Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як муҷрии собиқи барномаҳои телевизиюни давлатии ин кишвар ба занни тақаллуб ё кулоҳбардорӣ хабар дод.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин ниҳод, алайҳи Муъаттара Ҷӯраева бар асоси моддаи 247-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба иттиҳоми қаллобӣ (кулоҳбардорӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Як масъули ин дафтар рӯзи панҷшанбеи 16 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки хонум Ҷӯраева ба гирифтани сармояи ҳангуфт аз иддае аз афроди алоҳида ва барнагардондани он муттаҳам шудааст.
Ин манбаъ гуфт, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар робита бо ин қазия идома дорад.
Ҳарчанд вай барои мухтал нашудани ҷараёни таҳқиқи парванда аз ироаи иттилоъи бештаре дар ин маврид худдорӣ кард, аммо гуфта мешавад, ки хонум Ҷӯраева ҳамчунин аз ду бонк дар Тоҷикистон низ сармояи ҳангуфте қарз гирифта ва муддати тӯлонӣ онро бознапардохтааст.
Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир хонум Ҷӯраева дар боздоштгоҳи муваққатии ин ниҳод ба сар мебарад. Маблағи сармояе, ки хонум Ҷӯраева ба тассаруфи он муттаҳам шудааст, ҳудуди 300 ҳазор дулор баровард шудааст.
Дар миёни сокинони Тоҷикистон хонум Ҷӯраева ба унвони яке аз муҷриёни саршиноси телевизиюни давлатӣ машҳур аст. Вай дар гузашта барномаҳои мухталифи телевизюн, аз ҷумла барномаҳои хабариро, иҷро мекард. Аммо тайи чанд соли ахир хонум Ҷӯраева машғули тиҷорат будааст.
Хонум Ҷӯраева дар интихоботи порлумонии соли 2005 аз ноҳияи Ашт ба таври инфиродӣ номзад шуд ва бо Нодирҷон Солеҳҷонов, як фарди дигар аз ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ҳизбе, ки ӯ низ узвияташро дорад, вориди рақобат шуд, аммо натавонист баранда шавад.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/10/141016_zkh_fraud_crime_muattara