарнигор ду китоб кашф ва мусодира кардаанд. Яке аз ин китобҳо, ки ба забони ӯзбекӣ навишта шудааст, асари бадеӣ буда ва муаллифи он худи Усмонов будааст ва ин асар ба қазияи ҷиноии зерҳимояаам иртибот надорад, афзудааст хонум Воҳидова.

Китоби дуввуме, ки мусодира шудааст, «Ҳизби Таҳрир — душмани Ислом» ном дорад ва мӯҳтавои он интиқод аз фаъолияти ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон иборат аст. Ӯрунбой Усмонов дар нахустин мулоқоташ бо вакили мудофеъи худ, аз бону Воҳидова чунин дархост кардааст: «Ба ҳамагон, дӯстон, расонаҳо, хабарнигорон, ҳамкорон, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ расонед, ки ман гунаҳкор нестам.»

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/981-2011-06-21-02-51-29.html

Маҳалгароӣ дар ТВ ва матбуоти Тоҷикистон

Заъфи гуногунандешӣ дар телевизионҳои Тоҷикистон, вуҷуд доштани маҳалгароӣ дар бархе аз расонаҳои хабарӣ имрӯз зиёд ба назар мерасад ва ин омил паёмадҳои нохуб дорад, мегӯяд Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNеws».Ин ҳарфҳоро ӯ дар як семинар, ки рӯзи 17-уми май дар толори телевизиони «СМТ» баргузор шуд, иброз дошт. Номбурда қайд кард, ки таҷриба нишон дод, ки барои журналистони мо хусусан барои радиову телевизионҳои Тоҷикистон қабули принсипи этикаи журанилистӣ лозим аст ва риоя нашудани чунин принсипҳо хонанда ва бинандаро аз ВАО дур мекунад. Рустами Ҷонӣ аз фаъолияти телевизионҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт «ин телевизионҳо танҳо сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро тарғибу ҷонибдорӣ менамоянд, ҳол он ки онҳо телевизионҳои давлатӣ ҳастанд ва набояд бо чунин шева фаъолият кунанд, баъзе кормандони ин телевизионҳо тафовути мафҳуми давлатӣ аз ҳукуматиро дарк накарда, чун пропагандист ҳангоми фаъолияташон фикр мекунанд, танҳо рисолаташон дар ҳамин аст, ки кадом намояндаи ҳукумат, ҳар чӣ ки гӯянд, онҳо бояд ҷонибдорӣ намуда, онро пахш кунанд.»

«Ӯзбак» не ӯзбек бояд бошад

Ба гуфтаи Ҷонӣ, дар миёни журналистон ҳангоми пайгирии мавзӯъ низ камбудиҳо ба назар мерасад, ки бархеаш ҳукм бароварда аз доираи меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ берун мешаванд. «Бархе аз хабарнигорон бо як нафар коршинос сӯҳбат мекунад, вале дар маводаш аксари коршиносон ба чунин назаранд гуфта менависанд, ки набояд чунин бошад. Гузашта аз ин мафҳуми узбак дар матбуот зиёд ба назар мерасад. Дар ин шакл ном бурдани як миллати дигар хатост ва онҳое, ки ҳамин гуна ҳарф мезананд инро бояд бубинанд, ки дар вазорати корҳои хориҷа ва ниҳодҳои марбут ин калима чӣ гуна номнавис шудааст, ҳамон тавр истифода баранд. Вақте аз дастовардҳои кишвар ҳарф мезанем, набояд танҳо саҳми миллати тоҷик дар он ҷо гуфта шавад, балки саҳми тоҷикистониён гуфта ном баранд, зеро дар кишвари мо миллатҳои зиёд аз қабили русҳо ва узбекҳо низ кору фаъолият доранд, яъне онҳо низ дар ин ҷо саҳм доранд».

Маҳалгароӣ ва ормонҳои миллӣ

Дар ҳамин ҳол Абдураҳмон Абдуманонов, котиби масъули агентии иттилоотии «Ховар» ва собиқ муовини аввали райиси кумитаи радио ва телевизиони кишвар мегӯяд, вақте телевизионҳо давлатианду аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд аз ҳамин сабаб онҳо сиёсати ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунанд. Номбурда омили маҳалгароиро дар ВАО-и кишвар тасдиқ намуд ва далел овард, ки «дар як мақолаи Толибшоҳи Сайидзода, ки номаш дар ёдам нест, маҳалгароӣ дида мешуд…»

Нуриддин Қаршибоев, раиси ассотсиатсияи миллии ВАО (НАНСМИТ), бошад бар ин назар аст, ки воқеан ҳам дар амалияи имрӯзаи мақомотҳои давлатӣ дида мешавад, ки телевизионҳо сиёсати онҳоро ҷонибдорӣ менамоянд, вале дар асл набояд чунин шавад, зеро «телевизинҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд ва ин пули давлат пули мардум аст, ки аз ҳисоби андоз ҷамъ мешавад, бинобар ин расонаҳои давлатӣ на танҳо сиёсати ҳукумат, балки бояд ба манфиати мардум ва амалӣ гардонидани ормонҳои миллат кор кунанд. Азбаски телевизионҳои давлатӣ тарғиби сиёсати ҳукуматро шиори худ кардаанд, бинобар ин дар онҳо гуногунандешӣ низ ба назар намерасад».

