Архив рубрики: Хабар

Нобоварӣ барои ташхиси мунсифонаи мақолаи Тутубалина

Интизор меравад имрӯз, 13 ноябр, дар мурофиаи додгоҳии зиёиён алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» додраси парванда қарорро дар мавриди гузарондани ташхиси лингвистикӣ эълон кунад. Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, хабар дод.

Зиёиён талаб доранд, ташхиси лингвистикии матлаби Тутубалина, “Неинтеллегентно об интеллегенции”, ки боиси ин баҳси додгоҳӣ шудааст, ҳар чӣ зудтар гузаронда шавад. Рустам Устобоев, намояндаи зиёиён дар мурофиаи рӯзи 12 ноябр дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфтааст, танҳо мехоҳанд, ташхиси лингвистикӣ мунсифона ва мустақилона гузаронда шавад.

Аммо ҷониби дифои Тутубалина дар мунсифонаю мустақилона гузарондани ташхиси лингвистикии матлаб дар дохили Тоҷикистон шубҳа дорад. Иноят Иноятов мегӯяд, дар дохили Тоҷикистон танҳо ду ниҳод — Кумитаи забон ва истилоҳот ва Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ташхиси лингвистикӣ мегузаронанд, ки ҳардуяшон то ҷое ба Акдемияи улум алоқа доранд. Дар ҳоле ки Академияи улум яке аз даъвогарон аст, Иноят Иноятов пешниҳод дорад, ташхиси лингвистикӣ дар хориҷи Тоҷикистон гузаронда шавад.

Ин пешниҳоди ҷониби Тутубалинаро намояндагони зиёиён танҳо баҳона барои ба дарозо кашидани мурофиаи додгоҳӣ арзёбӣ мекунанд. Интизор меравад, қарори додгоҳ дар мавриди замону макони гузарондани ташхиси лингвистикӣ 13 ноябр содир шавад.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

http://www.ozodagon.com/13387-nobovarii-vakili-tutubalina-baroi-tashkhisi-munsifonai-lingvistiki.html

Қатъи барномаҳои ТВ «Сафо» дар Тоҷикистон

Тӯли ду рӯз аст дар ҳудуди Тоҷикистон пахши барномаҳои Телевизиони моҳвораии «Сафо», ки ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рабт медиҳанд, маҳдуд шудаст.

Дар Телевизиони «Сафо», ки дар Маскав мустақар аст, ба TojNews гуфтанд, пахши мавҷи барномаҳои ин шабака тариқи моҳвора дар ҳудуди Тоҷикистон аз дирӯз 8-уми ноябр, соати 13:00 бо вақти Маскав, (14:00 бо вақти Душанбе) масдуд шудааст. Дар назар аст соатҳои наздик баёнияи ТВ «Сафо» дар ин бора пахш шавад.

Дар Кумитаи радио ва телевизион масдуд кардани мавҷи барномаҳои моҳвораиро аз нигоҳи техникӣ номумкин медонанд.

Ҳодисаи монанд моҳи май низ рух дода буд, вақте Додоҷон Атовуллоев, журналисти мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба интиқоди шадиди низоми ҳукмрон тариқи Шабакаи моҳвораии «К+» шуруъ кард.

 

Саъдулло Сафаров, муҳандиси Шабакаи «Телерадиоком»-и Тоҷикистон гуфта буд, «барои таҷҳизонидани чунин дастгоҳҳое, ки мавҷро дар фазои як кишвар қатъ кунад, садҳо ҳазор доллар маблағ сарф мешавад. Ҳамзамон, мутахассисони варзидае дар ин соҳа лозим аст, ки тавонад ба моҳвора “вирус” фиристад. То ҷое ман медонам, мо дар Тоҷикистон чунин имкониятро надорем.

— Барои мисол, дар ин шабака ман метавонам чунин кореро анҷом диҳам, вале амалан мо ин корро накардаем, зеро барои анҷом додани чунин корҳо таҷҳизоти заруриро дар дохили шабака надорем, — мегӯяд Саъдулло Сафаров.

