Боздошти хабарнигори Шабакаи аввал аз ҷониби Агентии зидди фасод

Масъулини Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон аз шарҳи боздошти хабарнигорашон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия худдорӣ мекунанд.

9-уми апрел Хайрулло Мадисоев, хабарнигори идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи аввал аз ҷониби кормандони Агентӣ бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст. Масъулини Шабакаи аввал ва идораи мазкур аз шарҳи боздошт худдорӣ карда, мегӯянд, ки аз худи боздоштшуда пурсон шавед. Ба фаъолияти журналистии хабарнигор рабт доштани боздошташро рад ва ё тасдиқ намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаъи TojNews субҳи 10-уми апрел Самараддини Айниддин, директори Шабака дар як ҷаласа ин масъаларо мавриди муҳокима қарор додааст.

Дар Агентӣ дар тасдиқи боздошти ин хабарнигор гуфтанд, ки бино бо сабаби халал нарасондан дар рафти тафтишот ҷузъиёти қазияро ифшо нахоҳанд кард.

Бино ба иттилои тасдиқнашуда, Хайрулло Мадисоев барои ба эфир роҳ надодани сабте 3 ҳазор доллар талаб кардааст, ки аз пайи ин боздошт шудааст. Аммо онҳое, ки дар Шабака кор мекунанд, мегӯянд, ин хабарнигор дар сатҳе набуд, ки барои ба эфир рафтан, ё нарафтани навору гузорише тасмим гирифта тавонад.

Хабаргузории “Озодагон” бо такя ба манобеъи худ дар Шабакаи аввал гуфтааст, ки боздошти Мадисоев “ба даст доштанаш дар харидуфурӯши замин марбут аст”.

http://tojnews.tj/tj/news/bozdoshti-habarnigori-shabakai-avval-az-chonibi-agentii-ziddi-fasod

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *