Архив рубрики: Хабар

Талоши “Хома” барои ҳалли буҳрони кадрии ВАО-и тоҷик

Нахустин барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионии “Хома” дар Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр ба кори худ шурӯъ кард. Ин барнома аз ду марҳала иборат буда, дар он кормандони телевизион ва донишҷӯёни факултаҳои дизайни мактабҳои олии Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Читать далее Талоши “Хома” барои ҳалли буҳрони кадрии ВАО-и тоҷик

БА ДИҚҚАТИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА, ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

Қамари Аҳрор, хабарнигори  Ожонси иттилоотии ТоjNews аз ҷониби кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ҳангоми иҷрои вазифаи касбии журналистӣ, ғайриқонунӣ барои се соат боздошт ва мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст. Читать далее БА ДИҚҚАТИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА, ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ШИКОЯТИ РАҲБАРИ «КЮНЕТ» АЗ ТАҲОҶУМИ РАДИОИ «ИМРӮЗ»

Директори Намояндагии «Кюнет » дар  Тоҷикистон Маҳмудов Саидҳомид бо ирсоли як аризаи шикоятӣ  ба раҳбари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода хостори татбиқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар барномаи субҳгоҳии радиои «Имрӯз» бо ширкати Орзу Исоев шудааст. Читать далее ШИКОЯТИ РАҲБАРИ «КЮНЕТ» АЗ ТАҲОҶУМИ РАДИОИ «ИМРӮЗ»

170 саҳифа номаи М.Исмоилов ба президент

Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори зиндонӣ дар як номаи иборат аз 170 саҳифа ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостори бознигарии парвандаи ӯ ва раҳоияш аз маҳбас шудааст. Читать далее 170 саҳифа номаи М.Исмоилов ба президент

Муроҷиати дастаҷамъонаи журналистон барои дифоъ аз ҳуқуқи Ашӯргул Солеҳова

Ба Вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саид Нуриддин Саид.

Ба раиси вилояти Хатлон

Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич

МУРОҶИАТНОМА

Мо, гурӯҳи журналистони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон, нисбат ба фаъолияти пурсамари кории Шумо арзи ихлосу эҳтироми худро баён дошта, аз ҳамкорӣ ва иртиботи мустаҳкаматон бо расонаҳои хабарӣ изҳори қаноатмандӣ ва сипос мекунем.

Ҷойи шакку шубҳа нест, ки ВАО ва рӯзноманигорон дар рушди ҷомеаи мардумсолорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таблиғу ташвиқи меҳанпарастӣ мақом ва саҳми назаррасе доранд. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳам матбуотро ҳам қадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо арзёбӣ карда, гуфтааст, ки он бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад.

Аммо гоҳо ҳолатҳое ҳам ба вуқӯъ мепайванданд, ки боиси нороҳатӣ ва эҷоди монеа дар иҷрои рисолати касбии рӯзноманигорон мешаванд. Дар ин робита, мехостем таваҷҷуҳи Шуморо ба қазияиахире, ки бо ҳамкасби мо – Ашӯргул Солеҳова, ходими адабии рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа», рухдодааст, ҷалб намоем.

Ашӯргул Солеҳова (тахаллуси адабиаш Шабафрӯз), ба гуфтаи худаш, ҳангоми иҷрои вазифаи касбиаш чанд маротиба мавриди таҳқири Хоналӣ Қурбонзода, Cардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, қарор гирифтааст.
Рӯзи 7-уми июн дар литсей – интернати физикӣ – математикии  «Ориёно» — и  шаҳри Қӯрғонтеппа маросими «Занги камолот» барпо шуд, ки дар он иштироки раиси вилоят Д. Қ. Гулмаҳмадов дар назар буд. Қабл аз ташрифи раиси вилоят ва оғози чорабинӣ Х. Қурбонзода журналист А. Солеҳоваро дида, бовуҷуди он ки фаҳмидааст, ки вай барои иҷрои вазифаи касбиаш омадааст, ба ӯ таҳқиромез гуфтааст: «Барои аксбардорӣ омадӣ? Аксат ба касе лозим нест! Рав, дар қатори талабаҳо ист!». Бо ин ҳол, ба Ашӯргул иҷоза надодааст, ки аз ҷараёни ин чорабинӣ матлаб омода кунад.

Қобили зикр аст, ки чунин рафтори сардори Раёсати маорифи вилоят хилофи нишондодҳои қонун мебошад. Зеро тибқимоддаи 162 – и  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, «Дар ҳар шакле, ки набошад, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист…» қатъиян манъ буда, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад. Гузашта аз ин, шаъну шараф ва эътибори шахсро Кодекси граждании Тоҷикистон низ ҳифзмекунад.

Қабл аз ин ҳам сардори Раёсати маориф журналист А. Солеҳоваро дар долони бинои раёсат вохӯрда, чунин бархӯрди номуносиб кардааст:
-Ту кӣ ҳастӣ?! Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?!
-Ман журналистам, — гӯён ҷавоб додааст А. Солеҳова.
— Ҳмм, аз ҳамин сару либосат маълум, ки журналистӣ, — бо тамасхур гуфтааст Х. Қурбонзода.

Ашӯргул Солеҳоваи 34-сола журналист ва шоири ҷавону умедбахши хатлонист, ки солҳо боз бо ҳамсару се фарзандаш дар шароити нохуби иҷтимоӣ, дар хонаи иҷора умр ба сар мебарад. Вай зани ботамкин, хушодоб ва соҳибқалам буда, ҳамеша сару либоси хоксоронаи тоҷикӣ ба бар мекунад. Ҳақмузди моҳонаи ночизе (358 сомонӣ) дорад ва шояд ба худаш иҷоза дода наметавонад, ки пираҳани гаронбаҳою шинам бихарад. Тӯли 12 соли фаъолияти рӯзноманигориаш ҳамеша худро ҳамчун нафари муаддабубо қаноат муаррифӣ кардаю хизмати халқу Ватанро поквиҷдонона анҷом додааст.

Шабафрӯз соҳиби се маҷмӯаи шеърӣ, аз ҷумла «Гули бодом», «Қисмати миллатам» ва «Пайғоми Хуросон» буда, барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар бахши адабиёт (2013) мебошад. Баъзе аз рӯзноманигорони хатлонӣ ҳам аз бархӯрди гоҳе номуносибу бадгӯии сардори Раёсати маорифи вилоят, номзади илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода гиламанду нороҳатанд. Дар чанд маврид Х. Қурбонзода ҳисси бадбиниаш ба рӯзноманигоронро ошкор менамуд, аммо азбаски аз касе мушаххасан ном намегирифт, таҳаммулпазириро пеша мекардем. Он рӯзноманигороне, ки дар нишастҳои матбуотии раёсат ва баъзе чорабиниҳои марбут ба соҳаи маориф ширкат кардаанд, мисолҳое равшане доранд, ки ин хизматчии давлатӣ на ҳамеша худро идора карда метавонад ва дар муносибат бо кормандони ВАО гоҳе дурушт асту ҳамлаҳои лафзии холӣ аз мантиқ мекунад.

Мо ҳамагуна мавридҳои таҳқир, сӯйистифода аз мақоми хизматӣ, монеагузорӣ дар иҷрои рисолати касбии рӯзноманигор ва ба шахсияти ӯ расиданро маҳкум намуда, ба ин андеша ҳастем, ки чунин бархӯрди ному носиби шахси мансабдор хилофи этикаи сиёсӣ мебошад.

Суол ин аст, ки оё хизматчии давлатӣ будан ба касе ҳақ медиҳад, ки шаъну эътибори дигареро паст занад? Магар чунин рафтор ба номзади илм ва муаллифи чанд китоб, нафаре, ки дар гузашта вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва бахусус узви комиссияи одоби парлумони Тоҷикистон буд, обрӯ меафзояд?

Таҳқири ҳамкасбамон Ашӯргул Солеҳоваро мо – журналистон таҳқири худ мешуморем ва ин номаро ба хотири изҳори ҳамраъйӣ ва пуштибонӣ аз ӯ иншо намудаем.

Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки қазияи рухдода аз ҷониби Шумо, ҳамчун мақомоти болоӣ, мавриди арзёбии холисона ва чора андешии қатъӣ қарор хоҳад гирифт.

Бо эҳтиром,
Усмон Тӯйчиев, сармуҳаррири рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа», узви ИНТ

Ҳамро Салимов, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон

Мирзо Сулаймонов, собиқадори матбуоти тоҷик
Абдувалӣ Абдувоҳидов, сармуҳаррири маҷаллаи «Сафо»

Асалмо Сафарова, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон»

Мурод Сотиев, сармуҳаррири рӯзномаи «Новый Хатлон»

Дилором Маҳкамова, н.и.ф., мудири кафедраи рӯзноманигории
ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Юсуф Мираков, муовини сардори Раёсати телевизион
ва радиои вилояти Хатлон

Умар Камолов, директори ТВ «Қӯрғонтеппа»

Давлат Султонов, хабарнигори рӯзномаи «Садоимардум»