Вай мегӯяд, Чин ва Эрон дар ин самт таҷрибаи зиёде доранду техника низ дар ин кишварҳо пеш рафтааст.

— Тоҷикистон ва ҳар давлати дигаре ҳам метавонанд, ки пахши дилхоҳ шабакаро аз беруни кишвар тавассути дастгоҳҳои махсус қатъ кунанд ва барои ин корро кардан низ ҳам пули зиёде масраф хоҳад шуд. Бо ин усул агар шабакаи телевизионие аз моҳвора қатъ карда шавад, тамошои он дар тамоми кишвар ғайриимкон мегардад.

Коршиносони мустақил мегӯянд, чунин имконият дар Тоҷикистон кайҳост, ки арзи вуҷуд кардааст.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон гуфт: — Шояд, имконияти техникии масдуд кардани барои мисол «К+» дар Тоҷикистон набошад, шояд, бошад. Мо ин чизро дақиқ гуфта наметавонем. Аммо имкони масдуд кардани пахши барномаҳои он тавассути оператори моҳвора ҳаст.

Дар Тоҷикистон қатъи сомонаи интернетии Ютюб ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар вақтҳои зарурӣ, барои мисол пеш аз маъракаҳое чун интихобот ба ҳукми анъана даромадааст.

ТВ «Сафо»-ро, ки худро як телевизиони мустақил ва барои ниёзи муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия меномад, дар расонаҳои наздик ба ҳукумат моли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номиданд.

Аз ҷумла «Народная газета»-нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эронро ба маблағгузории мухолифин ва пуштибонӣ аз роҳандозии телевизиони «Сафо» муттаҳам кард.

Ин нашрияи ҳукуматӣ навишт, ки маъмулан маблағгузори умури Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  ҷониби Эрон аст, ки бо ин мақсад (яъне таъсиси «Сафо») 2,5 миллион доллар ҷудо кардааст».

Дархости ҲНИТ ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикитстон дар бораи таъсиси як шабакаи телевизионӣ бо баҳонаҳои бюрократӣ рад карда шуд. ТВ «Сафо» бори аввал нест, ки масдуд мешавад. Масъулини ТВ «Сафо» моҳи сентябри соли ҷорӣ аз қатъ шудани мавҷи ин шабака дар ҳудуди Тоҷикистон хабар дода буданд.

http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=204%3A-qq-&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj

Фарогирии мавҷи телевизиони «Пойтахт» тавсеъа меёбад

То охири соли ҷорӣ шабакаи телевизионии «Пойтахт» фиристандаи мавҷ (передатчик)-и худро ба наваш иваз мекунад.

Директори шабакаи телевизионӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки то ҳанӯз онҳо аз «Телерадиоком» фиристандаи мавҷро ба иҷора гирифта буданд ва дар арафаи иинтихобот фиристандаи нави фармоишӣ аз хориҷи кишвар дастрас шудааст, ки иқтидори он аз фиристандаи мавҷуда 6-7 маротиба зиёдтар мебошад.

«Таҷҳизот аз корхонаи НПП «Квант-Эфир»-и Украина дастрас шуда, хароҷоти он бо шумули ҳамлу нақл ва расмиёти гумрук 70 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Айни замон тамоми шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар дар заминаи фиристандаҳои маҳз ҳамин корхона фаъолият доранд», — гуфт ӯ.

Ба қавли вай, иқтидори фиристандаи нав ба 3,5 кВт ва фиристандаи мавҷуда ба 1 кВт баробар буда, бо назардошти кӯҳнаву фарсудагии он, иқтидори фиристандаи ҳозира ҳамагӣ 500-700 ваттро ташкил медиҳад.

Директори шабака изҳори итминон кард, ки баъди насби фиристандаи нав сифати тасвир бамаротиб беҳтар гардида, акнун дигар шаҳру навоҳии наздики пойтахт низ ба тамошои барномаҳои шабака дастрасӣ пайдо мекунанд.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ҳангоми пурра ба пахши рақамии барномаҳои телевизионӣ гузаштани Тоҷикистон, фиристандаи нав иваз намешавад, зеро он гибридӣ буда, ҳам барои пахши кунунӣ ва ҳам зимни гузаштан ба пахши рақамӣ коршоям хоҳад буд.

http://www.news.tj/tj/news/farogirii-mav-i-televizioni-poitakht-tavsea-meebad

ДЕПАРТАМЕНТИ ДАВЛАТИИ ИМА Дафтари сухангӯй

Пресс-релиз

7 ноябри соли 2013

2013/1360

 

ИЗҲОРОТИ ҶЕН ПСАКИ, СУХАНГӮЙ

 

Интихоботи президенти Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо баҳои пешакии интихобот, ки аз тарафи ҳайати нозирони интихоботи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар дар Душанбе нашр шуд, ҳамфикр мебошад. Дар ҳоле ки интихоботи президентии Тоҷикистон ором ҷараён гирифт, талаботи маҳдудкунандаи сабти номзадҳо ба камбуди плюрализм ва интихоби ҳақиқӣ сабаб гашт. Раъйдиҳии оилавӣ, гурӯҳӣ ва чандгона дар интихобот бартарӣ дошт. Ин камбудиҳо дар интихоботҳои гузашта низ ошкор гашта, ба беҳбуди вазъ давъат шуда буд ва мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, бидуни таъхир ба ин камбудиҳо расидагӣ кунад. Иёлоти Муттаҳида аз иҷоза доштани нозирони созмонҳои байнулмилалӣ дар назорати интихобот дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон хушҳол аст.

 

Дар оянда мо мехоҳем, ки ҳукумати Тоҷикистон қонунгузории интихоботии худро тибқи тавсияҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ислоҳ кунад ва дастрасиро ба матбуот ба хотири таъмини пойгоҳи озод, одилона ва борақобати номзадҳо густариш диҳад.

 

Тоҷикистон аз замони анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ то ҳоло роҳи дарозеро тай намуд. Мо аз пешрафт дар беҳбуди раванди интихобот дар ин кишвар истиқбол мекунем вале ҳоло ҳам роҳи дарозеро тай намудан лозим аст. Демократияи ҳақиқӣ аз Рӯзи интихобот дида бештар аст. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, корро барои таҳкими плюрализми сиёсӣ оғоз намояд ва ба ҳизбҳои ҳақиқии мухолиф имкони фаъолият диҳад ва ҳам барои фаъолияти васоити ахбори оммаи мустақил ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои васеъ боз кунад.

 

Parviz Muborakshoev

Media Analyst

Public Affairs

U.S. Embassy

109-A Ismoili Somoni Ave.

Dushanbe, 734019, Tajikistan

tel: 229-23-18, cell: 98-580-80-92

email: MuborakshoevPA@state.gov

web: http://dushanbe.usembassy.gov/

U.S. Embassy on Facebook.com

Адвокати рӯзноманигор аз ҳукми суд шикоят кард

Садриддин Саидов, адвокати рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов, аз болои ҳукми суди ноҳияи Мастчоҳ шикояти кассатсионӣ навишт.

Дар ин бора Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори «Фараж» иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, ҳукми суди қаблӣ алайҳи зерҳимояаш ноодилона буд ва ӯ имрӯз, 5 ноябри соли 2013, ба суди ноҳияи Мастчоҳ рафта, шикояташро ба коллегияи Суди кассатсионии вилояти Суғд супоридааст.

Ёдовар мешавем, ки суди ноҳияи Мастчоҳ 28 октябри соли 2013 рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоиловро барои тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ ба мӯҳлати 11 сол ба зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд.

Қаблан вакили дифоъи Исмоилов гуфта буд, ки тибқи қарори суд, Маҳмадюсуф Исмоилов бар замми 11 соли зиндон бояд 6 ҳазор сомонӣ пули афроди ҷабрдидаро, ки аз роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардааст, бозпас гардонад.

Инчунин, мувофиқи ҳукми суд, Маҳмадюсуф Исмоилов баъд аз раҳоӣ аз зиндон наметавонад, тӯли панҷ сол ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз cуд талаб карда буд, ки рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов ба 14 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум карда шавад.

Маҳмадюсуф Исмоиловро бар асоси моддаҳои 250 (Тақаллубкорӣ) ва 247 (Тамаъҷӯӣ)-и КҶ ҶТ айбдор медонанд.

Тибқи иттилои сомонаи ВКД-и Тоҷикистон, 24 июни соли равон ба ШВКД дар ноҳияи Ашт сокини ин ноҳия Санавбар Аҳадова муроҷиат кардааст, ки 21 июн дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100-сомонӣ гирифтааст.

«Сипас, такроран рӯзи 24 июн Исмоилов М., барои нашр накардани ин маълумотҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб кардааст»,- омадааст дар хабари сомона.

Ин манбаъ навишта буд, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф Абдуғаниевич баъди гирифтани маблағи пулӣ 400-сомонии бо роҳи тамаъҷӯӣ талабнамудааш дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифта шуд.

Дар соли 2011 Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳаллӣ ва мухбири ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ», пас аз 11 моҳи боздошт суди шаҳри Табошар бо пардохти беш аз 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ ӯро аз зиндон озод шуда буд. Он замон мақомоти маҳаллӣ ӯро барои «тамаъҷӯӣ, маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир» гунаҳкор дониста буданд ва қазияи судии ин хабарнигор вокунишҳои густардаи созмонҳои дохилӣ ва хориҷиро ба вуҷуд овард. Пас аз шикояти вай, суди истинофии вилояти Суғд ҳукми суди Табошарро бетағир гузошта, ӯро тибқи қонуни «Афв» озод карда буд.

http://faraj.tj/index.php?newsid=3310

“WikiLeaks” дар Тоҷикистон расонаи боҷуръат наёфтааст

Ҷонибдорони “WikiLeaks”, ки бо пахши номаҳои махфии хадамоти дипломатии Амрико маъруф шудааст, барои пайдо намудани расонаҳои мустақилу боҷуръат аз Тоҷикистон низ дидан намудаанд.

Дар филми ҳуҷҷатии “Медиаистон”, ки чанд ҳафта қабл нашр гардид, талоши як гуруҳи журналистон барои дарёфти расонаи мустақилу боҷуръат дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон намоиш дода мешавад. Ин филми 94 дақиқаина, зери назари Ҷулиан Асанж ба навор гирифта шуда, нимаи дувуми моҳи октябри соли равон ба намоиш гузошта шуд ва аллакай дар интернет давоми як муддати кӯтоҳ ба сербинандатаринҳо табдил ёфтааст. Ҷуллиан Ассанж муваффақияти ин филмро дар он мегӯяд, ки дар Осиёи Миёна-минтақаи хеле ҷолиби геополитикӣ ба навор гирифта шудааст ва инчунин сатҳи воқеии озодию сензураро дар дар ин кишварҳо нишон медиҳад.

Ҷонибдорони “WikiLeaks”, баъди оне, ки расонаҳои ғарбӣ аз нашри маводи махфӣ худдорӣ кардаанд, ба Осиёи Миёна омадаанд ва дар Тоҷикистон бо масъулини хабаргузории “Азия Плюс” ва чанд расонаи дигар суҳбат доштаанд. Дар ин филм Ҷулиан Асанж тариқи Скайп яке аз шартҳои нашри маводи ифшокунандаро дар он гуфтааст, ки онҳо бояд бетағйир нашр шаванд, на интихобан ва қисм-қисм.

Дар охир таҳиягарони филми “Медиаистон” мегӯянд, дар минтақа ягон расонаи мустақилу боҷуръатро пайдо накардаанд ва таъкид мекунанд, ки пушти ҳамаи расонаҳо дар минтақа қувваҳое ҳастанд, ки дар фаъолияташон сарҳад мегузоранду озодии сухану андешаро маҳдуд мекунанд.

odob.tj

Иштироки журналистон дар маъракаи интихобот

31 октябри соли 2013 тренинги омӯзишии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон» барои журналистони тоҷик  шурӯъ шуд, дар ин бора Гулафшон Соқиева, хабарнигори “Фараж” иттилоъ додааст.

