Гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик зимни сафар ба вилояти Хатлон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Муъминобод дидан карданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия аҳли фарҳанг, бахши ҷавонон бо садои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Сипас, роҳбаладон рӯзноманигоронро ҳамроҳӣ карда, аз «Чашмаи толеъ»,мазори «Шоҳи Хомӯшӣ» , Мир Сайид Ҷалодддини Гулдаста, Чилдухтарон, Ганчинаи нақди адабии адабиётшиноси варзида Соҳиб Табаров ва дигар мавзеъҳои таъриху тамаддуни Муъминобод боздид ба амал оварданд.
Соҳиб Табаров аввалин журналист ва дуввумин аъзои Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон буда, шоири тавононои тоик Мирзо Турсунзода ӯро устоди аввалини худ меҳисобид. Ганҷина дар заминаи собиқ бинои мусиқӣ ташкил шуда, дар он асарҳои адабиётшинос Табаров бо наздики 850 дастхати шакли асл нигоҳдорӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки ин сафари рӯзноманигорон таҳти номи корвони «Наврӯзии ҷавонон» бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва таъриху тамаддуни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидааст. Ин сафар аз 16 март оғоз гардида то 23 марти соли ҷорӣ идома меёбад.
http://www.pressa.tj/article/bozdidi-zhurnaliston-az-oromgokhi-sokhib-tabarov-dar-muminobod-akskho