Саттор Қарахонов, собиқадори матбуот, узви ИЖТ

Носирҷон Маъмурзода, аълочии матбуот ва фарҳангиТоҷикистон

Зокир Ҳасан, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Маҳмадалӣ Акрамов, сармуҳаррири телевизиони вилоят

Ҳангомаи Исмат, «Аълочии матбуотиТоҷикистон»

Латофат Чориева, «Аълочии матбуотиТоҷикистон»

Шералӣ Саид, мудири шуъба дар телевизиони вилояти Хатлон

Сайраҳмон Назриев, хабарнигори ОИ «Азия-плюс»

Махфират Шоимова, «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»

Мирзомуддин Икромов, муҳаррири рӯзномаи «Вахш»

Исматулло Ҳасанов, муҳаррири рӯзномаи «Баҳористон»

Адолат Сайфуллоева, муҳаррири рӯзномаи «ТахтиҚубод»

Орзуи Карим, хабарнигори радиои «Бибиси»

Азизи Фаттоҳ, муҳаррири рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз»

Маҳмадшариф Абдулҳаев, журналисти ТВ «Хатлон»

Рустами Сафар, муҳаррири рӯзномаи «Бешкент»

УмедҷонПочоев, муҳаррири рӯзномаи «Навиди Балх»

ФарҳодМаҳмудов, муҳаррири рӯзномаи «Бохтар»

Умед Мирзоев, тарроҳи нашрияи «Хатлон»

Далер Шарифов, мухбири радиои «Садои Душанбе» дар вилоятиХатлон

Холмурод Ниёзӣ, мудири шуъба дар ТВ «Хатлон»

Саидҷаъфар Сафаров, ҳуқуқшиноси Раёсати телевизион ва радиои вилоят

Наргис Қосимова, муҳаррири радиои вилояти Хатлон

Сурайё Мерганова, хабарнигори телевизиони вилояти Хатлон

НаргисБозорова, муҳаррири радиои вилояти Хатлон

РокияАбдуллоева, муҳаррири радиои вилояти Хатлон

Сангинмурод Шарифов, устоди кафедраи журналистикаи ДДҚ

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, мухбири радиои вилояти Хатлон

Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи “ИмрузNews” ва радиои «Имрӯз»

 Cарчашма: facebook.com

Боз Ютуб (YouTube) дар Тоҷикистон дастнорас шуд

Баъзе аз ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (YouTube)-ро маҳдуд кардаанд. Ин маҳдудият баъд аз зуҳри 9 июн эҷод шуда, то кунун идома дорад. Читать далее Боз Ютуб (YouTube) дар Тоҷикистон дастнорас шуд

Қонуни нави матбуот ба ҳукумат «нафоридаст»

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи нави Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро рад карда ва ба порлумон баргардондааст. Читать далее Қонуни нави матбуот ба ҳукумат «нафоридаст»

Human Rights Watch: Мақомоти тоҷик журналистонро метарсонанд

Созмони Human Rights Watch дар як гузориши вижа парвандаи «Азия Плюс» ва Олга Тутубалинаро як намунаи умдаи фишори мақомоти Тоҷикистон ба матбуоти мустақил номидааст. Читать далее Human Rights Watch: Мақомоти тоҷик журналистонро метарсонанд

Изҳороти HRW аз ҳукми додгоҳ нисбати Азия Плюс ва хабарнигори он

Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар — Human Rights Watch аз ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар мавриди ҷаримабандии ҳафтаномаи мустақили Азия Плюс ва хабарнигори он Олга Тутубалина интиқод карда, хостааст, то ин ҳукм дар зинаҳои болоии додгоҳӣ лағв шавад. Бо нашри як изҳорот дар сомонааш созмони Human Rights Watch, рӯзи 2-уми июн гуфтааст, ки «набояд як нашрия барои мустақил буда ҷарима шавад ва ҳукумати ин кишвар бояд меъёрҳои озодии баёнро риоя кунад.» Читать далее Изҳороти HRW аз ҳукми додгоҳ нисбати Азия Плюс ва хабарнигори он

Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ

Сарфи назар аз қабул шудани Қонуни ҶТ  «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (№ 961 аз19 марти соли 2013)ва ворид намудани механизми мукаммали дастрасӣ ба иттилоот, ҳамоно вазъи дастрасӣ ба иттилоот нигаронкунанда боқӣ мемонад. Гурӯҳи мониторингии АМВАОМТ (НАНСМИТ) тасмим гирифт, ки ба расонаҳо ташриф оварда, мушкили ҳар яки онҳоро барои дастрасӣ ба иттилоот бифаҳмад. Читать далее Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