Архив рубрики: Хабар

Ҳукми 11 соли зиндони низоми шадид ба журналист Маҳмадюсуф Исмоилов

Дар суди ноҳияи Ашт таҳти раёсати судяи ноҳияи Мастчоҳ Диловар Сафаров мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ба итмом расида, ӯ ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид.

Журналист ҳамчунин аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ дар муддати се соли пас аз адои ҷазо маҳрум гардида, ба пардохти товони зарар дар ҳаҷми беш аз 5 ҳазор сомонӣ ба ҷабрдидагон уҳдадор карда шуд.

Собиқ рӯзноманигор дар содир намудани ҷиноят аз рӯйи ду моддаи  Кодекси ҷиноятии ҶТ: 247 қисми  2 «тақаллубкорӣ» ва 250 қисми  2 «тамаъҷӯӣ» гунаҳкор дониста шуд.

Садриддин Саидов, адвокати рӯзноманигор бо ҳукми суд мувофиқ нест, зеро бар ин назар аст, ки гуноҳи зерҳимояи ӯ аз рӯи айбномаҳои пешниҳодшуда собит нагардидааст. «Ҳукм бар асоси тахмину гумонҳо содир гардида, мо ба он розӣ шуда наметавонем, зеро тамоми далелҳои ҷамъшуда гуноҳи зерҳимояи маро тасдиқ карда натавонистанд ва мо ният дорем, ки аз болои ҳукм ба суди вилояти Суғд шикоят барем», — гуфт Саидов.

Дар ҳамин ҳол, зимни сухани охирин М.Исмоилов изҳор кард, ки худро гунаҳкор намешуморад ва даст доштан дар далелҳои зикршударо рад намуда, аз суд дархост кард, ки ӯро бегуноҳ эътироф намоянд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи иттилоъи паҳннамудаи ВКД Тоҷикистон, 24-уми июн ба ШВКД дар ноҳияи Ашт сокини ҳамин ноҳия Аҳадова Санавбар муроҷиат кардааст, ки 21-уми июн дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100-сомонӣ гирифтааст.

Сипас, такроран рӯзи 24-уми июн  Исмоилов М., барои нашр накардани ин маълумот бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб кардааст»,- оварда шудааст дар сомонаи ВКД.

Ҳамчунин Исмоилов М., зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт баъди гирифтани 400-сомонӣ аз Аҳадова бо далели шайъӣ дастгир карда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи ноябри соли 2010 Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 11 моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифта буд. Ӯ дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста шуда буд.

Моҳи октябри ҳамон сол дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ баргузор шуда, бо қарори суд журналист аз рӯйи тамоми моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуд. Суд ба ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баст, аммо бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ кам гардида, 33 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти рӯзноманигорӣ ба муддати 3 сол маҳрум гардида, аз толори суд озод шуда буд.

http://www.news.tj/tj/news/ukmi-11-soli-zindoni-nizomi-shadid-ba-zhurnalist-ma-madyusuf-ismoilov

Раиси НАНСМИТ ҳукми додгоҳи сайёри Мастчоҳро “сангин” хонд

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ 11 сол ҳукми зиндониМуҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷикро, “ҷазои сахту сангин” номид. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, далелҳои онҳо “фармоишӣ” будани қазияи Исмоиловро бозгӯ мекунад.

Оқои Қаршибоев дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ба андешаи мо, ҳоло бояд вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов аз болои ҳукми додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят барад. Шояд раисикунандаи ин парванда аз рӯи мақоли тухмдузд ҳам дузду шутурдузд ҳам дузд амал карда, бидуни ҳамаҷониба санҷидани далели ҷонибҳо чунин ҳукм баровардааст.”

Мусоҳиби мо дар идома афзуд, онҳо далоили зиёде дар даст доранд, ки аз фармоишӣ будани қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳикоят мекунад: “Худи шахсияти даъвогарон одамро ба андеша водор мекунад, ки то кадом дараҷа ҷиноятҳое, ки ба Муҳаммадюсуф рабт додаанд, ҳақиқат дорад.” Вале раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар баррасии парвандаи Исмоилов маълум шуда, ки ӯ “воқеан, аз озодии баён сӯистифода кардааст”. 

