Наздикони Додоҷон Атовуллоев, журналисти маъруф ва яке аз мухолифини сарсахти Ҳукумати Тоҷикистон, муассиси Ҷунбиши сиёсии «Ватандор» мегӯяд, таҳти таъқиб қарор гирифта, пурсуҷӯи модари журналистро дар манзили истиқоматиаш ба навор гирифтаанд.
Дар ин бора ба TojNews наздикони журналисти мухолиф иттилоъ доданд.
Бино ба гуфтаи яке аз наздикони Додоҷон Атовуллоев, ки нахост номаш ифшо шавад, баъд аз пахши барномаҳои интиқодӣ дар Шабакаи телевизионии К+ ва шабакаи иҷтимоии Ютуб (Youtube) ба хонаи модари журналист чанд нафар, аз ҷумла, раиси ҷамоат, журналисти телевизиони ҳукумати маҳаллӣ — «Симои Панҷакент» омада, пурсуҷӯи модари Додоҷон Атовуллоевро ба навор гирифтаанд.
— Се рӯз қабл, 24-уми май ба хонаи модари 82-солаи Додоҷон Атовуллоев, ки дар деҳаи Рукнободи ҷамоати Воруи Панҷакент ҷойгир аст, Муҳиддин Аслиддинов, раиси ҷамоати Вору, бо ҳамроҳи як рӯзноманигор аз телевизиони Панҷакент дидан намуданд. Онҳо ин ташрифашонро ҳамчун зиёрат маънидод карда, дар асл бошад, модар ва аҳли хонаводаеро, ки он замон дар он ҷо қарор доштанд, ба навор гирифтанд, — хабар медиҳад манбаъ.
Муҳиддин Аслиддинов ба хонаи модари Додоҷон Атовуллоев рафтанашро тасдиқ кард, аммо ин иддаоро, ки пиразан мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст, рад кард.
— Аз сабабе ки ман нав ду моҳ аст, ки раиси ин ҷамоат таъйин гардидаам, бояд аз ҳар сокини ин минтақа дидан менамудам ва бо ҳоли онҳо ошно мегаштам. Мо ягон мақсад надоштем, ба ҷуз хабар гирифтани он пиразан.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҷамоати Воруи Панҷакент сабаби ҳамроҳи корманди телевизион ба хонаи модари Додоҷон Атовуллоев рафтанашро шарҳ надод.