Бузургдошти Латифӣ — журнолисти қолабшикани тоҷик

[b]Дар Душанбе маҳфили бузургдошт аз ҳафтодупанҷумин солгарди таваллуди Отахон Латифӣ, рӯзноманигор, адиб ва сиёсатмадори фақиди тоҷик баргузор шуд.[/b]

Ин маҳфил ба ибтикори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва пайвандони Отахон Латифӣ доир шуд ва дар он адибон, дӯстон, рӯзноманигорон ва наздикони ин чеҳраи саршинос ширкат доштанд.

Бисёре аз ширкаткунандагони ин маҳфил Отахон Латифиро ҳамчун “қолабшикани журнализми тоҷик” ёд карданд.

Зеро ба гуфтаи онҳо маҳз Латифӣ шеваи нигориши матолиби интиқодӣ ва вокунишҳои сареъ ба масоилро дар рӯзнманигории даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ворид кард.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш ба нақши Латифӣ дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва имзои тавофуқоти сулҳ миёни давлати Тоҷикистон бо мухолифони пешинаш таъкид шуд.

Саломиддин Мирзораҳматов, рӯзноманигори тоҷиктабори муқими Қазоқистон мегӯяд, ки Отахон Латифӣ ҳанӯз дар солҳои 1960 асри гузашта дар арсаи рӯзнманигорӣ қолабшиканӣ карда буд.

Оқои Мирзораҳматов афзуд: “Латфӣ дар нашрияи русизабони “Комсомолец”-и Тоҷикистон фаъолият мекард, вале баъд аз навиштани чанд матлаб сардабири ин нашрия ӯро аз кор сабукдӯш кард ва гуфт, ки «вай бояд рӯзноманигориро ёд бигирад.»

Оқои Мирзораҳматов афзуд: «Вале баъд аз чанде, пас аз чопи як матлаб бо номи «Помир-бидуни эҳсосот» дар рӯзномаи “Комсомолская правда”-и чопи Маскав, Латифиро ба пойтахти Шӯравӣ барои кор даъват шуд.”

Оқои Мирзораҳматов гуфт, ки Отахон Латифи ошиқи Тоҷикистон буд ва бидуни кишвараш зиндагии худро тассавур намекард.

[b]Тарҷумаи ҳол[/b]

Отахон Латифӣ 18-уми моҳи марти соли 1936 дар шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон таваллуд шуд ва дар ин шаҳр мактаби ҳамагониро хатм кард.

Сипас ба донишкадаи фаннии шаҳри Тошканд рафт ва дар он ҷо таҳсилро идома дод. Дертар оқои Латифӣ фориғуттаҳсили бахши рӯзноманигории Донишгохи Сонкт-Питерсбурги Русия шуд.

Вай аз соли 1967 то соли 1973 хабарнигори рӯзномаи «Комсомольская правда»-и Маскав дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сипас, аз соли 1973 то 1989 хабарнигори рӯзномаи «Правда», нашрияи ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон буд.

Ба чузъ аз рӯзноманигорӣ, Отахон Латифӣ дар сиёсат низ чеҳрае мӯътабар буд. Вай аз соли 1989 то соли 1991 симати муъовини нахуствазири Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Пас аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар соли 1993 Отахон Латифӣ ба Эрон ва сипас ба Русия муҳоҷират кард.

Дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон фаъолона ширкат карда ва пас аз оғози фаъолияти кумиссиюни мусолеҳаи миллӣ дар шаҳри Душанбе, раёсати кумитаи фаврии ин кумисиюн дар бахши масоили ҳуқуқиро бар ӯхда дошт.

Дар поизи соли 1998 Отахон Латифӣ дар наздикии манзили маскуниаш дар шаҳри Душанбе ба таври фаҷеъ ба қатл расид.

Баъд аз марги вай ду китоби ёддоштҳояш бо номҳои “Инсон ва қуллаҳо” ва “Баҳори охирини Латифӣ”, ки дар он матолиби дар солҳои мухталиф навиштаи ин рӯзноманигор ва тарҷумаи ҳолаш омадааст, ба чоп расид.

Манзура Яқубова, ҳамсари Отахон Латифӣ, ки чиҳил сол бо Латифӣ ба сар бурдааст, аз ӯ ҳамчун ҳамсари содиқ ва падари меҳрабони ду писараш ёд кард.

Хонум Яқубова афзуд: “Мо хеле мехостем, ки супоришгари қатли Отахонро пайдо кунанд. Зеро то ҳол қотилони вай дар озодӣ ҳастанд. Ҳарчанд як нафари номаълумеро барои даст доштанд дар ҷурми қатли шавҳарам боздошт кардаанд, аммо супоришгарони ин қатл ҳанӯз муҷозот нашудаанд.”

Хонум Яъқубова дар ҳоле ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд гуфт: “Ҷои Латифӣ холист ва ман ҳамроҳ бо аъзои хонавода ҳамеша дар ёди шавҳари ноҳақ кушташудаам ҳастам.”

Шоъир Гулрухсор, ки бо Отахон Латифӣ аз наздик ошно буд, мегӯяд, ки Латифӣ ошкор сухан мегуфт ва иштибоҳоти даврро бо ҷасорат ифшо мекард.

Хонум Гулрухсор афзуд: “Вай ҳангоме, ки дар “Правда”, рӯзномаи вақти Шӯравӣ кор мекард, нотарсона тамоми иштибоҳоти ҷомеъа ва раҳабриятро ифшо мекард. Ҳарчанд дар ин рӯзнома касе ҳақ надошт, ҳарфи интиқодие аз шӯравӣ бигӯяд.”

Шоъир Гулрухсор бо ёдоварӣ аз матолиби даврони Шӯравӣ дар ин рӯзнма гуфт: Дар он замон дар “Правда” рӯзноманигоре дар бораи ожангҳои занони солманди Шӯравӣ навишта буд, аммо дар рӯзномаи баъдӣ зимни такзиби ин матлаб навишта буданд, ки “занони солмандӣ Шӯравӣ бо таваҷҷӯҳ ба зиндагии хуб ожанг надоранд. Вале Латифӣ буд, ки агар ожангро дар рӯйи инсон медид, ошкор дар борааш мегуфт.”

Дар маҳфили ёдбуди Отахон Латифӣ дар бинои Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дӯстони вай аз лаҳзаҳои зиндагии ин рӯзноманигори саршинос ёдовар мешуданд ва Латифиро фарзанди Наврӯз номиданд.

Зеро Отахон Латифӣ дар баҳор таваллуд шуда ва ба гуфтаи онҳо табиъат дар ин фасли зебои солро дӯст медошт.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110318_zkh_memorial_poet_latifi.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *