Бурҳон Раҳмон аз дунё чашм пӯшид

Бурҳон Раҳмон, ровии маъруфи радио ва телевизиони тоҷик, субҳи рӯзи душанбе 28 декабр бар асари беморӣ дар сини 81-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт.

Бурҳон Раҳмон наттоқи дараҷаи олӣ, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон, дорандаи чандин ифтихорномаи ҳукуматӣ ва сухангӯйи писандидаи мардум мебошад. Ӯ зиёда аз 60 соли умрашро дар бахши брунмарзии Радиои Тоҷикистон ва то дер боз дар шабакаи «Овози тоҷик” кору фаъолият менамуд.

Номбурда дар деҳаи Одешти ноҳияи Ванҷ 4-уми апрели соли 1934 ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоиро дар хонаи кӯдакони Ванҷ, Тавилдара ва Ҳисор фаро гирифтааст.

Ҷаноби Раҳмон фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе буд. Баъди хатми таҳсил Бурҳон Раҳмонов якуним моҳ таҷрибаомӯз ва аз 15 майи соли 1957 диктор — наттоқи гуфторҳои бурунмарзии радиои тоҷик шуд ва то имрӯз дар Радиои Тоҷикистон ва унвони ровии барнома ва гуфторҳо барои хориҷи кишвар фаъолият мекард.

Инчунин ӯ дар телевизион барномаҳои «Аз почтаи телевизион» ва «Чашма»-ро худ менавишт ва барандагӣ менамудааст. Ӯ ғайр аз фаъолияти ровигӣ ҳамчунин ба сифати муҳаррир, рӯзноманигор ва ҳунарманди театр низ кору фаъолият карда, дар тарҷумаи 300 филми мустанаду бадеӣ овоз додааст.

 

http://faraj.tj/news/11890-bur1203on-ra1203mon-az-dune-chashm-p1263shid.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *