Шоми гузашта Қамари Аҳрор, хабарнигори хабаргузории “TojNews” ва нашрияи “Нигоҳ”, аз ҷониби кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба муддати се соъат боздошт шудааст.
Қамари Аҳрор субҳи панҷшанбеи 7 август дар суҳбате телефунӣ Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса дар ҷараёни мусобиқоти байналмилалии муштзанӣ ба ифтихори Исмоъил Ҳамзаъалиев, қаҳрамони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аз Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд иттифоқ уфтодааст.
Оқои Аҳрор дар мавриди иллати боздошташ гуфт, ба ҳангоми аксу наворбардории ӯ аз рақобати Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, бо рақиби ӯзбакаш, «ба тамошои сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд халал» расондааст.
Ба ин далел, кормандони пулис аз хабарнигор хостаанд, то аз наздики майдони мусобиқот канор равад, аммо ӯ қабул накардааст.
Баъдан хабарнигорро ду корманди пулис, ки худро Наъим Аҳмадов ва Бахтиёр Сангинов муъаррифӣ кардаанд, ба зӯр аз толори мусобиқот берун кашида ва ба идораи пулис бурдаанд.
Дар идораи пулис хабарнигори хабаргузории “TojNews” ва нашрияи “Нигоҳ” ба «итоъат накардан ба дастури пулис» муттаҳам шуда ва пулис дар ин замина прутукуле таҳия кардааст.
Дафтари матбӯъоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар мавриди ин қазия ибрози беиттилоъӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, гуфт, ки ин созмон тавассути вукалои мудофеъи мустақил наҳваи боздошти хабарнигорро пайгирӣ хоҳад кард.
Рӯзи 25 декабри соли гузашта Абдураҳим Шукуров, хабарнигори хабаргузории “Озодагон”, ба ҳангоми филмбардорӣ аз ҷараёни муҳокимаи пурсарусадои Зайд Саидов, вазири пешини саноеъ ва тоҷири маъруф, аз ҷониби пулис боздошт ва ба гуфтаи худаш, мавриди лату кӯб қарор гирифта буд.
Дар пайи эътирози созмонҳои мустақили рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе оқои Шукуровро ба маблағи 320 сомонӣ ҷарима ва аз боздошт озод карда буд.
Он замон Иттиҳодияи Урупо бо интишори як баёния боздошти ин хабарнигорро маҳкум карда ва аз давлати Тоҷикистон хоста буд, то ин қазияро ҷиддан таҳқиқ ва омилонро муҷозот кунад.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/08/140807_mm_correspondent_arrest.shtml