Додгоҳи сайёри ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28 октябр хабарнигор ва сокини 53-солаи ноҳияи Ашт — Муҳаммадюсуф Исмоиловро бо ҷурми “тамаъҷӯӣ” ва “сӯистифода аз мақом” ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ инчунин Исмоиловро ба пардохти 6 ҳазор сомонӣ пули ҷабрдидаҳо, ки гӯиё аз роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардааст, низ муваззаф сохт. Муҳаммадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ”, соли 2010 низ ба гумони “тамаъҷӯӣ”, “маҳалгароӣ” ва “ихтилофандозӣ” боздошт шуда, танҳо дар моҳи октбяри соли 2011 таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байналмилалии озодии баён озод гардида буд.

http://www.ozodagon.com/13137-raisi-nansmit-ukmi-dodgoi-sayeri-mastchoro-sangin-nomid.html

Мурофиаи судии “Самак” ба таъхир афтод

Тавре хабар дода будем санаи 20 сентябр, соати 14:00 дар Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мурофиа тибқи даъвои Аскар Хаким аз болои нашрияи «Самак» оғоз мешуд.

Хуршеди Ниёзов, муассиси ҳафтаномаи “Самак” ба мо хабар дод, ки мурофиа имрӯз бо сабаби ҳузур надоштани ҷонибҳо ба рӯзи номуайян гузошта шуд.

Ҷасур Абдуллоев, сардабири ҳафтаномаи «Самак» гуфта буд, ки барои як навиштаи ин нашрия таҳти унвони «Зиёиёнибемушкили тоҷик ё чаро зиёиён дар мулоқот бо президент танҳо мадҳия мехонанд», Аскар Ҳаким шоири шинохтаи тоҷик ва собиқ раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон алайҳи нашрия ба додгоҳ ариза пешниҳод кардааст.

Аскар Ҳаким аз суд талаб дорад, ки барои ҷуброни маънавӣ 150 000 сомонӣ аз ҳафтанома ситонида шавад.

Ин парванда зери роҳбарии судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Н. Азимова баррасӣ хоҳад шуд.

http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=143%3A2013-09-20-09-14-11&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj

А. Саттор: Нақзи ҳуқуқи журналистон дар интихобот ҷавобгарӣ дорад

Акбаралӣ Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, имрӯз, 6-уми сентябр, дар ҳузури Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои журналистонро дар ҷараёни интихобот номбар карда, таъкид намуд, ки ҳар ҳолати нақзи ҳуқуқҳои журналистон дар мақомоти суду прокуратура баррасӣ хоҳанд шуд.

Акбаралӣ Саттор гуфт, хабарнигорон ҳақ доранд, ҷараёни маъракаи таблиғотии пешазинтихоботиро инъикос намоянд, бо намояндагони аҳзоби мухолиф мулоқот кунанд, дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳузур дошта бошанд ё бо қутии сайёри интихоботӣ бираванд, аммо ҳақ надоранд, бигӯянд, ки ба тарафдории ин ё он номзад овоз диҳед.

Раиси иттифоқи журналистон гуфт, ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорӣ дар мақомоти прокуратура ва суд баррасӣ шуда, дастандаркорон муҷозот хоҳанд шуд.

Шермуҳаммади Шоҳиён низ нақши Васоити ахбори оммаро дар ҷараёни интихобот муҳим хонда, аз расонаҳо даъват намуд, то ҳаводисро яктарафа инъикос накунанд.

Аз ҷумла Шоҳиён хабари бархе аз расонаҳоро, ки гӯиё КМИР аз мақомоти маҳаллӣ хостааст, рӯйхати фаъолони аҳзоби мухолифро пешкаш кунанд, нодуруст гуфт. Ӯ гуфт, назорат ва талаби аъзои аҳзоби сиёсӣ ба салоҳияти КМИР нест, ба ин кор Вазорати адлияи Тоҷикистон машғул аст.