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/439-2011-05-17-08-34-25.html

Даъвати Анҷумани миллии расонаҳои мустақил

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ аз афроди мансабдор ва шахсиятҳои шинохта дар кишвар даъват кардааст, то дар баробари танқиди хабарнигорон таҳаммулпазир бошанд.Ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон гуфтааст, ҳоло ҳадди ақалл панҷ парвандаи хабарнигорон ва нашрияҳои тоҷикӣ дар додгоҳҳои кишвар идома дорад, ки бештар ба фаъолиятҳои касбии онҳо марбут аст. НАНСМИТ дар ин изҳороти худ аз хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар Ашт, Маҳмадюсуф Исмоилов, ёдоварӣ кардааст, ки тақрибан шаш моҳ инҷониб дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад. Инчунин, баҳси додгоҳии Анвар Тағоймуродов, муовини вазири умури дохилӣ бо нашрияи «Азия-Плюс» ва собиқ депутат — Сайвалӣ Нуров бо ҳафтаномаи «Чархи гардун» ҷараён дорад.

«Таҷрибаи баррасӣ кардани парвандаҳои оид ба тӯҳмат ва таҳқир дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки журналистон дар аксари мавридҳо бо сабаби танқиди шахсони мансабдор мавриди таъқиб қарор мегиранд»,-таъкид шудааст дар изҳороти НАНСМИТ.

Дар баробари ин, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз хабарнигорон низ хостааст, то ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро новобаста аз мақоми иҷтимоиашон дар ҷомеа эҳтиром кунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110512/538/538.html?id=24099126

Мулоқоти рӯ ба рӯи журналистон бо ниҳоди вижаи ҳукуматӣ

Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасмим доранд бо журналистони ватанию хориҷӣ мулоқот анҷом диҳанд.Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасмим доранд бо журналистони ватанию хориҷӣ мулоқот анҷом диҳанд. Тибқи иттилои расида, нишасти мазкур рӯзи 13-уми майи соли равон дар бинои муҷтамаи мавсум ба «Шарқи Озод» баргузор хоҳад шуд. Зимнан, масоили инъикоси кори агентӣ дар ВАО, фаъолияти кормандони соҳа ва вазоифи дар пеш доштаи ниҳоди мазкур мавриди баррасӣ қарор мегирад. Масъулини агентӣ омодаанд, дар рафти мулоқот ба суолҳои рӯзноманигорон посух гӯянд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/323-2011-05-10-04-18-47.html

Ҷашни 160-солагии журналистикаи исломӣ дар Маскав

Дар Маскав 160-солагии журналистикаи исломӣ ҷашн гирифта шуда хоҳад шуд. Дар доираи ин ҷашн конфронси бузурги илмӣ-амалӣ низ пешбинӣ гардидааст.Тавре аз Кумитаи тадорукоти ин ҷашн хабар доданд, ин сана махсусан бо зодрӯзи Исмоил Гаспринский — аввалин муассиси рӯзномаи умумирусиягии мусулмонии «Тарҷумон», ки 16-уми майи соли 1883 ба чоп расидааст, дар як рӯз таҷлил мешавад.

Гуфта мешавад Исмоил Гаспринский яке аз асосгузорони ҷараёни «Ҷадидия» шинохта шуда, ҳамчунин аз ӯ ҳамчун ходими фаъоли ҷамъиятиву сиёсӣ ном мебаранад. Хидматҳои ин шахс барои ривоҷи Ислом дар Русия ва минтақа хеле бузург буда, бо таъсис ва сарварии рӯзномаи «Тарҷумон» солҳои зиёд дар ба ҳам овардани мусулмонони Русия ва минтақа талошу ҷаҳд карда будааст.

Ҷашнвора ва конфронси мазкурро Шӯрои муфтиёти Русия, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ сарпарастӣ мекунанд. Дар кори конфронс олимон аз тамоми шаҳрҳои Русия ва кишварҳои мусулмонӣ ширкат хоҳанд кард.
Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14138&Itemid=30