Дар ин тренинг тренерони ботаҷриба Раҷаби Мирзо ва Лола Олимова меъёрҳои милливу байналмилалиро дар мавриди инъикоси интихобот дар ВАО-ро омӯзониданд.

Тавре манбаъ зикр кардааст дар тренинги мазкур ба ғайр аз журналистони касбӣ, ҳамчунин, журналистони ҷавоне, ки ҳанӯз таҷрибаи нозирӣ ё инъикосгарии интихоботро надоранд, ширкат карданд.

Бояд гуфт, ки тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи «Интихоботи президентӣ 2013: нақш ва ҳуқуқи журналистон дар инъикоси интихобот» аз ҷониби комиссияи рушди демократияи назди сафорати Амрико дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=199%3A2013-11-01-07-08-40&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj

ҲНИТ ба Суди шаҳрӣ шикоят мебарад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба қарори Суди Исмоили Сомонии пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, то 3-юми ноябри соли ҷорӣ ба зинаи болоии судӣ шикоят хоҳанд бурд.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор баровардааст, ки даъвои ин ҳизб нисбат ба Кумитаи радио ва телевизионро бояд Суди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ кунад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои ҲНИТ, субҳи имрӯз, 31-уми октябр, ба TojNews дар ин бора хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, «бо қарори Суди Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 18-уми октябр парвандаи истеҳсолӣ қатъ шудааст. Онҳо аз ин қарори суд ризо набуда, тасмим доранд, то 3-юми ноябр аз болои ин қарор ба Суди шаҳрӣ шикоят намоянд».

Ёдрас мешавем, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 19-уми сентябри соли равон нисбати Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва се шабакаи телевизионӣ (“Сафина, Шабакаи аввал ва “Ҷаҳоннамо”) барои “фаъолиятҳои сиёҳкунанда” бар зидди ин ҳизби сиёсӣ ба Суди ноҳияи Исомили Сомонӣ муроҷиат карда, талаб кардааст, ки ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ-ро қатъ карда, аз ҳизб расман узрхоҳӣ намоянд.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт се маротиба мурофиаи даъвогии ҲНИТ-ро аз болои се шабакаи телевизионии давлатӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба сабаби шинос шудани тарафи ҷавобгар ба таъхир гузошта буд.

Мурофиаи аввал, ки мебоист 8-уми октябр баргузор мешуд, ба 14-уми октябр ва баъдан, ба 18-уми октябр гузошта шуд.

Вакили дифои ҲНИТ гуфта буд, ки Кумита ва телевизионҳои давлатӣ ба Суд бо аризае муроҷиат кардаанд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст, ки барномаҳои телевизионӣ, ки боиси баҳси судӣ гардидаанд, бо фармоиши мақомот сабту наворгирӣ ва намоиш дода шудаанд.

— Дар ин ариза Кумитаи радио ва телевизион навиштаанд, «тибқи моддаҳои 20 ва 29-и Қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” телевизиони «Сафина” ва дигар шабакаҳо барои саҳеҳияти ин барномаҳо ҷавобгар набуда, балки шахсони мансабдор, фармоишгар барои ҳаққонӣ будани он ҷавобгаранд», — мегӯяд адвокат.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 19-уми сентябр нисбати Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон барои “фаъолиятҳои сиёҳкунанда” бар зидди ин ҳизби сиёсӣ ба Суди ноҳияи Исомили Сомонӣ муроҷиат карда, талаб кардааст, ки ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ-ро қатъ карда, аз ҳизб расман узрхоҳӣ намоянд.

Дар аризаи даъвогӣ гуфта мешавад, ки “вақтҳои охир бо наздик шудани маъракаи интихоботии президенти ҶТ аз тарафи мақомоти мазкури телевизион ва радиои давлатии ҶТ ташвиқу тарғиботи зидди ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки ин рафтор ва кирдори онҳо бархилофи талаботҳои моддаи 26 ва 28-и Сарқонуни ҶТ мебошад”.