Шоҳиён аз расонаҳо даъват намуд, ҳар иттилое, ки дар мавриди фаъолияти комиссияи интихоботӣ пайдо мешавад, пеш аз нашр назари КМИР пурсида шавад.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/12205-a-sattor-nazi-uui-zhurnaliston-dar-intihobot-avobgar-dorad.html

 

Матбуоти Тоҷикистон сафорати Русияро асабонӣ кардааст

Сафорати Русия гуфтааст, аз навиштаҳои матбуоти Тоҷикистон чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки «алайҳи тоҷикон дар Русия ҷанги воқеъӣ идома дорад.»

Сафорати Русия дар Душанбе дар як баёнияи ғайримуқаррарии дипломатӣ матбуоти Тоҷикистонро ба “бадном” кардани Русия муттаҳам кардааст.  Сафорат бо нашри шарҳе дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, аз гузоришҳои пайвастаи матбуоти Тоҷикистон дар бораи нақзи ҳуқуқ ва ҷиноят алайҳи шаҳрвандони тоҷик дар Русия чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки «гӯиё алайҳи онҳо дар Русия ҷанги воқеъӣ идома дорад.»

Аммо ба гуфтаи сафорат, маълум аст, ки аз миёни “якуним ё ду миллион нафар“ аз муҳоҷирони тоҷик, теъдоде аз онҳо ногузир ҳалок мешавад, вале набояд инро “онгуна ки бадхоҳон” дар матбуоти Тоҷикистон мекунанд, кори дасти сартарошидаҳои рус номид. Сафорат омори вазорати умури дохилии Русияро оварда ва гуфтааст, соли 2012, дар қаламрави он кишвар 1700 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аз ҷумла дар заминаи қатли шаҳрвандони тоҷик дар Русия 66 парванда боз кардаанд. Сафорат эътироф кардааст, ки бо вуҷуди онки аз соли 2009 шумори ҷиноятҳое, ки тоҷикон дар Русия содир кардаанд, 40 дар сад кам шудааст, аммо ҷиноят нисбат ба онҳо 4 баробар афзудааст.

Айни замон намояндагии дипломатии Русия гуфтааст, одилона нест, фақат дар бораи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар навишт ва бо нашри оморе гуфтааст, ки саҳми тоҷикон дар ҷинояткорӣ дар Русия кам нест. Сафорат тавзеҳ додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2012 дар Русия 7005 ҷиноят кардаанд, аз ҷумла 59 қатлу 57 таҷовуз ба номус ва 198 роҳзанӣ. Дар ин миён аз ҳама бештар ва 1201 ҷинояти вобаста ба ҳифзу қочоқи маводи мухаддир аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия содир шудааст.

Дар шарҳи баёнияи сафорати Русия дар Душанбе як корбари Фейсбук бо номи Акбар Тиллоев гуфтааст, “Сафорати мӯҳтарам бояд воқеъиятро гуфт. Дар Русия азияту озори ошкори тоҷикон идома дорад, ҳар ҷинояте, ки нашавад, кори тоҷикон медонанд, на шаҳрвандони кишварҳои дигари муштаракулманофеъ, балки тоҷикон. Ҳамаи шабакаҳои саросарии Русия ин хабарро бо иштиқиёти зиёд нашр мекунанд. Масалан, дар бораи қаторҳо се кишварро ном бурданд, вале қатори Тоҷикистонро намоиш доданд.”

Корбари дигари Фейсбук бо номи Алексей Авганов, шарҳи сафоратро бисёр “рӯзмарра” хонда ва навиштааст, «табиист, ки дар миёни муҳоҷирони зиёд ва синну соли гуногун теъдоди аз онҳо мемиранд ва теъдоди ҷиноятҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон бисёр ночиз аст. Аммо ин воқеъият аст, ки ҷиноятҳое ба мисли қочоқи маводи мухаддиру, таҷовузи ҷинсӣ, ғорату куштор сабаби напазируфтани тоҷикон аз тарафи мардуми рус мешавад.”

Сафорати Русия дар гузашта ҳам борҳо матбуоти Тоҷикистонро ба “бадгӯӣ” дар ҳаққи Русия муттаҳам кардааст ва мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам аз ҳукумати Маскав хостаанд, ба тавҳину носазо гуфтан дар ҳаққи муҳоҷирону ҳукумати Тоҷикистон хотима диҳад, ки “як расми маъмул дар матбуоти русӣ” шудааст.

http://www.ozodi.org/content/tajikistan-russia-migrants/25094644.html

“Имрӯз” дар 6-умин солгардаш Хоруғро ҳам тасхир кард

Имрӯз соати 9-00 радиои “Имрӯз” пахши барномаҳои худро дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон оғоз кард, ки ба рӯзи таҷлили 6-солагии ин радио рост омад.

Назири Нусрат, муҳаррири радиои мазкур дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки бахшида ба 6 солагӣ бахши радиои “Имрӯз” дар шаҳри Хоруғ фаъол шуд. Ба гуфтаи Назири Нусрат бахшида ба ин сана, “имрӯз дар Хоруғ ва 11-уми август дар шаҳри Душанбе консерти идонаи гуруҳи “Барака”, ки махсус аз ҷониби ширкати “Ориёно медиа” аз кишвари Латвия даъват шуданд, баргузор мегардад.”

“Имрӯз”, нахустин радиои сирф тоҷик дар мавҷи кутоҳ аст, ки шаш сол пеш фаъол шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба машҳуртарин радиои Тоҷикистон табдил ёфт. Айни ҳол гуфта мешавад, он маъруфияте, ки ин радио қаблан дошт, аз байн рафтааст. Аммо Назири Нусрат дар ин маврид назари дигар дорад: “Дар мавриди фаъолияти ин радио дар гузашта ва ҳозира ҳар кас ҳақ дорад, назари худро баён кунад. Аммо ман фикр намекунам, ки радиои мо маъруфияти худро аз даст дода бошад. Пахши барномаҳои мо чи гунае, ки 6 сол пеш буд ҳамон хел истодааст. Баръакс теъдоди шунавандагони мо нисбат ба солҳои пештар зиёд шудаасту кам не.” 

Маврид ба зикр аст, ки 9-уми августи соли 2007 аввалин радиои сирф точикӣ руйи мавҷи кутоҳи 107,4 fm барномахои худро пахш карда буд.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11683-imrz-dar-6-umin-solgardash-horuro-am-tashir-kard.html

Пахши барномаҳои нахустини телевизиони Сафо дар Hotbird

Телевизиони тоҷикии “Сафо” дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, шоми ҳаштуми август расман ба пахши барномаҳояш оғоз бахшид.

Барномаҳои нахустини телевизиони мустақили “Сафо”, ки аз тариқи Hotbird (11585/27500) пахш шуд, аз табрикоти Муҳиддин Кабирӣ — раиси ҲНИТ,Мавлон Мухторов — муовини раиси Кумитаи дин ва Маҳмудҷони Тӯраҷонзода — рӯҳонии шинохтаи тоҷик бахшида ба Иди саиди Фитр иборат буд. Дар ин рӯз Максим Шевченко, Алексей Симонов ва Ҳайдар Ҷамол аз Русия низ бо сӯҳбатҳои худ рӯи экранҳои ТВ “Сафо” пайдо шуданд.

Дар рӯзи нахустини кори расмии ТВ “Сафо” бахши хабарии он бо забонҳои тоҷикиву русӣ манзури тамошобинон гардид. Як масъули телевизиони “Сафо” гуфт, дигар даври барномаҳои озмоишии он ки дар нимаи дувуми моҳи июл шуруъ шуда буд, хотима ёфта, ҳоло фаъолияти онҳо расман оғоз ёфтааст. Манбаъ дар посух ба суоли мо дар ин бора ки ТВ “Сафо” оё иҷозаи расмӣ барои пахши барномаҳояшро пайдо кардааст ё не, гуфт, “агар иҷозат намебуд, аз куҷо кор оғоз меёфт?”

Баҳси ташкили телевизионе бо номи “Сафо” дар Маскав моҳи июли соли ҷорӣ ба миён омад. Як масъули он ба “Озодагон” гуфта буд, ин телевизион бештар аз ҳаёти муҳоҷирон суҳбат карда, барномаҳои фарҳангӣ пахш хоҳад кард. Ҳоло сардабирии барномаҳои ТВ “Сафо”-ро хабарнигор ва адиби шинохтаи тоҷик Темури Варқӣ ба уҳда дорад. “Мо барои як бор ба эфир баромадан ба ин шабака наомадем. Худо хоҳад, ин шабакаи барҷаста на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ва дар Афғонистону Эрону Русия хоҳад шуд”,-гуфта буд ӯ чанде пештар ба «Озодагон».

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11678-tv-safo-dar-maskav-rasman-ba-kori-hud-ooz-kard.html

Зиёиён аз даъво алайҳи Тутубалина даст кашидаанд?

Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-плюс” мегӯяд, то ҳол расман аз даъвои такрории зиёиён алайҳи ӯ касе хабар надодааст.

Тутубалина имрӯз, 5-уми август, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ӯро расман аз муроҷиати дубораи зиёиён ба додгоҳ огоҳ накардаанд, “аммо овоза ҳаст, ки зиёиён ба суди умумии ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат кардаанд.” 

Барои тасдиқ намудани хабар ба Меҳмон Бахтӣ, раиси иттифоқи нависандагон, яке аз даъвогарони асосӣ алайҳи Тутубалина дар тамос шудем, аммо ӯ гуфт, “ман ин хел одамро намешиносам ва намедонам.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд. Аммо додгоҳи иқтисодӣ ба далели он, ки аризаи даъвогии зиёиёни тоҷик бо забони русӣ навишта шудааст рад намуд ва то 23-юми июл барои ислоҳи ин камбудӣ муҳлат дода буд. Аммо то ҳол зиёиён аз муроҷиати дубора ба додгоҳ хабар надодаанд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11624-zieien-az-davo-alayi-tutubalina-dast-kashidaand.html

Ҳоҷӣ Ҳусейн: “Мо омадем, аммо ҷониби Тӯраҷонзода ҳозир нашуд”

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 30-юми июл баррасии даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори саршиноси тоҷикро, аз болои се уламои Суғд ба таъхир гузошт. Ин тасмим ба далели ҳузур наёфтани вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова, ки намояндаи оқои Тӯраҷонзода дар ин баҳси додгоҳист, гирифта шуд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода — раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло — имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон — имомхатиби масҷиди Конибодом ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо соли гузашта дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.

Дар ин парвандаи шаҳрвандӣ Тоҳир Искандарӣ, хабарнигори “СТВ”, ки барномаи «Сӯҳбати озод»-ро гардонандагӣ мекард, низ ҷавобгар мебошад.

Аммо Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, ки рӯзи сиюми июл ба додгоҳи Хуҷанд ҳозир шуда буд, дар сӯҳбат ба “Озодагон” даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷозодаро беасос донист. Ӯ гуфт, “Тоҷикистон давлати демократӣ ва озод аст. Ҳар кас ҳаққи худашро метавонад ҳимоя кунад, лекин он даъвое, ки гӯиё дар барномаи мо таҳқир буд, ин даъво нодуруст аст. Имрӯз даъват карда буданд, омадем. Аммо ҷониби даъвогар наомад, ҳозир нашуд.”

Бо ин ҳол, аз даъвои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба додгоҳ як сол мегузарад, вале ҳанӯз додгоҳ хулосаи худро баён доштааст. Ҳамакнун, интизор меравад ин баҳс рӯзи 31-уми июл дар додгоҳи Хуҷанд идома ёбад.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11524-o-useyn-mo-omadem-ammo-onibi-traonzoda-ozir-nashud.html

Бахши форсии сайти Ҳизби Наҳзати Исломӣ фаъол шуд

Бахши форсии торнамои расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 18-уми июл бо нишонии http://fa.pivt.org фаъол гардид.

Торнамои расмии ҲНИТ то кунун бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ дастраси корбаронаш буд. Дар ин торнамо хабарҳо дар мавриди фаъолияти ҲНИТ ва ахбори муҳими фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоии дохилию хориҷӣ, ба хусус ҷаҳони Ислом бо ду забон ва се хат, тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ нашр мешавад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолиф дар ин кишвар маҳсуб мешавад, ки торнамо ва нашрияи худро дорад. Инчунин ин ҳизб борҳо барои таъсис шабакаи телевизионии худ талош карда, ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон муроҷиат намуда, вале ҷавоби мусбат нагирифтааст.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11508-bahshi-forsii-sayti-izbi-nazati-islom-faol-shud.html