Бинобар ин ҲНИТ дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 30-и Сарқонуни ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” аз суд ду хоҳиш менамояд:

Якум, аризаи даъвогии ҲНИТ нисбати ҷавобгар — Кумитаи мазкур ва ҳамҷавобони дигар (“Сафина, Шабакаи аввал ва “Ҷаҳоннамо”) ба истеҳсолоти судӣ қабул карда шавад.

Дуюм, ҷавобгар ва ҳамҷавобон ӯҳдадор карда шаванд, ки ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ қатъ карда шавад ва аз ҲНИТ расман узрхоҳӣ намоянд».

http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=197%3A2013-10-31-06-36-33&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj

Даъвои ҲНИТ нисбати шабакаҳои телевизонӣ рад шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбати Кумитаи телевизиону радиоро рад кард. Ҳамчунин шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» низ ҳамҷавобгар мебошанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати ҲНИТ хабар дод, ин қарор дар ҷаласаи судӣ таҳти раёсати муовини аввали раиси суд Ҳафиз Темуров қабул шуд. Қарори худро суд чунин маънидод кардааст, ки барномаҳои телевизионие, ки дар онҳо гузоришҳои алайҳи фаъолияти ҲНИТ намоиш дода шуданд, аз ҷониби журналистон шабакаҳои давлатӣ омода нагардидаанд.

Ба андешаи мақомоти судӣ, ин барномаҳо бо кӯшиши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва пахш шудаанд. «Пас аз дастрас шудани қарори расмии суди ноҳия, мо аз болои он ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳем бурд», — зикр кард Б.Ёров.

Ҷаласаи аввали судӣ оид ба баррасии ин даъво 8-уми октябри соли равон дар ҳамин суд доир гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 19-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон алайҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ барои «фаъолиятҳои сиёҳкунанда» бар зидди ин ҳизб ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кард, ки «ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ»-ро қатъ намуда, аз он расман узр пурсад.

http://www.news.tj/tj/news/davoi-nit-nisbati-shabaka-oi-televizon-rad-shud

Исмоилов аз ҳукми Суди Мастчоҳ шикоят мебарад

Маҳмадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», ки имрӯз, 28-уми октябр, бо ҳукми Суди ноҳияи Мастчоҳ барои тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ҳукми судро нисбаташ ноодилона медонад.

Дар ин бора ба TojNews Садриддин Саидов, вакили дифои Маҳмадюсуф Исмоилов, иттилоъ дода, гуфт, «рӯзҳои наздик ба зинаи болоии судӣ шикоят хоҳад бурд».

Вакили дифои Исмоилов гуфт, «Суд Маҳмадюсф Исмоиловро бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати 11 сол дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр, ҳамчунин, муваззаф кардааст, 6 ҳазор сомонӣ пули афроди ҷабрдидаро, ки аз роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардааст, бозпас гардонад».

Мувофиқи ин ҳукми суд, Маҳмадюсуф Исмоилов баъд аз раҳоӣ аз зиндон наметавонад тӯли панҷ сол ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Маҳмадюсуф Исмоилов, ки ба тамаъҷӯӣ айбдор мешавад, аз Суд 14 соли зиндонро талаб карда буд.

Адвокати рӯзноманигор Садриддни Саидов дар мурофиа гуфт, «айбҳои эълоннамуда нисбати Исмоилов дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ исботи худро наёфтанд ва далели сабти овоз аз сӯҳбати телефонии Маҳмадюсуф Исмоилов, ки гӯё тамаъҷӯӣ кардааст, фикри айбдориро собит накардааст».

Худи Маҳмадюсуф Исмоилов дар рӯзи аввали мурофиаи судиаш, ки 22-юми октябр шурӯъ шуда буд, гуфт, ки «худро гунаҳкор намеҳисобад».

http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=190%3A2013-10-29-10-13-19&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj